Тартиби таъсис ва тасдиқи шӯроҳои диссертатсионии ҳимояи рисолаҳо оид ба дарёфт ва додани дараҷаи илмии доктори фалсафа (PhD), доктор аз рӯи ихтисос аз 2 ноябри соли 2012, № 625

Санаи амалкуни: 10.02.2016

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

Бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 26.11.2016 № 505 аз эътибор соқит дониста шуд.

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз " 2 " ноябри соли 2012,

№ 625 тасдиқ шудааст

Тартиби таъсис ва тасдиқи шӯроҳои диссертатсионии ҳимояи рисолаҳо оид ба дарёфт ва додани дараҷаи илмии доктори фалсафа (PhD), доктор аз рӯи ихтисос

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 10.02.2016 № 66)

1. Муқаддима

Тартиби таъсис ва тасдиқи шӯроҳои диссертатсионии рисолаҳо оид ба дарёфт ва додани дараҷаи илмии доктори фалсафа (PhD), доктор аз рӯи ихтисос (минбаъд - Тартиб) мутобиқи банди 3 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 апрели соли 2012, № 127 "Дар бораи тасдиқи Низомномаи докторантура аз рӯи ихтисос (PhD)", дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ", қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 апрели соли 2011, № 227 "Дар бораи тасдиқи Барномаи рушди инноватсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020", қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 ноябри соли 2007, № 529 "Дар бораи Барномаи давлатии рушди таҳсилоти касбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2015" ва қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2011, № 114 "Дар бораи Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи илм ва технология барои солҳои 2011-2015" таҳия шудааст.

2. Муқаррароти умумӣ

1. Тартиби мазкур қоидаҳои таъсис ва тасдиқи шӯроҳои диссертатсионӣ, низоми фаъолияти онҳо ва ҷараёни ба докторантҳое, ки барномаҳои таълимии докторантураро азхуд намудаанд ва рисолаи илмӣ (минбаъд - рисола) ҳимоя намудаанд, додани дараҷаи илмии доктори фалсафа (PhD), доктор аз рӯи ихтисосро муайян мекунад.

2. Рисола кори илмии тахассусӣ аз рӯи ихтисоси мушаххаси барномаи таълимӣ доир ба тайёр кардани доктори фалсафа (PhD), доктор аз рӯи ихтисос мебошад.

3. Дараҷаи илмии доктори фалсафа (PhD), доктор аз рӯи ихтисос аз ҷониби шӯроҳои диссертатсионии дахлдори муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва илмии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандони Тоҷикистон, шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд, ки дар докторантура омӯзишро тибқи тавсияи шӯрои диссертатсионӣ анҷом додаанд, дода мешавад.

4. Санҷиши интихобии рисолаҳои илмии ҳимоягардида аз ҷониби Вазорати маорифи ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - Вазорат) ва Комиссияи аттестатсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба аттестатсияи кадрҳои илмӣ ва илмию омӯзгории тахассуси олӣ (минбаъд - Комиссия) бо ҷалби экспертони соҳавӣ гузаронида мешавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 10.02.2016 № 66).

5. Рисола таҳти роҳбарии олимони ватанӣ ва хориҷӣ, ки дорои дараҷаи илмӣ (доктори илм, номзади илм ва доктори фалсафа (PhD), доктор аз рӯи ихтисос) буда, дар соҳаи таҳқиқоти илмии докторант мутахассис мебошанд, иҷро карда мешавад. Ҳангоми иҷрои рисола, ки дорои сирри давлатӣ мебошад, роҳбари илмии хориҷӣ таъин намегардад.

6. Рисола бояд ба яке аз талаботи зайл мутобиқат намояд:

- дорои натиҷаҳои нави асосноки илмие бошад, ки вазифаи муҳими илмиро ҳал мекунанд;

- дорои натиҷаҳои нави асосноки илмӣ бошад, ки истифодаи онҳо ҳалли вазифаҳои муҳими амалиро таъмин менамояд;

- дорои натиҷаҳои нави илман асосноки назариявӣ ва (ё) амалӣ бошад, ки маҷмӯи онҳо ба рушди самтҳои мушаххаси илмӣ аҳамияти муҳим дорад.

7. Рисола мустақилона навишта мешавад, аз маҷмӯи натиҷаҳои нави илмӣ ва муқаррарот, ки муаллиф барои дифои ошкоро пешниҳод мекунад ва бозгӯи ҳиссагузории муаллиф ба илм аст, иборат мебошад. Натиҷаҳои нави пешниҳодшавандаи муаллиф бояд асоснок ва дар муқоиса бо натиҷаҳои маълуми илмӣ баҳо дода шуда бошанд. Дар рисолае, ки моҳияти амалӣ дорад, маълумот дар бораи амалан истифодашавии натиҷаҳои илмии бадастовардаи муаллиф, ки бо шаҳодатномаҳои муаллифӣ, патентҳо ва дигар асноди расмӣ тасдиқ шудаанд, оварда мешавад, вале дар рисолае, ки моҳияти назариявӣ дорад, тавсияҳо доир ба истифодабарии хулосаҳои илмӣ оварда мешавад. Рисола бо яке аз забонҳои зайл навишта мешавад: давлатӣ, русӣ ё англисӣ.

8. Мӯҳтавои аслии рисола дар нашрияҳои илмӣ, илмӣ-таҳлилӣ ва илмӣ-амалӣ чоп карда мешавад.

9. Номгӯи маҷаллаҳои илмии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар онҳо мӯҳтавои аслӣ ва натиҷаҳои корҳои таҳқиқотии барои ҳимояи рисола пешниҳодшуда интишор мегарданд, бо пешниҳоди Вазорат аз ҷониби Комиссияи аттестатсионӣ тасдиқ карда мешавад.

10. Натиҷаҳои таҳқиқоти илмӣ бояд инъикос шавад:

- дар як ё зиёда мақолаҳо дар маҷаллаҳои илмии ватанӣ ва хориҷӣ, ки дорои мақоми баланд мебошанд;

- дар на кам аз чор мақолаҳо дар маҷаллаҳои илмии хориҷӣ ва ватанӣ;

- дар маърӯзаҳои умумӣ дар на кам аз се конфронсҳои илмии байналмилалӣ ва ҷумҳуриявӣ;

- аз рӯи ихтисосҳои техникӣ - дар на кам аз як санадҳои дар истеҳолот амалишаванда, патентҳо ё пешпатент барои ихтироъ.

11. Ҳангоми ҳимояи рисолаҳое, ки сирри давлатӣ доранд, ба ҷои чопи мақолаҳо дар маҷаллаи илмии хориҷӣ чопи он дар нашрияи илмии тавсиянамудаи Комиссияи аттестатсионӣ ба ҳисоб гирифта мешавад.

12. Дар рисола бо ишораи муқарраргардида нишон дода мешаванд:

- манбаъҳои маводи дар рисола овардашуда ё натиҷаҳои алоҳида бо нишон додани маълумоти пурраи собитгардида;

- ғояҳо ё коркардҳое, ки ба ҳаммуаллифон марбутанд;

- корҳои илмие, ки ба таври ҳаммуаллифӣ ва ё алоҳида иҷро шудаанд.

13. Дар ҳолати собит гаштани ҳолати аз тарафи докторант бидуни ишора ба муаллиф ва манбаи он истифода намудани маводи илмӣ рисола барои баррасии иловагӣ ба дигар шӯрои диссертатсионии аз рӯи ихтисос мувофиқ фиристода мешавад.

14. Дар мӯҳлати 30 (сӣ) рӯзи тақвимӣ баъд аз ҳимояи рисолаи докторӣ дар шӯрои диссертатсионӣ парвандаи аттестатсионии докторант таҳия карда мешавад, ки тавассути котиби илмӣ он 10 сол нигоҳ дошта шуда, сипас барои нигоҳдории бемӯҳлат ба бойгонӣ фиристода мешавад. Як нусхаи рисолаи илмӣ, автореферат ва парвандаи аттестатсионии докторант ба Комиссияи аттестатсионӣ супорида мешавад.

15. Ба шахсоне, ки дараҷаи илмии доктори фалсафа (PhD), доктор аз рӯи ихтисос дода шудааст, дипломи намунаи давлатӣ дода мешавад.

16. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дипломи дараҷаҳои илмие шинохта мешаванд, ки аз ҷониби шӯроҳои диссертатсионии муассисаҳои таълимию илмии мутобиқи Тартиби мазкур таъсис ва тасдиқёфта дода шуда бошанд.

17. Шӯрои диссертатсионӣ - мақоми коллегиалиест, ки ҳимояи рисолаҳои докториро ташкил менамояд ва ҷиҳати додани дараҷаи илмӣ қарори дахлдор қабул менамояд.

3. Тартиби таъсиси шӯрои диссертатсионӣ

18. Шӯроҳои диссертатсионӣ аз ҷониби Вазорат дар асоси хулосаи Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф дар назди марказҳои бузурги илмии аз ҷиҳати дастовардҳои илмӣ дар соҳаи илмҳои дахлдор мақомдору шинохташуда, муассисаҳои илмӣ ва муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ, ки докторантура, кафедра (шӯъба, лаборатория) доир ба ихтисоси талабшаванда ва семинари илмии амалкунанда доранд, дар асоси тавсияи муассисаҳои номбурда дар мувофиқа бо муассиси онҳо таъсис ва иҷозатнома ба мӯҳлати панҷ сол дода мешаванд. Тавсия бояд дорои асосноккунии зарурати таъсиси шӯро ва мақсаднокии фаъолияти он дар ин муассиса, кафолати таъмини шароити зарурӣ ва ҷудо намудани маблағҳои зарурӣ барои баррасӣ ва ҳимояи рисола бошад. Номгӯи ҳуҷҷатҳоеро, ки муассиса барои кушодани шӯрои диссертатсионӣ пешниҳод менамояд, Вазорат якҷоя бо Комиссияи аттестатсионӣ муайян мекунад. Вазорат фаъолияти шӯроҳои диссертатсиониро назорат ва ҳамоҳанг месозад, шабакаи шӯроҳоро доир ба ҳар як ихтисоси илмӣ бо назардошти тағйирот дар Номгӯйи ихтисосҳои кормандони илмӣ ва дигар ҳолатҳо бозбаррасӣ менамояд.

19. Шӯроҳои диссертатсионӣ ба сифат ва воқеияти ташхиси рисола, асоснокии қарорҳои қабулнамуда масъулият дошта, вазифадоранд сатҳи баланди талаботро ҳангоми муайнкунии мутобиқати рисола бо нишондодҳое, ки бо Тартиби мазкур додани дараҷаи илмӣ муқаррар шудааст, таъмин намоянд. Шӯроҳои диссертатсионӣ ба роҳбарияти муассисае, ки дар назди он фаъолият менамоянд ва мӯҳру бланкаҳои ин муассисаҳоро истифода мебаранд, ҳисоботдиҳанда мебошанд. Роҳбарияти муассисаҳо барои таъмини шароити зарурии кории шӯроҳо масъулият доранд.

20. Пардохти хароҷоти ҷудо намудани ҷой барои гузаронидани ҷаласаҳои шӯро, таъмини оргтехника, омода намудани парвандаҳои аттестатсионии унвонҷӯйҳо ва дигар хароҷоти асоснокшуда аз ҳисоби муассисае, ки дар назди он шӯро таъсис дода шудааст, амалӣ карда мешавад. Пардохти хароҷоти номбурда аз ҳисоби унвонҷӯйҳо манъ аст.

21. Аъзои шӯрои диссертатсионӣ вазифаҳои худро бо хоҳиши худ ва ба таври ройгон иҷро менамоянд.

22. Бо мақсади иштироки бештари фаъоли ҷомеаи илмӣ дар ташаккули шӯроҳои диссертатсионӣ масъалаи кушодани онҳо, ихтисосҳо ва ҳайат дар ҷаласаҳои шӯроҳои илми (илмӣ-техники)-и муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва илмӣ баррасӣ карда мешавад.

23. Доир ба номзадҳое, ки ба ҳайати шӯрои диссертатсионӣ пешниҳод мешаванд, бояд овоздиҳии шӯрои илмӣ гузаронида шавад. Доир ба ҳайати шӯрои муштараки диссертатсионӣ овоздиҳӣ дар он муассисаҳое гузаронида мешавад, ки кормандони онҳо номзад дар ҳайати шӯрои муштараки диссертатсионӣ мебошанд.

24. Роҳбари муассиса (муассисаи заминавӣ) ҷаласаи номзадҳои интихобшударо барои ҳайати шӯрои диссертатсионии таъсисшаванда мегузаронад. Дар овоздиҳии пинҳонӣ бо шумораи овозҳои бештар, вале на камтар аз нисфи рӯйхати ҳайати шӯрои диссертатсионӣ раис ва муовини раиси шӯрои диссертатсионӣ интихоб карда мешаванд.

25. Раиси шӯро олиме интихоб мешавад, ки фаъолияти фаъолонаи илмӣ дорад, мутахассис дар самти фаъолияти шӯро ва корманди штатии муассисае мебошад, ки дар назди он шӯро таъсис дода мешавад. Котиби илмии шӯро мутахассис дар самти фаъолияти шӯро, корманди штатии муассисае, ки дар назди он шӯро таъсис дода мешавад, интихоб мегардад.

26. Протоколи ҷаласаи шӯрои илмӣ (илмӣ-техникӣ) ва натиҷаи овоздиҳии пинҳонӣ оид ба номзадии раис ва муовини раиси шӯрои диссертатсионӣ замимаи ҳатмӣ ба пешниҳоди кушодани шӯрои диссертатсионӣ мебошад. Ивазкунии раисон, муовинони раисон, дигар тағйироти таркибии ҳайати онҳоро Вазорат дар асоси хулосаи Комиссияи аттестатсионӣ ва пешниҳоди муассиса, ки дар назди онҳо шӯро таъсис дода шудаанд, амалӣ менамояд. Дар пешниҳод ҳамаи тағйироти пешбинишаванда номбар шуда, зарурати он асоснок карда мешавад. Ба пешниҳод протоколи ҷаласаи шӯрои илмӣ (илмӣ-техникӣ) ва натиҷаи овоздиҳии пинҳонӣ доир ба номзадҳои азнавинтихобшудаи раис ва (ё) муовини раиси шӯрои диссертатсионӣ ва маълумот оид ба мутахассисоне, ки нав дохил мешаванд, замима мешавад.

27. Тағйироти номгӯи ихтисосҳо ва тағйироти назарраси ҳайати шӯро бо роҳи бозтасдиқкунии шӯро тибқи тартиби муқарраргардида амалӣ карда мешавад.

28. Ҳайати шӯрои диссертатсионӣ оид ба ҳимояи рисолаҳо ҷиҳати дарёфти дараҷаи илмии доктори фалсафа (PhD), доктор аз рӯи ихтисос на камтар аз панҷ нафарро ташкил медиҳад, ки он аз Раис, котиби илмӣ ва аъзои шӯро иборат мебошад.

29. Ба ҳайати шӯро бе бозаттестатсия метавонанд на зиёда аз се аъзо -шаҳрвандони давлатҳои дигар, ки дипломи доктори илми намунаи давлатӣ доранд, ворид карда шаванд. Дар ин маврид дар ҷаласаҳо рисолаҳои илмие баррасӣ мешаванд, ки дар онҳо маълумоти маҳдудгардидаи паҳнкунӣ мавҷуд нест.

30. Вазорат метавонад, чун қоида, ба шӯро ҳуқуқи гузаронидани ҳимояи рисолаҳо бо якчанд, вале на зиёда аз панҷ ихтисосро диҳад.

31. Ҳайати шӯро бояд талаботи зеринро қонеъ гардонад:

- ба ҳайати шӯро бо розигии хаттӣ мутахассисон доир ба самти фаъолияти шӯро (на зиёда аз ду нафар доир ба ҳар як ихтисоси шӯро) ва бо ихтисосҳои наздик (на зиёда аз ду нафар доир ба ҳар як ихтисоси шӯро) ворид мегарданд, ҳамчунин докторони илм ворид карда мешаванд, ки на кам аз се корҳои илмӣ аз рӯи ихтисос дар нашриёти махсусгардонидашудаи тақризшаванда, ки номгӯи онро Комиссияи аттестатсионӣ тасдиқ мекунад, доранд;

- дар ҳайати шӯро доир ба ҳимояи рисола ҷиҳати дарёфти дараҷаи илмии доктори фалсафа (PhD), доктор аз рӯи ихтисос бояд ҳадди ақал як доктори илм (аз ҷумла доктор аз рӯи ихтисос) доир ба ҳар як ихтисоси шӯро, ки ба соҳаи дахлдори илм мувофиқ мебошад, бошад;

- ба ҳайати шӯро метавонанд мутахассисон аз дигар муассисаҳои илмӣ ва таълимӣ, вале на зиёда аз нисф доир ба ҳар ихтисоси шӯро, ворид карда шаванд.

32. Барои тайёр кардан ва аттестатсияи кадрҳои илмӣ ва илмӣомӯзгории тахассуси олӣ аз рӯи самтҳои афзалиятноки рушди илм ва техника шӯроҳои диссертатсионии муштарак бо иштироки олимон аз якчанд муассисаҳо, ки дар онҳо таҳқиқоти илмии фаъол аз рӯи ихтисосҳои дархостшаванда гузаронида мешаванд, таъсис додан мумкин аст.

33. Муассисаҳое, ки шӯроҳои диссертатсионии муштарак таъсис медиҳанд, доир ба масъулияти умумӣ ва шароит, аз ҷумла доир ба таъминоти фаъолияти молиявии он, муассисаи заминавии аз номи онҳо бо дархост ба Вазорат муроҷиатнамударо нишон дода, қарордод мебанданд. Масъулияти фаъолияти ҷории шӯрои муштаракро роҳбари муассисаи заминавӣ ба ӯҳда мегирад ва роҳбарияти шӯро ба ӯ ҳисоботдиҳанда мебошад. Ба ҳуҷҷатҳои парвандаи аттестатсионӣ, ки ба Вазорат ирсол мегардад, мӯҳри дахлдори муассисаи заминавӣ гузошта мешавад.

34. Роҳбари муассисаи заминавӣ нақши ҳамоҳангсози фаъолияти шӯроро иҷро менамояд ва на камтар аз як маротиба дар як сол ҷаласаи роҳбарони муассисаҳои дар шӯрои диссертатсионии муштарак иштироккунандаро доир ба масъалаҳои кори он мегузаронад.

35. Барои гузаронидани ҳимояи яккаратаи рисола ба ҳайати шӯро доир ба ихтисоси мавҷуднабудаи соҳаи дахлдори илм бояд як нафар доктори илм ворид карда шавад. Раиси шӯро пешакӣ дар мувофиқа бо Комиссияи аттестатсионӣ ба Вазорат дархост дар бораи ба ҳайати шӯро ворид намудани аъзои иловагӣ бо замимаи маълумоти зарурӣ мефиристонад. Баъди гирифтани қарори дахлдори Вазорат шӯро дар ҳайати иловагардида қабули рисолаҳоро барои ҳимоя амалӣ намуда, ҳимояро мегузаронад.

36. Шӯрои диссертатсионӣ дар шароити ҳамдигарфаҳмӣ кор мекунад. Доир ба ҷаласаҳои он ба ҳайати кормандони муассиса, ки дар назди он фаъолият менамояд ва ҷомеаи илмӣ васеъ иттилоъ дода мешавад. Фаъолияти шӯрои диссертатсионӣ бояд дар сайти расмии муассиса, ки дар назди он шӯрои диссертатсионӣ таъсис дода шудааст, дар шабакаи Интернет паҳн карда шавад. Дар сайт бояд интишор карда шаванд: фармоишҳои Вазорат, ки фаъолияти шӯрои диссертатсиониро дар бар мегиранд; маълумот доир ба аъзои шӯро; шиносномаи ихтисосҳо, ки аз рӯи онҳо гузаронидани ҳимояи рисолаҳо иҷозат дода шудааст; номгӯи ташкилотҳо, ки ба онҳо автореферати рисола фиристода мешавад; стандарт ва нақшаи таълимии барномаи омӯзиш аз рӯи ихтисосҳо; ҷадвал ва эълонҳо оид ба ҳимояҳои таъиншуда; авторефератҳои рисолаҳо.

37. Бо тамоми фаъолияти худ шӯро бояд барои муҳайё намудани шароити беҳтарин барои аз ҷониби унвонҷӯ ҳимоя намудани рисола мусоидат намояд. Ба унвонҷӯ бояд имконияти шинос шудан бо тамоми маводи дар шӯро мавҷудбудаи ба ҳимояи рисолаи ӯ дахлдор, гирифтани кӯмаки тахассусии роҳбарияти шӯро доир ба масъалаҳои ҳимояи рисола дода шавад. Шӯро барои баррасии пурра, ҳамаҷониба ва воқеӣ ҳуқуқ дорад, ки аз муассисаҳои дахлдор мавод талаб намояд ва қарори асоснок барорад.

38. Дар як ҷаласаи шӯро метавонад ҳимояи як рисола гузаронида шавад ё як хулосаи иловагӣ (тақризи ҳайати шӯро) тайёр карда шавад.

39. Дар давоми рӯз гузаронидани ҳимояи як рисола мумкин аст. Дар мӯҳлати як моҳ шӯро ҳуқуқ дорад ҳимояи на зиёда аз ҳафт рисоларо гузаронад.

40. Ҳангоми таъин намудани мӯҳлатҳои ҳимояи рисола бояд навбатнокии воридшавии аризаҳо аз унвонҷӯён оид ба қабули рисола барои ҳимоя риоя карда шавад. Ҳуқуқи ҳимояи ғайринавбатиро докторантҳое доранд, ки рисолаҳоро дар мӯҳлат, то ба охир расидани таҳсил пешниҳод намудаанд.

41. Роҳбарони шӯроҳо доир ба корҳои анҷомдода дар назди роҳбарони муассисаҳо, ки дар назди онҳо шӯро таъсис дода шудааст, Вазорат ва Комиссияи аттестатсионӣ ҳисобот медиҳанд. Дар мӯҳлати як моҳ то охири соли тақвимӣ шӯро ба Вазорат ҳисобот доир ба фаъолияти яксола пешниҳод менамояд.

42. Агар узви шӯро дар мӯҳлати ҳисоботӣ дар нисф ва зиёда ҷаласаҳои шӯро иштирок накарда бошад, ӯ аз ҳайати шӯрои диссертатсионӣ бароварда мешавад.

43. Дар сурати аз ҷониби шӯро риоя накардани Тартиби мазкур Вазорат тибқи хулосаи гурӯҳи кории муштараки Вазорат, Комиссияи аттестатсионӣ ва муассис ҷиҳати иваз намудани роҳбарият ва аъзои шӯро, муваққатан манъ намудан ё қатъ намудани фаъолияти шӯро қарори дахлдор қабул менамояд.

4. Баррасии пешакии рисола дар шӯрои диссертатсионӣ

44. Шӯро барои баррасии пешакӣ рисолаеро қабул менамояд, ки мутобиқи талабот ба рисолаи илмӣ таҳия шудааст, ҳуҷҷатҳо мувофиқи номгӯи муқарраршуда пешниҳод шудаанд. Шӯро комиссияи (на кам аз се нафар) бо қарори протоколӣ, аз ҷумлаи аъзои шӯромутахассисон оид ба самти рисола таъсисдодашударо вазифадор менамояд, ки бо рисола ва баҳодиҳии роҳбари илмӣ (мушовир) шинос шаванд ва ба шӯро хулоса оид ба мутобиқати рисола ба ихтисосҳо ва соҳаи илм, ки аз рӯи онҳо ба шӯро ҳуқуқи гузаронидани ҳимояи рисола иҷозат дода шудааст, дар бораи аз ҷониби муаллиф пурра интишор намудани маводи рисола, ҳамчунин пешниҳод оид ба таъини муассисаи пешбар, муқарризони расмӣ ва дар мавриди зарурӣ дар бораи ба ҳайати шӯро ворид намудани аъзои иловагӣ пешниҳод манзур намояд. Дар ин маврид комиссия бояд ба асоснокии таъин намудани роҳбари илмӣ, ҷалби мушовири илмӣ, пешниҳод шудани рисола дар нуқтаи пайвасти ихтисосҳо, додани грифҳои маҳдудкунанда таваҷҷӯҳ намояд. Асос барои ба ҳимоя пешниҳод намудани рисола дар нуқтаи пайвасти ихтисосҳо мавҷудияти саҳми мувофиқи илмӣ ба ҳар як ихтисосҳо мебошад.

45. Агар рисола дар он муассисае, ки дар назди он шӯро таъсис ёфтааст, иҷро нашуда бошад, шӯро онро барои баррасии иловагӣ ба кафедра (шӯъба, лаборатория, семинари илмӣ) аз рӯи ихтисоси кори иҷрогардида мефиристонад. Мӯҳлати гузаронидани баррасии пешакӣ дар шӯрои диссертатсионӣ на бояд аз ду моҳ аз рӯзи ҳуҷҷатҳоро супоридани унвонҷӯй зиёд бошад.

46. Шӯро дар асоси хулосаи комиссия дар ҷаласаи худ рисоларо барои ҳимоя қабул намуда, муқарризони расмӣ, ташкилоти пешбар, рӯзи ҳимояро таъин менамояд, рӯихати иловагии суроғаҳоеро, ки автореферат фиристода мешавад, муайян мекунад, барои чопи автореферат иҷозат медиҳад, дар ҳолатҳои зарурӣ (ҳимояи яккарата) доир ба ворид намудани аъзои иловагӣ ба ҳайати шӯро тибқи тартиби муқарраргардида қарор қабул мекунад.

47. Шӯро принсипи новобаста аз ҳамдигар будани муқарризони расмӣ, муассисаи пешбар, роҳбари илм (мушовир)-и кори илмиро қатъан риоя менамояд, оид ба воқеӣ ва сифатнок аз ҷониби онҳо тайёр кардани тақризҳо барои рисола ҷавобгӯ мебошад.

48. Қарори шӯро оид ба қабули рисола барои ҳимоя қабулшуда ҳисобида мешавад, агар барои он шумораи бештари аъзои шӯро, ки дар ҷаласа иштирок намудаанд, овоз дода бошанд.

49. Дар мавриди қарори мусбати шӯро оид ба қабули рисола барои ҳимоя комиссия лоиҳаи хулосаро доир ба рисола тайёр мекунад ва инчунин аломатҳои классификатсиониро муайян менамояд. Дар мавриди зарурӣ комиссия метавонад барои тайёр кардани лоиҳаи хулоса мутахассисони кафедра, лаборатория, бахшҳо ё шӯъбаҳои муассисаи мазкурро ҷалб намояд.

50. Шӯро рисоларо барои ҳимоя дар яке аз се мавридҳои зерин қабул намекунад:

- ҳангоме, ки мазмуни асосии рисола ба ҳеч кадом аз ихтисосҳо ва соҳаи илм, ки аз рӯи он ба шӯро ҳуқуқи қабули рисола барои ҳимоя дода шудааст, мувофиқ набошад;

- ҳангоми иҷро нашудани талабот оид ба пуррагии интишори натиҷаҳои асосии рисола;

- агар далелҳои нопоквиҷдонии илмии унвонҷӯй (истифодаи маводи бегона бе ишора ба сарчашма) муқаррар шуда бошад.

51. Иттилоот доир ба ҳимояи пешбинишаванда бо нишон додани суроға, сана ва вақти он пешакӣ, на дертар аз як моҳ то ба ҳимоя ба роҳ монда шуда, авторефератҳо мутобиқи рӯйхате, ки Комиссияи аттестатсионӣ тасдиқ намудааст ва рӯйхати иловагии шӯро тасдиқнамуда ирсол карда мешавад. Дар як вақт автореферати рисола ва матни эълон оид ба ҳимояи рисола дар сайти расмии муассиса, ки дар назди он шӯрои диссертатсионӣ фаъолият менамояд, дар шабакаи Интернет ҷой дода мешавад.

52. Ҳангоми ба ҳимоя қабул намудани рисола шӯро на дертар аз ду моҳ то ҳимоя ба Комиссияи аттестатсионӣ барои интишор дар Бюллетен ва дар сайти расмии Вазорат дар шабакаи Интернет эълон медиҳад, ки дар он ному насаби унвонҷӯй, номи рисола, соҳаи илм, ки аз рӯи он дараҷаи илмӣ дода мешавад, шифри ихтисос, сана ва вақти ҳимоя, ном ва суроғаи шӯро, дар куҷо ҳимояи рисола гузаронида мешавад, номи ташкилоти пешбар, насабҳои роҳбари илмӣ (мушовир), муқарризони расмӣ, ҷойи кори унвонҷӯй, роҳбари илмӣ (мушовир), муқарризон нишон дода мешавад. Матни эълон дар парвандаи унвонҷӯй гузошта мешавад.

53. Тақризи муассисаи пешбар ва муқарризони расмӣ бояд ба шӯро на дертар аз 10 рӯз то рӯзи ҳимоя пешниҳод шаванд.

54. Муассисаи пешбар бо даъват намудани унвонҷӯй ҷиҳати шарҳ додани мазмуни асосии рисола семинари илмӣ мегузаронад, хулосаи ташкилоти пешбар аз ҷониби мутахассиси онро тайёрнамуда ва роҳбари зерсохтор имзо карда мешавад, ки дар он ҷой ҳимояи рисола баргузор мегардад ва бо имзои роҳбари ташкилоти пешбар ё муовини ӯ бо гузоштани мӯҳри муассиса тасдиқ карда мешавад.

55. Гузаронидани сана ва вақти ҳимоя ба мӯҳлатҳои пештар, нисбат ба мӯҳлати дар автореферат мушаххасшуда, иҷозат дода намешавад.

56. Дар мавриде, ки бо сабабҳои объективӣ ҷаласаи шӯро дар рӯзи муқарраршуда баргузор намегардад, шӯро ҳуқуқ дорад санаи дертари ҳимояи рисоларо, вале на пеш аз даҳ рӯз таъин намояд ва дар ин маврид Комиссияи аттестатсионӣ ва Вазоратро хабардор мекунад.

57. Иваз намудани муқарризони расмӣ бо сабабҳои обективӣ дар шӯрои диссертатсионӣ дар мӯҳлати на дертар аз даҳ рӯз то ҳимояи рисола бо хабар додани ин ҳолат ба Комиссияи аттестатсионӣ ва Вазорат иҷозат дода мешавад.

5. Гузаронидани ҷаласаи шӯрои диссертатсионӣ ҳангоми ҳимояи рисола

58. Ҷаласаи шӯро ҳангоми ҳимояи рисола таҳти роҳбарии раиси шӯро ё дар ҳолати набудани он муовини раиси шӯро мегузарад. Ҷараёни ҳимоя сабт карда мешавад.

59. Раис (муовини раис)-и шӯро наметавонад вазифаи раисиро дар ҷаласаи шӯро иҷро намояд, агар дар он рисолаи унвонҷӯе баррасӣ шавад, ки ӯ роҳбари илмӣ (мушовир) бошад. Агар раис ва муовини ӯ вазифаҳои номбурдаро иҷро карда натавонанд, ба вазифаи раис дар ҷаласаи мазкури шӯро узви шӯро - корманди штатии муассисае, ки дар назди он шӯро таъсис дода шудааст, таъин мешавад. Таъиншавии он бо фармони роҳбари муассиса расмӣ гардонида мешавад. Ҳангоми набудани котиби илмии шӯрои диссертатсионӣ ё дар мавриде, ки рисолаи унвонҷӯе баррасӣ мешавад, ки ӯ роҳбари илмӣ (мушовир) мебошад, иҷрои вазифаҳои ӯ мумкин аст бо фармони роҳбари муассиса ба ӯҳдаи яке аз аъзои шӯро бо нишон додани мӯҳлат (на зиёда аз ду моҳ) гузошта шавад. Дар ҳолати дар як вақт набудани раис, муовини раис ва котиби илмӣ ҷаласаи шӯроро гузаронидан мумкин нест.

60. Пеш аз кушодани ҷаласаи шӯро ба аъзои шӯро лоиҳаи хулоса тақсим карда мешавад. Ҳангоми кушодани ҷаласаи шӯро раис дар асоси варақаи ҳозиршавӣ ва ҳозир будани муқарризон ба аъзои шӯро оид ба салоҳиятнокии ҷаласа хабар медиҳад. Иштироки аъзои шӯро ва муқарризони расмӣ бояд дар стенограммаи ҷаласа бо нишон додани ихтисос, соҳаи илм ва дараҷаи илмӣ нишон дода шавад.

61. Пас аз кушодани ҷаласаи шӯро раис оид ба рисоларо ҳимоя намудани унвонҷӯй эълон менамояд, номи рисола, насаби муқарризони расмӣ, ташкилоти пешбарро гуфта, иттилоъ медиҳад, ки рисола аввалин маротиба (такроран) ҳимоя мегардад. Сипас сухан ба котиби илмӣ дода мешавад, ки ӯ мухтасар доир ба мазмуни асосии ҳуҷҷатҳои пешниҳоднамудаи унвонҷӯй ва мутобиқати онҳо ба талаботи муқарраргардида гузориш медиҳад.

62. Унвонҷӯй моҳият ва қисматҳои асосии рисоларо шарҳ медиҳад. Сипас ба унвонҷӯй ба шакли шифоҳӣ ё хаттӣ савол медиҳанд. Баъд аз ҷавобҳои унвонҷӯй сухан ба роҳбари илмӣ (мушовир) дода мешавад, дар ҳолати набудани ӯ тақризи ӯ хонда шуда, хулосаи муассиса, ки дар он кори ҳимоя иҷро шудааст ё ба он унвонҷӯй вобаста карда шуда буд, ё муассисае, ки дар он шӯрои диссертатсионӣ фаъолият менамояд, тақризи муассисаи пешбар ва дигар тақризҳои ба рисола ва автореферат воридшуда шунавонда мешавад. Дар ҳолати мавҷуд будани тақризҳои мусбат ба рисола ё автореферат котиби илмӣ дар мувофиқа бо аъзои шӯро ба ҷои хондани онҳо шарҳи онҳоро дода, норасоиҳои нишондодашударо зикр менамояд. Тақризҳои манфӣ пурра хонда мешаванд.

63. Пас аз хондани тақризҳо ба унвонҷӯй барои ҷавоб додан ба норасоиҳо, ки дар тақризҳо мавҷуданд, сухан дода мешавад.

64. Сипас муқарризони расмӣ баромад менамоянд ва баъд аз он ба унвонҷӯй барои ҷавоб гуфтан сухан дода мешавад. Бо хоҳиши унвонҷӯй сухан барои ҷавоб ба ӯ пас аз ҳар як муқарриз дода мешавад. Дар мубоҳисаҳои минбаъда ҳамаи нафароне, ки дар ҳимоя ҳозир шудаанд, метавонанд иштирок намоянд. Пас аз мубоҳиса ба унвонҷӯй сухани ниҳоӣ дода мешавад.

65. Пас аз сухани ниҳоии унвонҷӯй шӯро овоздиҳии пинҳониро доир ба масъалаи додани дараҷаи илмӣ мутобиқи тартиби муқарраршуда мегузаронад. Қарори шӯро қабулшуда ҳисобида мешавад, агар барои тарафдории он на кам аз се ду ҳиссаи аъзои шӯро, ки дар ҷаласа иштирок намудаанд, овоз дода бошанд.

66. Пас аз тасдиқи протоколи комиссияи баҳисобгирӣ баррасии лоиҳаи хулосаи шӯро гузаронида мешавад. Ҳангоми қарори мусбат оид ба масъалаи додани дараҷаи илмӣ дар лоиҳаи хулоса натиҷаҳои илмии муҳимтарине, ки шахсан унвонҷӯй ба даст овардааст, баҳодиҳии асоснокии онҳо ва навгониҳо, аҳамияти онҳо барои назария ва амалия, тавсияҳо доир ба истифодаи натиҷаи таҳқиқотии рисола инъикос мешаванд, ҳамчунин нишон дода мешавад, ки мутобиқи кадом талаботи Тартиб рисола баҳо дода шуд. Ҳангоми қарори манфии масъала оид ба додани дараҷаи илмӣ хулоса қабул карда намешавад. Матни хулоса бо нишон додани аломатҳои тахассусӣ бо овоздиҳии кушода бо шумораи бештари овозҳои аъзои шӯро, ки дар ҷаласа ширкат намудаанд, қабул карда шуда, пас ба унвонҷӯй эълон карда мешавад. Бо ҳамин ҷаласаи шӯро баитмомрасида ҳисобида мешавад.

67. Дар мӯҳлати як моҳ пас аз рӯзи ҳимоя нусхаи дуюми рисола дар шакли хаттӣ ва электронӣ якҷоя бо автореферат ва ду нусхаи карточкаи баҳисобгирии рисола бо забонҳои давлатӣ ва русӣ барои бақайдгирии давлатӣ ба Муассисаи давлатии Маркази миллии патентиву иттилоотии Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон фиристода мешавад. Нусхаи дуюми парвандаи аттестатсионӣ доир ба додани дараҷаи илмӣ дар шӯро ба мӯҳлати даҳ сол нигоҳ дошта мешавад.

68. Ҳангоми хулосаи манфӣ доир ба натиҷаи овоздиҳӣ шӯро дар мӯҳлати як моҳ пас аз рӯзи ҳимоя ба Комиссияи аттестатсионӣ ва Вазорат дар бланкаи муассиса мактуби ҳамроҳӣ, ки раиси шӯро имзо намудааст, бо замимаи ду нусхаи карточкаи бақайдгирӣ - баҳисобгирии рисолаи напазируфта, ҳамчунин автореферат ва стенограммаи ҷаласаи шӯро, ки раис ва котиби илмии шӯро имзо намудаанд, мефиристонад. Ба унвонҷӯй нусхаи диплом, шаҳодатнома доир ба супоридани имтиҳонҳои номзадӣ, варақаи шахсӣ оид ба ҳисобгирии кадрҳо, хулосаи муассиса, ки дар он ҷо рисола иҷро шудааст ё ин ки ба он унвонҷӯй вобаста шудааст ва рисола баргардонида мешавад. Як нусхаи рисола ва автореферат аз фонди китобхона баргардонида шуда, ба шӯро дода мешавад, ки дар он ҷо ба мӯҳлати даҳ сол нигоҳ дошта мешаванд.

69. Тақризҳо ба рисола, автореферат, стенограммаи ҷаласа ва қарор оид ба овоздиҳӣ дар шӯро мемонанд ва мумкин аст, ки нусхаи онҳо дар асоси дархост ба ҷои ҳимояи такрорӣ фиристода шавад.

70. Унвонҷӯй ҳуқуқ дорад рисоларо аз баррасӣ тибқи аризаи шахсӣ то саршавии ҷаласа гирад. Ҳангоми ба шӯро додани аризаи шахсии унвонҷӯй бо дархости аз баррасӣ гирифтани рисолаи ӯ, раиси шӯро дар бораи баргардонидани ҳуҷҷатҳои пешниҳодшудаи унвонҷӯй, ба истиснои аризаи шахсии унвонҷӯй, як нусхаи рисола ва автореферат, ки дар шӯро боқӣ мемонад, супориш медиҳад. Ҳуҷҷатҳои дар ҷараёни баррасии рисола тайёркардашуда дар шӯро нигоҳ дошта шуда, дар асоси дархост мумкин аст ба ҷои ҳимояи такрорӣ фиристода шаванд. Агар шӯро муқаррар намояд, ки унвонҷӯй маводи бегонаро бе ишора ба муаллиф ва манбаъи истифодашуда истифода кардааст, он гоҳ шӯро ҳуқуқ дорад, ки қарор дар бораи аз баррасӣ гирифтани рисола бе ҳуқуқи ҳимояи такрории он барорад. Дар ин маврид аризаи унвонҷӯй дар бораи аз баррасӣ гирифтани рисола қабул карда намешавад ва ба Комиссияи аттестатсионӣ ва Вазорат қарори шӯро бо ҳамроҳии автореферати рисола, стенограмма ва сабти аудиоӣ фиристода мешавад.

6. Овоздиҳии пинҳонӣ ва кори комиссияи баҳисобгирӣ

71. Комиссияи баҳисобгирӣ (на кам аз се нафар) то саршавии овоздиҳии пинҳонӣ бо овоздиҳии кушодаи шумораи бештари аъзои шӯро, ки дар ҷаласа иштирок менамоянд, интихоб мегардад.

72. Дар овоздиҳии пинҳонӣ танҳо аъзои шӯро, ки дар ҷаласа иштирок намудаанд ва ба онҳо комиссияи баҳисобгирӣ бо имзо бюллетени омодакардашударо пас аз сухани натиҷавии унвонҷӯй медиҳанд, иштирок менамоянд.

73. Овоздиҳанда аз хатти "Натиҷаи овоздиҳӣ" нолозимашро хат зада, бюллетенро ба қуттии мӯҳргузошташуда мепартояд.

74. Аъзои комиссияи баҳисобгирӣ қуттиро кушода, бюллетенҳоро ҳисоб менамоянд ва бо натиҷаи овоздиҳӣ протокол тартиб медиҳанд. Бюллетенҳои тақсимнашуда то саршавии овоздиҳӣ дар комиссияи баҳисобгирӣ бо гузоштани нишони махсус нигоҳ дошта мешавад, ки дар протокол дарҷ мегардад. Бюллетенҳое, ки имконияти муайян намудани андешаи аъзои комиссияро, ки дар овоздиҳӣ иштирок намудааст, надоранд, ғайриҳақиқӣ ҳисобида шуда, ҳамчунин дар протоколи комиссияи баҳисобгирӣ қайд карда мешавад. Пас аз таҳияи протокол оид ба натиҷаи овоздиҳӣ комиссияи баҳисобгирӣ ҳамаи бюллетенҳоро ба назар гирифта, ба протоколи худ замима мекунад.

75. Шӯро бо овоздиҳии кушода бо шумораи бештари овози аъзои шӯро, ки дар овоздиҳии пинҳонӣ иштирок намудаанд, протоколи комиссияи баҳисобгириро тасдиқ мекунад. Дар мавриди тасдиқ нашудани протоколи комиссияи баҳисобгирӣ ҷаласаи шӯро давом ёфта, овоздиҳии такрории пинҳонӣ гузаронида мешавад. Масъалаи тасдиқ нашудани протоколи комиссияи баҳисобгирӣ аз ҷониби шӯрои диссертатсионӣ дар мавриде баррасӣ мешавад, ки агар вайронкунӣ дар тартиби ҳимояи рисола, овоздиҳии пинҳонӣ ва ё дар кори комиссияи баҳисобгирӣ мушоҳида шуда бошад.

76. Пас аз кушодани ҷаласаи шӯро раис баррасии рисолаи унвонҷӯйро, ки барои хулосаи иловагӣ (тақризи умумӣ) пешниҳод шудааст, эълон менамояд. Номи рисола, шӯрое, ки дар он ҳимоя гузаштааст, насаби муқарризони расмӣ ва муассисаи пешбарро зикр мекунад. Сипас сухан ба котиби илмӣ дода мешавад ва ӯ ба таври мухтасар мӯҳтавои аслии ҳуҷҷатҳои парвандаи аттестатсионии унвонҷӯйро гузориш медиҳад.

77. Дар мавриди дар ҷаласаи шӯро иштирок намудани унвонҷӯй ба ӯ барои шарҳ додани муқаррароти аслии рисола ва ҷавоб додан ба саволҳо сухан дода мешавад.

78. Баррасӣ аз баромади яке аз аъзои комиссия оғоз мешавад, ки ба он ҷиҳати шинос шудан бо рисола ва ҳуҷҷатҳои парвандаи аттестатсионӣ супориш дода шуда буд. Баъдан ҳуқуқ доранд ҳамаи ҳозирини ҷаласаи шӯро баромад намоянд. Дар поёни муҳокима ба унвонҷӯй сухани хотимавӣ дода мешавад.

79. Қарори шӯро қабулшуда ҳисобида мешавад, агар ба тарафдори он аз се ду ҳиссаи аъзои шӯро, ки дар ҷаласа ширкат намудаанд, овоз дода бошанд.

80. Пас аз тасдиқи протоколи комиссияи баҳисобгирӣ шӯро бо овоздиҳии кушода бо шумораи бештари аъзои шӯро, ки дар ҷаласа иштирок намудаанд, матни хулосаи иловаги (тақризи умуми)-ро қабул менамояд. Аз матни хулосаи иловагӣ (тақризи умумӣ) пас аз тасдиқи он ба унвонҷӯй хабар дода мешавад. Бо ҳамин ҷаласаи шӯро баитмомрасида ҳисобида мешавад.

81. Стенограмма ва матни хулосаи иловагӣ (тақризи умумӣ), ки аз ҷониби раис ва котиби илмии шӯро имзо шудааст ва дар он натиҷаи овоздиҳии пинҳонӣ оварда шудааст, якҷо бо рисолаи унвонҷӯй ва парвандаи аттестатсионии ӯ дар мӯҳлати се ҳафта ба Комиссияи аттестатсионӣ ирсол мегардад.

7. Гузаронидани ҷаласаи шӯрои диссертатсионӣ ҳангоми баррасии апеллятсия

82. Ҳангоми ба шӯро ворид шудани апеллятсия оид ба қарори шӯро раиси шӯро ба комиссия аз ҳисоби аъзои шӯро супориш медиҳад, ки маводи заруриро омӯхта, лоиҳаи қарори шӯроро оид ба апеллятсия омода намоянд.

83. Агар апеллятсия ба натиҷаи мусбати қарори шӯро оид ба масъалаи додани дараҷаи илмӣ дода шуда бошад, раиси комиссия дар мӯҳлати як ҳафта дар ин хусус ба Комиссияи аттестатсионӣ ва Вазорат хабар медиҳад.

84. Баррасии апеллятсия дар шӯро бояд дар мӯҳлати ду моҳ гузаронида шавад. Ба ҷаласаи шӯро, бо огоҳ намудан на дертар аз 10 рӯз то ҷаласа, аризадиҳанда (аризадиҳандагон), унвонҷӯй ва дигар шахсон, ки ба андешаи шӯро доир ба моҳияти масъалаҳои дар он гузошташуда муносибати бевосита доранд, даъват карда мешаванд. Дар мавриди бо сабаби узрнок ҳозир нашудани аризадиҳанда ҷаласаи шӯро ба вақти дигар гузаронида мешавад. Агар аризадиҳанда ба ҷаласаи шӯро бе сабаби узрнок ҳозир нашавад, он гоҳ ҷаласаи шӯро дар набудани ӯ гузаронида мешавад. Иштироки аъзои шӯро (бо нишон додани ихтисоси онҳо) бояд дар стенограммаи ҷаласа инъикос ёбад.

85. Ҳангоми кушодани ҷаласаи шӯро раис аъзои шӯроро оид ба салоҳиятнокии ҳуқуқии гузаронидани ҷаласа хабар медиҳад. Баъд аз кушодани ҷаласа раиси шӯро баррасии апеллятсияи воридшударо эълон намуда, суханро ба котиби илмӣ барои хондани он медиҳад. Сипас аъзои комиссия натиҷаи кори он ва лоиҳаи хулосаи шӯроро оид ба апеллятсия гузориш медиҳад. Баъдан ҳамаи ҳозирин, ки дар ҷаласаи шӯро иштирок намудаанд, метавонанд баромад намоянд.

86. Дар поёни муҳокима шӯро оид ба апеллятсия бо овоздиҳии пинҳонии шумораи бартариятноки овозҳои аъзои шӯро, ки дар ҷаласа иштирок намудаанд, хулоса қабул менамояд. Стенограмма ва матни хулоса оид ба апеллятсия, ки раис ва котиби илмӣ имзо намудаанд ва дар он натиҷаи овоздиҳӣ оварда шудааст, якҷоя бо апеллятсияи баррасишаванда дар мӯҳлати 10 рӯз пас аз ҷаласа ба Комиссияи аттестатсионӣ ирсол карда мешавад ва матни хулоса оид ба апеллятсия ба аризадиҳанда (аризадиҳандагон) фиристода мешавад.

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз " 2 " ноябри соли 2012,

№ 625 тасдиқ шудааст

Тартиби таъсис ва тасдиқи шӯроҳои диссертатсионии ҳимояи рисолаҳо оид ба дарёфт ва додани дараҷаи илмии доктори фалсафа (PhD), доктор аз рӯи ихтисос

1. Муқаддима

Тартиби таъсис ва тасдиқи шӯроҳои диссертатсионии рисолаҳо оид ба дарёфт ва додани дараҷаи илмии доктори фалсафа (PhD), доктор аз рӯи ихтисос (минбаъд -Тартиб) мутобиқи банди 3 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 апрели соли 2012, №127 "Дар бораи тасдиқи Низомномаи докторантура аз рӯи ихтисос (PhD)", дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ", қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 апрели соли 2011, №227 "Дар бораи тасдиқи Барномаи рушди инноватсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020", қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 ноябри соли 2007, №529 "Дар бораи Барномаи давлатии рушди таҳсилоти касбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2015" ва қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2011, №114 "Дар бораи Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи илм ва технология барои солҳои 2011-2015" таҳия шудааст.

2. Муқаррароти умумӣ

1. Тартиби мазкур қоидаҳои таъсис ва тасдиқи шӯроҳои диссертатсионӣ, низоми фаъолияти онҳо ва ҷараёни ба докторантҳое, ки барномаҳои таълимии докторантураро азхуд намудаанд ва рисолаи илмӣ (минбаъд - рисола) ҳимоя намудаанд, додани дараҷаи илмии доктори фалсафа (PhD), доктор аз рӯи ихтисосро муайян мекунад.

2. Рисола кори илмии тахассусӣ аз рӯи ихтисоси мушаххаси барномаи таълимӣ доир ба тайёр кардани доктори фалсафа (PhD), доктор аз рӯи ихтисос мебошад.

3. Дараҷаи илмии доктори фалсафа (PhD), доктор аз рӯи ихтисос аз ҷониби шӯроҳои диссертатсионии дахлдори муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва илмии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандони Тоҷикистон, шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд, ки дар докторантура омӯзишро тибқи тавсияи шӯрои диссертатсионӣ анҷом додаанд, дода мешавад.

4. Санҷиши интихобии рисолаҳои илмии ҳимоягардида аз ҷониби Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - Вазорат) ва Комиссияи аттестатсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба аттестатсияи кадрҳои илмӣ ва илмию омӯзгории тахассуси олӣ (минбаъд - Комиссия) бо ҷалби экспертони соҳавӣ гузаронида мешавад.