ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи такмили минбаъдаи сохтори мақомоти марказии ҳокимияти иҷроияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади такмили минбаъдаи сохтори мақомоти марказии ҳокимияти иҷроияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
1) Вазорати нақлиёт ва коммуникатсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон номгузорӣ карда шавад.
2) Ба Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифаҳои таҳия ва татбиқи сиёсати давлатӣ, инчунин батанзимдарории меъёрии ҳуқуқӣ дар соҳаи нақлиёт ва хоҷагии роҳ вогузор карда шавад.
3) Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муқарраргардида:
а) Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар заминаи Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи алоқа ва иттилоотонии Вазорати нақлиёт ва коммуникатсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис диҳад;
б) ба зиммаи он вазифаҳои зеринро вогузор намояд;
- таҳия ва татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи алоқа;
- назорати давлатӣ ва танзим дар соҳаи алоқа;
- амалӣ намудани фаъолияти хизматрасонӣ дар соҳаи алоқа;
в) дар мӯҳлати як моҳ санадҳои меъёрии ҳуқуқии худро ба Фармони мазкур мутобиқ намояд;
г) дар мӯҳлати ду моҳ оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таклиф пешниҳод намуда, санадҳои меъёрии ҳуқуқии худро ба Фармони мазкур мутобиқ намояд;
д) масъалаҳоеро, ки аз Фармони мазкур бармеоянд, аз ҷумла масъалаҳои ташкилию ҳуқуқӣ ва молиявии мақомоти давлатии зикргардидаро ҳал намояд.
4) Ба Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 ноябри соли 2006, №9 "Дар бораи такмили сохтори мақомоти марказии ҳокимияти иҷроияи Ҷумҳурии Тоҷикистон" тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
а) сархати шашуми банди 3 хориҷ карда шавад;
б) дар Сохтори мақомоти марказии ҳокимияти иҷроияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурин Тоҷикистон аз 30 ноябри соли 2006 №9 тасдиқ шудааст:
- дар сархати даҳуми банди 3 калимаҳои "Вазорати нақлиёт ва коммуникатсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон" ба калимаҳои "Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон" иваз карда шаванд,
- ба банди 5 сархати дувоздаҳум бо мазмуни зайл илова карца шавад:
"Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон"
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш.Душанбе,
28 феврали соли 2011 № 1026
УКАЗ ПРЕЗИДЕНТА РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН
О дальнейшем совершенствовании структуры центральных органов исполнительной власти Республики Таджикистан
В соответствии со статьей 69 Конституции Республики Таджикистан, и в целях дальнейшего совершенствования структуры центральных органов исполнительной власти Республики Таджикистан постановляю:
1) Министерство транспорта и коммуникации Республики Таджикистан переименовать в Министерство транспорта Республики Таджикистан.
2) Возложить на Министерство транспорта Республики Таджикистан функции по разработке и реализации государственной политики, а также нормативно правовое регулирование в отрасли транспорта и дорожного хозяйства.
3) Правительству Республики Таджикистан в установленном порядке:
а) создать Службу связи при Правительстве Республики Таджикистан на базе Государственной службы по надзору и регулированию в области связи и информатизации Министерства транспорта и коммуникации Республики Таджикистан;
б) возложить на него следующие функции;
- разработка и реализация государственной политики в области связи;
- государственный надзор и регулирование в области связи;
- осуществление деятельности по оказанию услуг в области связи;
в) в месячный срок привести свои нормативные правовые акты в соответствие с настоящим Указом;
г) в двухмесячный срок представить предложения по внесению изменений и дополнений в законодательные акты Республики Таджикистан и привести свои нормативные правовые акты в соответствие с настоящим Указом;
д) решить вопросы, вытекающие из настоящего Указа, включая организационно - правовые и финансовые вопросы вышеназванных государственных органов.
4) В Указ Президента Республики Таджикистан от 30 ноября 2006 года, №9 "О совершенствовании структуры центральных органов исполнительной власти Республики Таджикистан" внести следующие изменения и дополнения:
а) шестой абзац пункта 3 исключить;
б) в Структуре центральных органов исполнительной власти Республики Таджикистан, утвержденной Указом Президента Республики Таджикистан от 30 ноября 2006 года, №9:
- в десятом абзаце пункта 3 слова "Министерство транспорта и коммуникаций Республики Таджикистан" заменить словами "Министерство транспорта Республики Таджикистан";
- пункт 5 дополнить двенадцатым абзацем следующего содержания:
"Служба связи при Правительстве Республики Таджикистан".
Президент
Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
г.Душанбе
28 февраля 2011 года № 1026