Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 майи соли 2018 № 258 "Дар бораи ворид намудани тағйирот ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 майи соли 2012, № 285"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи ворид намудани тағйирот ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 майи соли 2012, № 285

 

Мутобиқи моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Банди 9 замимаи 1 "Қоидаҳои пешбурди Феҳристи ягонаи давлатии электронии ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ", ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 майи соли 2012, № 285 "Дар бораи тасдиқи Қоидаҳои пешбурди Феҳристи ягонаи давлатии электронии ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ ва Қоидаҳои пешбурди Феҳристи ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ" тасдиқ шудааст, дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

"9. Маҷмӯи маълумоти электронӣ мутобиқи Дастурамали намунавии коргузорӣ дар мақомоти давлатӣ, муассиса, корхона ва дигар ташкилотҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 июли соли 2017, №358 тасдиқ шудааст, аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатии иҷозатдиҳанда ба мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи танзими низоми иҷозатдиҳӣ тибқи замима ба Қоидаҳои мазкур пешниҳод карда мешавад.".

2. Аз банди 6 замимаи 2 "Қоидаҳои пешбурди Феҳристи ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ", ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 майи соли 2012, № 285 тасдиқ шудааст, калимаи "(Сарқонуни)" хориҷ карда шавад.

3. Замимаи 1 ба Қоидаҳои пешбурди Феҳристи ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 майи соли 2012, № 285 тасдиқ шудааст, дар таҳрири нав ифода карда шавад (замима мегардад).

 

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон   Эмомалӣ Раҳмон

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон   Эмомалӣ Раҳмон

 

аз 30 майи соли 2018 № 258

ш.Душанбе

...

Правительство Республики Таджикистан

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

О внесении изменений и дополнений в постановление Правительства Республики Таджикистан от 31 мая 2012 года, №285

В соответствии со статьей 56 Закона Республики Таджикистан "О нормативных правовых актах" Правительство Республики Таджикистан постановляет:

1. Пункт 9 приложения 1 "Правила ведения Единого государственного электронного Регистра разрешительных документов", утверждённого постановлением Правительства Республики Таджикистан от 31 мая 2012 года, №285 "Об утверждении Правил ведения Единого государственного электронного Регистра разрешительных документов и Правил ведения Реестра разрешительных документов", изложить в следующей редакции:

"9. Свод электронных сведений в соответствии с Примерной инструкцией по делопроизводству в государственных оргднах, учреждениях, предприятиях и других организациях Республики Таджикистан, утверждённой постановлением Правительства Республики Таджикистан от 28 июля 2017 года, №358, представляется уполномоченными государственными разрешительными органами в уполномоченный государственный орган в области регулирования разрешительной системы в соответствии с приложением к настоящим Правил.".

2. Приложение 1 к Правилам ведения Реестра разрешительных документов, утверждённое постановлением Правительства Республики Таджикистан от 31 мая 2012 года, №285, изложить в новой редакции (прилагается).

Председатель

Правительства Республики Таджикистан Эмомали Рахмон

Председатель

Правительства Республики Таджикистан Эмомали Рахмон

г. Душанбе, 

от 30 мая 2018 года, №258 

г. Душанбе, 

от 30 мая 2018 года, №258 

Приложение 1

к Правилам ведения Реестра

 разрешительных документов

Приложение 1

...