Низомномаи докторантура аз рӯи ихтисос аз 3 апрели соли 2012 № 127

Санаи амалкуни: 10.02.2016

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

Бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 25.02.2017 № 93 аз эътибор соқит дониста шуд.

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 3 апрели соли 2012 № 127

тасдиқ шудааст

Низомномаи докторантура аз рӯи ихтисос

(Қарори Ҳукумати ҶТ аз 02.11.2012 № 625)

(Қарори Ҳукумати ҶТ аз 02.11.2012 № 625, аз 10.02.2016 № 66

1. Муқаррароти умумӣ

1. Низомномаи докторантура аз рӯи ихтисос (минбаъд-Низомнома) дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ", қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 апрели соли 2011, № 227 "Дар бораи тасдиқи Барномаи рушди инноватсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020", қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 ноябри соли 2007, № 529 "Дар бораи Барномаи давлатии рушди таҳсилоти касбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2015" ва қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2011, № 114 "Дар бораи Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи илм ва технология барои солҳои 2011-2015" таҳия шудааст (Қарори Ҳукумати ҶТ аз 02.11.2012 № 625).

2. Низомнома сохт ва мӯҳтавои барномаҳои таълимии докторантура аз рӯи ихтисос, тартиби қабул ва қоидаҳои тайёр намудани докторҳо, талабот ба муассисаҳои таълимӣ ва илмӣ, ки барномаҳои таълимии докторантура аз рӯи ихтисосро амалӣ месозанд, талаботи тахассусӣ ба сатҳи тайёр намудани хатмкунандаи докторантура аз рӯи ихтисос ва талабот ба аттестатсияи ҷамъбастии давлатиро муайян менамояд (Қарори Ҳукумати ҶТ аз 02.11.2012 № 625).

3. Дар Низомномаи мазкур чунин мафҳумҳои асосӣ истифода мешаванд:

-барномаи таълимии докторантура аз рӯи ихтисос - маҷмӯи барномаҳои таълимӣ ва илмию таҳқиқотии мунтазам таҷдидшаванда, ки аз рӯи он самти ҳаракати таълимии докторант муайян гардида, бо ҳимояи бомуваффақияти рисола ба анҷом мерасад (Қарори Ҳукумати ҶТ аз 02.11.2012 № 625);

-докторантура аз рӯи ихтисос - шакли тайёр намудани кадрҳои баландихтисоси илмӣ ва илмию педагогӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва муассисаҳои илмӣ бо додани дараҷаи илмии "доктори фалсафа (PhD)", "доктор аз рӯи ихтисос" барои шаҳрвандоне, ки дорои дараҷаи академикии "магистр" ва таҳсилоти зинаи "мутахассис" мебошанд, иборат мебошад (Қарори Ҳукумати ҶТ аз 02.11.2012 № 625);

-докторант - шахсе, ки дар докторантура аз рӯи ихтисос таҳсил менамояд (Қарори Ҳукумати ҶТ аз 02.11.2012 № 625);

-доктори фалсафа (PhD), доктор аз рӯи ихтисос - дараҷаи илмие, ки аз тарафи муассисаи таълимӣ ё илмии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси қарори шӯрои диссертатсионӣ баъди ҳимояи рисолаи докторӣ аз тарафи докторант, ки талаботи барномаи таълимии докторантура аз рӯи ихтисосро иҷро кардааст ва маҷмӯи имтиҳонҳои ҷамъбастиро бомуваффақият супоридааст, дода мешавад (Қарори Ҳукумати ҶТ аз 02.11.2012№ 625);

-ихтисоси тайёр намудани доктор аз рӯи ихтисос - маҷмӯи ба таври мақсаднок аз худ намудани барномаҳои таълимии докторантура, дониш, маҳорат ва малакаҳо аз рӯи соҳаи мушаххаси илм, ки барои навъи муайяни фаъолияти илмӣ зарур аст (Қарори Ҳукумати ҶТ аз 02.11.2012 № 625);

-низоми кредитии таълим - низоми баҳодиҳии миқдорӣ ба мазмуни барномаҳои таълим ва натиҷаҳои азхудкунии онҳо мебошад. Кредит (ё соати кредитӣ) ин меъёри вақтест, ки барои омӯзиши фанни таълимӣ ҳар ҳафта дар давоми як семестр сарф мешавад ва дар сурати бомуваффақият супоридани имтиҳон аз ин фан донишҷӯ ба ин кредит (ё кредитҳо) соҳиб мегардад;

-шӯрои диссертатсионӣ - шӯро доир ба баррасии рисолаҳои илмӣ, ки барои дарёфти дараҷаи илмии доктори фалсафа (PhD), доктор аз рӯи ихтисос пешниҳод гардидаанд ва дар назди муассисаҳои таълимӣ ё илмӣ, ки ҳуқуқи амалӣ кардани барномаҳои таълимии докторантура аз рӯи ихтисосро доранд, ташкил шудааст (Қарори Ҳукумати ҶТ аз 02.11.2012№ 625);

-кредит - ченаки соддакардашудаи муайянкунии ҳаҷми кори таълимии докторант мебошад.

4. Тайёр намудани докторҳо дар доираи барномаҳои таълимии докторантура аз тарафи муассисаҳои таълимӣ ва илмӣ, ки таҳсилоти баъд аз мактаби олиро медиҳанд ва иҷозатномаи дахлдори фаъолияти таълимиро доранд, амалӣ мешавад.

2. Тартиби таъсис ва мақсадҳои докторантура аз рӯи ихтисос

(Қарори Ҳукумати ҶТ аз 02.11.2012 № 625)

5. Докторантура аз рӯи ихтисос дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва илмию таҳқиқотӣ, ки на камтар аз 5 доктори илм аз рӯи самт ва ихтисоси докторантураи таъсисдодашаванда доранд, таъсис дода мешавад (Қарори Ҳукумати ҶТ аз 02.11.2012 № 625).

6. Докторантура аз рӯи ихтисос бо пешниҳоди раёсати муассисаи таълимӣ ё илмӣ дар мувофиқа бо муассис аз тарафи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода мешавад (Қарори Ҳукумати ҶТ аз 02.11.2012 № 625аз 10.02.2016 № 66).

7. Намунаи дипломи давлатии докторантура аз рӯи ихтисос аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад (Қарори Ҳукумати ҶТ аз 02.11.2012 № 625).

8. Мақсади таъсиси докторантура аз рӯи ихтисос иборат аст (Қарори Ҳукумати ҶТ аз 02.11.2012 № 625):

-дар асоси ҳамгироии таҳсилот ва илм ташкил намудани системаи самараноки тайёр кардани кадрҳои илмӣ, илмию педагогии тахассуси олӣ мутобиқ ба стандарти байналмилалӣ, ҳамчунин ҳалли саривақтии масъалаҳои таъминоти илмӣ, методӣ, ҳуқуқӣ, молиявию иқтисодӣ, кадрӣ ва моддию техникии онҳо;

-амалӣ намудани ҷараёни таҳсилот мутобиқи принсипҳои таҷрибаи байналмилалии тайёр кардани кадрҳои илмию педагогии тахассуси олии дар бозори меҳнат рақобатпазир. Бо ин мақсад докторантҳо аз курсҳои таҳсилоти назариявӣ мегузаранд ва мустақилона таҳқиқоти илмиро амалӣ менамоянд, ки хусусияти рӯзмарра, навоварӣ ва аҳамияти амалӣ доранд. Натиҷаҳои таҳқиқот дар шакли рисолаи докторӣ ба низом дароварда шуда, дифои он аз рӯи тартиби муқарраргардида гузаронида мешавад.

3. Вазифаҳои докторантура аз рӯи ихтисос

(Қарори Ҳукумати ҶТ аз 02.11.2012 № 625)

9. Вазифаҳои докторантура аз рӯи ихтисос чунин аст (Қарори Ҳукумати ҶТ аз 02.11.2012 № 625):

- тайёр намудани докторони ватании рақобатпазир дар бозори дохилии мамлакат ва байналмилалии меҳнат;

- ҳамгироии барномаҳои миллии докторантура аз рӯи ихтисос бо фазои ҷаҳонии таҳсилот (Қарори Ҳукумати ҶТ аз 02.11.2012 № 625);

- ба ҷараёни таҳсилот ворид намудани технология, метод ва воситаҳои муосир ва рӯзмарраи таълим, ки ба рушди инфиродии шахсият, қобилияти вай ба худинкишофёбӣ, худмуайянкунӣ ва худомӯзӣ равона карда шудааст;

- таъмини муттасили (пайдарпайи) барномаҳои таълимии сохтори бисёрзинагии таҳсилоти олӣ ва баъд аз муассисаи олии касбӣ.

10. Барномаҳои таълимии докторантура аз рӯи ихтисос мустақилона аз тарафи муассисаҳои таълимӣ ва илмӣ таҳия карда шуда, аз тарафи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикситон тасдиқ карда мешаванд (Қарори Ҳукумати ҶТ аз 02.11.2012 № 625, аз 10.02.2016 № 66).

11. Барномаҳои таълимии докторантура аз рӯи ихтисос, ки дар муассисаҳои таълимӣ ва илмии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешаванд, дар қисми тайёрии касбӣ бояд бо барномаҳои доктории аккредитатсияшудаи муассисаҳои таълимию илмии хориҷии пешқадам аз рӯи ихтисосҳои якхела мутобиқат намоянд (Қарори Ҳукумати ҶТ аз 02.11.2012 № 625).

12. Теъдоди муҳассилин (докторантҳо) дар докторантура аз рӯи ихтисос дар замимаи иҷозатномаи равия ва ихтисосҳои муассисаи таълимӣ ва илмӣ нишон дода мешавад (Қарори Ҳукумати ҶТ аз 02.11.2012 № 625).

13. Дар муассисаҳои таълимӣ ё илмӣ, ки барномаҳои докторантура аз рӯи ихтисосро амалӣ месозанд, таносуби омӯзгорони дорои дараҷа ва унвони илмидошта ва ҳайати профессорону омӯзгорон бояд мутаносибан як ба дуро ташкил диҳанд (Қарори Ҳукумати ҶТ аз 02.11.2012 № 625).

14. Муассисаҳои таълимӣ ё илмӣ, ки барномаҳои докторантура аз рӯи ихтисосро амалӣ мекунанд, барои аз худ намудани қисмҳои таркибии барномаҳои таълимии докторантура ё гузаронидани таҳқиқот бояд ба докторантҳо ба мӯҳлати аз як то 6 моҳ таҷрибаомӯзии таълимӣ ва (ё) тахқиқотиро дар муассисаҳои таълимӣ ва илмии хориҷӣ таъмин намоянд (Қарори Ҳукумати ҶТ аз 02.11.2012 № 625).

4. Тартиби қабул

15. Қабул ба ба докторантура аз рӯи ихтисос тибқи самтҳои афзалиятноки таҳқиқоти илмӣ, аз ҷумла таҳқиқоти илмии инноватсионӣ, ки Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ ва муассисаҳои илмии соҳаи маориф тасдиқ намудааст, амалӣ карда мешавад (Қарори Ҳукумати ҶТ аз 02.11.2012 № 625).

16. Ба докторантура аз рӯи ихтисос қабул карда мешаванд:

- шахсоне, ки дорои дараҷаи академии "магистр" мебошанд;

- шахсоне, ки дорои таҳсилоти олии касбии "мутахассис" мебошанд, ба истиснои ихтисосҳои тибби клиникӣ.

Қабул аз рӯи ихтисосҳои тибби клиникӣ баъди хатми интернатура ва на камтар аз ду соли собиқаи корӣ ё ординатураи (резидентураи) клиникӣ ба роҳ монда мешавад.

17. Довталабони ба докторантура аз рӯи ихтисос дохилшаванда бояд озодона яке аз забонҳои хориҷӣ (англисӣ, олмонӣ, франсавӣ, хитоӣ ва ғайра)-ро донанд.

18. Тартиби қабул ба докторантура аз рӯи ихтисос мувофиқи Қоидаҳои намунавии қабул ба докторантура, ки аз тарафи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда шудааст, ба роҳ монда мешавад (Қарори Ҳукумати ҶТ аз 02.11.2012 № 625, аз 10.02.2016 № 66).

19. Нақшаи қабул ба докторантура аз рӯи ихтисос аз ҳисоби буҷети давлатӣ мутобиқи қонунгузории амалкунанда, бо назардошти эҳтиёҷоти иқтисодиёти миллӣ аз тарафи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мувофиқа бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян ва муқаррар мегардад. Ҳамчунин, докторантура аз рӯи ихтисос ба таври шартномавӣ низ ба роҳ монда мешавад, ки нақшаи қабули онро Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба заминаи моддию техникӣ ва нерӯи кадрии муассисаҳои таълимию илмӣ муайян менамояд (Қарори Ҳукумати ҶТ аз 02.11.2012 № 625, аз 10.02.2016 № 66).

5. Сохтори барномаҳои таълимии докторантура аз рӯи ихтисос ва тартиби тайёр намудани докторон

(Қарори Ҳукумати ҶТ аз 02.11.2012 № 625)

20. Сохтори барномаҳои таълимии докторантура аз рӯи ихтисос аз ду қисми таркибии баробараҳамият - таълимӣ ва илмӣ иборат буда, аз намудҳои гуногуни корҳои таълимӣ ва илмию таҳқиқотӣ, ки мазмуни барномаи таълимиро муайян карда, ташаккул меёбад ва таносуб, ченак ва баҳисобгирии онҳоро инъикос менамояд (Қарори Ҳукумати ҶТ аз 02.11.2012 № 625).

21. Баҳисобгирии меҳнатталабии кори таълимӣ аз рӯи ҳаҷми маводи азхудкардашуда амалӣ мегардад ва он бо кредитҳо ҳисоб карда мешавад. Дар ин маврид системаи ғункунии кредитӣ амал мекунад, ки он кредитҳои қаблан азхудкардаро дар зинаҳои пештараи таҳсилот ба ҳисоб мегирад.

22. Соли таҳсил аз давраҳои академӣ, давраи санҷиши ҷамъбастӣ, таҷрибаомӯзӣ ва таътил иборат аст. Ҳангоми зарурат барои қонеъ гардонидани эҳтиёҷоти докторантҳо ҷорӣ намудани семестри тобистона ба мӯҳлати 8 ҳафта иҷозат дода мешавад.

23. Ҳаҷми кори таълимӣ аз рӯи номгӯи фанҳои омӯхташаванда муайян карда мешавад. Дар ин маврид фан бо ҳаҷм, ки ба шумораи каратии кредитӣ (1, 2, 3, 4 ё 5) баробар мебошад, баҳогузорӣ мегардад.

24. Ҳангоми азхудкунии барномаи таълимии докторантура аз рӯи ихтисос ҳар як соати академии кори аудитории таълимгирандагон бояд бо соатҳои зерини мустақилона пурра карда шавад:

-аз рӯи омӯзиши назариявӣ - 4 соат кори мустақилона;

-аз рӯи кори таҳқиқотӣ - 8 соат кори мустақилона;

-ба докторантҳо ҳар сол таътили думоҳа дода мешавад;

-ба докторантҳо стипендия дода мешавад, ки андозаи он ба андозаи стипендияи барои аспирантҳо муқарраргардида баробар мебошад.

25. Таълим аз рӯи барномаҳои таълимии докторантура аз рӯи ихтисос дар доираи ихтисосҳои илмӣ дар шакли рӯзона ва ғоибона амалӣ карда мешавад (Қарори Ҳукумати ҶТ аз 02.11.2012 № 625).

26. Давомнокии меъёрии азхудкунии барномаи таълимии докторантура аз рӯи ихтисос дар заминаи таҳсилоти олии "мутахассис", магистратура, интернатура ва ординатура (резидентура), ба истиснои ҳолати дар банди 32 дарҷгардида, на кам аз се солро ташкил медиҳад.

27. Мӯҳлати таҳсил дар докторантура аз рӯи ихтисос метавонад дар асоси хулосаи дахлдори комиссияи тиббию машваратӣ (маълумотномаи Комиссияи тиббию машваратӣ ё варақаи муваққатии корношоямӣ) тамдид карда шавад:

-то 4 моҳ бо фармони роҳбари муассисаи таълимӣ ва илмӣ;

-зиёда аз 4 моҳ - дар асоси қарори Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон (қарори Ҳукумати ҶТ аз 10.02.2016 № 66).

28. Мӯҳлати таҳсил дар докторантура аз рӯи ихтисос ба собиқаи кории илмию омӯзгорӣ дохил мешавад.

29. Тайёр намудани доктори фалсафа (PhD), доктор аз рӯи ихтисос дар докторантура аз рӯи ихтисосҳои илмӣ, ки Таснифоти намунавии самт ва ихтисосҳои докторантура аз рӯи ихтисос муқаррар кардааст, амалӣ карда мешавад (Қарори Ҳукумати ҶТ аз 02.11.2012 № 625).

30. Бо мақсади таъмин намудани озодиҳои академӣ ва баробарарзишии дипломҳо ба докторантҳо имконияти аз худ намудани кредитҳо дар дигар муассисаҳои таълимӣ ва илмии аккредитатсиядошта, аз ҷумла дар хориҷа иҷозат дода мешавад, ки тартиби онро Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 10.02.2016 № 66).

31. Меъёри асосии ба анҷом расидани барномаи таълимии докторантура аз рӯи ихтисос ин аз ҷониби докторантҳо иҷро намудани тамоми намудҳои корҳои таълимию таҳқиқотӣ ва ҳимояи рисолаи докторӣ дар ҳаҷми на камтар аз 120 кредит ба ҳисоб меравад.

32. Дар сурати пеш аз мӯҳлат иҷро намудани барномаи таълимии докторантура ва ҳимояи бомуваффақияти рисола барои дарёфти дараҷаи илмии "доктори фалсафа (PhD)", "доктор аз рӯи ихтисос" ба докторант дараҷаи мазкур новобаста аз мӯҳлати таҳсил дода мешавад (Қарори Ҳукумати ҶТ аз 02.11.2012 № 625).

6. Талабот ба мӯҳтавои барномаҳои таълимии докторантура

33. Барномаҳои таълимии докторантура аз рӯи ихтисос чунин намудҳои корҳои таълимию таҳкиқотиро дар бар мегирад:

-таҳсилоти назариявӣ (омӯзиши фанҳои заминавӣ ва тахассусӣ);

-таҷрибаомӯзӣ;

-кори илмию таҳқиқотӣ (иҷрои рисолаи докторӣ);

-аттестатсияи давлатии марҳилавӣ, тахассусӣ ва ҷамъбастӣ.

34. Қисмҳои таълимии барномаи таълимии докторантура аз рӯи ихтисосро номгӯи фанҳои омӯхташаванда ташкил медиҳад, ки аз қисмҳои ҳатмӣ ва қисмҳои интихобӣ, ки мувофиқи самти тайёр намудани докторант таҳия гардидаанд, иборат мебошад. Ҳаҷми ҳадди ақалли кредитҳои фаннӣ аз қисмҳои хатмӣ ва интихобӣ тибқи талаботи стандарти давлатии таълимӣ муқаррар мешавад. Номгӯи фанҳо аз тарафи муассисаи таълимӣ ё илмӣ мустақилона мувофиқи талаботи тахассусӣ бо назардошти эҳтиёҷоти бозори меҳнат муқаррар карда мешавад. Фанҳои интихобиро докторант мустақилона аз рӯи феҳристи фанҳои интихобӣ интихоб мекунад ва метавонад дар давраи дилхоҳи давраи таҳсил омӯзад.

35. Қисми илмии барномаи таълимии докторантура аз рӯи ихтисосро корҳои илмию таҳқиқотӣ (таҷрибавию амалӣ), таҳияи мақолаҳои илмӣ ва навиштани рисолаи докторӣ ташкил медиҳад.

36. Барномаи таълимии докторантура аз рӯи ихтисос дар асоси стандарти давлатии таҳсилот таҳия мегардад, ки он аз нақшаи таълимӣ, силлабусҳо ва комплексҳои таълимию методии фаннӣ, барномаҳои таҷрибаи касбӣ (илмию таҳқиқотӣ, истеҳсолӣ ё илмию педагогӣ) ва барномаи корҳои илмию таҳқиқотӣ иборат мебошад.

37. Мӯҳтавои барномаи таълимии докторантура аз рӯи ихтисос мувофиқи ҷадвали зерин муқаррар карда мешавад:

+---+-----------------------------------------------+----------------ҷ
|№  |Номгӯи фанҳо                                   |Ҳаҷм бо кредитҳо|
+---+-----------------------------------------------+----------------+
|1  |Фанҳои заминавӣ (ФЗ)                           | 21             |

|1.1|Фанҳои ҳатмӣ* (ФҲ)                             | 12             |

|1.2|Фанҳои интихоби (ФИ)                           | 9              |

|2  |Фанҳои тахассусӣ** (ФТ)                        | 9              |

|3  |Таҷрибаомӯзӣ*** (ТО)                           | 3              |

|4  |Аттестатсияи ҷорӣ (АҶ)                         | 2              |

|5  |Кори илмию таҳқиқотии докторант (КИТД)         | 24             |

|6  |Аттестатсияи давлатии ҷамъбастӣ (АДҶ)          | 2              |

|6.1|Имтиҳони комплексӣ (ИК)                        | 2              |

|6.2|Иҷро ва ҳимояи рисолаи докторӣ (ДРД)           | 36             |

|   |Ҷамъ                                           | 120            |

|    *Фанҳои заминавӣ ҷанбаҳои методологӣ, илмию назариявии тахассуси|
|илмиро инъикос мекунанд.                                            |
|                                                                    |
|    **Фанҳои тахассусӣ фанҳои заминавиро мушаххас ва амиқ           |
|мегардонанд.                                                        |
|                                                                    |
|    *** Кредитҳои  таҷрибаомӯзӣ  ба  шумораи  умумии  кредитҳо оид  |
|ба омӯзиши назариявӣ дохил намешаванд.                              |
|                                                                    |
+--------------------------------------------------------------------+

38. Натиҷаҳои таҳқиқоти илмии иҷрогардида бояд дар маҷаллаҳои хориҷӣ ва нашрияҳои илмии ватанӣ нашр гарданд, инчунин, доир ба дастовардҳои илмии онҳо дар конференсияҳои илмии байналмилалӣ ва ватанӣ маълумот дода шаванд. Дар баробари ин интишорот бояд муқаррароти асосиро, ки дар вақти ҳимояи рисола пешниҳод мешавад, дар бар гирад.

Рӯйхати маҷаллаҳои илмие, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нашр мешаванд ва дар онҳо бояд ба таври зарурӣ мундариҷаи асосӣ ва натиҷаҳои таҳқиқоти рисолаҳои илмии барои дифоъ пешниҳодшуда чоп шаванд, бо пешниҳоди Вазорати маориф ва илм аз ҷониби Комиссияи аттестатсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 10.02.2016 № 66).

Натиҷаи таҳқиқоти илмӣ бояд чунин инъикос шавад:

-дар як ё зиёда нашрияҳои илмии ватанӣ ва хориҷӣ нашр гарданд, ки мақоми баланди илмӣ доранд;

-на камтар аз чор мақола дар нашрияҳои илмии хориҷӣ ва ватанӣ (Қарори Ҳукумати ҶТ аз 02.11.2012 № 625);

-дар баромадҳои расмӣ, на камтар аз се конференсияҳои илмии байналмилалӣ ва ҷумҳуриявӣ (Қарори Ҳукумати ҶТ аз 02.11.2012 № 625);

-аз рӯи ихтисосҳои техникӣ на камтар дар як амали ҷорикунӣ дар истеҳсолот, патентҳо ё топатенткунонӣ барои ихтироот (Қарори Ҳукумати ҶТ аз 02.11.2012 № 625).

7. Талабот ба шароити амалӣ намудани барномаи таълимии докторантура аз рӯи ихтисос

(Қарори Ҳукумати ҶТ аз 02.11.2012 № 625)

39. Барои гирифтани иҷозатнома барои амалӣ намудани барномаҳои докторантура аз рӯи ихтисос муассисахои таълимӣ ва илмӣ бояд тибқи тартиби муқарраргардида ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намоянд. Пас аз гирифтани иҷозатнома амалӣ намудани барномаҳои докторантура аз рӯи ихтисос имконпазир аст (Қарори Ҳукумати ҶТ аз 02.11.2012 № 625аз 10.02.2016 № 66).

40. Муассисаҳои таълимӣ ва илмӣ, ки барномаҳои таълимии докторантура аз рӯи ихтисосро амалӣ мекунанд, бояд мактабҳои илмии дар сатҳи кишвар ё сатҳи байналмилалӣ шинохташуда, кадрҳои омӯзгории амалкунандаи технологияи муосири таълим дар муассисаи таҳсилоти олӣ, инчунин шартномаҳо дар бораи мубодилаи кадрҳои илмӣ бо марказҳои аккредитатсияшудаи таълимию илмии ватанӣ ва хориҷӣ, ки барномаҳои докторантура аз рӯи ихтисосро амалӣ менамоянд, дошта бошанд  (Қарори Ҳукумати ҶТ аз 02.11.2012 № 625).

41. Рисола таҳти роҳбарии олимони ватанӣ ва хориҷӣ, ки дорои дараҷаи илмӣ (доктори илм, номзади илм ва доктори фалсафа (PhD), доктор аз рӯи ихтисос) буда, дар соҳаи таҳқиқоти илмии докторант мутахассис мебошанд, иҷро карда мешавад. Сарбории илмию педагогӣ барои роҳбарӣ намудан ба докторант дар ҳаҷми на камтар аз 100 соат барои ҳар як аъзои комиссияи машваратӣ ҳар сол муқаррар карда мешавад (Қарори Ҳукумати ҶТ аз 02.11.2012 № 625).

Дараҷаи касбии аъзои комиссияи машваратӣ дар соҳаи илм ва объекти таҳқиқоти илмии докторант бо ду ва зиёда интишорот дар 5 соли охир дар нашрияҳои илмии хориҷӣ ва ватанӣ, инчунин бо баромадҳо дар анҷуманҳои илмии бонуфуз бояд тасдиқ карда шавад.

42. Муассисаҳои таълимӣ ё илмӣ, ки барномаҳои таълимии докторантура аз рӯи ихтисосро амалӣ месозанд, мустақилона нақшаҳои таълимӣ (корӣ ва фардӣ), барномаҳои фанҳои таълимӣ, таҷрибаомӯзӣ ва барномаҳои корҳои илмию таҳқиқотиро таҳия менамоянд ва онҳоро Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад. Барномаҳои фанҳои таълимӣ дар асоси стандарти ихтисосҳои илмӣ таҳия карда мешаванд (Қарори Ҳукумати ҶТ аз 02.11.2012 № 625, аз 10.02.2016 № 66).

43. Нақшаи таълимии инфиродӣ ва мавзӯи рисола дар мӯҳлати на зиёда аз 3 моҳи баъд аз дохилшавии докторант ба докторантура аз рӯи ихтисос аз тарафи мақоми олии муассисаи таълимӣ (Шӯрои олимон) ва илмӣ, ки барномаҳои таълимии докторантура аз рӯи ихтисосро амалӣ менамояд, дар тамоми давраи таҳсили таълимгиранда дар докторантура аз рӯи ихтисос тасдиқ карда мешавад (Қарори Ҳукумати ҶТ аз 02.11.2012 № 625).

44. Таъминоти таълимию методӣ ва иттилоотии ҷараёни таълим бояд сифатнок азхудкунии барномаи докторантура аз рӯи ихтисосро барои докторант кафолат диҳад. Амалӣ намудани барномаи таълимӣ бояд дастрасии озодона ба захираҳои иттилоотии ҷаҳонӣ, фонди китобхонаҳо, технологияҳои компютерӣ, дастурҳои методӣ ва коркардҳо аз рӯи фанҳои таълимдодашаванда ва намуди дарсҳо, аз ҷумла иҷрои рисолаи докториро таъмин намояд (Қарори Ҳукумати ҶТ аз 02.11.2012 № 625).

45. Муассисаи таълимӣ ё илмӣ, ки барномаҳои таълимии докторантура аз рӯи ихтисосро амалӣ мекунанд, бояд заминаи моддию техникӣ (фонди аудиторӣ, синфҳои компютерӣ, озмоишгоҳҳо) дошта бошанд, ки барномаи таълимӣ пешбинӣ менамояд. Муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва муассисаҳои илмӣ бояд имконият фароҳам оваранд, ки натиҷаҳои таҳқиқот нашр карда шаванд (Қарори Ҳукумати ҶТ аз 02.11.2012 № 625).

46. Бо мақсади ташаккул додани малакаҳои амалии илмӣ, фаъолияти касбӣ дар соҳаи мушаххаси илм докторант аз таҷрибаомӯзӣ мегузарад, ки мувофиқи нақшаи инфиродӣ дар мӯҳлате, ки нақшаи таълимӣ муқаррар кардааст, амалӣ карда мешавад.

47. Қисми илмию таҳқиқотии барномаи таълимӣ бояд:

- ба масъалаи асосии тахассуси илмӣ, ки аз рӯи он рисолаи докторӣ ҳимоя мешавад, мувофиқат намояд;

- дар доираи маблағгузории таҳқиқоти назариявӣ, амалӣ ва дигар лоиҳаҳои буҷетии давлатӣ ва шартномаҳои хоҷагӣ гузаронида шавад;

- рӯзмарра дорои навоварии илмӣ ва аҳамияти амалӣ бошад;

- бо комёбиҳои назариявӣ, методӣ ва технологии муосири илм ва амалияи ватанӣ ва хориҷӣ асоснок карда шавад;

- методикаи муосири таҳқиқоти илмӣ истифода карда шавад;

- ба методҳои муосири таҳия ва шарҳи маълумот бо истифодаи технологияи компютерӣ асоснок карда шавад;

- фаслҳои назариявӣ, методӣ ва амалӣ дошта бошад, ки бо барномаҳои илмии дар рисола ҳимояшаванда мувофиқат намояд.

48. Натиҷаи корҳои илмию таҳқиқотӣ дар охири ҳар як даври академӣ аз ҷониби докторант дар шакли ҳисоботи мухтасар таҳия карда мешавад. Натиҷаи ниҳоии кори илмию таҳқиқотии докторант рисолаи докторӣ мебошад.

8. Талабот ба сатҳи тайёр кардан ва омодагии тахассусии хатмкунандаи докторантура

49. Хатмкунандаи докторантура бояд:

- дорои донишҳои заминавии назариявӣ бошад;

- дорои малакаи истифодаи методҳои муосири озмоишӣ бошад;

- имконияти кор бо технологияи муосири иттилоотӣ, аз ҷумла усули таҳлил, коркард ва нигоҳдории ахбороти илмиро дошта бошад;

- тавонад масоили илмӣ ва амалии муосирро муайян ва ҳал намояд, фаъолияти илмию таҳқиқотӣ ва инноватсиониро аз рӯи ихтисоси илмии интихобкарда ташкил ва амалӣ намояд;

- донандаи сатҳи баланди забони хориҷӣ бошад.

50. Барномаҳои таълимии докторантура аз рӯи ихтисосҳои мушаххас бояд талаботи зеринро инъикос намояд:

- маълумотнокии умумӣ;

- салоҳияти иҷтимоию шахсӣ;

- салоҳияти иқтисодӣ ва ташкилию идоракунӣ;

- салоҳияти касбӣ;

- салоҳияти махсус;

- омода будан ба иваз шудани нақшаҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ, касбӣ, серҳаракатии ҷуғрофӣ ва иҷтимоӣ дар шароити ба вуҷуд омадани дигаргуниҳо ва норавшаниҳо;

- маълумотнокӣ аз рӯи равандҳои асосии фанҳо ва фанҳои алоҳидаи таълимӣ.

9. Аттестатсияи ҷамъбастии давлатӣ

51. Аттестатсияи ҷамъбастии докторант дар мӯҳлати пешбининамудаи ҷадвали академӣ ва нақшаи таълимии ихтисосҳо дар шакли имтиҳони маҷмӯӣ ва ҳимояи рисолаи докторӣ гузаронида мешавад.

52. Аттестатсияи тахассусӣ на дертар аз 1,5 сол аз лаҳзаи қабул шудан ба докторантура аз рӯи ихтисос бо мақсади муайян кардани имконияти давом додани таҳсил ва навиштани рисола гузаронида мешавад (Қарори Ҳукумати ҶТ аз 02.11.2012 № 625).

53. Докторанте, ки талаботи аттестатсияро иҷро накардааст, ҳуқуқ дорад, аттестатсияро такроран гузарад. Дар ин маврид докторант вазифадор аст, ки маблағи таҳсилро пардохт намояд.

54. Аттестатсияро барои ҳар як барномаи таълимии докторантура аз рӯи ихтисос комиссия мегузаронад, ки аз тарафи роҳбари муассисаи таълимӣ тасдиқ карда мешавад. Ба ҳайати комиссия на камтар аз ду нафар мутахассис аз рӯи ихтисоси докторант шомил мешаванд (Қарори Ҳукумати ҶТ аз 02.11.2012 № 625).

55. Ба имтиҳони маҷмӯӣ оид ба ихтисос аз фанҳои заминавӣ ва касбӣ танҳо фанҳои ҳатмии барномаи таълимии докторантура аз рӯи ихтисос дохил мешаванд.

56. Имтиҳони маҷмӯӣ (комплексӣ) дар чунин шаклҳо гузаронида мешавад: имтиҳони шифоҳӣ, кори хаттӣ ва тест дар ҳаҷми барномаҳои таълимии фанҳо.

57. Имтиҳони маҷмӯӣ (комплексӣ) на дертар аз 3 моҳ то ҳимояи рисолаи докторӣ гузаронида мешавад.

58. Натиҷаҳои имтиҳони маҷмӯӣ (комплексӣ) бо протокол ба танзим дароварда шуда, барои ҳар як докторант алоҳида протокол карда мешавад. Агар имтиҳони маҷмӯӣ (комплексӣ) ба таври тестӣ гузаронида шавад, натиҷа дар шакли варақаи умумии имтиҳонӣ ва протоколи инфиродӣ барои ҳар як докторант алоҳида ба қайд гирифта мешавад.

59. Рисолаи доктории ба анҷомрасонидашуда ба комиссияи ташхисӣ барои додани хулоса пешниҳод карда мешавад. Якҷоя бо рисола ба комиссияи ташхисӣ инчунин ҳуҷҷатҳои дахлдор мувофиқи талаботи Қоидаҳои аттестатсияи ҷамъбастии давлатии докторантура аз рӯи ихтисос пешниҳод мегардад (Қарори Ҳукумати ҶТ аз 02.11.2012 № 625).

60. Ба ҳайати комиссияи ташхисӣ раиси мустақил, ки ихтисосманди самт ва тахассуси таҳқиқоти илмӣ мебошад ва ду-се нафар коршиносҳои мустақил аз рӯи ихтисоси докторант шомил мешаванд. Ҳайати комиссияи ташхисӣ аз тарафи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 10.02.2016 № 66).

61. Комиссияи ташхисӣ дар шакли муқарраршуда бо яке аз қарорҳои зерин хулосаи хаттии асоснокардашударо мебарорад:

- рисолаи докторӣ барои ҳимояи расмӣ тавсия дода шавад;

- рисолаи докторӣ баъди бартараф намудани камбудиҳо дар мӯҳлати муқарраркардашуда ба ҳимояи расмӣ тавсия карда шавад;

- рисола барои ҳимоя тавсия карда нашавад.

62. Талабот доир ба омода ва ҳимоя намудани рисолаи докторӣ бо Қоидаҳои аттестатсияи ҷамъбастии давлатӣ дар докторантура аз рӯи ихтисос тибқи тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад (Қарори Ҳукумати ҶТ аз 02.11.2012 № 625).

63. Аз рӯи натиҷаҳои ҳимоя Шӯрои диссертатсионӣ яке аз чунин қарорҳоро қабул мекунад:

- рисола ҳимоягардида ҳисобида шуда, ба унвонҷӯй дараҷаи илмии мувофиқ дода шавад;

- рисола ҳамчун ҳимоякардашуда бо бартараф кардани мулоҳизаҳои расман эълоншуда оид ба қисмҳои асосии он (бо такрор кардани тарғиби ҳимоя ё бе тартиби ҳимоя) пешниҳод карда шавад;

- ҳимояи рисола рад карда шавад.

64. Қарори қабулкардаи Шӯрои диссертатсионӣ аз рӯи натиҷаи ҳимояи рисола барои дарёфти дараҷаи илмии доктори фалсафа (PhD), доктор аз рӯи ихтисос бо протокол ба низом дароварда машвад. Хулоса, барои ҳар як рисола аз рӯи шакли муқарраршуда омода карда мешавад (Қарори Ҳукумати ҶТ аз 02.11.2012 № 625).

65. Ба докторант, ки аз рӯи рисолаи вай оид ба зарурати бартараф намудани норасоиҳои расман баёншуда қарор бароварда шудааст дар давоми се рӯзи баъди ҳимояи рисола хулосаи Шӯрои диссертатсионӣ бо мушаххас нишон додани норасоиҳое, ки бартараф намуданашон зарур аст, дода мешавад.

66. Рисолаи ислоҳшуда бояд дар давоми 3 моҳ баъди ҳимоя ба Шӯрои диссертатсионӣ аз тарафи унвонҷӯ пешниҳод шавад.

67. Ҳимояи такрории рисолаи докторӣ, ки қаблан ҳамчун ҳимояшуда ҳисобида шудааст, вале дар бартараф намудани норасоиҳои расман иброзшуда ҳимояи такрорӣ муқаррар гардидааст, ҳимояи такрории рисола дар давраи на дертар аз як сол аз лаҳзаи ҳимояи қаблӣ амалӣ карда мешавад.

68. Ҳангоми ҳимояи такрории рисолаи докторӣ ташкили ҳимоя ва фаъолияти ҳайати Шӯрои диссертатсионӣ аз ҳисоби маблағҳои худи унвонҷӯй амалӣ карда мешавад, ки тартиби онро Ҳукумати Ҷумҳури Тоҷикистон муайян менамояд.

69. Унвонҷӯёне, ки рисолаи онҳо дар шӯрои диссертатсионӣ рад карда шудаанд, нақшаи инфиродиро иҷро накарда ҳисобида шуда, бо фармони роҳбари муассисаи таълимӣ ё илмӣ аз докторантура хориҷ карда мешаванд.

70. Ба шахсоне, ки барномаи таълимии докторантура аз рӯи ихтисосро пурра иҷро кардаанд ва рисолаи докториро бомуваффақият дифоъ намудаанд, аз тарафи Шӯрои диссертатсионӣ дипломи намунаи давлатии доктори фалсафа (PhD), доктор аз рӯи ихтисос ва транскрипт дода мешавад (Қарори Ҳукумати ҶТ аз 02.11.2012 № 625).

10. Ҳуқуқ ва масъулияти докторант

71. Докторант дар докторантура аз рӯи ихтисос дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи маориф", Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ", санадҳои меъёрии ҳуқуқии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Оинномаи муассисаи таълимӣ ё илмӣ ва дигар санадҳои дахлдори меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои ҳуқуқ ва вазифаҳо мебошад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 10.02.2016 № 66).

72. Докторант бояд саривақт ва босифат тамоми намудҳои корҳоеро, ки барномаи таълимии докторантура аз рӯи ихтисос пешбинӣ намудааст, иҷро намояд ва рисолаи доктории ба итмомрасонидашударо пешниҳод кунад (Қарори Ҳукумати ҶТ аз 02.11.2012 № 625).

73. Ҳангоми пайдо шудани мухолифатҳо байни докторант ва мушовири илмӣ докторант ҳуқуқ дорад ба комиссияи мусолиҳавӣ барои ҳал намудани масъалаҳои баҳсталаб муроҷиат намояд. Дар ҳолати зарурӣ мақоми олии муассисаи таълимӣ - Шӯрои олимони муассисаи таҳсилоти олии касбӣ, илмӣ метавонад дар бораи озод кардани мушовири илмӣ аз роҳбарӣ ва таъин намудани мушовири нав ба докторант қарор қабул намояд.

74. Докторант аз докторантура аз рӯи ихтисос бо сабабҳои зерин хориҷ карда мешавад:

- бо хоҳиши худ;

- бо вазъи саломатӣ;

- барои иҷро карда натавонистани нақшаи инфиродӣ;

- барои вайрон кардани оинномаи ташкилот;

- барои вайрон кардани оинномаи муассиса ва тартиботи дохилӣ;

- барои иҷро накардани шартҳои шартнома ҳангоми таҳсили пулакӣ.

75. Барои шахсоне, ки аз докторантура аз рӯи ихтисос хориҷ карда шудаанд, маълумотномаи академӣ бо нишон додани кредитҳои азхуднамуда дода мешавад.

76. Фаъолияти шӯроҳои диссертатсионии муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва муассисаҳои илмӣ аз тарафи муассис ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбарӣ ва назорат карда мешавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 10.02.2016 № 66).

Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи тартиби муқарраргардида бо дархости муассисаҳои номбурда онҳоро бо намунаи дипломҳои доктор аз рӯи ихтисос таъмин менамояд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 10.02.2016 № 66).

77. Докторантура аз рӯи ихтисос аспирантура ва докторантураро, ки ҳоло дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва муассисаҳои илмии ҷумҳурӣ амал менамоянд, иваз намекунад ва он тибқи тартибе, ки Низомномаи мазкур муқаррар намудааст, дар баробари аспирантура ва докторантураи анъанавӣ фаъолият менамояд (Қарори Ҳукумати ҶТ аз 02.11.2012 № 625).

78. Дипломи дараҷаи доктор аз рӯи ихтисос бо қарори шӯроҳои диссертатсионии муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва муассисаҳои илмии ҷумҳурӣ бевосита аз ҷониби шӯроҳои диссертатсионӣ дода мешавад (Қарори Ҳукумати ҶТ аз 02.11.2012 № 625).

79. Тамоми масъалаҳои баҳсталаб, ки дар раванди тайёр намудани доктори фалсафа (PhD), доктор аз рӯи ихтисос пайдо мегардад, тибқи тартиби муқарраргардидаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳал карда мешаванд (Қарори Ҳукумати ҶТ аз 02.11.2012 № 625).

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 3 апрели соли 2012 № 127

тасдиқ шудааст

Низомномаи докторантура аз рӯи ихтисос

(Қарори Ҳукумати ҶТ аз 02.11.2012 № 625)

(Қарори Ҳукумати ҶТ аз 02.11.2012 № 625

1. Муқаррароти умумӣ

1. Низомномаи докторантура аз рӯи ихтисос (минбаъд-Низомнома) дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ", қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 апрели соли 2011, № 227 "Дар бораи тасдиқи Барномаи рушди инноватсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020", қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 ноябри соли 2007, № 529 "Дар бораи Барномаи давлатии рушди таҳсилоти касбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2015" ва қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2011, № 114 "Дар бораи Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи илм ва технология барои солҳои 2011-2015" таҳия шудааст (Қарори Ҳукумати ҶТ аз 02.11.2012 № 625).

2. Низомнома сохт ва мӯҳтавои барномаҳои таълимии докторантура аз рӯи ихтисос, тартиби қабул ва қоидаҳои тайёр намудани докторҳо, талабот ба муассисаҳои таълимӣ ва илмӣ, ки барномаҳои таълимии докторантура аз рӯи ихтисосро амалӣ месозанд, талаботи тахассусӣ ба сатҳи тайёр намудани хатмкунандаи докторантура аз рӯи ихтисос ва талабот ба аттестатсияи ҷамъбастии давлатиро муайян менамояд (Қарори Ҳукумати ҶТ аз 02.11.2012 № 625).

3. Дар Низомномаи мазкур чунин мафҳумҳои асосӣ истифода мешаванд:

-барномаи таълимии докторантура аз рӯи ихтисос - маҷмӯи барномаҳои таълимӣ ва илмию таҳқиқотии мунтазам таҷдидшаванда, ки аз рӯи он самти ҳаракати таълимии докторант муайян гардида, бо ҳимояи бомуваффақияти рисола ба анҷом мерасад (Қарори Ҳукумати ҶТ аз 02.11.2012 № 625);

-докторантура аз рӯи ихтисос - шакли тайёр намудани кадрҳои баландихтисоси илмӣ ва илмию педагогӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва муассисаҳои илмӣ бо додани дараҷаи илмии "доктори фалсафа (PhD)", "доктор аз рӯи ихтисос" барои шаҳрвандоне, ки дорои дараҷаи академикии "магистр" ва таҳсилоти зинаи "мутахассис" мебошанд, иборат мебошад (Қарори Ҳукумати ҶТ аз 02.11.2012 № 625);

-докторант - шахсе, ки дар докторантура аз рӯи ихтисос таҳсил менамояд (Қарори Ҳукумати ҶТ аз 02.11.2012 № 625);

-доктори фалсафа (PhD), доктор аз рӯи ихтисос - дараҷаи илмие, ки аз тарафи муассисаи таълимӣ ё илмии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси қарори шӯрои диссертатсионӣ баъди ҳимояи рисолаи докторӣ аз тарафи докторант, ки талаботи барномаи таълимии докторантура аз рӯи ихтисосро иҷро кардааст ва маҷмӯи имтиҳонҳои ҷамъбастиро бомуваффақият супоридааст, дода мешавад (Қарори Ҳукумати ҶТ аз 02.11.2012№ 625);

-ихтисоси тайёр намудани доктор аз рӯи ихтисос - маҷмӯи ба таври мақсаднок аз худ намудани барномаҳои таълимии докторантура, дониш, маҳорат ва малакаҳо аз рӯи соҳаи мушаххаси илм, ки барои навъи муайяни фаъолияти илмӣ зарур аст (Қарори Ҳукумати ҶТ аз 02.11.2012 № 625);

-низоми кредитии таълим - низоми баҳодиҳии миқдорӣ ба мазмуни барномаҳои таълим ва натиҷаҳои азхудкунии онҳо мебошад. Кредит (ё соати кредитӣ) ин меъёри вақтест, ки барои омӯзиши фанни таълимӣ ҳар ҳафта дар давоми як семестр сарф мешавад ва дар сурати бомуваффақият супоридани имтиҳон аз ин фан донишҷӯ ба ин кредит (ё кредитҳо) соҳиб мегардад;

-шӯрои диссертатсионӣ - шӯро доир ба баррасии рисолаҳои илмӣ, ки барои дарёфти дараҷаи илмии доктори фалсафа (PhD), доктор аз рӯи ихтисос пешниҳод гардидаанд ва дар назди муассисаҳои таълимӣ ё илмӣ, ки ҳуқуқи амалӣ кардани барномаҳои таълимии докторантура аз рӯи ихтисосро доранд, ташкил шудааст (Қарори Ҳукумати ҶТ аз 02.11.2012№ 625);

-кредит - ченаки соддакардашудаи муайянкунии ҳаҷми кори таълимии докторант мебошад.

4. Тайёр намудани докторҳо дар доираи барномаҳои таълимии докторантура аз тарафи муассисаҳои таълимӣ ва илмӣ, ки таҳсилоти баъд аз мактаби олиро медиҳанд ва иҷозатномаи дахлдори фаъолияти таълимиро доранд, амалӣ мешавад.

2. Тартиби таъсис ва мақсадҳои докторантура аз рӯи ихтисос

(Қарори Ҳукумати ҶТ аз 02.11.2012 № 625)

5. Докторантура аз рӯи ихтисос дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва илмию таҳқиқотӣ, ки на камтар аз 5 доктори илм аз рӯи самт ва ихтисоси докторантураи таъсисдодашаванда доранд, таъсис дода мешавад (Қарори Ҳукумати ҶТ аз 02.11.2012 № 625).

6. Докторантура аз рӯи ихтисос бо пешниҳоди раёсати муассисаи таълимӣ ё илмӣ дар мувофиқа бо муассис аз тарафи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода мешавад (Қарори Ҳукумати ҶТ аз 02.11.2012 № 625).

7. Намунаи дипломи давлатии докторантура аз рӯи ихтисос аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад (Қарори Ҳукумати ҶТ аз 02.11.2012 № 625).

8. Мақсади таъсиси докторантура аз рӯи ихтисос иборат аст (Қарори Ҳукумати ҶТ аз 02.11.2012 № 625):

-дар асоси ҳамгироии таҳсилот ва илм ташкил намудани системаи самараноки тайёр кардани кадрҳои илмӣ, илмию педагогии тахассуси олӣ мутобиқ ба стандарти байналмилалӣ, ҳамчунин ҳалли саривақтии масъалаҳои таъминоти илмӣ, методӣ, ҳуқуқӣ, молиявию иқтисодӣ, кадрӣ ва моддию техникии онҳо;

-амалӣ намудани ҷараёни таҳсилот мутобиқи принсипҳои таҷрибаи байналмилалии тайёр кардани кадрҳои илмию педагогии тахассуси олии дар бозори меҳнат рақобатпазир. Бо ин мақсад докторантҳо аз курсҳои таҳсилоти назариявӣ мегузаранд ва мустақилона таҳқиқоти илмиро амалӣ менамоянд, ки хусусияти рӯзмарра, навоварӣ ва аҳамияти амалӣ доранд. Натиҷаҳои таҳқиқот дар шакли рисолаи докторӣ ба низом дароварда шуда, дифои он аз рӯи тартиби муқарраргардида гузаронида мешавад.

3. Вазифаҳои докторантура аз рӯи ихтисос

(Қарори Ҳукумати ҶТ аз 02.11.2012 № 625)

9. Вазифаҳои докторантура аз рӯи ихтисос чунин аст (Қарори Ҳукумати ҶТ аз 02.11.2012 № 625):

- тайёр намудани докторони ватании рақобатпазир дар бозори дохилии мамлакат ва байналмилалии меҳнат;

- ҳамгироии барномаҳои миллии докторантура аз рӯи ихтисос бо фазои ҷаҳонии таҳсилот (Қарори Ҳукумати ҶТ аз 02.11.2012 № 625);

- ба ҷараёни таҳсилот ворид намудани технология, метод ва воситаҳои муосир ва рӯзмарраи таълим, ки ба рушди инфиродии шахсият, қобилияти вай ба худинкишофёбӣ, худмуайянкунӣ ва худомӯзӣ равона карда шудааст;

- таъмини муттасили (пайдарпайи) барномаҳои таълимии сохтори бисёрзинагии таҳсилоти олӣ ва баъд аз муассисаи олии касбӣ.

10. Барномаҳои таълимии докторантура аз рӯи ихтисос мустақилона аз тарафи муассисаҳои таълимӣ ва илмӣ таҳия карда шуда, аз тарафи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикситон тасдиқ карда мешаванд (Қарори Ҳукумати ҶТ аз 02.11.2012 № 625).

11. Барномаҳои таълимии докторантура аз рӯи ихтисос, ки дар муассисаҳои таълимӣ ва илмии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешаванд, дар қисми тайёрии касбӣ бояд бо барномаҳои доктории аккредитатсияшудаи муассисаҳои таълимию илмии хориҷии пешқадам аз рӯи ихтисосҳои якхела мутобиқат намоянд (Қарори Ҳукумати ҶТ аз 02.11.2012 № 625).

12. Теъдоди муҳассилин (докторантҳо) дар докторантура аз рӯи ихтисос дар замимаи иҷозатномаи равия ва ихтисосҳои муассисаи таълимӣ ва илмӣ нишон дода мешавад (Қарори Ҳукумати ҶТ аз 02.11.2012 № 625).

13. Дар муассисаҳои таълимӣ ё илмӣ, ки барномаҳои докторантура аз рӯи ихтисосро амалӣ месозанд, таносуби омӯзгорони дорои дараҷа ва унвони илмидошта ва ҳайати профессорону омӯзгорон бояд мутаносибан як ба дуро ташкил диҳанд (Қарори Ҳукумати ҶТ аз 02.11.2012 № 625).

14. Муассисаҳои таълимӣ ё илмӣ, ки барномаҳои докторантура аз рӯи ихтисосро амалӣ мекунанд, барои аз худ намудани қисмҳои таркибии барномаҳои таълимии докторантура ё гузаронидани таҳқиқот бояд ба докторантҳо ба мӯҳлати аз як то 6 моҳ таҷрибаомӯзии таълимӣ ва (ё) тахқиқотиро дар муассисаҳои таълимӣ ва илмии хориҷӣ таъмин намоянд (Қарори Ҳукумати ҶТ аз 02.11.2012 № 625).

4. Тартиби қабул

15. Қабул ба ба докторантура аз рӯи ихтисос тибқи самтҳои афзалиятноки таҳқиқоти илмӣ, аз ҷумла таҳқиқоти илмии инноватсионӣ, ки Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ ва муассисаҳои илмии соҳаи маориф тасдиқ намудааст, амалӣ карда мешавад (Қарори Ҳукумати ҶТ аз 02.11.2012 № 625).

16. Ба докторантура аз рӯи ихтисос қабул карда мешаванд:

- шахсоне, ки дорои дараҷаи академии "магистр" мебошанд;

- шахсоне, ки дорои таҳсилоти олии касбии "мутахассис" мебошанд, ба истиснои ихтисосҳои тибби клиникӣ.

Қабул аз рӯи ихтисосҳои тибби клиникӣ баъди хатми интернатура ва на камтар аз ду соли собиқаи корӣ ё ординатураи (резидентураи) клиникӣ ба роҳ монда мешавад.

17. Довталабони ба докторантура аз рӯи ихтисос дохилшаванда бояд озодона яке аз забонҳои хориҷӣ (англисӣ, олмонӣ, франсавӣ, хитоӣ ва ғайра)-ро донанд.

18. Тартиби қабул ба докторантура аз рӯи ихтисос мувофиқи Қоидаҳои намунавии қабул ба докторантура, ки аз тарафи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда шудааст, ба роҳ монда мешавад (Қарори Ҳукумати ҶТ аз 02.11.2012 № 625).

19. Нақшаи қабул ба докторантура аз рӯи ихтисос аз ҳисоби буҷети давлатӣ мутобиқи қонунгузории амалкунанда, бо назардошти эҳтиёҷоти иқтисодиёти миллӣ аз тарафи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мувофиқа бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян ва муқаррар мегардад. Ҳамчунин, докторантура аз рӯи ихтисос ба таври шартномавӣ низ ба роҳ монда мешавад, ки нақшаи қабули онро Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба заминаи моддию техникӣ ва нерӯи кадрии муассисаҳои таълимию илмӣ муайян менамояд (Қарори Ҳукумати ҶТ аз 02.11.2012 № 625).

5. Сохтори барномаҳои таълимии докторантура аз рӯи ихтисос ва тартиби тайёр намудани докторон

(Қарори Ҳукумати ҶТ аз 02.11.2012 № 625)

20. Сохтори барномаҳои таълимии докторантура аз рӯи ихтисос аз ду қисми таркибии баробараҳамият - таълимӣ ва илмӣ иборат буда, аз намудҳои гуногуни корҳои таълимӣ ва илмию таҳқиқотӣ, ки мазмуни барномаи таълимиро муайян карда, ташаккул меёбад ва таносуб, ченак ва баҳисобгирии онҳоро инъикос менамояд (Қарори Ҳукумати ҶТ аз 02.11.2012 № 625).

21. Баҳисобгирии меҳнатталабии кори таълимӣ аз рӯи ҳаҷми маводи азхудкардашуда амалӣ мегардад ва он бо кредитҳо ҳисоб карда мешавад. Дар ин маврид системаи ғункунии кредитӣ амал мекунад, ки он кредитҳои қаблан азхудкардаро дар зинаҳои пештараи таҳсилот ба ҳисоб мегирад.

22. Соли таҳсил аз давраҳои академӣ, давраи санҷиши ҷамъбастӣ, таҷрибаомӯзӣ ва таътил иборат аст. Ҳангоми зарурат барои қонеъ гардонидани эҳтиёҷоти докторантҳо ҷорӣ намудани семестри тобистона ба мӯҳлати 8 ҳафта иҷозат дода мешавад.

23. Ҳаҷми кори таълимӣ аз рӯи номгӯи фанҳои омӯхташаванда муайян карда мешавад. Дар ин маврид фан бо ҳаҷм, ки ба шумораи каратии кредитӣ (1, 2, 3, 4 ё 5) баробар мебошад, баҳогузорӣ мегардад.

24. Ҳангоми азхудкунии барномаи таълимии докторантура аз рӯи ихтисос ҳар як соати академии кори аудитории таълимгирандагон бояд бо соатҳои зерини мустақилона пурра карда шавад:

-аз рӯи омӯзиши назариявӣ - 4 соат кори мустақилона;

-аз рӯи кори таҳқиқотӣ - 8 соат кори мустақилона;

-ба докторантҳо ҳар сол таътили думоҳа дода мешавад;

-ба докторантҳо стипендия дода мешавад, ки андозаи он ба андозаи стипендияи барои аспирантҳо муқарраргардида баробар мебошад.

25. Таълим аз рӯи барномаҳои таълимии докторантура аз рӯи ихтисос дар доираи ихтисосҳои илмӣ дар шакли рӯзона ва ғоибона амалӣ карда мешавад (Қарори Ҳукумати ҶТ аз 02.11.2012 № 625).

26. Давомнокии меъёрии азхудкунии барномаи таълимии докторантура аз рӯи ихтисос дар заминаи таҳсилоти олии "мутахассис", магистратура, интернатура ва ординатура (резидентура), ба истиснои ҳолати дар банди 32 дарҷгардида, на кам аз се солро ташкил медиҳад.

27. Мӯҳлати таҳсил дар докторантура аз рӯи ихтисос метавонад дар асоси хулосаи дахлдори комиссияи тиббию машваратӣ (маълумотномаи Комиссияи тиббию машваратӣ ё варақаи муваққатии корношоямӣ) тамдид карда шавад:

-то 4 моҳ бо фармони роҳбари муассисаи таълимӣ ва илмӣ;

-зиёда аз 4 моҳ - дар асоси қарори Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон.

28. Мӯҳлати таҳсил дар докторантура аз рӯи ихтисос ба собиқаи кории илмию омӯзгорӣ дохил мешавад.

29. Тайёр намудани доктори фалсафа (PhD), доктор аз рӯи ихтисос дар докторантура аз рӯи ихтисосҳои илмӣ, ки Таснифоти намунавии самт ва ихтисосҳои докторантура аз рӯи ихтисос муқаррар кардааст, амалӣ карда мешавад (Қарори Ҳукумати ҶТ аз 02.11.2012 № 625).

30. Бо мақсади таъмин намудани озодиҳои академӣ ва баробарарзишии дипломҳо ба докторантҳо имконияти аз худ намудани кредитҳо дар дигар муассисаҳои таълимӣ ва илмии аккредитатсиядошта, аз ҷумла дар хориҷа иҷозат дода мешавад, ки тартиби онро Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.

31. Меъёри асосии ба анҷом расидани барномаи таълимии докторантура аз рӯи ихтисос ин аз ҷониби докторантҳо иҷро намудани тамоми намудҳои корҳои таълимию таҳқиқотӣ ва ҳимояи рисолаи докторӣ дар ҳаҷми на камтар аз 120 кредит ба ҳисоб меравад.

32. Дар сурати пеш аз мӯҳлат иҷро намудани барномаи таълимии докторантура ва ҳимояи бомуваффақияти рисола барои дарёфти дараҷаи илмии "доктори фалсафа (PhD)", "доктор аз рӯи ихтисос" ба докторант дараҷаи мазкур новобаста аз мӯҳлати таҳсил дода мешавад (Қарори Ҳукумати ҶТ аз 02.11.2012 № 625).

6. Талабот ба мӯҳтавои барномаҳои таълимии докторантура

33. Барномаҳои таълимии докторантура аз рӯи ихтисос чунин намудҳои корҳои таълимию таҳкиқотиро дар бар мегирад:

-таҳсилоти назариявӣ (омӯзиши фанҳои заминавӣ ва тахассусӣ);

-таҷрибаомӯзӣ;

-кори илмию таҳқиқотӣ (иҷрои рисолаи докторӣ);

-аттестатсияи давлатии марҳилавӣ, тахассусӣ ва ҷамъбастӣ.

34. Қисмҳои таълимии барномаи таълимии докторантура аз рӯи ихтисосро номгӯи фанҳои омӯхташаванда ташкил медиҳад, ки аз қисмҳои ҳатмӣ ва қисмҳои интихобӣ, ки мувофиқи самти тайёр намудани докторант таҳия гардидаанд, иборат мебошад. Ҳаҷми ҳадди ақалли кредитҳои фаннӣ аз қисмҳои хатмӣ ва интихобӣ тибқи талаботи стандарти давлатии таълимӣ муқаррар мешавад. Номгӯи фанҳо аз тарафи муассисаи таълимӣ ё илмӣ мустақилона мувофиқи талаботи тахассусӣ бо назардошти эҳтиёҷоти бозори меҳнат муқаррар карда мешавад. Фанҳои интихобиро докторант мустақилона аз рӯи феҳристи фанҳои интихобӣ интихоб мекунад ва метавонад дар давраи дилхоҳи давраи таҳсил омӯзад.

35. Қисми илмии барномаи таълимии докторантура аз рӯи ихтисосро корҳои илмию таҳқиқотӣ (таҷрибавию амалӣ), таҳияи мақолаҳои илмӣ ва навиштани рисолаи докторӣ ташкил медиҳад.

36. Барномаи таълимии докторантура аз рӯи ихтисос дар асоси стандарти давлатии таҳсилот таҳия мегардад, ки он аз нақшаи таълимӣ, силлабусҳо ва комплексҳои таълимию методии фаннӣ, барномаҳои таҷрибаи касбӣ (илмию таҳқиқотӣ, истеҳсолӣ ё илмию педагогӣ) ва барномаи корҳои илмию таҳқиқотӣ иборат мебошад.

37. Мӯҳтавои барномаи таълимии докторантура аз рӯи ихтисос мувофиқи ҷадвали зерин муқаррар карда мешавад:

+---+-----------------------------------------------+----------------ҷ
|№  |Номгӯи фанҳо                                   |Ҳаҷм бо кредитҳо|
+---+-----------------------------------------------+----------------+
|1  |Фанҳои заминавӣ (ФЗ)                           | 21             |
+---+-----------------------------------------------+----------------+
|1.1|Фанҳои ҳатмӣ* (ФҲ)                             | 12             |
+---+-----------------------------------------------+----------------+
|1.2|Фанҳои интихоби (ФИ)                           | 9              |
+---+-----------------------------------------------+----------------+
|2  |Фанҳои тахассусӣ** (ФТ)                        | 9              |
+---+-----------------------------------------------+----------------+
|3  |Таҷрибаомӯзӣ*** (ТО)                           | 3              |
+---+-----------------------------------------------+----------------+
|4  |Аттестатсияи ҷорӣ (АҶ)                         | 2              |
+---+-----------------------------------------------+----------------+
|5  |Кори илмию таҳқиқотии докторант (КИТД)         | 24             |
+---+-----------------------------------------------+----------------+
|6  |Аттестатсияи давлатии ҷамъбастӣ (АДҶ)          | 2              |
+---+-----------------------------------------------+----------------+
|6.1|Имтиҳони комплексӣ (ИК)                        | 2              |
+---+-----------------------------------------------+----------------+
|6.2|Иҷро ва ҳимояи рисолаи докторӣ (ДРД)           | 36             |
+---+-----------------------------------------------+----------------+
|   |Ҷамъ                                           | 120            |
+---+-----------------------------------------------+----------------+
|    *Фанҳои заминавӣ ҷанбаҳои методологӣ, илмию назариявии тахассуси|
|илмиро инъикос мекунанд.                                            |
|                                                                    |
|    **Фанҳои тахассусӣ фанҳои заминавиро мушаххас ва амиқ           |
|мегардонанд.                                                        |
|                                                                    |
|    *** Кредитҳои  таҷрибаомӯзӣ  ба  шумораи  умумии  кредитҳо оид  |
|ба омӯзиши назариявӣ дохил намешаванд.                              |
|                                                                    |
+--------------------------------------------------------------------+

38. Натиҷаҳои таҳқиқоти илмии иҷрогардида бояд дар маҷаллаҳои хориҷӣ ва нашрияҳои илмии ватанӣ нашр гарданд, инчунин, доир ба дастовардҳои илмии онҳо дар конференсияҳои илмии байналмилалӣ ва ватанӣ маълумот дода шаванд. Дар баробари ин интишорот бояд муқаррароти асосиро, ки дар вақти ҳимояи рисола пешниҳод мешавад, дар бар гирад.

Рӯйхати маҷаллаҳои илмие, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нашр мешаванд ва дар онҳо бояд ба таври зарурӣ мундариҷаи асосӣ ва натиҷаҳои таҳқиқоти рисолаҳои илмии барои дифоъ пешниҳодшуда чоп шаванд, бо пешниҳоди Вазорати маориф аз ҷониби Комиссияи аттестатсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.

Натиҷаи таҳқиқоти илмӣ бояд чунин инъикос шавад:

-дар як ё зиёда нашрияҳои илмии ватанӣ ва хориҷӣ нашр гарданд, ки мақоми баланди илмӣ доранд;

-на камтар аз чор мақола дар нашрияҳои илмии хориҷӣ ва ватанӣ (Қарори Ҳукумати ҶТ аз 02.11.2012 № 625);

-дар баромадҳои расмӣ, на камтар аз се конференсияҳои илмии байналмилалӣ ва ҷумҳуриявӣ (Қарори Ҳукумати ҶТ аз 02.11.2012 № 625);

-аз рӯи ихтисосҳои техникӣ на камтар дар як амали ҷорикунӣ дар истеҳсолот, патентҳо ё топатенткунонӣ барои ихтироот (Қарори Ҳукумати ҶТ аз 02.11.2012 № 625).

7. Талабот ба шароити амалӣ намудани барномаи таълимии докторантура аз рӯи ихтисос

(Қарори Ҳукумати ҶТ аз 02.11.2012 № 625)

39. Барои гирифтани иҷозатнома барои амалӣ намудани барномаҳои докторантура аз рӯи ихтисос муассисахои таълимӣ ва илмӣ бояд тибқи тартиби муқарраргардида ба Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намоянд. Пас аз гирифтани иҷозатнома амалӣ намудани барномаҳои докторантура аз рӯи ихтисос имконпазир аст (Қарори Ҳукумати ҶТ аз 02.11.2012 № 625).

40. Муассисаҳои таълимӣ ва илмӣ, ки барномаҳои таълимии докторантура аз рӯи ихтисосро амалӣ мекунанд, бояд мактабҳои илмии дар сатҳи кишвар ё сатҳи байналмилалӣ шинохташуда, кадрҳои омӯзгории амалкунандаи технологияи муосири таълим дар муассисаи таҳсилоти олӣ, инчунин шартномаҳо дар бораи мубодилаи кадрҳои илмӣ бо марказҳои аккредитатсияшудаи таълимию илмии ватанӣ ва хориҷӣ, ки барномаҳои докторантура аз рӯи ихтисосро амалӣ менамоянд, дошта бошанд  (Қарори Ҳукумати ҶТ аз 02.11.2012 № 625).

41. Рисола таҳти роҳбарии олимони ватанӣ ва хориҷӣ, ки дорои дараҷаи илмӣ (доктори илм, номзади илм ва доктори фалсафа (PhD), доктор аз рӯи ихтисос) буда, дар соҳаи таҳқиқоти илмии докторант мутахассис мебошанд, иҷро карда мешавад. Сарбории илмию педагогӣ барои роҳбарӣ намудан ба докторант дар ҳаҷми на камтар аз 100 соат барои ҳар як аъзои комиссияи машваратӣ ҳар сол муқаррар карда мешавад (Қарори Ҳукумати ҶТ аз 02.11.2012 № 625).

Дараҷаи касбии аъзои комиссияи машваратӣ дар соҳаи илм ва объекти таҳқиқоти илмии докторант бо ду ва зиёда интишорот дар 5 соли охир дар нашрияҳои илмии хориҷӣ ва ватанӣ, инчунин бо баромадҳо дар анҷуманҳои илмии бонуфуз бояд тасдиқ карда шавад.

42. Муассисаҳои таълимӣ ё илмӣ, ки барномаҳои таълимии докторантура аз рӯи ихтисосро амалӣ месозанд, мустақилона нақшаҳои таълимӣ (корӣ ва фардӣ), барномаҳои фанҳои таълимӣ, таҷрибаомӯзӣ ва барномаҳои корҳои илмию таҳқиқотиро таҳия менамоянд ва онҳоро Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад. Барномаҳои фанҳои таълимӣ дар асоси стандарти ихтисосҳои илмӣ таҳия карда мешаванд (Қарори Ҳукумати ҶТ аз 02.11.2012 № 625).

43. Нақшаи таълимии инфиродӣ ва мавзӯи рисола дар мӯҳлати на зиёда аз 3 моҳи баъд аз дохилшавии докторант ба докторантура аз рӯи ихтисос аз тарафи мақоми олии муассисаи таълимӣ (Шӯрои олимон) ва илмӣ, ки барномаҳои таълимии докторантура аз рӯи ихтисосро амалӣ менамояд, дар тамоми давраи таҳсили таълимгиранда дар докторантура аз рӯи ихтисос тасдиқ карда мешавад (Қарори Ҳукумати ҶТ аз 02.11.2012 № 625).

44. Таъминоти таълимию методӣ ва иттилоотии ҷараёни таълим бояд сифатнок азхудкунии барномаи докторантура аз рӯи ихтисосро барои докторант кафолат диҳад. Амалӣ намудани барномаи таълимӣ бояд дастрасии озодона ба захираҳои иттилоотии ҷаҳонӣ, фонди китобхонаҳо, технологияҳои компютерӣ, дастурҳои методӣ ва коркардҳо аз рӯи фанҳои таълимдодашаванда ва намуди дарсҳо, аз ҷумла иҷрои рисолаи докториро таъмин намояд (Қарори Ҳукумати ҶТ аз 02.11.2012 № 625).

45. Муассисаи таълимӣ ё илмӣ, ки барномаҳои таълимии докторантура аз рӯи ихтисосро амалӣ мекунанд, бояд заминаи моддию техникӣ (фонди аудиторӣ, синфҳои компютерӣ, озмоишгоҳҳо) дошта бошанд, ки барномаи таълимӣ пешбинӣ менамояд. Муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва муассисаҳои илмӣ бояд имконият фароҳам оваранд, ки натиҷаҳои таҳқиқот нашр карда шаванд (Қарори Ҳукумати ҶТ аз 02.11.2012 № 625).

46. Бо мақсади ташаккул додани малакаҳои амалии илмӣ, фаъолияти касбӣ дар соҳаи мушаххаси илм докторант аз таҷрибаомӯзӣ мегузарад, ки мувофиқи нақшаи инфиродӣ дар мӯҳлате, ки нақшаи таълимӣ муқаррар кардааст, амалӣ карда мешавад.

47. Қисми илмию таҳқиқотии барномаи таълимӣ бояд:

- ба масъалаи асосии тахассуси илмӣ, ки аз рӯи он рисолаи докторӣ ҳимоя мешавад, мувофиқат намояд;

- дар доираи маблағгузории таҳқиқоти назариявӣ, амалӣ ва дигар лоиҳаҳои буҷетии давлатӣ ва шартномаҳои хоҷагӣ гузаронида шавад;

- рӯзмарра дорои навоварии илмӣ ва аҳамияти амалӣ бошад;

- бо комёбиҳои назариявӣ, методӣ ва технологии муосири илм ва амалияи ватанӣ ва хориҷӣ асоснок карда шавад;

- методикаи муосири таҳқиқоти илмӣ истифода карда шавад;

- ба методҳои муосири таҳия ва шарҳи маълумот бо истифодаи технологияи компютерӣ асоснок карда шавад;

- фаслҳои назариявӣ, методӣ ва амалӣ дошта бошад, ки бо барномаҳои илмии дар рисола ҳимояшаванда мувофиқат намояд.

48. Натиҷаи корҳои илмию таҳқиқотӣ дар охири ҳар як даври академӣ аз ҷониби докторант дар шакли ҳисоботи мухтасар таҳия карда мешавад. Натиҷаи ниҳоии кори илмию таҳқиқотии докторант рисолаи докторӣ мебошад.

8. Талабот ба сатҳи тайёр кардан ва омодагии тахассусии хатмкунандаи докторантура

49. Хатмкунандаи докторантура бояд:

- дорои донишҳои заминавии назариявӣ бошад;

- дорои малакаи истифодаи методҳои муосири озмоишӣ бошад;

- имконияти кор бо технологияи муосири иттилоотӣ, аз ҷумла усули таҳлил, коркард ва нигоҳдории ахбороти илмиро дошта бошад;

- тавонад масоили илмӣ ва амалии муосирро муайян ва ҳал намояд, фаъолияти илмию таҳқиқотӣ ва инноватсиониро аз рӯи ихтисоси илмии интихобкарда ташкил ва амалӣ намояд;

- донандаи сатҳи баланди забони хориҷӣ бошад.

50. Барномаҳои таълимии докторантура аз рӯи ихтисосҳои мушаххас бояд талаботи зеринро инъикос намояд:

- маълумотнокии умумӣ;

- салоҳияти иҷтимоию шахсӣ;

- салоҳияти иқтисодӣ ва ташкилию идоракунӣ;

- салоҳияти касбӣ;

- салоҳияти махсус;

- омода будан ба иваз шудани нақшаҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ, касбӣ, серҳаракатии ҷуғрофӣ ва иҷтимоӣ дар шароити ба вуҷуд омадани дигаргуниҳо ва норавшаниҳо;

- маълумотнокӣ аз рӯи равандҳои асосии фанҳо ва фанҳои алоҳидаи таълимӣ.

9. Аттестатсияи ҷамъбастии давлатӣ

51. Аттестатсияи ҷамъбастии докторант дар мӯҳлати пешбининамудаи ҷадвали академӣ ва нақшаи таълимии ихтисосҳо дар шакли имтиҳони маҷмӯӣ ва ҳимояи рисолаи докторӣ гузаронида мешавад.

52. Аттестатсияи тахассусӣ на дертар аз 1,5 сол аз лаҳзаи қабул шудан ба докторантура аз рӯи ихтисос бо мақсади муайян кардани имконияти давом додани таҳсил ва навиштани рисола гузаронида мешавад (Қарори Ҳукумати ҶТ аз 02.11.2012 № 625).

53. Докторанте, ки талаботи аттестатсияро иҷро накардааст, ҳуқуқ дорад, аттестатсияро такроран гузарад. Дар ин маврид докторант вазифадор аст, ки маблағи таҳсилро пардохт намояд.

54. Аттестатсияро барои ҳар як барномаи таълимии докторантура аз рӯи ихтисос комиссия мегузаронад, ки аз тарафи роҳбари муассисаи таълимӣ тасдиқ карда мешавад. Ба ҳайати комиссия на камтар аз ду нафар мутахассис аз рӯи ихтисоси докторант шомил мешаванд (Қарори Ҳукумати ҶТ аз 02.11.2012 № 625).

55. Ба имтиҳони маҷмӯӣ оид ба ихтисос аз фанҳои заминавӣ ва касбӣ танҳо фанҳои ҳатмии барномаи таълимии докторантура аз рӯи ихтисос дохил мешаванд.

56. Имтиҳони маҷмӯӣ (комплексӣ) дар чунин шаклҳо гузаронида мешавад: имтиҳони шифоҳӣ, кори хаттӣ ва тест дар ҳаҷми барномаҳои таълимии фанҳо.

57. Имтиҳони маҷмӯӣ (комплексӣ) на дертар аз 3 моҳ то ҳимояи рисолаи докторӣ гузаронида мешавад.

58. Натиҷаҳои имтиҳони маҷмӯӣ (комплексӣ) бо протокол ба танзим дароварда шуда, барои ҳар як докторант алоҳида протокол карда мешавад. Агар имтиҳони маҷмӯӣ (комплексӣ) ба таври тестӣ гузаронида шавад, натиҷа дар шакли варақаи умумии имтиҳонӣ ва протоколи инфиродӣ барои ҳар як докторант алоҳида ба қайд гирифта мешавад.

59. Рисолаи доктории ба анҷомрасонидашуда ба комиссияи ташхисӣ барои додани хулоса пешниҳод карда мешавад. Якҷоя бо рисола ба комиссияи ташхисӣ инчунин ҳуҷҷатҳои дахлдор мувофиқи талаботи Қоидаҳои аттестатсияи ҷамъбастии давлатии докторантура аз рӯи ихтисос пешниҳод мегардад (Қарори Ҳукумати ҶТ аз 02.11.2012 № 625).

60. Ба ҳайати комиссияи ташхисӣ раиси мустақил, ки ихтисосманди самт ва тахассуси таҳқиқоти илмӣ мебошад ва ду-се нафар коршиносҳои мустақил аз рӯи ихтисоси докторант шомил мешаванд. Ҳайати комиссияи ташхисӣ аз тарафи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.

61. Комиссияи ташхисӣ дар шакли муқарраршуда бо яке аз қарорҳои зерин хулосаи хаттии асоснокардашударо мебарорад:

- рисолаи докторӣ барои ҳимояи расмӣ тавсия дода шавад;

- рисолаи докторӣ баъди бартараф намудани камбудиҳо дар мӯҳлати муқарраркардашуда ба ҳимояи расмӣ тавсия карда шавад;

- рисола барои ҳимоя тавсия карда нашавад.

62. Талабот доир ба омода ва ҳимоя намудани рисолаи докторӣ бо Қоидаҳои аттестатсияи ҷамъбастии давлатӣ дар докторантура аз рӯи ихтисос тибқи тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад (Қарори Ҳукумати ҶТ аз 02.11.2012 № 625).

63. Аз рӯи натиҷаҳои ҳимоя Шӯрои диссертатсионӣ яке аз чунин қарорҳоро қабул мекунад:

- рисола ҳимоягардида ҳисобида шуда, ба унвонҷӯй дараҷаи илмии мувофиқ дода шавад;

- рисола ҳамчун ҳимоякардашуда бо бартараф кардани мулоҳизаҳои расман эълоншуда оид ба қисмҳои асосии он (бо такрор кардани тарғиби ҳимоя ё бе тартиби ҳимоя) пешниҳод карда шавад;

- ҳимояи рисола рад карда шавад.

64. Қарори қабулкардаи Шӯрои диссертатсионӣ аз рӯи натиҷаи ҳимояи рисола барои дарёфти дараҷаи илмии доктори фалсафа (PhD), доктор аз рӯи ихтисос бо протокол ба низом дароварда машвад. Хулоса, барои ҳар як рисола аз рӯи шакли муқарраршуда омода карда мешавад (Қарори Ҳукумати ҶТ аз 02.11.2012 № 625).

65. Ба докторант, ки аз рӯи рисолаи вай оид ба зарурати бартараф намудани норасоиҳои расман баёншуда қарор бароварда шудааст дар давоми се рӯзи баъди ҳимояи рисола хулосаи Шӯрои диссертатсионӣ бо мушаххас нишон додани норасоиҳое, ки бартараф намуданашон зарур аст, дода мешавад.

66. Рисолаи ислоҳшуда бояд дар давоми 3 моҳ баъди ҳимоя ба Шӯрои диссертатсионӣ аз тарафи унвонҷӯ пешниҳод шавад.

67. Ҳимояи такрории рисолаи докторӣ, ки қаблан ҳамчун ҳимояшуда ҳисобида шудааст, вале дар бартараф намудани норасоиҳои расман иброзшуда ҳимояи такрорӣ муқаррар гардидааст, ҳимояи такрории рисола дар давраи на дертар аз як сол аз лаҳзаи ҳимояи қаблӣ амалӣ карда мешавад.

68. Ҳангоми ҳимояи такрории рисолаи докторӣ ташкили ҳимоя ва фаъолияти ҳайати Шӯрои диссертатсионӣ аз ҳисоби маблағҳои худи унвонҷӯй амалӣ карда мешавад, ки тартиби онро Ҳукумати Ҷумҳури Тоҷикистон муайян менамояд.

69. Унвонҷӯёне, ки рисолаи онҳо дар шӯрои диссертатсионӣ рад карда шудаанд, нақшаи инфиродиро иҷро накарда ҳисобида шуда, бо фармони роҳбари муассисаи таълимӣ ё илмӣ аз докторантура хориҷ карда мешаванд.

70. Ба шахсоне, ки барномаи таълимии докторантура аз рӯи ихтисосро пурра иҷро кардаанд ва рисолаи докториро бомуваффақият дифоъ намудаанд, аз тарафи Шӯрои диссертатсионӣ дипломи намунаи давлатии доктори фалсафа (PhD), доктор аз рӯи ихтисос ва транскрипт дода мешавад (Қарори Ҳукумати ҶТ аз 02.11.2012 № 625).

10. Ҳуқуқ ва масъулияти докторант

71. Докторант дар докторантура аз рӯи ихтисос дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи маориф", Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ", санадҳои меъёрии ҳуқуқии Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Оинномаи муассисаи таълимӣ ё илмӣ ва дигар санадҳои дахлдори меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои ҳуқуқ ва вазифаҳо мебошад.

72. Докторант бояд саривақт ва босифат тамоми намудҳои корҳоеро, ки барномаи таълимии докторантура аз рӯи ихтисос пешбинӣ намудааст, иҷро намояд ва рисолаи доктории ба итмомрасонидашударо пешниҳод кунад (Қарори Ҳукумати ҶТ аз 02.11.2012 № 625).

73. Ҳангоми пайдо шудани мухолифатҳо байни докторант ва мушовири илмӣ докторант ҳуқуқ дорад ба комиссияи мусолиҳавӣ барои ҳал намудани масъалаҳои баҳсталаб муроҷиат намояд. Дар ҳолати зарурӣ мақоми олии муассисаи таълимӣ - Шӯрои олимони муассисаи таҳсилоти олии касбӣ, илмӣ метавонад дар бораи озод кардани мушовири илмӣ аз роҳбарӣ ва таъин намудани мушовири нав ба докторант қарор қабул намояд.

74. Докторант аз докторантура аз рӯи ихтисос бо сабабҳои зерин хориҷ карда мешавад:

- бо хоҳиши худ;

- бо вазъи саломатӣ;

- барои иҷро карда натавонистани нақшаи инфиродӣ;

- барои вайрон кардани оинномаи ташкилот;

- барои вайрон кардани оинномаи муассиса ва тартиботи дохилӣ;

- барои иҷро накардани шартҳои шартнома ҳангоми таҳсили пулакӣ.

75. Барои шахсоне, ки аз докторантура аз рӯи ихтисос хориҷ карда шудаанд, маълумотномаи академӣ бо нишон додани кредитҳои азхуднамуда дода мешавад.

76. Фаъолияти шӯроҳои диссертатсионии муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва муассисаҳои илмӣ аз тарафи муассис ва Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбарӣ ва назорат карда мешавад.

Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи тартиби муқарраргардида бо дархости муассисаҳои номбурда онҳоро бо намунаи дипломҳои доктор аз рӯи ихтисос таъмин менамояд.