Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи ворид намудани тағйирот ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 августи соли 2012, № 456
Мутобиқи моддаи 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Банди 2 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 августи соли 2012, № 456 "Дар бораи Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"2. Шумораи ниҳоии кормандони Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миқдори 1815 воҳид (бе ҳайати хизматрасон) муқаррар карда шавад, ки аз он 1755 воҳид аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ ва 60 воҳид аз ҳисоби маблағҳои махсуси Кумита маблағгузорӣ карда мешавад, аз ҷумла Дастгоҳи марказӣ 185 воҳид муқаррар карда шавад, ки аз он 165 воҳид аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ ва 20 воҳид аз ҳисоби маблағҳои махсуси Кумита маблағгузорӣ карда мешавад.".
2. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузории хароҷотро барои нигоҳдории воҳидҳои иловагӣ аз ҳисоби маблағҳои махсуси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин намояд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 29 декабри соли 2012, № 790
ш. Душанбе
Правительство Республики Таджикистан
ПОСТАНОВЛЕНИЕ
О внесении изменений в постановление Правительства Республики Таджикистан от 31 августа 2012 года, №456
В соответствии со статьей 42 Закона Республики Таджикистан О нормативных правовых актах" Правительство Республики Таджикистан постановляет:
1. Пункт 2 постановления Правительства Республики Таджикистан от 31 августа 2012 года, №456 "О Налоговом комитете при Правительстве Республики Таджикистан" изложить в следующей редакции:
"2. Установить предельную численность работников Налогового комитета при Правительстве Республики Таджикистан в количестве 1815 единиц (без обслуживающего персонала), из которых 1755 единиц финансируется за счёт средств республиканского бюджета и 60 единиц за счёт специальных средств Комитета, в том числе Центрального аппарата 1S5 единиц, из которых 165 единиц финансируются за счёт средств республиканского бюджета и 20 единиц за счёт специальных средств Комитета".
2. Министерству финансов Республики Таджикистан обеспечить финансирование расходов на содержание дополнительных единиц за счёт специальных средств Налогового комитета при Правительстве Республики Таджикистан.
Председатель
Правительства Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
г.Душанбе,
от 29 декабря 2012 года, № 790