Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 2012, № 684 "Дар бораи Барномаи ҳифзи меҳнат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2016"

Санаи амалкуни: 31.12.2014

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи Барномаи ҳифзи меҳнат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2016

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 31.12.2014 № 794)

Мутобиқи моддаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи дурнамоҳои давлатӣ, консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳои инкишофи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва бо мақсади таъмини ҳифзи саломатии кормандон ва бехатарии шароити меҳнат, ҷалб намудани диққати васеи корфармоён оид ба ташкили фаъолияти ҳифзи меҳнат дар ташкилотҳо, муассисаҳо ва корхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Барномаи ҳифзи меҳнат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2016 тасдиқ карда шавад (замима мегардад).

2. Вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, ташкилоту муассисаҳо, новобаста аз шакли моликият барои татбиқи максаду вазифаҳои пешбининамудаи Барномаи ҳифзи меҳнат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2016 чораҳои зарурӣ андешанд.

3. Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон рафти иҷрои Барномаи ҳифзи меҳнат барои солҳои 2013-2016-ро таъмин намуда, аз натиҷаи татбиқи он ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар сол то 10 феврал ахбор пешниҳод намояд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 31.12.2014 № 794).

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                                      Эмомалӣ Раҳмон

аз 3 декабри соли 2012, № 684

ш. Душанбе

Правительство Республики Таджикистана

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

О Программе охраны труда в Республике Таджикистан на 2013- 2016 годы

(в редакции постановления Правительства РТ от 31.12.2014г. №794)

В соответствии со статьей 7 Закона Республики Таджикистан "О Государственных прогнозах, концепциях, стратегиях и программах социально-экономического развития Республики Таджикистан" и с целью охраны здоровья работников и безопасности условий труда, привлечения обширного внимания работодателей по организации деятельности охраны труда в организациях, учреждениях и на предприятиях Республики Таджикистан, Правительство Республики Таджикистан постановляет:

1. Утвердить Программу охраны труда в Республике Таджикистан на 2013-2016 годы (прилагается).

2. Министерствам, ведомствам, исполнительным органам государственной власти Горно-Бадахшанской автономной области, областей, города Душанбе, городов и районов республики, предприятиям и учреждениям, независимо от форм собственности, принять необходимые меры для реализации целей и задач, предусмотренных Программой охраны труда в Республике Таджикистан на 2013- 2016 годы.

3. Министерству труда, миграции и занятости населения Республики Таджикистан, обеспечить ход выполнения Программы охраны труда в Республике Таджикистан на 2013-2016 годы и ежегодно до 10 февраля предоставлять в Правительство Республики Таджикистан информацию о результатах её реализации (в редакции постановления Правительства РТ от 31.12.2014г. №794).

Председатель

Правительства Республики Таджикистан         Эмомали Рахмон

г.Душанбе,

от 3 декабря 2012 года, № 684