Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 майи соли 2013, № 211 "Дар бораи Тартиби аз андоз аз арзиши иловашуда озод намудани таҳвили молҳои (иҷрои корҳои, хизматрасониҳои) аз ҳисоби маблағҳои созишномаҳо маблағгузоришаванда"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

Бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 29.07.2022 № 361 аз эътибор соқит дониста шуд

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи Тартиби аз андоз аз арзиши иловашуда озод намудани таҳвили молҳои (иҷрои корҳои, хизматрасониҳои) аз ҳисоби маблағҳои созишномаҳо маблағгузоришаванда

Мутобиқи моддаи 192 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 51 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Тартиби аз андоз аз арзиши иловашуда озод намудани таҳвили молҳои (иҷрои корҳои, хизматрасониҳои) аз ҳисоби маблағҳои созишномаҳо маблағгузоришаванда тасдиқ карда шавад (замима мегардад).

2. Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳисобгирии маблағҳои аз андоз аз арзиши иловашуда озодгардидаро аз рӯи таҳвили молҳои (иҷрои корҳои, хизматрасониҳои) аз ҳисоби маблағҳои созишномаҳо маблағгузоришаванда таъмин намояд.

3. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 ноябри соли 2006, № 497 "Дар бораи тасдиқ намудани Қоидаҳои аз андоз аз арзиши иловашуда озод намудани таҳвили молҳо (иҷрои корҳо, хизматрасониҳо), ки аз ҳисоби маблағҳои грант, кредит (қарз) пардохта шудаанд (бояд пардохта шавад)" беэътибор дониста шавад.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                          Эмомалӣ Раҳмон

аз 2 майи соли 2013, № 211

ш. Душанбе