Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 маи соли 1998 № 614 "Оиди дохил кардани тағйироту иловаҳо ба Қонуни Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар боран Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Оиди дохил кардани тағйироту иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 ноябри соли 1995 "Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон с.1995, № 21, моддаи 223) тағйироту иловаҳои зайл дохил карда шавад:

1. Дар номҳои боби X, моддаи 47 ва қисми чоруми моддаи 47 ба ҷои калимаи "қарорҳои" калимаи "санадҳои" навишта шавад.

2. Ба қисми якуми моддаи 47 баъди калимаи "мекунад" ҷумлаи зерин дохил карда шавад: "Қарори Суди конститутсионӣ қатъӣ буда, хулоса ва таъиноти он қатъӣ нестанд ва Суди конститутсионӣ бо ташаббуси худ, муроҷиати мақомот ё шахси ҳавасманд метавонад хулоса ва таъиноти худро аз нав дида барояд.

3. Қисми шашуми моддаи 16 хориҷ карда шавад.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистом                      Э.Раҳмонов

ш.Душанбе, 22 маи соли 1998 № 614