Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи тадбирҳои такмили фаъолияти иқтисодии хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 5.12.2013 № 580, аз 23.08.2016 № 382, аз 31.10.2018 № 531)
Мутобиқи моддаи 13 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва моддаи 51 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" ва бо мақсади истифодаи самарабахши иқтидори содиротӣ ва ҳифзи манфиатҳои иқтисодии ҷумҳурӣ, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Номгӯи молҳое (кору хизматрасоние), ки содирот, воридот ва транзити онҳо бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешаванд, тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
2. Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби содирот ва воридоти молҳоро (кору, хизматрасониро), ки номгӯи онҳо аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мешавад, таҳия ва ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намояд.
3. Муқаррар карда шавад, ки фурӯши молҳои (кору хизматрасонии) дар замимаҳои қарори мазкур зикршуда бо нархҳои ҷаҳонӣ ё нархҳои миёнаи биржавӣ сурат гирад.
4. Корхонаи воҳиди давлатии "Ширкати Алюминии Тоҷик" ва Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар семоҳа нархномаҳои ҷаҳонии алюминии аввалия ва нахи пахтаро дар воситаҳои ахбори омма интишор намоянд.
5. Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар моҳ ба Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба амалиёти воридотиву содиротии субъектҳои фаъолияти иқтисодии хориҷӣ дар доираи қарордодҳо (шартномаҳо) барои ҷамъбаст ва таҳлил маълумот пешниҳод намояд.
6. Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳлили ҳармоҳаи самаранокии татбиқи қарордодҳои (шартномаҳои) амалиёти содиротию воридотиро анҷом дода, оид ба ҳодисаҳои расонидани зиёни иқтисодӣ ба манфиатҳои давлат аз ҷониби субъектҳои фаъолияти иқтисодии хориҷӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таклифҳо пешниҳод намояд.
7. Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми содироти молҳо (кору, хизматрасонӣ) тариқи биржаҳои ҷумҳурӣ бо нархҳои поёнтар аз нархҳои ҷаҳонӣ ё нархҳои миёнаи биржавӣ, фарқияти онро аз ҳисоби маблағҳои биржаҳои мазкур ситонида, ба буҷети ҷумҳурӣ гузаронад.
8. Аз эътибор соқит карда шаванд:
қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 феврали соли 1979, №111 "Дар бораи тадбирҳои такмили фаъолияти иқтисодии хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон";
банди 1 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 июни соли 1998, №196 "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба баъзе қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон";
қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 майи соли 2000, №196 "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 феврали соли 1997, №111 "Дар бораи тадбирҳои такмили фаъолияти иқтисодии хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон";
банди 1 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2007, №662 "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба баъзе қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон";
сархати 4 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 январи соли 2008 № 47 "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба баъзе қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон".
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 16 июли соли 2012, № 367
ш. Душанбе
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 16 июли соли 2012, №367
тасдиқ шудааст
Номгӯи молҳое (кор ва хизматрасоние), ки содирот, воридот ва транзити онҳо бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешаванд
Содирот
1. Уран ва дигар моддаҳои радиоактивӣ, маҳсулоти он, технологияҳо асбоб, таҷҳизот ва дастгоҳҳо, манбаъҳои шуои радиоактивӣ, аз ҷумла партовҳои радиоактивӣ
2. Борут, моддаҳои тарканда ва партовҳои онҳо
3. Моддаҳои нашъаовар ва психотропӣ, заҳрҳо
4. Силоҳ ва техникаи ҳарбӣ, қисмҳои васлшаванда барои онҳо, кору хизматрасониҳо дар соҳаи ҳамкории техникии ҳарбӣ
5. Санадҳои меъёрию техникӣ барои маҳсулоти таъиноти ҳарбӣ (санадҳои конструкторӣ ва истифодабарӣ)
6. Силоҳи хизматӣ ва шахсӣ
7. Либосҳои ҳарбӣ ва аломатҳо барои он
8. Воситаҳои муҳофизат аз моддаҳои заҳролудкунандаи ҷангӣ, қисмҳо ва лавозимоти онҳо
9. Маводи коллексионӣ оид ба минералогия ва полеонтология
10. Асарҳои санъат, ашёи коллексияшаванда ва атиқа, ки дорои арзиши муҳими бадеӣ, таърихӣ, илмӣ ё фарҳангӣ мебошанд
11. Маълумот доир ба канданиҳои фоиданок, минтақаҳо ва конҳои ашёи хоми сӯзишворию энергетикӣ ва маъдание, ки дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз ҷумла нақшаҳо, харитаҳо ва тарҳҳо) ҷойгиранд
Воридот
1. Уран ва дигар моддаҳои радиоактивӣ, маҳсулоти он, технологияҳо асбоб, таҷҳизот ва дастгоҳ, манбаъҳои шуои радиоактивӣ, аз ҷумла партовҳои радиоактивӣ

7. Либоси ҳарбӣ ва аломатҳо барои он
8. Воситаҳои муҳофизат аз моддаҳои заҳролудкунандаи ҷангӣ ва қисмҳо ва лавозимоти онҳо
9. Воситаҳои нақлиётии бо чамбараки тарафи рост идорашаванда тавассути низомҳои гумрукии "барориш барои гардиши озод" ва "воридоти муваққатӣ", инчунин автомобилҳои зиреҳпӯш, ба истиснои автомобилҳои сабукрави зиреҳпӯши намояндагони дипломатӣ, муассисаҳои консулӣ, созмонҳои байналмилалӣ, ки содирот, воридот ва транзити онҳо танҳо бо пешниҳоди расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад
10. Сигналҳои махсуси овозӣ ва нурафшон барои воситаҳои нақлиёт .
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи тадбирҳои такмили фаъолияти иқтисодии хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 5.12.2013 № 580, аз 23.08.2016 № 382)
Мутобиқи моддаи 13 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва моддаи 51 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" ва бо мақсади истифодаи самарабахши иқтидори содиротӣ ва ҳифзи манфиатҳои иқтисодии ҷумҳурӣ, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Номгӯи молҳое (кору хизматрасоние), ки содирот, воридот ва транзити онҳо бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешаванд, тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
2. Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби содирот ва воридоти молҳоро (кору, хизматрасониро), ки номгӯи онҳо аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мешавад, таҳия ва ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намояд.
3. Муқаррар карда шавад, ки фурӯши молҳои (кору хизматрасонии) дар замимаҳои қарори мазкур зикршуда бо нархҳои ҷаҳонӣ ё нархҳои миёнаи биржавӣ сурат гирад.
4. Корхонаи воҳиди давлатии "Ширкати Алюминии Тоҷик" ва Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар семоҳа нархномаҳои ҷаҳонии алюминии аввалия ва нахи пахтаро дар воситаҳои ахбори омма интишор намоянд.
5. Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар моҳ ба Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба амалиёти воридотиву содиротии субъектҳои фаъолияти иқтисодии хориҷӣ дар доираи қарордодҳо (шартномаҳо) барои ҷамъбаст ва таҳлил маълумот пешниҳод намояд.
6. Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳлили ҳармоҳаи самаранокии татбиқи қарордодҳои (шартномаҳои) амалиёти содиротию воридотиро анҷом дода, оид ба ҳодисаҳои расонидани зиёни иқтисодӣ ба манфиатҳои давлат аз ҷониби субъектҳои фаъолияти иқтисодии хориҷӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таклифҳо пешниҳод намояд.
7. Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми содироти молҳо (кору, хизматрасонӣ) тариқи биржаҳои ҷумҳурӣ бо нархҳои поёнтар аз нархҳои ҷаҳонӣ ё нархҳои миёнаи биржавӣ, фарқияти онро аз ҳисоби маблағҳои биржаҳои мазкур ситонида, ба буҷети ҷумҳурӣ гузаронад.
8. Аз эътибор соқит карда шаванд:
қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 феврали соли 1979, №111 "Дар бораи тадбирҳои такмили фаъолияти иқтисодии хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон";
банди 1 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 июни соли 1998, №196 "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба баъзе қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон";
қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 майи соли 2000, №196 "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 феврали соли 1997, №111 "Дар бораи тадбирҳои такмили фаъолияти иқтисодии хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон";
банди 1 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2007, №662 "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба баъзе қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон";
сархати 4 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 январи соли 2008 № 47 "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба баъзе қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон".
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 16 июли соли 2012, № 367
ш. Душанбе
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 16 июли соли 2012, №367
тасдиқ шудааст
Номгӯи молҳое (кор ва хизматрасоние), ки содирот, воридот ва транзити онҳо бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешаванд
Содирот
1. Уран ва дигар моддаҳои радиоактивӣ, маҳсулоти он, технологияҳо асбоб, таҷҳизот ва дастгоҳҳо, манбаъҳои шуои радиоактивӣ, аз ҷумла партовҳои радиоактивӣ
2. Борут, моддаҳои тарканда ва партовҳои онҳо
3. Моддаҳои нашъаовар ва психотропӣ, заҳрҳо
4. Силоҳ ва техникаи ҳарбӣ, қисмҳои васлшаванда барои онҳо, кору хизматрасониҳо дар соҳаи ҳамкории техникии ҳарбӣ
5. Санадҳои меъёрию техникӣ барои маҳсулоти таъиноти ҳарбӣ (санадҳои конструкторӣ ва истифодабарӣ)
6. Силоҳи хизматӣ ва шахсӣ
7. Либосҳои ҳарбӣ ва аломатҳо барои он
8. Воситаҳои муҳофизат аз моддаҳои заҳролудкунандаи ҷангӣ, қисмҳо ва лавозимоти онҳо
9. Маводи коллексионӣ оид ба минералогия ва полеонтология
10. Асарҳои санъат, ашёи коллексияшаванда ва атиқа, ки дорои арзиши муҳими бадеӣ, таърихӣ, илмӣ ё фарҳангӣ мебошанд
11. Маълумот доир ба канданиҳои фоиданок, минтақаҳо ва конҳои ашёи хоми сӯзишворию энергетикӣ ва маъдание, ки дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз ҷумла нақшаҳо, харитаҳо ва тарҳҳо) ҷойгиранд
Воридот
1. Уран ва дигар моддаҳои радиоактивӣ, маҳсулоти он, технологияҳо асбоб, таҷҳизот ва дастгоҳ, манбаъҳои шуои радиоактивӣ, аз ҷумла партовҳои радиоактивӣ
2. Борут, моддаҳои тарканда ва партовҳои онҳо
3. Моддаҳои нашъаовар ва психотропӣ, заҳрҳо
4. Силоҳ ва техникаи ҳарбӣ, қисмҳои васлшаванда барои онҳо, кору хизматрасониҳо дар соҳаи ҳамкории техникии ҳарбӣ
5. Санадҳои меъёрию техникӣ барои маҳсулоти таъиноти ҳарбӣ (санадҳои конструкторӣ ва истифодабарӣ)
6. Силоҳи хизматӣ ва шахсӣ
7. Либоси ҳарбӣ ва аломатҳо барои он
8. Воситаҳои муҳофизат аз моддаҳои заҳролудкунандаи ҷангӣ ва қисмҳо ва лавозимоти онҳо
9. Воситаҳои нақлиётии бо чамбараки тарафи рост идорашаванда тавассути низомҳои гумрукии "барориш барои гардиши озод" ва "воридоти муваққатӣ, инчунин автомобилҳои зиреҳпӯш