Барномаи миллии пешгирии паҳншавии нашъамандӣ ва такмили ёрии наркологӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013 - 2017 аз 30 апрели соли 2012, № 183

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 30 апрели соли 2012, №183 тасдиқ шудааст

Барномаи миллии пешгирии паҳншавии нашъамандӣ ва такмили ёрии наркологӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013 - 2017

1. Муқаддима

Барномаи миллии пешгирии паҳншавии нашъамандӣ ва такмили ёрии наркологӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013 - 2017 (минбаъд Барнома) дар асоси Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳифзи саломатии аҳолӣ", "Дар бораи ёрии наркологӣ" ва Стратегияи миллии солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010 - 2020 таҳия гардида, ба пешгирӣ, дарёфт, табобат ва барқарорсозии бемориҳои вобастагӣ аз маводи фаъолкунандаи рӯҳӣ, тақвияти истифодаи усулҳои муосири мониторинги даврӣ, таҳлил ва баҳодиҳии вазъ, нигоҳдорӣ ва беҳтаргардонии саломатии аҳолӣ, паст намудани беморшавӣ ва фавт вобаста ба истеъмоли маводи нашъадор ва машруботӣ равона гардидааст.

Дар давоми солҳои охир нашъамандӣ ва майзадагӣ ба саломатии мардуми сайёра, аз ҷумла аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳдиди ҷиддӣ пеш оварда, дар самти пешравии фарҳангии ҷамъият монеа эҷод намуда истодааст. Чораҳои андешидашуда оид ба мониторинг, таҳлил ва баҳодиҳии вазъ, аз ҷумла бартараф намудани ин падидаи номатлуб ба такмил ва таҷдид ниёз доранд. Дар айни замон зарурати омӯзиши илман асосноки вазъ, гузаронидани таҳқиқоти иҷтимоӣ дар байни аҳолӣ барои муайян намудани сабабҳои паҳншавии ин зуҳурот ва андешидани чораҳои мушаххас ба миён омадааст.

Нашъамандӣ ва майзадагӣ омилҳои хатарноки паҳншавии бемориҳои сироятӣ, инкишофи бемориҳои ҷиддии узвҳои системаи асаб, дилу рагҳо ва бемориҳои музмин мебошанд.

Яке аз мушкилоти асосӣ, ки сабабгори афзоиш ёфтани шумораи беморони истеъмолкунандаи маводи фаъолкунандаи рӯҳӣ гардидааст, ин ҳамоҳангӣ ва робита надоштани фаъолияти аксари ташкилотҳои ҷамъиятии дар ин самт амалкунанда бо мақомот ва ташкилотҳои давлатӣ, инчунин паст будани сатҳи маърифати оилавӣ дар самти пешгирии сӯистеъмоли маводи мазкур мебошад.

Аз ин лиҳоз, яке аз ҳадафҳои асосии Барнома ташкили чорабиниҳо тавассути ҷалб намудани ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва шахсони алоҳида дар ҳамкорӣ бо мақомоту ташкилоти давлатӣ ҷиҳати ба вуҷуд овардани муносибатҳои солими оилавӣ дар самти пешгирии ин намуди бемориҳо мебошад.

Ташкили фаъолияти корӣ бо истифодаи усулҳои муосир дар соҳаи наркологии кишвар иқдоми зарурӣ мебошад. Яке аз вазифаҳои асосии Барномаи мазкур ин амалӣ намудани сиёсати давлатӣ дар самти мониторинг, таҳлил ва баҳодиҳии вазъ, пешгирӣ, табобат ва барқарорсозии бемориҳои вобастагӣ аз маводи фаъолкунандаи рӯҳӣ буда, ҳангоми истеҳсол, ташвиқу пешниҳоди нӯшокиҳои спиртӣ тарғиби оқибатҳои зараровари истеъмоли онро дар бар мегирад. Ҳадафи таҳияи Барномаи мазкур ин таъмин намудани солимии миллат, бахусус солимии насли оянда мебошад.

2. Вазъи истеъмоли маводи фаъолкунандаи рӯҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва раванди ёрии наркологӣ ба аҳолӣ

1. Ҳангоми таҳлили сатҳи истеъмоли маводи мухаддир, нашъамандӣ, майзадагӣ, оқибатҳои тиббию иҷтимоии бемориҳо ва рафти иҷрои барномаҳои қаблӣ дар ҷумҳурӣ пеш аз ҳама бояд ҷанбаҳои зерин мавриди натиҷагирӣ қарор дода шаванд.

2. Бо мақсади пешгирии паҳншавии нашъамандӣ ва такмили ёрии наркологӣ дар ҷумҳурӣ, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 апрели соли 2005, №113 "Барномаи пешгирии паҳншавии нашъамандӣ ва такмили ёрии наркологӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи солҳои 2005 - 2010" тасдиқ карда шуд.

3. Дар доираи амалисозии Барномаи мазкур шароит фароҳам омад, ки омилҳои таъсиррасонанда дар самти болоравии сатҳи нашъамандӣ дарёфт ва арзёбӣ карда шаванд.

4. Омили асосие, ки вазъи нашъамандиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ташвишовар ва аз лиҳози иҷтимоӣ хатарнок шарҳ медиҳанд, ин мубталошавии шумораи зиёди беморон ба нашъамандии героинӣ мебошад. То соли 1997 масъалаи нашъамандии героинӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон он қадар ташвишовар набуд. Дар ҷумҳурӣ одатан холатҳои истеъмоли афюн ва бангдона ҷой доштанд. Соли 1997 бори аввал 57 ҳодисаи нашъамандии героинӣ дар муассисаҳои наркологӣ ба қайд гирифта шуд. То санаи 1 январи соли 2012 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон расман дар муассисаҳои наркологӣ 7117 нафар беморони нашъаманд ба қайд гирифта шуда буданд.

5. Омори нашъамандони бақайдгирифташударо танҳо шумораи ба муассисаҳои тиббӣ бо мақсади гирифтани ёрии наркологӣ ихтиёран муроҷиаткунандагон ташкил медиҳад, ки ин ҳолат вазъи воқеиро нишон дода наметавонад.

6. Мувофиқи маълумоти расмии муассисаҳои тиббии сохтори наркологӣ дар давраи солҳои 2000 - 2010 нишондиҳандаи бемории нашъамандӣ аз 74,4 то 122,4 (соли 2007) нишондиҳанда ба 100 000 аҳолӣ расид, яъне беморӣ ба 45,9 фоиз ё 1,6 маротиба афзоиш ёфт.

Ҷараёни нишондиҳандаи беморӣ ва беморшавии аввалия ба бемории нашъамандӣ дар давоми солҳои 2000 - 2010 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳар 100 000 нафар аҳолӣ

(Ҷадвали № 1) Ниг. дар поён

7. Чӣ тавре, ки аз ҷадвал бармеояд, нишондиҳандаҳои беморӣ ва беморшавии аввалия то соли 2008 афзуда, минбаъд коҳиш ёфтаанд.

8. Бо дарназардошти вазъ, муҳим аст, ки таҳлили истеъмоли маводи нашъадор вобаста ба намуди мавод баррасӣ карда шавад.

Шумораи беморони нашъаманд вобаста ба истифодабарии намуди маводи нашъадор

(Ҷадвали №2) Ниг. дар поён

9. Вобаста ба мавқеи ҷойгиршавии ҷуғрофӣ ва ҳамсарҳадӣ бо Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, ки дар солҳои охир ҳамчун давлати асосии истеҳсолкунандаи ғайриқонунии маводи нашъадори гурӯҳи афюнӣ дар ҷаҳон шинохта шудааст, Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби гурӯҳҳои ҷиноятпеша ҳамчун ҳудуди транзитии интиқоли ин мавод истифода бурда шуд. Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки ҳама гуна давлате, ки дар чунин ҳолат қарор дошта бошад, бевосита дар он қисме аз маводи интиқолшаванда боқӣ мемонад ва ин мушкилоти зиёдшавии бемории нашъамандиро ба бор меорад. Бо сабаби он, ки ҳаҷми асосии маводи мухаддири дар гардиши ғайриқонунӣ буда ба героин рост меояд, дар сохтори истеъмоли маводи нашъадор ҳиссаи ин маводи нашъадор назаррас мебошад.

Шумораи истифодабарандагони маводи нашъадор бо роҳи тазриқӣ

(Ҷадвали №3) Ниг. дар поён

10. Аз рӯи нишондиҳандаҳои ҷадвали 3 аз соли 2001 афзоиши шумораи беморони нашъамандӣ бо роҳи тазриқӣ ба назар мерасад. Қайд кардан зарур аст, ки соли 2010 шумораи онҳо ба 4578 нафар расид, ки 61,8 фоизро аз шумораи умумии беморони нашъамандӣ ташкил медиҳад. Бо дарназардошти он, ки зиёда аз 15 фоизи беморони нашъаманд ба истифодаи як сӯзандору барои истеъмоли маводи нашъадор бо роҳи тазриқӣ роҳ медиҳанд, ин яке аз роҳхои сироятёбии ВНМО/БПНМ ба шумор меравад.

11. Тибқи маълумоти Маркази ҷумҳуриявии пешгирӣ ва мубориза бар зидди ВНМО/БПНМ дар соли 2010 зиёда аз 56,1 фоиз ҳодисаҳои сироятёбӣ ба ВНМО аз ҳисоби истеъмолкунандагони маводи нашъадор бо роҳи тазриқӣ ба қайд гирифта шудаанд.

12. Аз шумораи умумии беморони истеъмолкунандаи маводи нашъадор бо роҳи тазриқӣ мардҳо 97 фоизро ташкил медиҳанд. Тақрибан ҳамаи беморони истеъмолкунандагони маводи нашъадор алоқаи ҷинсии бемуҳофиза, бе рифоларо иҷро мекунанд, ки ин роҳи дигари паҳншавии сироятёбии ВНМО ба ҳисоб меравад.

13. Аз ин лиҳоз, тайи солҳои охир дар сохторҳои Вазорати тандурустӣ бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаҳои паст кардани зарар аз истеъмоли маводи нашъадор амалӣ карда мешаванд. Аз ҷумла, дар сохтори наркологӣ бо мақсади пешгирии паҳншавии сироятёбии ВНМО ва дигар бемориҳои таввасути хун гузаранда барномаи таҷрибавии табобати ҷойивазкунандаи ёрирасон ҷорӣ карда шуд. Аз амалигардии ин Барнома заминаи моддию техникии марказҳои наркологӣ тақвият ефта, сатҳ ва теъдоди хизматрасониҳои наркологӣ ба аҳолӣ ташаккул ёфтанд.

14. Маркази ҷумҳуриявии клиникии наркологии ба номи профессор М.Ғ.Ғуломов, ки муассисаи пешбари сохтори соҳаи хизматрасонии наркологии Вазорати тандурустӣ мебошад, дорои 100 кат буда, дар якҷоягӣ бо марказҳои вилоятии наркологии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар шаҳри Хоруғ - 30 кат, вилояти Суғд - 100 кат, вилояти Хатлон - 50 кат ва ноҳияи Ҳисор - 10 кат, дар маҷмӯъ аз 290 кат иборат аст. Марказҳои мазкур дар якҷоягӣ бо Маркази миллии мониторинг ва пешгирии нашъамандӣ, Маркази ҷумҳуриявии барқароркунии тиббию иҷтимоии "Тангаӣ" ва ҳуҷраҳои наркологӣ барои ташхис, пешгирӣ, табобат ва барқароркунии беморони мубталои нашъамандӣ, майзадагӣ ва заҳрмандӣ ба аҳолӣ хизмати махсуси наркологӣ мерасонанд.

15. Тавре дар боло қайд гардид, муваффақияти бадастомада оид ба вазъи нашъамандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон асосан натиҷаи дар сатҳи баланди сиёсӣ амалӣ гардидани маҷмӯи чорабиниҳои муҳими маҷмӯиву мушаххас дар самти мубориза бар зидди нашъамандӣ ва нашъаҷаллобӣ мебошад.

16. Бо мақсади тақвият додани тадбирҳои анҷомдодашуда ва минбаъд низ коҳиш додани сатҳи нашъамандӣ зарурати таҳия ва қабули барномаи нав дар ин самт ба миён омадааст.

3. Мақсад ва вазифаҳои Барнома, механизми амалисозии он, гурӯҳҳои мақсаднок

17. Мақсади асосии Барномаро мониторинг, таҳлил ва баҳодиҳии вазъ, пешгирӣ ва боздошти паҳншавии истеъмоли маводи фаъолкунандаи рӯҳӣ, инчунин коҳиш додани оқибатҳои тиббию иҷтимоии он дар байни аҳолӣ, тақвияти заминаи моддию техникии сохторхои наркологӣ ташкил медиҳанд.

18. Барои ноил гардидан ба мақсади ниҳоии Барнома вазифаҳои зерин бояд иҷро карда шаванд:

- такмили санадҳои меъёрии хуқуқии дар ин самт амалкунанда;

- такмили барномаҳои омӯзишӣ дар сохтори муассисаҳои таълимии олӣ, касбию техникӣ ва миена, инчунин баланд бардоштани сатҳи тайёр намудани мутахассисони соҳа, аз ҷумла тайёрии тодипломӣ ва баъдидилломии мутахассисон;

- такмили асосҳои роҳбарӣ ва ташкили ёрии наркологӣ ба аҳолӣ дар пайвастагӣ бо ташаккул ва беҳдошти заминаи моддию техникии соҳа;

- таъмини самараноки ҷанбаи илмию иттилоотии раванди ташаккул ва таҷдиди сохтори ёрии наркологӣ;

- ҷорӣ намудани технологияҳои муосири мониторинг, таҳлил ва баҳодиҳии вазъ, пешгирӣ, дарёфт, табобат ва барқарорсозии тиббию иҷтимоии бемориҳои вобаста аз маводи фаъолкунандаи рӯҳӣ;

- баланд бардоштани сатҳи маърифати зиддинашъаманди ва майзадагии аҳолӣ, бо дарназардошти хусусиятҳои хоси миллӣ, динӣ ва фарҳангии ҷомеа;

- такмили барномаи паст кардани зарар аз маводи фаъолкунандаи рӯҳӣ бо додани афзалият ба барномаҳои хурди камхарҷ.

19. Гурӯҳҳои мақсаднок:

- насли наврас (кӯдакон, наврасон, ҷавонон);

- ашхоси аз лиҳози нашъамандӣ ба гурӯҳҳои осебпазир шомилгардида;

- ашхоси ба маводи фаъолкунандаи рӯҳӣ вобастабуда;

- фаъолони ҷомеа, шахсиятҳои аз нигоҳи иҷтимоӣ баландмартаба;

- мутахассисони дар сохтори наркологии давлатӣ ва ғайридавлатӣ фаъолияткунанда;

- мутахассисони сохтори кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ ва дар барномаҳои пешгирикунанда фаъолияткунанда (маориф, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоӣ).

20. Самтҳои амалисозии Барнома аз ҳадафҳои асосӣ бармеоянд, ки иҷрои онҳо дар натиҷа ба ҳадафҳои гузошташуда оварда мерасонад.

21. Барнома самтҳои зерини фаъолият ва механизми амалисозиро муайян менамояд:

- такмили санадҳои меъерии ҳуқуқии дар ин самт амалкунанда, вобаста ба сохторҳои тиббию иҷтимоӣ аз ҳисоби баррасӣ ва таҳияи санадҳои нави меъёрии ҳуқуқие, ки фаъолияти сохторҳои наркологӣ ва дигар сохторҳои дар ин самт фаъолияткунандаро танзим менамоянд, инчунин усулҳои мутобиқшавии ин меъёрҳо ба шароити мавҷудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо дарназардошти хусусиятҳои хоси миллӣ, динӣ ва фарҳангии ҷомеа амалӣ карда мешаванд;

- такмили барномаҳои омӯзишӣ дар сохтори муассисаҳои таҳсилоти олӣ, касбию техникӣ ва миёна, инчунин баланд бардоштани сатҳи тайёр намудани мутахассисони соҳа, аз ҷумла тайёрии тодипломӣ ва баъдидипломии мутахассисон тавассути ворид намудани тағийроти зарурӣ, бо дарназардошти вазъи имрӯзаи бемориҳо, технологияҳои муосири табобат ба барномаҳои таълимӣ, махсусан оид ба тайёр намудани мутахассисони соҳаи наркологӣ, равоншиносӣ, рӯҳшиносони клиникӣ, кормандони иҷтимоӣ ва ғайра;

- такмили асосҳои роҳбарӣ ва ташкили ёрии наркологӣ ба аҳолӣ дар пайвастагӣ бо ташаккул ва беҳдошти заминаи моддию техникии соҳа таввасути иҷро намудани талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии дар ин самт амалкунанда аз ҷониби субъектҳои хоҷагидорӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва шахсони масъул бо истифода аз ваколатҳои онҳо бо роҳи ҷалби маблағҳои буҷетҳои ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ, маблағҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, инчунин ташкилотҳои ҷамъиятӣ дар доираи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад. Ҷиҳати дарёфти маблағҳои иловагӣ барои сохтори наркологӣ аз хизматрасониҳои музднок ва ҷалби даромадҳо аз фурӯши аксизи маводи машруботӣ истифода бояд кард;

- таъмини самараноки ҷанбаи илмию иттилоотии раванди ташаккул ва таҷдиди сохтори ёрии наркологӣ аз ҳисоби тайёр намудани мутахассисони илми педагогӣ, таҳқиқоти нави илмӣ, таҳияи барномаҳои илмию иттилоотӣ, созмон додани шӯроҳои илмӣ ва диссертатсионии тахассусӣ, инчунин ба таври доимӣ ба роҳ мондани мониторинги гуногунсамти даврӣ ҷиҳати омӯзиш ва ҳамоҳангсозии вазъи вобастагӣ аз маводи фаъолкунандаи рӯҳӣ амалӣ карда мешавад;

- ба роҳ мондан ва истифодаи усулҳои нави мониторинг, таҳлил ва баҳодиҳии вазъ, пешгирӣ, табобат ва барқарорсозии бемориҳои вобаста аз маводи фаъолкунандаи рӯҳӣ ҷихати нигоҳдорӣ ва беҳтаргардонии саломатии аҳолӣ бо роҳи ҷорӣ намудани технологияи муосир дар пайвастагӣ бо истифода аз таҷҳизоти ҳозиразамон ва навовариҳои илмию техникии ватанӣ амалӣ карда мешавад;

- ҷиҳати ноил шудан ба баланд бардоштани сатҳи маърифати зиддинашъамандии аҳолӣ, пурзӯр намудани назорати иҷтимоӣ, ташаккули устувории зиддинашъамандӣ ва майзадагӣ бо дарназардошти хусусиятҳои хоси миллӣ, динӣ ва фарҳангии ҷомеа, Барнома маҷмӯи чорабиниҳои омӯзишӣ, маърифатию иттилоотӣ ва фарҳангиро дар сатҳи ҷомеа тавассути воситаҳои ахбори умум, вохӯриҳо, мизҳои мудаввар, семинару машваратҳо, овезаю баннерҳо, маводи иттилоотӣ ва амсоли инҳо пешбинӣ менамояд;

- созмон додани ҳуҷраҳои машваратии маҳрамона, ҳуҷраҳои хизматрасониҳои гуногунзина ва дигар бемориҳои ҳамбаста яке аз роҳҳои амалишавии Барнома мебошад. Ҷиҳати амалӣ намудани маҷмӯи чорабиниҳо дар самти таҷдиди сохтор бо кушодани марказҳои офиятбахшии вилоятӣ, шӯъбаҳо барои наврасон, шӯъбаҳои рӯзона, бахшҳои зиддихурӯҷӣ бо мақсади афзалияти барномаҳои гуногунзинаи камхарҷ ва муносибати маҷмӯӣ бо беморон ҳамкориҳои байнисохторӣ бояд ба роҳ монда шаванд.

4. Давраи амалӣ гардидани Барнома

22. Давраи амалӣ гардидани Барнома панҷ солро дар бар гирифта, дар ин давра бо мақсади расидан ба ҳадафҳои ниҳоӣ диққати асосӣ ба чорабиниҳои зерин дода мешавад:

- пеш аз ҳама омӯзиши иҷрои барномаҳои қаблӣ дар ин самт, баррасӣ ва ворид намудани тағйиру иловаҳо ба санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки фаъолияти сохторҳои наркологиро танзим менамоянд;

- иҷрои маҷмӯи чорабиниҳо дар самти омода намудани мутахассисони омӯзгорӣ, табибони нарколог ва дигар мутахассисони соҳа, аз ҷумла тавассути созмон додани шӯроҳои илмӣ ва диссертатсионии тахассусӣ, ба роҳ мондани мониторинги доимии гуногунсамти даврӣ ҷиҳати таҳлил, баҳодиҳӣ ва ҳамоҳангсозии вазъи вобастагӣ аз маводи фаъолкунандаи рӯҳӣ, такмили барномаҳои омӯзишӣ дар сохтори муассисаҳои таҳсилоти олӣ, касбию техникӣ ва миёна, инчунин баланд бардоштани сатҳи тайёр намудани мутахассисони соҳа, аз ҷумла тайёрии тодипломӣ ва баъдидипломии мутахассисон, ҷорӣ намудани технологияҳои муосири пешгирикунандаи аввалия, дуввумдараҷа ва сеюмдараҷа;

- гузаронидани чорабиниҳои гуногунсатҳ ҷиҳати болоравии сатҳи маърифати зиддинашъамандии аҳолӣ, тақвияти назорати иҷтимоӣ, ташаккули устувории зиддинашъамандӣ ва майзадагӣ, бо дарназардошти хусусиятҳои хоси миллӣ, динӣ ва фархднгии ҷомеа;

- такмили асосҳои роҳбарӣ ва ташкили ёрии наркологӣ ба аҳолӣ дар пайвастагӣ бо ташаккул ва беҳдошти заминаи моддию техникии соҳа;

- созмон додани ҳуҷраҳои машваратии маҳрамона, хуҷраҳои хизматрасониҳои бисёрзина.

5. Манбаъҳои маблағгузории Барнома

23. Маблағгузории доимӣ ва иловагии Барнома аз ҳисоби манбаъҳои зерин амалӣ карда мешавад:

- буҷети давлатӣ;

- грантҳои ташкилотҳои ҷамъиятӣ, байналмилалӣ, фондҳои хусусии дар самти пешгирӣ ва табобати нашъамандӣ фаъолияткунанда;

- инвеститсияҳои хусусӣ, грантҳои тахассусии давлатӣ ва дигар сарчашмаҳо, аз ҷумла хизматрасониҳои музднок дар доираи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.

6. Ҳамоҳангсозӣ ва роҳбарии Барнома

24. Роҳбарии умумӣ ва ҳамоҳангсозии Барнома аз ҷониби Шӯрои ҳамоҳангсозии байниидоравӣ, ки дар назди Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда мешавад, амалӣ мегардад.

25. Шӯрои ҳамоҳангсозии байниидоравии амалисозии Барномаи мазкур ба Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба пешгирии истеъмоли маводи нашъадор, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 апрели соли 2004, №1310 таъсис дода шудааст, ҳисоботдиҳанда мебошад.

26. Барномаро Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамояд, ки ба он ваколати ҳамоҳангсозии Барнома аз рӯи чорабиниҳое, ки иҷрои онҳо ба ӯҳдаи дигар вазорату идораҳо вогузор шудааст, дода мешавад.

27. Барои амалисозии Барномаи мазкур, Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ҷалб карда мешаванд.

28. Барои амалисозии босифати Барнома дар назди мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ шӯроҳои ҳамоҳангсозӣ таъсис дода мешаванд. Барномаи мазкур иҷрои ҳатмии саривақтии талаботи нақшаи чорабиниҳоро (замима мегардад) пешбинӣ намуда, масъулияти баланди маъмуриро аз вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо ва шахсони ваколатдор талаб менамояд.

7. Баҳодиҳӣ ва мониторинги рафти иҷрои Барнома

29. Барои таъмини татбиқи самаранок, бомуваффақият иҷро намудани вазифаҳои Барнома, мунтазам гузаронидани мониторинг ва таҳлили он, Маркази миллии мониторинг ва пешгирии нашъамандии Вазорати тандурустӣ масъул мебошад. Инчунин дар мавриди зарурӣ аз ҳисоби Шӯрои ҳамоҳангсозии байниидоравӣ ва Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба пешгирии истеъмоли маводи нашъадор гурӯҳи мониторингӣ ташкил карда мешавад, ки ба ҳайати он намояндагони вазорату идораҳо ва ташкилотҳои дахлдор шомил мешаванд. Тамоми масъалаҳои марбут ба фаъолияти ташкилию иттилоотиро дар ин самт Шӯрои ҳамоҳангсозии байниидоравӣ ҳал менамояд.

30. Мониторинг ва арзёбии Барнома ба таври доимӣ дар шакли гузаронидани мониторингҳои даврӣ ва ҳисоботи солона амалӣ карда мешавад. Баҳодиҳӣ дар ду давра дар солҳои 2014 ва 2017 гузаронида мешавад.

31. Ҳисобот оид ба мониторинг бо арзёбии фаъолияти дар доираи он анҷом додашуда ва пешниҳодот оид ба такмили раванди инкишоф аз тарафи Вазорати тандурустӣ ва шарикони дахлдор муҳокима карда мешавад.

33. Натиҷаҳои ниҳоии Барномаи пешгирӣ ва боздошти паҳншавии истеъмоли маводи фаъолкунандаи рӯҳӣ, мониторинг, таҳлил ва баҳодиҳии вазъи нашъамандӣ, инчунин коҳиш додани оқибатҳои тиббию иҷтимоии он дар байни аҳолӣ, тақвияти заминаҳои моддию техникии сохторҳои наркологӣ хоҳанд буд.

Замима ба Барномаи миллии

пешгирии паҳншавии нашъамандӣ

ва такмили ёрии наркологӣ дар

Ҷумҳурии Тоҷикистон

барои солҳои 2013-2017

Нақшаи чорабиниҳои Барномаи миллии пешгирии паҳншавии нашъамандӣ ва такмили ёрии наркологӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 6арои солҳои 2013 - 2017

Ниг. ба Замима

Правительство Республики Таджикистан

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

Об утверждении Национальной программы по профилактике распространения наркозависимости и совершенствованию наркологической помощи в Республике Таджикистан на 2013-2017 годы

В соответствии со статьей 7 Закона Республики Таджикистан "О государственных прогнозах, концепциях, стратегиях и программах социально - экономического развития Республики Таджикистан" с целью профилактики распространения наркозависимости и совершенствования наркологической помощи, Правительство Республики Таджикистан постановляет:

1. Утвердить Национальную программу по профилактике распространения наркозависимости и совершенствованию наркологической помощи в Республике Таджикистан на 2013 - 2017 годы (прилагается).

2. Министерствам и ведомствам, местным исполнительным органам государственной власти Горно - Бадахшанской автономной области, областей, города Душанбе, городов и районов обеспечить выполнение настоящей Программы в рамках предусмотренных средств и ежегодно до 1 декабря представлять информацию Министерству здравоохранения Республики Таджикистан.

3. Министерству здравоохранения Республики Таджикистан:

- обеспечить координацию и техническую поддержку реализации Программы;

- о результатах реализации Программы ежегодно до 31 декабря представлять информацию в Правительство Республики Таджикистан.

Председатель

Правительства Республики Таджикистан Эмомали Рахмон

от 30 апреля 2012 года № 183

г.Душанбе