×

Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 ноябри соли 1995 № 84 "Дар бораи Суди Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "

Санаи амалкуни: 19.03.2013

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

Бо Қонуни конститутсионии ҶТ аз 27.06.2014 № 1083 аз эътибор соқит дониста шуд.

ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ДАР БОРАИ СУДИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

(Қонуни конст.ҶТ аз 22.05.1998 № 614, аз 6.06.2000 № 2, аз 12.05.2001 № 23, аз 28.02.2004 № 11, аз 3.03.2006 № 159, 30.07.2007 № 292, аз 20.03.2008 № 368, аз 6.10.2008 № 415, 5.08.2009 № 537, аз 28.06.2011 № 728, аз 19.03.2013 № 935

ФАСЛИ I.ТАШКИЛИ СУДИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ВА ВАЗЪИ ҲУҚУҚИИ СУДЯҲО

(Қонуни конст. ҶТ аз 5.08.2009 № 537)

БОБИ 1. ҚОИДАҲОИ УМУМӣ

Моддаи 1. Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун мақомоти ҳокимияти судӣ

(Қонуни конст. ҶТ аз 5.08.2009 № 537)

Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун мақомоти мустақили ҳокимияти судӣ бо мақсади ҳифз, таъмини волоият ва амали бевоситаи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд таъсис гардидааст (Қонуни конст. ҶТ аз 5.08.2009 № 537).

Моддаи 2. Принсипҳои асосии фаъолияти Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон

(Қонуни конст. ҶТ аз 5.08.2009 № 537)

Принсипҳои асосии фаъолияти Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз мустақилият, дастҷамъӣ, ошкорбаёнӣ, мубоҳиса ва баробарҳуқуқии тарафҳо иборат аст (Қонуни конст. ҶТ аз 5.08.2009 № 537).

Моддаи 3. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон

(Қонуни конст. ҶТ аз 5.08.2009 № 537)

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни конститутсионии мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад (Қонуни конст. ҶТ аз 5.08.2009 № 537).

БОБИ 2. ҲАЙАТИ СУДИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ВА ТАРТИБИ ИНТИХОБИ ОН

Моддаи 4. Ҳайати Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 нафар судя: Раис муовини Раис ва 5 судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат аст. Яке аз судяҳо намояндаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мебошад.

Ба вазифаи судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқшиносе интихоб мешавад, ки синни ӯ аз 30 кам ва аз 65 зиёд набошад ва беш аз 10 сол собиқаи кории касбӣ дошта бошад (Қонуни конст. ҶТ аз 5.08.2009 № 537).

Судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд забони давлатиро донад (Қонуни конст. ҶТ аз 28.06.2011 № 728).

Моддаи 5. Мӯҳлати ваколати судяҳои Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мӯҳлати 10 сол интихоб мешавад (Қонуни конст. ҶТ аз 28.02.2004 № 11).

Агар мӯҳлати ваколати судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавриди дида баромадани кор бо иштироки ӯ ба охир рассад, ваколаташ то баррасии интиҳоии он кор нигоҳ дошта мешавад.

Моддаи 6. Тартиби интихоби судяҳои Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Раис, муовини Раис ва судяҳои Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тариқи алоҳида интихоб мешаванд. Шахсе интихобшуда ҳисоб мегардад, ки аксарияти овози шумораи умумии аъзои Маҷлиси миллиро гирифта бошад (Қонуни конст. ҶТ аз 6.06.2000 № 2).

Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ дорад дар сурати интихоб шудани камаш аз се ду ҳиссаи ҳайати он ба фаъолияти худ оғоз намояд.

Дар сурати пеш аз мӯҳлат аз вазифа рафтани раис, муовини ӯ ё судяҳои Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар иҷлосияи худ бо пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи тартибе, ки Қонуни коститутсионии мазкур муқаррар кардааст, ба ҷои онҳо шахсони дигарро интихоб менамояд (Қонуни конст. ҶТ аз 5.08.2009 № 537).

Моддаи 7. Савганди судяҳои Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Раис, муовини Раис ва судяҳои Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди интихоб шудан дар иҷлосияи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин савганд ёд мекунанд (Қонуни конст. ҶТ аз 6.06.2000 № 2):

"Ман ба сифати Раис, муовини Раис, судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон савганд ёд мекунам, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро сидқан риоя ва ҳифз менамоям, вазифаҳои ба зимаам ҳамчун Раис, муовини Раис, судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошташударо софдилона иҷро карда, фақат ва фақат ба конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон итоат мекунам".

БОБИ 3. СУДЯҲОИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Моддаи 8. Мустақилияти судяҳои Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Судяҳои Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вақти иҷрои вазифаҳои худ мустақил буда, фақат тобеи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамин Қонуни конститутсионӣ мебошанд. Ягон хел мудоҳила ба фаъолияти онҳо, инчунин ба ягон шакле таъсиррасонӣ ба мақсади мамониат кардан ба фаъолияти онҳо мумкин нест ва барои чунин амал аз рӯи Қонун ҷавобгарӣ пешбинӣ карда мешавад.

Мақоми судяи Суди конститутсионӣ бо ваколати вакилӣ, узвияти ҳизби сиёсӣ ва иттиҳодияи ҷамъиятии сиёсӣ, ишғоли вазифаи дигар фаъолияти соҳибкорӣ, иҷрои кор ва гирифтани музд дар дигар мақомоти давлатӣ ва ҷамъиятӣ, машғулият бо фаъолияти хусусӣ, ба истиснои фаъолияти эҷодӣ, илмӣ ва омӯзгорӣ номувофиқ мебошад.

Судяи Суди конститутсионӣ ҳуқуқ надорад, ки дар суд ё дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба сифати ҳимоятгар ё намоянда, ба ғайр аз намояндаи қонунӣ будан, иштирок кунад, ягон шахсро барои соҳиб шудан ба ҳуқуқ ё озод гардидан аз масъулият ҳимоя намояд.

Дар давоми мӯҳлати ваколат судяҳои Суди конститутсионӣ иваз карда намешавад. Онҳоро аз ваколаташон маҳрум кардан, ваколатҳояшонро маҳдуд кардан, аз вазифа холӣ кардан мумкин нест, ба истиснои ҳолатҳое, ки ҳамин Қонуни конститутсионӣ пешбинӣ кардааст.

Аз фаъолияти Суди конститутсионӣ ва судяҳои он оид ба масъалаҳои мурофиаи конститутсионӣ ҳисобот дода намешавад. Суди конститутсионӣ ҳар сол ба Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи вазъи қонунияти конститутсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нома мефиристад (Қонуни конст. ҶТ аз 5.08.2009 № 537).

Моддаи 9. Дахлнопазирии судяҳои Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Судяҳои Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дахлнопазиранд.

Судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бе розигии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашидан, ҳабс кардан, мавриди чораҳои ҷазои маъмурӣ, ки ба воситаи суд он татбиқ мегардад, қарор додан мумкин нест. Дастгир кардан, маҷбуран овардани вай фақат дар мавриде мумкин аст, ки дар ҷои содир намудани ҷиноят дошта шудааст ва дар ин бора фавран ба Раиси Суди конститутсионӣ ё муовини ӯ хабар дода шуда бошад. Парвандаи ҷиноӣ нисбати судяи Суди конститутсионӣ фақат аз тарафи Прокурои генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда мешавад. Парвандаи ҷиноӣ ва парванда дар бораи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ нисбати судяи Суди конститутсионӣ фақат тобеи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад (Қонуни конст. ҶТ аз 6.06.2000 № 2).

Дохил шудан ба манзил, ҷои кори судяи Суди конститутсионӣ, ба нақлиёти шахсӣ ё хизматии вай ва аз назар гузаронидани он ҷоҳо, кофтуков, гирифтан, инчунин тафтиш ва кофтукови шахсии судяи Суди конститутсионӣ, ҳамчунин тафтиш ва мусодира намудани молу мулк ва ҳуҷҷатҳои ба вай таалуқдошта фақат бо иҷозати Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон бинобар мавҷуд будани парвандаи ҷиноии оғозшуда нисбати он судя мумкин аст (Қонуни конст. ҶТ аз 5.08.2009 № 537).

Бе розигии Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати судяи Суди конститутсионӣ татбиқ намудани чораҳои маҷбурии хусусияти тиббӣ дошта, ғайриқобили амал донистан ва аз қобилияти амал маҳдуд намудани ӯ ва инчунин нисбати он дар суд парвандаи дахлдор оғоз намудан мумкин нест.

Судяи Суди конститутсиониро барои изҳори ақидааш дар мурофиаи суди конститутсионӣ мавриди ягон хел таъсиррасонӣ қарор додан мумкин нест.

Моддаи 10. Боздоштани ваколатҳои судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ваколатҳои судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистонро Суди конститутсионӣ дар ҳолатҳои зерин метавонад боздорад:

1) агар судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо вайронкунии тартиби муқарраргардида интихоб шуда бошад;

2) агар бо тартиби муқараршуда барои ҳабси судя ва ё ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашидани вай розигӣ дода шуда бошад.

Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ваколатҳои судяро то аз байн рафтани асосҳои дар боло зикршуда боздошта метавонад.

Мавҷудияти асосҳои барои боздоштани ваколатҳои судя бо таъиноти Суди конститутсионӣ муқаррар ва ҳал карда мешавад.

 Моддаи 11. Бозхонди судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон

(Қонуни конст. ҶТ аз 12.05.2001 № 23)

Бозхонди судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавридҳои зерин амалӣ мегардад (Қонуни конст. ҶТ аз 6.06.2000 № 2, аз 12.05.2001 № 23):

1) ба сабаби қонеъ гардонидани хоҳиши судя дар бораи истеъфояш;

2) нисбати ӯ мавҷуд будани ҳукми айбдоркунии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки эътибори қонунӣ пайдо кардааст;

3) дар асоси қарори қувваи қонунӣ пайдокардаи суд дар бораи ғайриқобили амал, бедарак ғоибшуда ё фавтида донистани он;

4) ба сабаби вафоти судя;

5) машғул шудани судя ба фаъолияте, ки ба вазифаи ӯ номувофиқ аст;

6) маҳрум шудани судя аз шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

7) содир намудани кирдоре, ки шаъну эътибори судяро паст намезанад;

8) бе сабабҳои узрнок зиёда аз ду маротиба пай дар пай иштирок накардани судя дар маҷлисҳои Суди конститутсионӣ ва ё саркашӣ кардани ӯ аз овоздиҳӣ;

9) ба сабаби вазъи саломатӣ ва ё бо дигар сабабҳои узрнок муддати дуру дароз (на камтар аз чор моҳ пай дар пай) вазифаҳои худро иҷро накардани судя;

10) ба охир расидани мӯҳлати ваколати судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон (Қонуни конст. ҶТ аз 12.05.2001 № 23).

11) вайрон кардани тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба танзими анъана ва ҷашну маросимҳо (Қонуни конст. ҶТ аз 30.07.2007 № 292).

Бо қатъи ваколатҳои судяи Суди конститутсионӣ ваколатҳояш ҳамчун Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини он ва котиби Суди конститутсионӣ низ қатъ мегардад.

Моддаи 11(1). Истеъфои судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон

(Қонуни конст. ҶТ аз 12.05.2001 № 23)

Истеъфои судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ифтихор аз вазифа рафтани ӯ мебошад. Барои судяе, ки дар истеъфо мебошад, номи судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, кафолати дахлнопазирии шахсиаш ва мансубияташ ба ҷомеаи судяҳо нигоҳ дошта шуда, ба ӯ шаҳодатномаи судяи дар истеъфобудаи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад.

Ҳар судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ дорад, бо хоҳиши худ сарфи назар аз синну сол ба истеъфо барояд.

Судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон он гоҳ ба истеъфо баромада ҳисоб мешавад, ки агар ӯ бо асосҳои зерин бозхонд шуда бошад;

аризаи хаттиаш дар бораи ба истеъфо рафтан қонеъ гардида бошад;

агар мӯҳлати ваколаташ ба охир расида бошад;

агар ҳалномаи суд дар бораи ғайри қобили амал донистани ӯ қувваи қонунӣ пайдо карда бошад;

агар бо сабаби вазъи саломатӣ ё бо дигар сабабҳои узрнок муддати дуру дароз (на камтар аз чор моҳ пай дар пай) вазифаи худро иҷро карда натавонад.

Ба судяи Суди конститутсионии дар истеъфобуда, ки сию панҷ сол собиқаи кории умумии ҳуқуқшиносӣ, аз ҷумла на камтар аз понздаҳ сол собиқаи кории судягӣ дорад, таъминотпулии ҳармоҳаи умрбод баробар ба шаст фоизи музди меҳнати судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохт карда мешавад. Таъминотпулии ҳармоҳаи умрбод барои ҳар соли минбаъдаи корӣ дар вазифаи судягӣ ба андозаи як фоизи музди меҳнати судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёд карда мешавад, вале он аз шасту панҷ фоизи музди меҳнати судя зиёд буда наметавонад (Қонуни конст. ҶТ аз 19.03.2013 № 935).

Моддаи 12. Муҳофизати ҳуқуқи меҳнатии судяҳои Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ба судяи Суди конститутсионӣ, ки мӯҳлати ваколаташ ба охир расидааст ва ё хоҳиши ӯ барои ба истеъфо баромаданаш қонеъ гардонида шудааст, вазифаи (кори) пештарааш ва ё вазифаи (кори) ба он баробар дода мешавад.

Муддати дар вазифаи судяи Суди конститутсионӣ кор карданаш ба собиқаи кор аз рӯи ихтисос (хизмат) ба ҳисоб гирифта мешавад.

Моддаи 13. Дараҷаҳои тахассусии судяҳои Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва рутбаҳои кормандони Дастгоҳи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон

(Қонуни конст. ҶТ аз 3.03.2006 № 159)

Ба Раис, муовини ӯ ва судяҳои Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дараҷаҳои тахассусӣ ва ба кормандони Дастгоҳи Суди конститутсиони рутбаҳо дода мешаванд.

Дараҷаҳои тахассусии судяҳои Суди конститутсионӣ ва рутбаҳои кормандони Дастгоҳи Суди конститутсиониро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар мекунад.

Низомномаи тартиби додани дараҷаҳои тахассусии судяҳои Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва рутбаҳои кормандони Дастгоҳи онро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад (Қонуни конст. ҶТ аз 3.03.2006 № 159).

БОБИ 4. САЛОҲИЯТИ СУДИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Моддаи 14. Салоҳиятҳои Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон

(Қонуни конст. ҶТ аз 5.08.2009 № 537)

Суди конститутсионин Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ будани лоиҳаи тағйиру иловаҳои ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон воридшаванда, лоиҳаи қонунҳо ва дигар масъалаҳоеро, ки ба раъйпурсии умумихалқӣ пешниҳод карда мешаванд, муайян менамояд (Қонуни конст. ҶТ аз 20.03.2008 № 368).

Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаҳоро оиди ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқат доштани:

а) қонунҳо,  санадҳои ҳуқуқии якҷояи Маҷлиси милли ва Маҷлиси намояндагон, Маҷлиси милли, Маҷлиси намояндагон, Президент, Ҳукумат, Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ ва дигар мақомоти давлатию ҷамъиятӣ, шартномаҳои байналмилалии эътибори қонун пайдонакардаи Тоҷикистон (Қонуни конст. ҶТ аз 28.02.2004 № 11, аз 20.03.2008 № 368);

б) санадҳои ҳуқуқии мақомоти маҳаллии намояндагӣ ва иҷроияи ҳокимият, шартномаҳои аз тарафи вилоятҳо, ноҳияҳо ва шаҳрҳо ҷумҳурӣ басташуда;

в) шартномаҳои байни мақомоти ҷумҳуриявӣ ва маҳалии ҳокимият;

г) салоҳиятҳои дигареро, ки Конститутсия ва қонунҳо муайян кардаанд, ҳаллу фасл мекунад (Қонуни конст. ҶТ аз 6.06.2000 № 2аз 28.02.2004 № 11, аз 5.08.2009 № 537).

Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳсҳои вобаста ба салоҳиятро:

а) байни мақомоти ҷумҳуриявии ҳокимияти давлатӣ;

б) байни мақомоти ҷумҳуриявӣ ва маҳалии ҳокимияти давлатӣ;

в) байни мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти ҳудудии худидоракунии маҳаллӣ ҳаллу фасл мекунад.

Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳоро оид ба вайронкунии ҳуқуқу озодиҳои конститутсионии шаҳрвандон вобаста ба қонун ва дигар санади ҳуқуқии татбиқшуда ё татбиқшаванда дар муносибати мушаххаси ҳуқуқӣ баррасӣ мекунад, инчунин ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ будани қонун, дигар санади ҳуқуқӣ ва тавзеҳоти дастурии Пленумҳои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар парвандаи мушаххас, ки аз тарафи суд нисбаташон татбиқ шудааст, бо тартибе, ки Қонуни конститутсионии мазкур муқаррар кардааст, муайян менамояд (Қонуни конст. ҶТ аз 20.03.2008 № 368).

Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сурати аз тарафи Президент содир шудани ҳиёнат ба давлат хулоса медиҳад (Қонуни конст. ҶТ аз 6.06.2000 № 2).

Моддаи 15. Салоҳиятҳои дигари Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон

(Қонуни конст. ҶТ аз 5.08.2009 № 537)

Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон:

а) дастури Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистонро қабул мекунад (Қонуни конст. ҶТ аз 5.08.2009 № 537);

б) ваколатҳои Судяҳои Суди конститутсиониро дар ҳолатҳое, ки ин қонуни конститутсионӣ пешбинӣ кардааст, бозмедорад;

в) котиби Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистонро интихоб мекунад;

г) салоҳиятҳои дигареро, ки қонун ба вай додаст, амалӣ менамояд (Қонуни конст. ҶТ аз 5.08.2009 № 537).

Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ дорад аз ҳамаи мақомоти давлатӣ, корхонаҳо ва ташкилотҳо, ҳизбҳои сиёсӣ ва дигар иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, муассисаҳои илмӣ ва марказҳои иттилоотӣ маълумоти зарурӣ дархост намояд ва гирад, инчунин бо тартиби муқарраргардида мутахассисонро ба кори экспертӣ ва илмию машваратӣ ҷалб намояд (Қонуни конст. ҶТ аз 5.08.2009 № 537).

Хориҷ карда шуд (Қонуни конст. ҶТ аз 28.02.2004 № 11).

Моддаи 16. Ҳатмӣ будани санадҳои Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон

(Қонуни конст. ҶТ аз 28.02.2004 № 11)

Санадҳои Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон қатъӣ буда, нисбати онҳо шикоят кардан мумкин нест ва иҷрои онҳо аз тарафи ҳамаи мақомот, корхонаҳо, муассисаҳо, ташкилотҳо, ҳизбҳои сиёсӣ ва дигар иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ , шахсони мансабдор ва шаҳрвандон, ки қарорҳо ба онҳо дахл доранд, ҳатмӣ мебошад. Барои иҷро накрдани онҳо мувофиқи Қонун ҷавобгарӣ пешбинӣ шудааст (Қонуни конст. ҶТ аз 5.08.2009 № 537).

Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон оиди масъалаҳое,ки дар қисми чоруми моддаи 14-уми ҳамин Қонуни конститутсионӣ пешбинӣ шудааст, хулоса медиҳад, ки он аз тарафи Маҷлиси милли ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба асос гирифта мешавад (Қонуни конст. ҶТ аз 28.02.2004 № 11).

Қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ё баъзе нуқтаҳои онҳо аз тарафи Суди конститутсионӣ ғайриконститутсионӣ дониста шудаанд, эътибори худро гум мекунанд, дар баробари ин амали дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва санадҳои дигаре, ки ба санади ғайриконститутсионӣ эътирофшуда асос ёфтаанд, бекор мегардад. Дар ҳолати аз тарафи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шудани хулоса дар бораи риоя нашудани тартиби пешниҳоди айбдоркунии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар содир намудани хиёнат ба давлат, баррасии айбдоркуни қатъ карда мешавад (Қонуни конст. ҶТ аз 28.02.2004 № 11)

Санадҳои судҳо ва дигар мақомоти татбиқкунандаи қонун, ки ба санади меъёрию ҳуқуқии ғайриконститутсионӣ донисташуда асос ёфтаанд, мавриди иҷро қарор намегиранд (Қонуни конст. ҶТ аз 28.02.2004 № 11).

Аз тарафи Суди контитутсионӣ ғайри конститутсионӣ донистани шартномаҳои байналмилалии эътибори қонун пайдонакардаи Ҷумҳурии Тоҷикистон онро ифода мекунанд, ки ин шартномаҳо ё баъзе нуқтаҳои онҳо барои Ҷумҳурии Тоҷикистон эътибор надорад (Қонуни конст. ҶТ аз 5.08.2009 № 537).

Натиҷаҳои интихобот ва райъпурсӣ, ки аз тарафи Суди конститутсионӣ ғайриконститутсионӣ дониста шудааст, бекор карда мешавад.

Хориҷ карда шуд (Қонуни конст.ҶТ аз 22.05.1998 № 614).

Моддаи 17. Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон:

а) ба тайёр намудани парвандаҳо ва дигар масъалаҳо барои баррасӣ дар маҷлиси Суди конститутсионӣ роҳбарӣ мекунад;

б) маҷлиси Суди конститутсиониро даъват мекунад, барои баррасии он масъалаҳоро пешниҳод менамояд ва дар он раисӣ мекунанд;

в) ҳар сол ба  Маҷлиси милли ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи вазъи қонунияти конститутсионӣ дар ҷумҳурӣ нома мефиристад (Қонуни конст. ҶТ аз 28.02.2004 № 11);

г) Суди конститутсиониро дар муносибатҳо бо мақомоти давлатӣ ва ҷамъиятӣ, корхонаҳо, муассисаҳо, ташкилотҳо ва шахсони мансабдор намояндагӣ мекунад; д) вазифаҳои муовини Раиси Суди конститутсиониро муайян мекунад;

е) кори судяҳои Суди конститутсиониро ташкил мекунад ва ба дастгоҳи он роҳбарӣ менамояд;

ж) ба Суди конститутсионӣ дастури онро барои қабул пешниҳод мекунад  (Қонуни конст. ҶТ аз 5.08.2009 № 537);

з) номзадии котиби Суди конститутсиониро пешниҳод менамояд;

и) барои гузаронидани маҷлисҳо, таъмини амнияти иштирокчиён ва ҳозирони он тадбирҳо меандешанд;

к) кормандони Дастгоҳи Суди конститутсиониро ба кор қабул ва аз кор озод менамояд (Қонуни конст. ҶТ аз 5.08.2009 № 537);

л) ба санадҳо ва протоколҳои маҷлисҳои Суди конститутсионӣ имзо мекунад (Қонуни конст. ҶТ аз 28.02.2004 № 11);

м) низомномаро дар бораи Дастгоҳи Суди конститутси онӣ, сохтор ва штати он тасдиқ мекунад;

н) мувофиқи қонунгузорӣ дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ваколатҳои дигарро иҷро мекунад.

Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи ваколатҳои худ амру фармонҳо мебарорад (Қонуни конст. ҶТ аз 5.08.2009 № 537).

Раиси Суди конститутсиони ҳуқуқ дорад дар ҷаласаҳои якҷояи Маҷлиси милли ва Маҷлиси намояндагон, ҷаласаҳои Маҷлиси милли, Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пленумҳои Суди Оли ва Суди Олии иқтисоди, дигар мақомоти давлати ва ҷамъияти иштирок намояд (Қонуни конст. ҶТ аз 28.02.2004 № 11).

Моддаи 18. Муовини Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Муовини Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сурати набудани Раис ё вазифаи худро иҷро карда натавонистанаш вазифаи ӯро иҷро мекунад, мувофиқи салоҳдиди Раиси Суди конститутсионӣ дигар вазифаҳои алоҳидаи ӯро иҷро менамояд.

Моддаи 19. Котиби Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Котиби Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумлаи судяҳои Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мӯҳлати ваколати Суди конститутсионӣ интихоб карда мешавад.

Котиби Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари иҷрои вазифаи судяи Суди конститутсионӣ вазифаҳои зайлро анҷом медиҳад:

а) оид ба тайёр намудани маҷлисҳои Суди конститутсионӣ кори ташкилиро анҷом медиҳад ва барои иҷрои қарорҳои қабулкардаи Суди конститутсионӣ тадбирҳои зарурӣ меандешанд;

б) кори таҳияи протоколҳои маҷлиси Суди конститутсионӣ ва дар вақташ тартиб додани онро ташкил менамояд;

в) ба санадҳо ва протоколҳои маҷлисҳои Суди конститутсиониро имзо мекунад (Қонуни конст. ҶТ аз 28.02.2004 № 11);

ба мақомоти дахлдор, инчунин корхонаҳо, ташкилотҳо, шахсони мансабдор ва шаҳрвандон фиристодани ҳуҷҷатҳои хизматиро ташкил менамояд;

г) ваколатҳои дигарро мувофиқи ҳамин Қонуни конститутсионӣ иҷро мекунад .

ФАСЛИ II. ҚОИДАҲОИ МУРОФИАИ СУДӢ ДАР СУДИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

БОБИ 5. ПРИНСИПҲОИ МУРОФИАИ СУДИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Моддаи 20. Ба таври дастҷамъӣ баррасӣ кардани парвандаҳо дар Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Баррасӣ кардани парвандаҳо, додани хулоса, масъалаҳои боздошти ваколати судяҳо ва қабули Дастур дар Суди конститутсионӣ ба таври дастҷамъӣ дар ҳайъати на камтар аз се ду ҳиссаи шумораи умумии судяҳо сурат мегирад (Қонуни конст. ҶТ аз 5.08.2009 № 537).

Маҷлиси Суди конститутсионӣ доир ба масъалаҳои дигар дар сурате салоҳиятнок аст , ки агар дар он бештар аз нисфи ҳайати судяҳо иштирок намоянд.

Санадҳои Суди конститутсионӣ бо аксарияти овозҳои судяҳои дар маҷлис иштирокдошта қабул мегардад (Қонуни конст. ҶТ аз 28.02.2004 № 11).

Моддаи 21. Мустақилии судяҳо дар мурофиаи Суди конститутсионӣ

Судяҳои Суди конститутсионӣ ҳангоми баррасии парвандаҳо мустақиланд, ба далелҳо аз рӯи эътиқоди ботинии худ баҳо медиҳанд ва танҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамин Қонуни конститутсионӣ итоат мекунанд. Дар мурофиаи судӣ барои судяҳои Суди конститутсионӣ ягон санади дигар қувваи ҳатмӣ надорад.

Радкунӣ ва худрадкунии судяи Суди конститутсионӣ дар сурате мумкин аст, ки агар объективона будани муносибати судя бинобар бавосита ё бевосита шахсан манфиатдор будани ӯ ба оқибати кор боиси шубҳа гардад.

Масъала оиди радкунӣ ва худрадкунӣ судяи Суди конститутсионӣ дар хонаи машваратӣ бо роҳи баровардани таъинот ҳаллу фасл карда мешавад.

Судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳақ надорад , ки дар ягон ҷо, ғайр аз маҷлиси Суди конститутсионӣ, доир ба масъалае, ки метавонад мавриди баррасии Суди конститутсионӣ қарор гирад, ҳамчунин ин масъала аз тарафи Суди конститутсионӣ омӯхта мешавад ё барои баррасӣ гирифта шудааст, то қабул намудани қарор оид ба масъалаи мазкур фикри шахсии худро баён намояд.

Ҳеҷ кас ҳақ надорад, ки аз судяи Суди конститутсионӣ талаб кунад ва ӯ низ ҳақ дорад, ки то оғози маҷлиси суд дар бораи қонунӣ ё ғайриқонунӣ будани қонунҳо ва дигар санадҳои муҳокимашаванда изҳори ақида намояд, доир ба масъалаҳое ки мавриди баррасии Суди конститутсионӣ мешаванд , ё шуда метавонанд , фикрашро баён созад ё маслиҳат кунад.

Касе ҳақ надорад, ки аз судяи Суди конститутсионӣ оиди иштирокаш дар муҳокимаи парванда ҳисобот талаб кунад.

Ҳар гуна дахолат ба фаъолияти мурофиавии судяҳо, расонидани таъсир ба онҳо мумкин нест ва барои ин аз рӯи Қонун ҷавобгарӣ пешбинӣ мешавад.

Моддаи 22. Дахлнопазирии судяҳо дар мурофиаи Суди конститутсионӣ

Ҳеҷ кас ҳақ надорад судяро аз иштирок дар маҷлиси Суди конститутсионӣ дур кунад, ғайр аз ҳолатҳое, ки ваколатҳои ӯ мувофиқи ҳамин Қонуни конститутсионӣ

боздошта шуда бошад ва ҳам дар сурате, ки радкунӣ ё худрадкунии судя қонеъ кунонида шуда бошад.

Моддаи 23. Баробарҳуқуқии судяҳои Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Судяҳои Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми баррасии парвандаҳо шахсан баромад мекунад, дар таҳқиқи далелҳо баҳо додан ба онҳо ҳуқуқи баробар доранд.

Моддаи 24. Ошкоро будани мурофиаи Суди конститутсионӣ

Муҳокимаи парвандаҳо дар Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ошкоро гузаронида мешавад, ба истиснои ҳолатҳое, ки он манфиатҳои муҳофизати сирри давлатӣ, таъмини амнияти шаҳрвандон сирри ҳаёти шахсии онҳо ва муҳофизати ахлоқу одоби ҷамъиятӣ мухолиф мебошад.

Дар ҳамаи ҳолатҳо қарори Суди конститутсионӣ ошкоро эълон карда мешавад.

Ҳангоми баррасии парвандаҳо бо иҷозати Суди конститутсионӣ воситаҳои ахбори омма метавонанд рафти маҷлисро ба навори киноӣ бардоранд, сурат гиранд, ба лента сабт намоянд, онро бо радио шунавонанд ва бо телевизион намоиш диҳанд .

Ҳангоми баррасии парвандаҳо протокол навишта, банаворгирӣ ва сабти овоз иҷозат дода мешавад ва шахсони дар маҷлис иштирокдошта метавонанд бо онҳо шинос шаванд.

Ҳузур доштани шахсони ноболиғ дар маҷлиси Суди конститутсионӣ номумкин аст, ба истиснои ҳолатҳое, ки пурсиши онҳо зарур бошад.

Моддаи 25. Парвандаҳоро бевосита баррасӣ кардани Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суди конститутсионӣ ҳақ надорад бе муҳокимаи бевоситаи парвандаҳо, ки тартиби онҳоро ҳамин Қонуни конститутсионӣ муқаррар кардааст, оиди моҳияти онҳо қарор қабул намояд.

Судяҳои Суди конститутсионӣ дар баррасии парванда аз лаҳзаи кушода шудани маҷлис то пӯшида шудани он шахсан иштирок мекунанд.

Ҳеҷ як судя ҳақ надорад аз баррасии парванда саркашӣ кунад, ба истиснои ҳолатҳое, ки ба иштироки ӯ дар маҷлис мамониат менамоянд.

Дар сурати ба маҷлис ҳозир шудани судяи нав муҳокимаи парванда аз сари нав оғоз меёбад.

Имконпазирии иштироки судя дар баррасии минбаъдаи парванда ба давом додани мурофиа дар сурати мавҷуд будани кворуми судяҳо мамониат намекунад, вале иштироки судяи баромадарафтаро дар машварати судяҳо ва қабули қарор истисно менамояд.

Дар вақти машварати Суди конститутсионӣ ҳеҷ яке аз судяҳое, ки дар маҷлис иштирок мекунанд, ҳақ надорад аз овоздиҳӣ худдорӣ кунад. Ҳар як судя вазифадор аст оиди парванда фикрашро пеш аз эълон шудани қарор шахсан баён намояд.

Моддаи 26. Муттасилии баррасии парвандаҳо дар Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Маҷлису машварати судяҳои Суди конститутсионӣ ҳангоми баррасии парвандаҳо муттасил давом мекунанд, ба ғайр аз вақти барои истироҳат муқарраркадаи қонунгузории меҳнат, инчунин вақте, ки барои тайёр кардани иштирокчиёни маҷлис ба суханронӣ зарур аст (Қонуни конст. ҶТ аз 5.08.2009 № 537).

Маҷлис дар ҳолатҳои даъват кардани шоҳидон, мутахассисон, экспертҳо, таъин шудани экспертиза талаб намудани далелҳои иловагӣ, набудани кворум ва дигар сабабҳо, ки ба баррасии парванда монеа мешаванд, метавонад қатъ ёбад ва ё мавқуф гузошта шавад. Баъди рафъ шудани монеаҳо баррасии парванда аз ҳамон ҷое, ки қатъ ёфта буд , боз давом дода мешавад.

Дар вақти қатъ ёфтани маҷлис аз ҷониби суд баррасӣ кардадани парвандаҳои дигаре, ки моҳиятан ба ин парванда дахл надоранд, манъ аст.

Агар баррасии парванда дар ҳамин маҷлис вақти зиёдро талаб кунад, Суди конститутсионӣ метавонад муҳокимаи онро ба мӯҳлате, ки барои рафъ кардани монеаҳои пайдошуда лозим аст, боздорад.

Мурофиаи боздошташуда аз ҳамон ҷое, ки боздошта шуда буд, давом дода мешавад.

Иваз шудани иштирокчиёни мурофиа барои давом додани мурофиа аз ҳамон ҷое, ки боздошта шуда буд, монеъ шуда наметавонад.

Моддаи 27. Шифоҳияти маҷлиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Маҷлиси Суди конститутсионӣ ба таври шифоҳӣ бурда мешавад. Суд вазифадор аст ҳангоми баррасии парванда шарҳу баён ва нутқи иштирокчиёни мурофиа ,нишондои шоҳидон , мутахассисон , экспертҳоро шунавад, ҳуҷҷатҳои дар парванда буда ва пешниҳодкардаи иштирокчиёни мурофиа, актҳои экспертиза, протоколҳо ва дигар далелҳои хаттиро эълон кунад.

Моддаи 28. Забони мурофиаи Суди конститутсионӣ

Мурофиаи Суди конститутсионӣ, баён ва эълон намудани санадҳои Суди конститутсионӣ ба забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад (Қонуни конст. ҶТ аз 28.02.2004 № 11).

Барои шахсони иштироккунандаи маҷлис, ки забони мурофиаи судиро намедонанд, Суди конститутсионӣ тарҷумаи мурофиаи судиро ба забони модарии онҳо ё ба забоне, ки онро медонанд, таъмин менамояд.

Шахсони иштироккунандаи парванда, шоҳидон, мутахассисон, экспертҳое, ки забони мурофиаи судиро намедонанд, метавонанд бо забони модариашон ё бо забоне ки медонанд, шарҳу эзоҳоти худро баён намоянд ва аз хизмати тарҷумон истифода баранд.

Протоколи маҷлиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба забони давлатӣ навишта мешавад.

Моддаи 29. Баҳсу мунозира ва баробарии тарафҳо

Тарафҳо дар ҳимояи мавқеи худ дар асоси баҳсу мунозираи, ки дар маҷлиси Суди конститутсионӣ сурат мегирад, дорои ҳуқуқу имкониятҳои баробар мебошад.

Моддаи 30. Махфияти машварати судяҳои Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳангоми машварати судяҳои Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар он парванда моҳиятан ҳал карда мешавад, ҳузур доштани шахсони бегона мумкин нест (Қонуни конст. ҶТ аз 6.06.2000 № 2).

Ошкор сохтани мулоҳизаҳое, ки ҳангоми машварати судяҳо гуфта шуданд, норавост.

Моддаи 31. Қонунӣ ва асоснок будани санади Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон

(Қонуни конст. ҶТ аз 28.02.2004 № 11)

Санади Суди конститутсионӣ бояд қонунӣ ва асоснок бошад.

Суди конститутсионӣ парвандаҳоро пурра, воқеъӣ ва холисона баррасӣ намуда, санадҳои худро дар асоси меъёрҳои Конститутсия,   ва ҳамин Қонуни конститутсионӣ асоснок менамоянд (Қонуни конст. ҶТ аз 6.06.2000 № 2аз 28.02.2004 № 11).

Моддаи 32. Қатъияти санади Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон

(Қонуни конст. ҶТ аз 28.02.2004 № 11)

Санади Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз вақти қабулаш эътибор пайдо мекунад, агар дар он тартиби дигар пешбинӣ нашуда бошад. Санадҳои суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон қатъӣ буда, аз хусуси онҳо шикоят кардан мумкин нест (Қонуни конст. ҶТ аз 6.06.2000 № 2аз 28.02.2004 № 11).

Моддаи 33. Ботантана гузаронида шудани Маҷлиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Маҷлиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вазъияти ботантана бо риояи ҳамаи талаботи одоби муоширати судӣ гузаронида мешавад.

Шахсони дар толори маҷлис ҳозирбуда ба амру фармонҳои раисикунанда дар бораи риояти тартиботи маҷлис бояд ҳатман итоат кунад. Ҳар гуна вайронкунии тартиботи толори маҷлис аз ҷониби раисикунанда фавран пешгирӣ карда мешавад.

Ҳангоми ба толор даромадан ва аз он баромадани судяҳои Суди конститутсионӣ ҳамаи шахсони ҳузурдошта аз ҷой бармехезанд.

Ҳар кадом иштирокчии маҷлис дар вақти ба суд муроҷиат намудан, баромад кардан, шарҳу баёнот додан, сухан гуфтан аз ҷой бармехезанд. Муроҷиат ба судяҳои Суди конститутсионӣ бо суханони "мӯҳтарам судя (ҳо)..." оғоз меёбад.

Санади Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон оиди моҳияти парванда аз номи Ҷумҳурии Тоҷикистон бароварда шуда ҳозирон онро рост истода гӯш мекунанд (Қонуни конст. ҶТ аз 28.02.2004 № 11).

БОБИ 6. МАНСУБИЯТИ ПАРВАНДАҲО БА СУДИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Моддаи 34. Мансубияти парвандаҳо

Парвандаҳо ба Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи салоҳияти ин суд, ки дар моддаи 14-уми ҳамин Қонуни конститутсионӣ пешбинӣ шудаанд, мансубият доранд.

Ба суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон санадҳои меъёрии ҳуқуқие низ мансубият доранд, ки дорои хусусияти махфӣ мебошанд.

Моддаи 35. Мансубияти чандин талабҳои бо ҳам алоқаманд

Дар сурати якҷоя намудани чандин талабҳои боӣ ҳам алоқаманд, ки чанде аз онҳо ба Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва чанди дигаре ба мақомоти дигари ҳокимияти давлатӣ мансубанд, танҳо талабҳо оид ба масъалаҳое мавриди баррасӣ қарор мегиранд, ки ба салоҳияти Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон мутаалиқанд.

Агар ҷудо кардани талабҳои ба ҳам алоқаманд барои ҳалли пурра ва объективонаю ҳамаҷонибаи парванда зарар расонад, он гоҳ ҳамаи талабҳо дар Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳал карда мешаванд.

Моддаи 36. Доираи ҳалли парванда дар Суди конститутси- онии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо масъалаҳои ҳуқуқро муайян ва ҳал менамояд.

Агар Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавзӯи дар пешниҳодот ва дархостҳо зикршударо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон номувофиқ шуморад, дар як вақт санадҳои меъёрии дигарро, ки дар асоси санади меъёрии ғайриконститутсионӣ донисташуда қабул гардиданд ё онро айнан такрор мекунанд ва ё ҳамон нуқтаҳои дар муроҷиатнома зикршударо дарбар мегиранд бекор мекунад. Дар ин сурат Суди конститутсионӣ дар доираи далелҳо ва мулоҳизаҳои дар пешниҳодот ва дархостҳо баёнгардида маҳдуд намешавад.

Моддаи 37. Субъектҳои ба Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиаткунанда

(Қонуни конст. ҶТ аз 20.03.2008 № 368)

Ба Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқи муроҷиат карданро доранд:

1) Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хусуси ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ будани тағйиру иловаҳои ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон воридшаванда, лоиҳаи қонунҳо ва дигар масъалаҳое, ки ба раъйпурсии умумихалқӣ пешниҳод карда мешаванд;

2) Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлисҳои вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳри Душанбе дар хусуси ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ будани қонунҳо, санадҳои ҳуқуқии якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои ҳуқуқии Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шартномаҳои байналмилалии ба қувваи қонун надаромадаи Тоҷикистон;

3) Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлисҳои вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳри Душанбе дар хусуси ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ будани санадҳои ҳуқуқии вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ ва дигар мақомоти идоракунии давлатӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ;

4) Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ ва идораҳои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлисҳои вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо, раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо оид ба баҳсҳои байни онҳо вобаста ба салоҳияташон;

5) Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар бораи вайронкунии ҳуқуқу озодиҳои конститутсионии муроҷиаткунанда дар хусуси ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ будани қонунҳо ва дигар санади ҳуқуқӣ;

6) шаҳрвандон оид ба вайронкунии ҳуқуқу озодиҳои конститутсиониашон вобаста ба қонун ва дигар санади ҳуқуқии татбиқшуда ё татбиқшаванда дар муносибати мушаххаси ҳуқуқӣ, инчунин ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ будани қонун, дигар санади ҳуқуқӣ ва тавзеҳоти дастурии Пленумҳои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар парвандаи мушаххаси аз тарафи суд нисбаташон татбиқшуда;

7) шахсони ҳуқуқӣ оид ба вайронкунии ҳуқуқу манфиатҳои конститутсиониашон нисбати қонун ва санади ҳуқуқии татбиқшуда дар муносибати мушаххаси ҳуқуқӣ, инчунин ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ будани қонун, дигар санади ҳуқуқӣ ва тавзеҳоти дастурии Пленумҳои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар парвандаи мушаххаси аз тарафи суд нисбаташон татбиқшуда;

8) се судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ба салоҳияти Суди конститутсионӣ мансубиятдошта;

9) дигар судҳо ва судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хусуси ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ будани қонун, дигар санади ҳуқуқӣ ва тавзеҳоти дастурии Пленумҳои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки судҳо дар парвандаи мушаххас татбиқ намудаанд ё татбиқ менамоянд (Қонуни конст. ҶТ аз 20.03.2008 № 368).

БОБИ 7. ИШТИРОКЧИЁНИ МУРОФИАИ СУДИ КОНСТИТУТСИОНӢ, ҲУҚУҚ ВА ВАЗИФАҲОИ ОНҲО

Моддаи 38. Иштирокчиёни мурофиаи Суди конститутсионӣ

Иштирокчиёни мурофиаи Суди конститутсионӣ инҳо дониста мешаванд:

1) тарафҳо - шахсон ва мақомоте, ки аз рӯи дархости онҳо мурофиаи Суди конститутсионӣ оғоз ёфтааст; шахсони мансабдор ва мақомоте, ки дар бораи конститутсионӣ будани амал ва қарори онҳо мурофиаи Суди конститутсионӣ оғоз ёфтааст; 2) намояндагони тарафҳо - намояндагон аз рӯи вазифа, намояндагон аз рӯи қонун, адвокатҳо. Иштирокчиёни мурофиаи Суди конститутсионӣ оиди ҳамон як масъала ҳақ доранд бурдани кори парвандаро ба яке аз намояндаҳо супоранд.

Ваколати намояндаи иштирокчии мурофиаи Суди конститутсионӣ ба тартиби муқарраркардаи қонун ба расмият дароварда мешавад .

Моддаи 39. Ҳуқуқ ва вазифаҳои иштирокчиёни мурофиаи Суди конститутсионӣ

Иштирокчиёни мурофиаи Суди конститутсионӣ дар доираи ваколатҳояшон ҳуқуқи баробари мурофиавӣ доранд.

Иштирокчиёни мурофиаи Суди конститутсионӣ ҳуқуқ доранд ки бо маводи парванда шинос шаванд, аз онҳо иқтибос гиранд, нусха бардоранд, далел оваранд, дар таҳқиқи далелҳо иштирок намоянд, далелу мулоҳизаҳои худро доир ба ҳамаи масъалаҳое, ки дар рафти мурофиа ба миён меоянд, пешниҳод намоянд ва нутқи хотимавӣ кунанд.

Тарафҳо ҳамчунин ҳуқуқ доранд , ки дархост изҳор намоянд, ба судяҳо даҳонӣ ва хаттӣ шарҳу баёнот диҳад, оиди изҳори дархост мулоҳизаҳои хешро баён кунанд.

Тарафе, ки ба ташаббуси он мурофиаи конститутсионӣ оғоз ёфтааст, ҳақ дорад пеш аз рафтани ҳайати суд ба хонаи машварат асос ё предмети талабҳоро тағйир диҳад, ҳаҷми онро зиёд ё кам кунад аз талабҳо даст кашанд.

Тарафе, ки нисбати он талабҳо гузошта шудаанд, ҳақ доранд онҳоро пурра ё қисман эътироф кунанд ё ба онҳо муқобил бароянд.

Ҳар тарф вазифадор аст, ки далелҳо оварда, ҳамон ҳолатҳоеро исбот кунад, ки онҳо ба он чун ба асоси талабу эътирозҳои худ истинод менамояд.

Иштирокчиёни мурофиаи Суди конститутсионӣ вазифадоранд аз ҳуқуқи худ поквиҷдона истифода баранд. Онҳо барои ба судяҳо расонидани маълумотҳои ошкоро, бардурӯғ аз рӯи қонун ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

БОБИ 8. ТАРТИБИ ОҒОЗ КАРДАНИ МУРОФИАИ СУДИ КОНСТИТУТСИОНӢ ВА БАРОИ БАРРАСӢ ТАЙЁР НАМУДАНИ ПАРВАНДА

Моддаи 40. Шакл ва мазмуни муроҷиат ба Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Муроҷиат ба Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шакли хаттӣ сурат мегирад.

Мақомот ва шахсони мансабдори дар зербандҳои 1)-5) ва 8)-9) моддаи 37 Қонуни конститутсионии мазкур зикрёфта ба Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳод ва шахсони дар зербандҳои 6)-7) моддаи номбурда зикрёфта бо дархост муроҷиат мекунанд (Қонуни конст. ҶТ аз 5.08.2009 № 537).

Дар пешниҳодот ва дархост бояд инҳо зикр шуда бошанд:

1) номи Суди конститутсионӣ;

2) ном, макон, суроға ва дигар маълумоти зарурӣ дар бораи шахси муроҷиаткарда;

3) ном, суроға ва дигар маълумот дар бораи намояндаи шахси муроҷиаткарда ва ваколати он, ба ғайр аз намояндагӣ аз рӯи вазифа;

4) ном, макон ва суроғаи мақомоти давлатӣ, шахси мансабдоре, ки санади меъёриро имзо кардааст ё баровардааст, ки конститусионӣ будани он санҷида мешавад; дар ҳолатҳои дахлдор ҳамин гуна маълумот дар бораи шахсони мансабдоре, ки фаъолияти онҳо мавриди баҳс қарор гирифтааст;

5) ҳолатҳое, ки тараф талаб ва далели худро ба онҳо асос мекунад. ва он фактҳои овардаи онҳоро тасдиқ менамояд;

6) номи аниқ, рақам, таърихи қабул, манбаи нашр ва дигар маълумотҳо оиди санади меъёрии мавриди баҳс қароргирифта;

7) асоснокнамоии мушаххаси мавқеъ оиди ғайриконститутсионӣ будани санади меъёрии мавриди баҳс қароргирифта ё фаолияти шахси мансабдор;

8) моҳияти талаб;

9) меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамин Қонуни конститутсионӣ, ки барои муроҷиат ба Суди конститутсионӣ ҳуқуқ медиҳад;

10) номгӯи ҳуҷҷатҳои замимашаванда ва рӯйхати шахсоне, ки ба Суди конститутсионӣ даъват карда мешавад, суроғаи онҳо.

Пешниҳод ва дархостро арзкунандаи дахлдор, ки дар моддаи 37-уми ҳамин Қонуни конститутсионӣ зикр шудааст, имзо мекунад ва ба он ҳар сол ҳуҷҷатҳои зерин замима мешаванд:

1) нусхаи матни санади меъёрӣ, ки конститутсионӣ будани он пурра ё қисми алоҳидаи он аз тарафи шахси манфиатдор мавриди баҳс қарор гирифтааст;

2) ҳуҷҷатҳо дар бораи ваколати намоянда ба ғайр аз ҳолатҳое, ки намояндагӣ аз рӯи вазифа ба амал бароварда мешавад.

Ба ҳуҷҷатҳое, ки ба забони дигар навишта шудаанд, бояд тарҷумаи ба забони мурофиаи судӣ замима карда шавад.

Пешниҳод ё дархост ва замимаи онҳо ба Суди конститутсионӣ на камтар аз 10 нусха пешниҳод карда мешавад. Бо талаби судя тарафи муроҷиаткунанда бояд миқдори дигари нусхаи ин ҳуҷҷатҳоро пешниҳод намояд.

Моддаи 41. Оқибати муроҷиат ба Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Раис пешниҳод ё дархости воридшударо ба судяи Суди конститутсионӣ барои омӯзиш ва санҷиш медиҳад (Қонуни конст. ҶТ аз 12.05.2001 № 23).

Судя пешниҳод ё дархостро санҷида, дар муддати як моҳ  ба Суди конститутсионӣ дар бораи оғоз кардани мурофиаи Суди конститутсионӣ ё рад кардани оғози мурофиаи Суди конститутсионӣ таклиф мегузорад (Қонуни конст. ҶТ аз 6.06.2000 № 2, аз 5.08.2009 № 537).

Суди конститутсионӣ таклифи судяро баррасӣ намуда, дар бораи оғоз кардани мурофиаи Суди конститутсионӣ таъинот мебарорад ва ба судя супориш медиҳад, ки парвандаро ба маҷлиси Суди конститутсионӣ тайёр намояд ё дар бораи рад кардани оғози мурофиаи Суди конститутсионӣ таъинот мебарорад ва дар ин хусус ба таври хаттӣ муроҷиаткунандаро огоҳ менамояд (Қонуни конст. ҶТ аз 5.08.2009 № 537).

Дар мавриди оғоз шудани мурофиаи Суди конститутсионӣ Суди конститутсионӣ метавонад бо таъиноти худаш то дида баромадани парванда амали санади баҳсшавандаро боздорад.

Моддаи 42. Рад шудани қабули пешниҳод ва дархост барои баррасӣ дар Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суди конститутсионӣ оғози мурофиаи Суди конститутсионӣ дар мавриде рад мекунад, ки агар:

1) пешниҳод ё дархост аз ҷиҳати шаклу мазмун ба талаботи моддаи 40-уми ҳамин Қонуни конститутсионӣ мувофиқ набошад;

2) пешниҳод ё дархост аз тарафи мақомот ё шахси (субъектӣ) беэътимод пешниҳод шуда бошад;

3) талаби дар пешниҳод ё дархост зикрёфта тобеи Суди конститутсионӣ набошад;

4) конститутсионӣ будани масъалаи дар пешниҳод ё дархост зикрёфтаро пештар Суди конститутсионӣ дида баромада, дар ин бора қарори Суди конститутсионӣ мавҷуд бошад.

Бекор ё аз эътибор соқит шудани санаде, ки конститутсионӣ будани он мавриди баҳс қарор гирифтааст, боиси қатъ шудани мурофиаи Суди конститутсионӣ шуда метавонад, ки кори он аз рӯи парвандаҳо оғоз шуда буд, ба истиснои мавридҳое, ки амали ин санад боиси вайронкунии ҳуқуқу озодиҳои конститутсионии шаҳрвандон гардидааст.

Моддаи 43. Тайёр намудани парванда барои дида баромадан дар Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Судя аз рӯи истеҳсолоти судии оғозёфта бояд дар мӯҳлати ду моҳ парвандаро ба муҳокима тайёр намояд, барои ин вай:

1) тарафҳоро аз рӯи парванда муайян менамояд, ба онҳо ҳуқуқу вазифаҳои мурофиавиашонро, ки ҳамин Қонуни конститутсионӣ пешбинӣ кардааст, фаҳмонида медиҳад, барои гирифтани далелҳо ва пешниҳод кардан ба Суди конститутсионӣ ба онҳо кӯмак мерасонад;

2) тарафи муроҷиаткунандаро мепурсад;

3) ҳуҷҷатҳо ва маълумоти дигари ба парванда дахлдоштаро талаб карда мегирад;

4) шахсони дахлдори мансабдорро мепурсад;

5) дар сурати зарурат олимон, кормандони амалиро ба сифати мутахассисон, экспертҳо ҷалб мекунад, барои гузаронидани тафтишу таҳқиқ ва экспертиза супориш медиҳад;

6) доираи шоҳидон, мутахассисон, экспертҳоро муайян менамояд;

7) масъалаи дар як мурофиаи судӣ муттаҳид намудани талабҳои бо ҳам алоқаманди шахсони гуногун ё аз ҳам ҷудо кардани талабҳои барояшон мансубнабударо, ки дар як муроҷиат изҳор шудаанд, ҳал менамояд;

8) дар бораи қатъ кардани истеҳсолоти судӣ дар сурати ба ихтиёри худ масъаларо пас гирифтани тарафе, бекор кардан ё беэътибор донистани санаде, ки қонунӣ будани он мавриди баҳс аст, ба Суди конститутсионӣ таклиф пешниҳод менамояд;

9) камаш даҳ рӯз пеш аз оғози маҷлис нусхаҳои маводи зарурии парвандаҳоро ба ҳамаи судяҳои Суди конститутсионӣ ва иштирокчиёни мурофиа месупорад;

10) дар бораи таъин кардани парванда барои баррасӣ дар маҷлис ба Суди конститутсионӣ таклиф пешниҳод мекунад;

11) ба иштирокчиёни маҷлис хабар медиҳад ва иштироки шахсони заруриро таъмин менамояд;

12) барои таъмини ҳалли дурусти парванда дигар амалҳоро иҷро менамояд.

Раиси Суди конститутсионӣ бинобар басо мушкил будани талабҳои изҳоршуда ё хеле муҳим будани онҳо метавонад барои баррасӣ тайёр намудани парвандаро ба якчанд судя супорад ва мӯҳлати тайёриро на бештар аз як моҳ дароз кунад.

Моддаи 44. Барои баррасии Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин кардани парванда

Суди конститутсионӣ парвандаро ба таври кофӣ тайёр шуморида, барои баррасӣ таъин намудани парванда таъинот мебарорад ё метавонад дар сурати ихтиёран масъаларо пас гирифтани тарафе ё дар мавриди бекор кардан ё аз эътибор соқит донистани санаде , ки конститутсионӣ будани он баҳсшаванда аст, мурофиаи судиро қатъ намояд ба истиснои ҳолатҳое, ки амали ин санади меъёрӣ ҳуқуқу озодиҳои конститутсионии шаҳрвандонро вайрон намуда бошад.

БОБИ 9. БАРАСИИ ПАРВАНДА АЗ ҶОНИБИ СУДИ КОНСТИТУТСИОНӢ

Моддаи 45. Мӯҳлати баррасии парванда дар Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Хориҷ карда шуд (Қонуни конст. ҶТ аз 6.06.2000 № 2). 

Баррасии масъала бояд дар Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми шаш моҳи баъд аз ошкор шудани сабаби дахлдор ба охир расад.

Моддаи 46. Тартиби баррасии парванда дар Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Парвандаҳо дар маҷлиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раисии Раиси Суди конститутсионӣ баррасӣ карда мешавад. Тартиби маҷлисро раисикунанда муайян менамояд (Қонуни конст. ҶТ аз 6.06.2000 № 2).

Раискунанда дар вақти таъиншуда:

1) маҷлиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон мекушояд; 2) парвандаеро, ки бояд баррасӣ шавад, эълон менамояд;

2) аз ҳозир будани шумораи кофии судяҳо ва таъмини таҳияи протокол итминон ҳосил мекунад; 4) ба котиби Суди конститутсионӣ барои маърӯза дар бораи ҳузур доштани иштирокчиёни маҷлис, шоҳидон, мутахассисон, экспертҳои даъватшуда ва сабаи ҳозир нашудани шахсони дигар сухан медиҳад;

3) ба тарафҳо ҳуқуқу вазифаҳои онҳо ва ба шахсони даъватшуда ӯҳдадорӣ ва масъулияти онҳоро фаҳмонда медиҳад;

4) аз иштирокчиёни маҷлис дархост доштани онҳоро дар хусуси даъват кардани шоҳидон, мутахассисон, экспертҳои иловагӣ, талаби далелҳои иловагӣ мепурсад ва масъалаҳои дигареро, ки дар рафти маҷлис ба миён меояд барои ҳал кардан ба муҳокимаи суд мегузорад;

5) аз оғози моҳиятан баррасишавии парванда эълон мекунад.

Ҳангоми баррасии парванда:

1) баррасии ҳар кадом парванда аз баромади судяи маърӯзачӣ оғоз меёбад, ки вай моҳияти парванда, сабабу асосҳои баррасии он, мазмуни маводи мавҷуда, инчунин ҷавобҳояшро ба саволҳои судяҳои Суди конститутсионӣ баён мекунад;

2) сипас бояд шарҳу баёни тарафҳо шунида шаванд . Судяҳои Суди конститутсионӣ метавонанд ба тарафҳо савол диҳанд;

3) Суди конститутсионӣ дар сурати зарурат баёноти шоҳидон ва экспертҳоро шунида, ба онҳо савол медиҳад. Пеш аз додани баёнот раисикунанда шоҳид ё экспертро дар бораи масъулияти онҳо барои саркашӣ кардан аз додани баёнот ё додани баёноти ошкоро бардурӯғ тибқи қонунгузорӣ огоҳ менамояд;

4) дар маҷлиси Суди конститутсионӣ мумкин аст ҳуҷҷатҳо эълон гардад ва баромади шахсони даъватшуда шунида шавад;

5) баъди ба охир расидани таҳқиқи шарҳу баёнот ва ҳуҷҷатҳои Суди конститутсионӣ нутқи хотимавии тарафҳоро мешунавад, ба шарте, ки онҳо баромад кардан хоҳанд;

6) агар Суди конститутсионӣ таҳқиқоти масъалаҳоро тамомшуда шуморад, раисикунанда дар бораи хатми шунидани парванда эълон мекунад;

7) дар рафти машварат, ки дар хонаи машваратӣ доир мегардад, судяҳои Суди конститутсионӣ метавонанд мавқеи худро оид ба масъалаи баррасишаванда озодона баён намояд ва аз дигар судяҳо хоҳиш кунанд, ки мавқеашонро аниқ намоянд (Қонуни конст. ҶТ аз 6.06.2000 № 2);

8) баъди имзо шудани қарори қабулкардаи Суди конститутсионӣ раискунанда онро дар толори маҷлис эълон мекунад;

9) агар дар рафти баррасии парванда муқаррар гардад, ки он ба Суди конститутсионӣ мансубият надорад, мурофиа оиди парванда қатъ карда, ба кадом мақомот муроҷиат намудани арзкунанда ҳатман нишон дода мешавад.

Даст кашидани арзкунанда аз талабҳояш, ихтиёран масъаларо пас гашта гирифтани тарафе дар рафти маҷлис асоси қатъ кардани мурофиаи судӣ мегардад.

Суди конститутсионӣ метавонад аз талабҳояш даст кашидани арзкунандаро ва ё ихтиёран масъаларо пас гирифтани тараферо қабул накунад, агар ин амалҳо хилофи Қонун бошанд ё ҳуқуқу манфиатҳои бо Қонун ҳифзшавандаи ягон касро вайрон кунанд.

БОБИ 10. САНАДҲОИ СУДИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

(Қонуни конст.ҶТ аз 22.05.1998 № 614)

Моддаи 47. Шакли санадҳои Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон

(Қонуни конст.ҶТ аз 22.05.1998 № 614)

Санадҳои Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз қарор, хулоса ва таъинот иборатанд (Қонуни конст. ҶТ аз 12.05.2001 № 23).  

Суди конститутсиони оиди моҳиятан дида баромадани парванда қарор мебарорад. Суди конститутсионӣ қарорро аз номи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебарорад. Ба қарори Суди конститутсионӣ раисикунанда ва котиби Суди конститутсионӣ имзо мекунанд. Қарори Суди конститутсионӣ қатъӣ буда, хулоса ва таъиноти он қатъӣ нестанд ва Суди конститутсионӣ бо ташаббуси худ, муроҷиати мақомот ё шахси ҳавасманд метавонад хулоса ва таъиноти худро аз нав дида барояд (Қонуни конст.ҶТ аз 22.05.1998 № 614).

Дар мавридҳои муқарраркардаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни конститутсионии мазкур Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон хулоса қабул менамояд. Хулосаи Суди конститутсионӣ бо тартибе ки барои қабул ва эълон намудани қарори Суди конститутсионӣ муайян шудааст, қабул мегардад.

Дигар санадҳои Суди конститутсионӣ дар шакли таъиноти протоколӣ ё таъиноти алоҳида қабул карда мешаванд (Қонуни конст.ҶТ аз 22.05.1998 № 614).

Ҳангоми ошкор шудани вайронкунии мушаххаси Конститутсия ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Суди конститутсионӣ ба мақомоти салоҳиятнок ва шахсони мансабдоре, ки ба вайронкунӣ роҳ додаанд, пешниҳодот медиҳад ва диққати онҳоро ба вайронкунии ошкоршуда ва зарурати бартараф намудани он ва дар мӯҳлати муқарраршуда ба Суди конститутсионӣ дар бораи чораҳои дидашуда расонидани хабар ҷалб менамояд.

Моддаи 48. Қабули қарор аз ҷониби Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қарори Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо овоздиҳии кушода қабул карда мешавад.

Судяҳо ҳақ надоранд аз овоздиҳӣ худдорӣ кунанд ва дар он иштирок накунанд. Раисикунанда дар ҳамаи ҳолатҳо дар охир овоз медиҳад.

Қарори Суди конститутсионӣ ҳамон вақт қабулшуда ҳисоб меёбад, агар ба тарафдории он аксарияти судяҳои дар маҷлис иштирокдошта овоз диҳад. Дар сурати аксарияти овозҳоро нагирифтани ягон таклиф раискунанда ду таклифи бештар овоз гирифтаро ба овоз мемонад.

Дар сурати баробар будани овозҳо қарор ба манфиати конститутсионӣ будани санаде, ки оиди он баҳс шудааст, қабулшуда ҳисоб меёбад.

Қарори Суди конститутсионӣ фаврӣ қабул ва эълон карда мешавад.

Моддаи 49. Фикри махсуси судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори конститутсионӣ розӣ нест, ҳақ дорад фикри худро дар шакли хаттӣ ифода карда, онро ба протоколи маҷлис ҳамроҳ намояд.

Фикри махсуси баёнёфтаи судя ба сифати замимаи қарори Суди конститутсионӣ чоп карда мешавад.

Моддаи 50. Мазмуни қарори Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар қарори Суди конститутсионӣ, ки дар шакли санади алоҳида пешниҳод карда мешавад, вобаста ба хусусияти масъала бояд инҳо нишон дода шаванд:

1) номи қарор, сана ва ҷои қабули он;

2) ҳайати суди конститутсионӣ, ки қарорро қабул намудааст, котиби маҷлис;

3) тарафҳо ва намояндагони онҳо;

4) предмети талабҳо;

5) меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамин Қонуни конститутсионӣ, ки ҳуқуқи Суди конститутсиониро барои баррасии ҳамин масъала муқаррар менамояд;

6) талаби арзкунанда;

7) ҳолатҳое, ки Суди конститутсионӣ муқаррар кардааст;

8) номи аниқи санади ҳуқуқӣ, ки конститутсионӣ будани он санҷида шудааст, бо нишон додани сарчашмаи чопи он ё қабули он;

9) амал ё қарори шахси мансабдоре, ки конститутсионӣ буданаш санҷида шудааст бо нишон додани сарчашмаи чоп ё қабули он;

10) далелҳои, ки асоси қарори Суди конститутсионӣ гардидаанд, ва дар мавриди зарурат инчунин далелҳое, ки фикри тарафҳоро рад мекунад;

11) меъёри Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки онро Суди конститутсионӣ дар вақти қабули қарор ба асос гирифтааст;

12) баёни мухтасари қарор;

13) тартиби эътибор пайдо кардани қарор, инчунин тартиб ва мӯҳлати иҷрои он;

14) зикри қатъӣ будани қарор.

Моддаи 51. Қарори иловагӣ

Суди конститутсионӣ қарори иловагиро бо ташаббуси худ, бо дархости иштирокчиёни маҷлис ва ё бо дархости шахсоне, ки барои иҷрои қарор вазифадоранд, дар сурате қабул мекунанд, ки :

1) дар бораи шарҳу эзоҳ додани қарори Суди конститутсионӣ масъала гузошта шавад;

2) зарурати ислоҳ кардани ноаниқии ном ва ифодаҳо, ғалатҳо, ҳисоб ва дигар хатоҳои дорои хусусияти таҳрирӣ дар қарори Суди конститутсионӣ ба миён омода бошад.

Қарори иловагӣ на бояд хилофи маънию мазмун ва моҳияти қарори Суди конститутсионӣ бошад.

БОБИ 11. МАСЪАЛАҲОИ ДИГАРИ ТАШКИЛИ ФАЪОЛИЯТИ СУДИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Моддаи 52. Ҳуқуқи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои андохтани ҷарима ва татбиқи чораҳои дигари ҳимояи мурофиавӣ

Бо мақсади ҳимояи шаъну эътибори судяҳои Суди конститутсионӣ иштирокчиёни мурофиа ва таъмини рафти мӯътадили мурофиаи судяи Суди конститутсионӣ барои ҳар як ҳодисаи вайронкунӣ метавонад шахсро аз маҷлис дур кунад, ба шахсони мансабдор дар ҳаҷми аз панҷ то даҳ музди камтарини меҳнат ва ба шаҳрвандон аз даҳ то панҷ нишондиҳанда барои ҳисобҳо, шахсони ҳуқуқӣ ба андозаи аз даҳ то понздаҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо андозад, агар он ба вайронкуниҳо дар ин шаклҳо зоҳир гарданд (Қонуни конст. ҶТ аз 6.10.2008 № 415, аз 5.08.2009 № 537):

1) дахолат кардан ба фаъолияти мурофиавии судяҳо ва расонидани таъсир ба онҳо;

2) иҷро накардан ё сари вақт иҷро накардани талабҳо ва қарорҳои Суди конститутсионӣ ё судяҳо дар рафти тайёрӣ ва баррасии парванда;

3) ҳозир нашудан ё сабаби ҳозирнашавиро ба Суди конститутсионӣ хабар надодан;

4) вайрон кардани тартибот дар маҷлиси Суди конститутсионӣ, итоат накардан ба судяҳо ё шахсони хизматрасони Суди конститутсионӣ, беэътиноӣ нисбат ба меъёрҳои қабулшудаи Суди конститутсионӣ оиди қоидаҳои одоби муошират ва расму оин;

5) муносибати таҳқиромезона ба судяҳои Суди конститутсионӣ;

6) худсарона вайрон кардани тартиби баромадҳо аз ҷониби иштирокчиёни маҷлис; 7) истифодаи ибораҳои таҳқиромезона.

Чораҳои ҳимояи мурофиавӣ аз рӯи таъиноти протоколии Суди конститутсионӣ фавран татбиқ карда мешавад, агар вайронкуниҳои дар ҳамин модда зикрёфта дар рафти маҷлис зоҳиршуда бошанд.

Чораҳои дигари ҳимояи мурофиавӣ дар ҳолатҳо ва бо тартиби пешбиникардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ карда мешавад (Қонуни конст. ҶТ аз 5.08.2009 № 537).

Ҷарима бояд аз ҷониби вайронкунандаи тартиботи маҷлиси судӣ на дертар аз панҷ рӯзи огоҳ кардани вай пардохта шавад. Ҳангоми дар мӯҳлати муқарраргардида ихтиёран напардохтани ҷарима он ба таври маҷбурӣ мувофиқи тартиби пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад (Қонуни конст. ҶТ аз 5.08.2009 № 537).

Моддаи 53. Протоколи Маҷлиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Маҷлиси Суди конститутсионӣ мунтазам аз лаҳзаи кушодашавии маҷлис то пурра ба охир расидани он дар протокол сабт мешавад.

Протоколи маҷлис бояд инҳоро дар бар гирад:

1) ҷой ва санаи маҷлис бо зикри вақти саршавӣ ва ба охиррасии он;

2) ҳайати судяҳои ҳозирбуда;

3) ҳайати судяҳои ҳозирнабуда ва сабаби ҳузур надоштани онҳо;

4) фамилияи котиби маҷлис;

5) фамилия, вазифа ва дигар маълумоти ҳар як иштирокчии маҷлис;

6) номи парвандаи баррасишаванда;

7) маълумот дар бораи амалҳое, ки дар маҷлис ба вуқӯъ меоянд, бо ҳамон тартибе, ки ҷой доштанд ва натиҷаи онҳо;

8) маълумот дар бораи пешниҳодот ё дархост, шарҳу баёноти иштирокчиёни маҷлис, нишондоди шоҳидон, хулосаи мутахассисон, экспертҳо, саволҳои ба онҳо додашуда ва ҷавоби онҳо;

9) маълумот дар бораи шоҳидон, мутахассисон, экспертҳо;

10) фикри дар машварат баёнкардаи судяҳо;

11) масъалаҳои ҳангоми овоздиҳии судяҳо ба миён гузошташуда ва натиҷаи овоздиҳӣ.

 Барои таъмини пуррагии протокол стенограмма ва воситаҳои илмию техникӣ истифода карда мешавад. Истифодаи воситаҳои илмию техникӣ дар протоколи маҷлис нишон дода мешавад.

Ба парванда протокол ва чунин воситаҳои техникӣ истифодабурдаи суд ҳамроҳ карда мешавад: фонограмма, видеолента, кинолента.

Протокол бояд на дертар аз панҷ рӯзи баъди ба охир расидани маҷлис таҳия ва чоп карда шавад.

Ба протокол шахси раисикунандава котиби Суди конститутсионӣ имзо мекунанд.

Моддаи 54. Иҷрои қарори Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қарор ва хулосаи Суди конститутсионӣ аз вақти қабул ё вақти дар он муқарраршуда эътибор пайдо менамояд. Санади дигари Суди конститутсионӣ аз вақти эълон шуданаш эътибор пайдо мекунад.

Қарор ва хулосаи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар воситаҳои ахбори омма инъикос ва чоп мешаванд. Бо қарори Суди конститутсионӣ санадҳои дигари он низ чоп мешаванд.

Қарорҳо ва хулосаҳои Суди конститутсионӣ ба инҳо фиристода мешаванд:

1) Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (Қонуни конст. ҶТ аз 28.02.2004 № 11);

2) Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;

3) Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

4) Суди Олӣ ва Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

5) Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

6) Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;

7) Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (Қонуни конст. ҶТ аз 28.02.2004 № 11);

8) тарафҳо

9) ба дигар мақомот ва шахсони мансабдор, инчунин шаҳрвандон бо амри Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Дар бораи чораҳои қабулшуда оиди иҷрои қарор ба Суди конститутсионӣ дар мӯҳлати муқарраркардаи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дода мешавад.

Тартиби иҷрои қарорҳоро Суди конститутсионӣ муайян менамояд.

Моддаи 55. Оқибатҳои иҷро накардани қарори Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Барои иҷро накардан ё бояду шояд иҷро накардан ва ё мамониат намудан барои иҷрои қарори Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи Қонун ҷавобгарӣ пешбинӣ карда мешавад.

Моддаи 56. Дастгоҳи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дастгоҳи Суди конститутсионӣ корҳои ахборотию маълумотдиҳӣ, илмию машваратӣ ва дигар корҳои ёрирасонро иҷро менамояд. Низомнома дар бораи Дастгоҳи Суди конститутсионӣ сохтор ва штати он аз тарафи Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.

Моддаи 57. Шӯрои илмию машваратии назди Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар назди Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шӯрои илмию машваратӣ аз ҷумлаи олимон ва мутахассисони соҳаи ҳуқуқ ташкил карда мешавад. Ҳайати шахсии Шӯрои илмию машваратӣ ва низомнома дар бораи он аз тарафи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян ва тасдиқ карда мешавад.

Моддаи 58. Пардохти хароҷоти вобаста ба фаъолияти Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Хароҷоти вобаста ба фаъолияти Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби буҷети ҷумҳурӣ таъмин карда мешавад.

Сметаи хароҷоти Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад (Қонуни конст. ҶТ аз 12.05.2001 № 23).

Моддаи 59. Таъминоти моддӣ ва иҷтимоию маишии судяҳои Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Музди меҳнати судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз маоши вазифавӣ, изофапулиҳо барои дараҷаи тахассус ва собиқаи хизматӣ иборат аст (Қонуни конст. ҶТ аз 28.02.2004 № 11, аз 3.03.2006 № 159).

Маоши вазифавӣ, андоза ва тартиби додани иловапулиҳои судяҳои Суди конститутсионӣ ва кормандони Дастгоҳи Суди конститутсиониро барои дараҷаҳои тахассусӣ (рутбаҳо) ва собиқаи хизмат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад (Қонуни конст. ҶТ аз 3.03.2006 № 159).

Аз рӯи масъалаҳои таъминоти моддӣ-маишӣ, тиббӣ ва техникӣ Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини ӯ ва судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқан бо Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини аввал ва муовинони Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон баробар мебошанд.

Судяи Суди конститутсионӣ, якҷоя бо аъзои оилааш, ки ҳамроҳ зиндагӣ мекунад, камаш дар давоми се моҳи баъди интихоб шуданаш, бояд бо манзили хуб дар шакли квартираи алоҳида ё ҳавлӣ дар шаҳри Душанбе таъмин карда шавад.

Кафолатҳои дигари моддӣ ва чораҳои ҳимояи иҷтимоии судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аъзоёни оилаи вай тавассути Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон " муайян карда мешаванд (Қонуни конст. ҶТ аз 3.03.2006 № 159).

Моддаи 60. Хароҷоти судӣ

Хароҷоти судӣ аз боҷи давлатӣ ва хароҷоти вобаста ба дида баромадани парванда иборат аст.

Хароҷоти судӣ мувофиқи таъиноти Суди конститутсионӣ рӯёнида шавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон, Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз пардохти боҷи давлатӣ озод мебошанд (Қонуни конст. ҶТ аз 6.06.2000 № 2аз 5.08.2009 № 537).

Андоза ва тартиби пардохти боҷи давлатӣ тибқи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи боҷи давлатӣ" муайян карда мешавад (Қонуни конст. ҶТ аз 5.08.2009 № 537).

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсонХароҷот аз маблағи харҷшуда барои гузаронидани экспертиза ва маблағи харҷкардаи шоҳидон, мутахассисон, экспертҳо, тарҷумонҳо ва шахсони дигар, ки Суди конститутсионӣ ҷалб намудааст, инчунин хароҷоти дигари вобаста ба таҳия ва баррасии парванда иборат мебошанд.

Хароҷоти вобаста ба иҷрои талаботи ҳатмии Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистонро мақомоти давлатӣ, шахсони ҳуқуқӣ ва шаҳрвандон, ки иҷрои талабҳо ба зиммаи онҳо гузошта шудааст, пардохт мекунанд.

Хароҷоти дигар аз рӯи таъиноти Суди конститутсионӣ аз маблағи буҷети ҷумҳуриявӣ пардохт карда мешавад. Хароҷот дар як вақт баробари рӯёнидани боҷи давлатӣ ситонида мешавад.

Тарафе, ки дар Суди конститутсионӣ хароҷот кардааст, ҳуқуқ дорад рӯёнидани онро аз шахсони мушаххас бо тартиби пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон талаб намояд (Қонуни конст. ҶТ аз 5.08.2009 № 537).

Моддаи 61. Рамзҳои ҳокимияти судии Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар болои бинои Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Парчами давлатӣ ва дар толору ҳуҷраҳои кории судяҳо нишони давлатӣ ва Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта мешаванд (Қонуни конст. ҶТ аз 6.06.2000 № 2).

 Судяҳои Суди конститутсионӣ дар либоси махсус, ки тасвир ва намунаи онҳо аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо маслиҳати Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад, маҷлис мегузаронанд.

Ба судяҳои Суди конститутсионӣ шаҳодатнома ва нишони сарисинагӣ дода мешавад, ки намунаи онҳо аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.

Моддаи 62. Мӯҳри Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳр дорад, ки дар он Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва номи Суди конститутсионӣ тасвир ёфтааст.

Моддаи 63. Қароргоҳи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қароргоҳи доимии Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон - шаҳри Душанбе мебошад.

Маҷлисҳои Суди конститутсионӣ одатан дар қароргоҳи доимии он гузаронида мешаванд. Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон агар лозим донад, маҷлиси худро дар ҷои дигар низ гузаронида метавонад.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов

ш. Душанбе, 3 ноябри соли 1995 № 84