Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 августи соли 2012, № 456 "Дар бораи Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни: 27.11.2019

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 29.12.2012 № 790, аз 4.03.2016 № 110, аз 6.03.2017 № 112, аз 27.11.2019 № 604)

Мутобиқи моддаи 12 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон", моддаҳои 42 ва 51 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъерии ҳуқуқӣ" ва бо мақсади иҷрои Барномаи рушди маъмурикунонии андоз дар солҳои 2011-2015, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 2010, №626 тасдиқ шудааст, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Низомнома, Сохтори Дастгоҳи марказӣ, Нақшаи идоракунӣ ва Номгӯи корхонаҳои (ташкилотҳои) системаи Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1, 2, 3, 4).

2. Шумораи ниҳоии кормандони Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миқдори 1843 воҳид (бе ҳайати хизматрасон) муқаррар карда шавад, ки аз он 1755 воҳид аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ ва 88 воҳид аз ҳисоби маблағҳои махсуси Кумита маблағгузорӣ карда мешавад, аз ҷумла Дастгоҳи марказӣ 225 воҳид муқаррар карда шавад, ки аз он 165 воҳид аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ ва 60 воҳид аз ҳисоби маблағҳои махсуси Кумита маблағгузорӣ карда мешавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 29.12.2012 № 790, аз 6.03.2017 № 112, аз 27.11.2019 № 604).

3. Маблағгузории Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохторҳои ҳудудии он аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ ва маблағҳои махсус анҷом дода шавад.

4. Ба Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дода шавад, ки 5 муовини Раис, аз ҷумла як муовини якуми Раис ва ҳайати мушовара иборат аз 9 нафар дошта бошад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 4.03.2016 № 110).

5. Барои Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон лимити автомошинаҳои сабукрави хизматӣ ба миқдори 110 адад, аз ҷумла барои Дастгоҳи марказӣ ба миқдори 15 адад муқаррар карда шавад.

6. Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мӯҳлати ду моҳ:

- ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон таклифҳо пешниҳод намояд;

- санадҳои худро бо қарори мазкур мувофиқ намояд.

7. Қарорҳои зерини Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз эътибор соқит дониста шаванд:

- аз 28 декабри соли 2006, №607 "Дар бораи Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон";

- аз 30 ноябри соли 2007, №602 "Дар бораи ворид намудани тағйироту иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006, №607";

- аз 28 майи соли 2009, №327 "Дар бораи ворид намудани тағйироту иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006, №607";

- аз 30 декабри соли 2010, №713 "Дар бораи ворид намудани тағйироту иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006, №607";

- аз 2 ноябри соли 2011, №567 "Дар бораи ворид намудани тағйироту иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006, №607".

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон    Эмомалӣ Раҳмон

аз 31 августи соли 2012, № 456

ш. Душанбе

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 29.12.2012 № 790, аз 4.03.2016 № 110, аз 6.03.2017 № 112)

Мутобиқи моддаи 12 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон", моддаҳои 42 ва 51 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъерии ҳуқуқӣ" ва бо мақсади иҷрои Барномаи рушди маъмурикунонии андоз дар солҳои 2011-2015, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 2010, №626 тасдиқ шудааст, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Низомнома, Сохтори Дастгоҳи марказӣ, Нақшаи идоракунӣ ва Номгӯи корхонаҳои (ташкилотҳои) системаи Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1, 2, 3,4).

2. Шумораи ниҳоии кормандони Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миқдори 1833 воҳид (бе ҳайати хизматрасон) муқаррар карда шавад, ки аз он 1755 воҳид аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ ва 78 воҳид аз ҳисоби маблағҳои махсуси Кумита маблағгузорӣ карда мешавад, аз ҷумла Дастгоҳи марказӣ 185 воҳид муқаррар карда шавад, ки аз он 165 воҳид аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ ва 20 воҳид аз ҳисоби маблағҳои махсуси Кумита маблағгузорӣ карда мешавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 29.12.2012 № 790, аз 6.03.2017 № 112).