Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006 № 607
Мутобиқи моддаи 58 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Дар сархати ҳафтуми банди 5 Низомномаи Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006 № 607 "Дар бораи Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" тасдиқ шудааст, баъд аз калимаҳои "бақайдгирии давлатии" калимаҳои "шахсони ҳуқуқӣ ва" илова карда шавад.
2. Дар сохтори Дастгоҳи марказии Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006 № 607 "Дар бораи Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" тасдиқ шудааст, баъд аз сархати сеюм сархати нав бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"Раёсати ташкили бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ".
3. Дар Нақшаи идоракунии Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006 № 607 "Дар бораи Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" тасдиқ шудааст, пас аз сархати ҳафтум сархатҳои нав бо мазмуни зайл илова карда шаванд:
"Шӯъбаҳои бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон", вилоятҳои Хатлон, Суғд ва шаҳри Душанбе
Бахшҳои бақайдгриии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ дар шаҳрҳо ва ноҳияҳо".
4 . Дар Номгӯи корхонаҳои (ташкилотҳои) системаи Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006 № 607 "Дар бораи Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" тасдиқ шудааст, калимаҳои "Матбааи Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" ба калимаҳои "Маркази барномасозии маъмурикунонии андоз" иваз карда шавад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 28 майи соли 2009 № 327
ш. Душанбе
Правительство Республики Таджикистан
ПОСТАНОВЛЕНИЕ
О внесении изменений и дополнений в постановление Правительства Республики Таджикистан от 28 декабря 2006 №607
В соответствии со статьей 58 Конституции Республики Таджикистан Правительство Республики Таджикистан постановляет:
1. Абзац седьмой пункта 5 Положения Налогового комитета при Правительстве Республики Таджикистан, утвержденного постановлением Правительства Республики Таджикистан от 28 декабря 2006 года №607 "О Налоговом комитете при Правительстве Республики Таджикистан", после слов "государственную регистрацию" дополнить словами "юридических лиц и".
2. Структуру Центрального аппарата Налогового комитета при Правительстве Республики Таджикистан, утвержденную постановлением Правительства Республики Таджикистан от 28 декабря 2006 года №607 "О Налоговом комитете при Правительстве Республики Таджикистан", после абзаца третьего дополнить абзацем следующего содержания:
"Управление организации государственной регистрации юридических лиц и индивидуальных предпринимателей".
3. Схему управления Налогового комитета при Правительстве Республики Таджикистан, утвержденную постановлением Правительства Республики Таджикистан от 28 декабря 2006 года №607 "О Налоговом комитете при Правительстве Республики Таджикистан", после абзаца седьмого дополнить абзацами следующего содержания:
"Отделы государственной регистрации юридических лиц и индивидуальных предпринимателей в Горно-Бадахшанской автономной области, Хатлонской и Согдийской областях и городе Душанбе
Секторы государственной регистрации юридических лиц и индивидуальных предпринимателей в городах и районах".
4. В Перечне предприятий (организаций) системы Налогового комитета при Правительстве Республики Таджикистан, утвержденного постановлением Правительства Республики Таджикистан от 28 декабря 2006 года№607 "О Налоговом комитете при Правительстве Республики Таджикистан", слова "Типография Налогового комитета при Правительстве Республики Таджикистан" заменить словами "Центр программирования налогового администрирования".
Председатель
Правительства Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
от 28 мая 2009 года №327
г. Душанбе