Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 апрели соли 2012 № 127 "Дар бораи тасдиқи Низомномаи докторантура аз рӯи ихтисос"

Санаи амалкуни: 10.02.2016

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

Бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 25.02.2017 № 93 аз эътибор соқит дониста шуд.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи тасдиқи Низомномаи докторантура аз рӯи ихтисос

(Қарори Ҳукумати ҶТ аз 02.11.2012 № 625, аз 10.02.2016 № 66

Мутобиқи моддаи 25 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Низомномаи докторантура аз рӯи ихтисос тасдиқ карда шавад (замима мегардад) (Қарори Ҳукумати ҶТ аз 02.11.2012 № 625).

2. Дипломи дараҷаи илмии доктор аз рӯи ихтисос ва дипломи дараҷаи илмии номзади илм баробарарзиш дониста шаванд (Қарори Ҳукумати ҶТ аз 02.11.2012 № 625).

3. Вазорати маорифи ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Комиссияи аттестатсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба аттестатсияи кадрҳои илмӣ ва илмию омӯзгории тахассуси олӣ Тартиби таъсис ва тасдиқи шӯроҳои диссертатсионии ҳимояи рисолаҳо барои дарёфти дараҷаи илмии доктори фалсафа (PhD), доктор аз рӯи ихтисос ва додани дараҷаи илмии мазкурро таҳия ва ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намоянд (Қарори Ҳукумати ҶТ аз 02.11.2012 № 625, аз 10.02.2016 № 66)

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон             Эмомалӣ Раҳмон

аз 3 апрели соли 2012 № 127

ш. Душанбе

Утратило силу в редакции постановления Правительства РТ от 25 февраля 2017 года, №93

Правительство Республики Таджикистан

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

Об утверждении Положения о докторантуре по специальности

(в редакции постановления Правительства РТ от 02.11.2012г.№625, от 10.02.2016г.№66)

В соответствии со статьей 25 Закона Республики Таджикистан "О высшем и послевузовском профессиональном образовании" Правительство Республики Таджикистан постановляет:

1. Утвердить Положение о докторантуре по специальности (прилагается) (в редакции постановления Правительства РТ от 02.11.2012г.№625)

2. Признать эквивалентными диплом научной степени доктора по специальности и диплом научной степени кандидата наук (в редакции постановления Правительства РТ от 02.11.2012г.№625)

3. Министерству образования и  науки Республики Таджикистан и Аттестационной комиссии Республики Таджикистан по аттестации научных и научно-педагогических кадров высшей квалификации разработать и представить в Правительство Республики Таджикистан Порядок создания и утверждения диссертационных советов по защите диссертаций на соискание ученых степеней доктора философии (PhD), доктор по специальности и присуждения указанных ученых степеней (в редакции постановления Правительства РТ от 02.11.2012г.№625,  от 10.02.2016г.№66).

Председатель

Правительства Республики Таджикистан          Эмомали Рахмон

г. Душанбе ,

от 3 апреля 2012 года, №127