Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 апрели соли 2012, № 183 "Дар бораи тасдиқи Барномаи миллии пешгирии паҳншавии нашъамандӣ ва такмили ёрии наркологӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013 - 2017"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи тасдиқи Барномаи миллии пешгирии паҳншавии нашъамандӣ ва такмили ёрии наркологӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013 - 2017

Мутобиқи моддаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи дурнамоҳои давлатӣ, консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳои инкишофи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон", бо мақсади пешгирии паҳншавии нашъамандӣ ва такмили ёрии наркологӣ, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Барномаи миллии пешгирии паҳншавии нашъамандӣ ва такмили ёрии наркологӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013 -2017 тасдиқ карда шавад (замима мегардад).

2. Вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо иҷрои Барномаи мазкурро дар доираи маблағҳои пешбинишуда таъмин намуда, ҳар сол то 1 декабр ба Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намоянд.

3. Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон:

- ҳамоҳангсозӣ ва дастгирии техникии татбиқи Барномаро таъмин намояд;

- дар бораи натиҷаҳои татбиқи Барнома ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар сол то 31 декабр ахбор манзур намояд.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

аз 30 апрели соли 2012, №183

ш. Душанбе

Правительство Республики Таджикистан

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

Об утверждении Национальной программы по профилактике распространения наркозависимости и совершенствованию наркологической помощи в Республике Таджикистан на 2013-2017 годы

В соответствии со статьей 7 Закона Республики Таджикистан "О государственных прогнозах, концепциях, стратегиях и программах социально - экономического развития Республики Таджикистан" с целью профилактики распространения наркозависимости и совершенствования наркологической помощи, Правительство Республики Таджикистан постановляет:

1. Утвердить Национальную программу по профилактике распространения наркозависимости и совершенствованию наркологической помощи в Республике Таджикистан на 2013 - 2017 годы (прилагается).

2. Министерствам и ведомствам, местным исполнительным органам государственной власти Горно - Бадахшанской автономной области, областей, города Душанбе, городов и районов обеспечить выполнение настоящей Программы в рамках предусмотренных средств и ежегодно до 1 декабря представлять информацию Министерству здравоохранения Республики Таджикистан.

3. Министерству здравоохранения Республики Таджикистан:

- обеспечить координацию и техническую поддержку реализации Программы;

- о результатах реализации Программы ежегодно до 31 декабря представлять информацию в Правительство Республики Таджикистан.

Председатель

Правительства Республики Таджикистан Эмомали Рахмон

от 30 апреля 2012 года № 183

г.Душанбе