Қарор Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 майи соли 2011 № 250 "Дар бораи Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни: 29.12.2017

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 3.04.2012 № 168, аз 12.09.2012 № 485, аз 29.12.2017 № 596)

Мутобиқи моддаи 12 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон", моддаи 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" ва ҷиҳати иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 феврали соли 2011, № 1026 "Дар бораи такмили минбаъдаи сохтори мақомоти марказии ҳокимияти иҷроияи Ҷумҳурии Тоҷикистон" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1) Низомнома, Сохтори Дастгоҳи марказӣ, Нақшаи идоракунӣ ва Номгӯи корхонаҳо, муассисаҳо ва дигар ташкилотҳои системаи Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1, 2, 3 ва 4).

2) Шумораи ниҳоии кормандони Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миқдори 363 воҳид (бе ҳайати хизматрасон), аз ҷумла Дастгоҳи марказӣ ба миқдори 77 воҳид (бе ҳайати хизматрасон) муқаррар карда шавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 12.09.2012 № 485, аз 29.12.2017 № 596).

3) Ба Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон 3 муовини Вазир, аз ҷумла як муовини якум ва ҳайати мушовара иборат аз 7 нафар муқаррар карда шавад.

4) Ба Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон лимити мошинҳои сабукрави хизматӣ ба миқдори 22 адад, аз ҷумла барои Дастгоҳи марказӣ ба миқдори 11 адад муқаррар карда шавад.

5) Маблағгузории Дастгоҳи марказӣ ва мақомоти дар Нақшаи идоракунии Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон зикргардида, аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ ва дигар маблағҳо дар мувофиқа бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда шавад.

6) Бо роҳи муттаҳидсозии корхонаҳои воҳиди давлатии "Экспедитсияи нақлиётии минтақаи Ҳисор", "Экспедитсияи нақлиётии минтақаи Рашт", "Экспедитсияи нақлиётии минтақаи Суғд", "Экспедитсияи нақлиётии минтақаи Кӯлоб", "Экспедитсияи нақлиётии минтақаи Қӯрғонтеппа" ва "Экспедитсияи нақлиётии минтақаи ВМКБ" Корхонаи воҳиди давлатии "Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасонии логистикӣ" ташкил карда шавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 3.04.2012 № 168).

7) Вориси ҳуқуқии корхонаҳои воҳиди давлатии "Экспедитсияи нақлиётии минтақаи Ҳисор", "Экспедитсияи нақлиётии минтақаи Рашт", "Экспедитсияи нақлиётии минтақаи Суғд", "Экспедитсияи нақлиётии минтақаи Кӯлоб", "Экспедитсияи нақлиётии минтақаи Қӯрғонтеппа" ва "Экспедитсияи нақлиётии минтақаи ВМКБ" пас аз ба имзо расидани санади супоридану қабул намудани амвол Корхонаи воҳиди давлатии "Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасонии логистикӣ" дониста шавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 3.04.2012 № 168).

8) Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муқарраргардида масъалаҳои ташкилию ҳуқуқии Корхонаи воҳиди давлатии "Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасонии логистикӣ"-ро ҳал намояд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 3.04.2012 № 168).

9) Қарорҳои зерини Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз эътибор соқит дониста шаванд:

-қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006, № 602 "Дар бораи Вазорати нақлиёт ва коммуникатсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон";

-қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 феврали соли 2009, № 83 "Масъалаҳои Вазорати нақлиёт ва коммуникатсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон".

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

аз 6 майи соли 2011 № 250

ш. Душанбе

Правительство Республики Таджикистан

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

О Министерстве транспорта Республики Таджикистан

(в редакции Постановления Правительства РТ от 03.04.2012г.№168, от 12.09.2012г. №485, от 29.12.2017г.№596)

В соответствии со статьей 12 Конституционного закона Республики Таджикистан "О Правительстве Республики Таджикистан", статьи 42 Закона Республики Таджикистан "О нормативных правовых актах" и во исполнение Указа Президента Республики Таджикистан от 28 февраля 2011 года №1026 "О дальнейшем совершенствовании структуры центральных органов исполнительной власти Республики Таджикистан" Правительство Республики Таджикистан постановляет:

1) Утвердить Положение, Структуру Центрального аппарата, Схему управления и Перечень предприятий, учреждений и других организаций системы Министерства транспорта Республики Таджикистан (согласно приложениям 1, 2, 3 и 4).

2) Установить предельную численность работников Министерства транспорта Республики Таджикистан в количестве 363 единиц (без учёта обслуживающего персонала), в том числе Центрального аппарата в количестве 77 единиц ( без учёта обслуживающего персонала)(в редакции постановления Правительства РТ от 12.09.2012г. №485, от 29.12.2017г.№596).

3) Разрешить Министерству транспорта Республики Таджикистан иметь 3 заместителей Министра, в том числе одного первого заместителя Министра и коллегию в количестве 7 человек.

4) Установить лимит служебных автомашин для Министерства транспорта Республики Таджикистан в количестве 22 единицы, в том числе для Центрального аппарата 11 единиц.

5) Финансирование Центрального аппарата и органов, указанных в Схеме управления Министерства транспорта Республики Таджикистан, осуществляется за счёт средств республиканского бюджета и других средств по согласованию с Министерством финансов Республики Таджикистан.

6) Путем слияния государственных унитарных предприятий "Транспортная экспедиция Гиссарского региона", "Транспортная экспедиция Раштского региона", "Транспортная экспедиция Согдийской области", "Транспортная экспедиция Кулябского региона", "Транспортная экспедиция Курган-Тюбинского региона" и "Транспортная экспедиция ГБАО" создать Государственное унитарное предприятие "Автомобильный транспорт и логистическое обслуживание (в редакции Постановления Правительства РТ от 03.04.2012г.№168).

7) Правопреемником государственных унитарных предприятий "Транспортная экспедиция Гиссарского региона", "Транспортная экспедиция Раштского региона", "Транспортная экспедиция Согдийской области", "Транспортная экспедиция Кулябского региона", "Транспортная экспедиция Курган-Тюбинского региона" и "Транспортная экспедиция ГБАО" после подписания акта приёма и передачи имущества считать Государственное унитарное предприятие "Автомобильный транспорт и логистическое обслуживание (в редакции Постановления Правительства РТ от 03.04.2012г.№168).

8) Министерству транспорта Республики Таджикистан в установленном порядке решить организационно-правовые вопросы Государственного унитарного предприятия "Автомобильный транспорт и логистическое обслуживание (в редакции Постановления Правительства РТ от 03.04.2012г.№168).

9) Признать утратившими силу следующие постановления Правительства Республики Таджикистан:

- постановление Правительства Республики Таджикистан от 28 декабря 2006 года, №602 "О Министерстве транспорта и коммуникаций Республики Таджикистан";

- постановление Правительства Республики Таджикистан от 2 февраля 2009 года, №83 "Вопросы Министерства транспорта и коммуникаций Республики Таджикистан".

Председатель

Правительства Республики Таджикистан                  Эмомали Рахмон

от 6 мая 2011 года 250

г.Душанбе