Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 июли соли 2026, № 495 "Дар бораи ворид намудани тағйирот ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2011, №661"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР

Дар бораи ворид намудани тағйирот ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2011, №661


Мутобиқи моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Ба Тартиби пардохти маблағи экспертизаи давлатии судӣ аз ҷониби шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2011, №661 «Дар бораи тасдиқи Тартиби пардохти маблағи экспертизаи давлатии судӣ аз ҷониби шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» тасдиқ шудааст, тағйироти зерин ворид карда шавад:

- дар бандҳои 2, 3, 8 ва 15 калимаи «гражданӣ» ба калимаи «маданӣ» иваз карда шавад;

- банди 4 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

«4. Маблағи хароҷоти гузаронидани экспертизаи давлатии судии парвандаҳои ҷиноятӣ ва маъмурӣ аз ҳисоби буҷети давлатӣ дар доираи маблағҳои барои соли молиявии дахлдор пешбинишуда тариқи ғайринақдӣ пардохт карда мешавад.».


Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, аз 17 июли соли 2026, № 495



...

Правительство Республики Таджикистан

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

О внесении изменения в постановление Правительства Республики Таджикистан от 30 декабря 2011 года, №661

В соответствии со статьей 56 Закона Республики Таджикистан «О нормативных правовых актах» Правительство Республики Таджикистан постановляет:

Пункт 4 Порядка оплаты средств государственной судебной экспертизы физическими и юридическими лицами, утвержденного постановлением Правительства Республики Таджикистан от 30 декабря 2011 года,№661 «Об утверждении Порядка оплаты средств государственной судебной экспертизы физическими и юридическими лицами», изложить в следующей редакции:

«4. Сумма расходов на проведение государственной судебной экспертизы по уголовным и административным делам оплачивается за счет государственного бюджета в пределах средств, предусмотренных на соответствующий финансовый год, в безналичной форме.».

Председатель Правительства
Республики Таджикистан                       Эмомали Рахмон
г. Душанбе от 17 июля 2026 года № 495


...