Қоидаҳои пешбурди Феҳристи ягонаи давлатии электронии ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.05.2018 № 258)
§1. Муқаррароти умумӣ
1. Қоидаҳои пешбурди Феҳристи ягонаи давлатии электронии ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ (минбаъд - Қоидаҳо) пешбурди Феҳристи ягонаи давлатии электронии ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ (минбаъд - Феҳристи электронӣ) ва дигар масъалаҳои вобаста ба Феҳристи ягонаи давлатии электронии ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳиро муайян менамояд.
2. Феҳристи электронӣ дар низоми мустақим (онлайн) дастрас буда, манбаи ҷамъбастии маълумот оид ба ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ мебошад, ки аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатии иҷозатдиҳанда ба субъектҳои соҳибкорӣ дода мешаванд.
3. Феҳристи электронӣ маҷмӯи маълумоти электронӣ оид ба қоидаҳои додан, аз нав барасмият даровардан, боздоштан, барқарор ва бекор кардани ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ, маълумот дар бораи пардохти маблағ барои гирифтани ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ ва маълумоти дигарро дар бораи ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ фаро мегирад.
4. Феҳристи электронӣ дар сомонаи интернетии Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи танзими низоми иҷозатдиҳӣ - www.ijozat.tj ҷойгир карда мешавад.
5. Маҷмӯи маълумоти электронӣ ба Феҳристи электронӣ бо забони давлатӣ ва дар ҳолатҳои зарурӣ бо дигар забонҳои хориҷӣ ворид карда мешавад.
6. Барои додани ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ" танҳо дар асоси талаботи Феҳристи электронӣ иҷозат дода мешавад.
7. Ба Феҳристи электронӣ ворид намудани маҷмӯи маълумоти электроние, ки ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат мекунад ва ё маълумоти нодуруст манъ аст.
§2. Қоидаҳои таҳияи маҷмӯи маълумоти электронӣ, ворид ва хориҷ намудани он аз Феҳристи электронӣ
8. Маҷмӯи маълумоти электронӣ барои ворид намудан ба Феҳристи электронӣ аз ҷониби ҳар як мақоми ваколатдори давлатии иҷозатдиҳанда оид ба ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳие, ки дар моддаи 29 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ" муайян карда шудаанд, пешниҳод карда мешавад.
9. Маҷмӯи маълумоти электронӣ мутобиқи Дастурамали намунавии коргузорӣ дар мақомоти давлатӣ, муассиса, корхона ва дигар ташкилотҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 июли соли 2017, № 358 тасдиқ шудааст, аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатии иҷозатдиҳанда ба мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи танзими низоми иҷозатдиҳӣ тибқи замима ба Қоидаҳои мазкур пешниҳод карда мешавад .
10. Барои дурустии маҷмӯи маълумоти электронии пешниҳодшуда мақомоти ваколатдори давлатии иҷозатдиҳанда масъул мебошанд.
11. Роҳбари мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи танзими низоми иҷозатдиҳӣ маҷмӯи маълумоти электронии пешниҳодшударо баррасӣ намуда, бо супориши ӯ шахси масъули мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи танзими низоми иҷозатдиҳӣ онро ба Феҳристи электронӣ ворид менамояд.
12. Хориҷ намудани маҷмӯи маълумоти электронӣ тибқи талаботи бандҳои 9 ва 11 Қоидаҳои мазкур аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи танзими низоми иҷозатдиҳӣ амалӣ карда мешавад.
§3. Вазифаҳои роҳбарони мақомоти ваколатдори давлатии иҷозатдиҳанда
13. Роҳбари мақоми ваколатдори давлатии иҷозатдиҳанда:
- бо дархости мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи танзими низоми иҷозатдиҳӣ маҷмӯи маълумоти электрониро (шакли электронии ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳиро) пешниҳод менамояд;
- санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳиро ба талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ" мутобиқ мекунад ва ё ба мақомоти дахлдор тибқи тартиби муқарраргардида таклиф пешниҳод менамояд;
- тағйиру иловаҳоро ба санадҳои меъёрии ҳукуқие, ки ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳиро ба танзим медароранд, ба мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи танзими низоми иҷозатдиҳӣ барои ворид намудан ба Феҳристи электронӣ пешниҳод менамояд;
- барои татбиқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ" ва ҳалли баҳсҳои бамиёномада вобаста ба ҳучҷатҳои иҷозатдиҳӣ дар идораи худ масъул мебошад.
§4. Вазифаҳои шахси масъули мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи танзими низоми иҷозатдиҳӣ
14. Ба вазифаҳои шахси масъули мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи танзими низоми иҷозатдиҳӣ инҳо дохил мешаванд:
- маълумоти дар сомонаи интернетии www.ijozat.tj ҷойгирбударо баррасӣ намуда, ҷиҳати такмили он ба роҳбари мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи танзими низоми иҷозатдиҳӣ гузориш пешниҳод менамояд;
- оид ба саволҳои ба сомонаи интернетии www.ijozat.tj воридшуда ба роҳбари мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи танзими низоми иҷозатдиҳӣ ахбороти хаттӣ пешниҳод намуда, бо дастури ӯ ҷавоби саволҳоро ба сомонаи мазкур ворид менамояд;
- маълумоти Феҳристи электрониро, ки дар сомонаи интернетии www.ijozat.tj ҷойгир аст, бо дастури роҳбари мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи танзими низоми иҷозатдиҳӣ ворид ва хориҷ мекунад;
- барои маҷмӯи маълумоти электронии сомонаи интернетии www.ijozat.tj аз ҷумла саҳифаи Феҳристи электронӣ, масъул мебошад;
- барои зангҳои телефони боварии алоқаи мустақим, ки дар сомонаи интернетии www.ijozat.tj ҷойгир мешавад, мутасаддӣ мебошад.
§5. Муқаррароти хотимавӣ
15. Хароҷоти сомонаи интернетии www.ijozat.tj, аз ҷумла хостинг, пешбурди Феҳристи электронӣ ва хароҷоти дигар аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ, ки барои мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи танзими низоми иҷозатдиҳӣ пешбинӣ гардидаанд ва ё аз ҳисоби дигар маблағҳои ғайрибуҷетӣ амалӣ карда мешаванд.
16. Соҳибкорон, масъулини мақомоти ваколатдори давлатии иҷозатдиҳанда ва дигар шахсони манфиатдор ҳуқуқ доранд оид ба маҷмӯи маълумоти Феҳристи электронӣ ба роҳбари мақоми давлатӣ, мақоми болоӣ, мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи танзими низоми иҷозатдиҳӣ ва суд муроҷиат намоянд.
17. Баҳсҳои вобаста ба маҷмӯи маълумоти Феҳристи электронӣ аз ҷониби роҳбари мақоми давлатӣ, мақоми болоӣ, мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи танзими низоми иҷозатдиҳӣ ё суд ҳал карда мешаванд.
18. Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи танзими низоми иҷозатдиҳӣ моҳи январи ҳар сол оид ба Феҳристи электронӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ахборот пешниҳод менамояд.
Ниг. ба замима