Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи тадбирҳои татбиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 августи соли 2011, № 1126
Ҷиҳати иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 августи соли 2011, № 1126 "Дар бораи тадбирҳои тақвият додани сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва зиёд намудани маоши амалкунандаи вазифавии кормандони муассисаю ташкилотҳои буҷетӣ, андозаи нафақа ва стипендия" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1) Аз 1 сентябри соли 2011:
- музди меҳнати директорони институтҳо, пажӯҳишгоҳҳо ва дигар муассисаҳои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, Академияи таҳсилоти Тоҷикистон ва Академияи илмҳои тибби назди Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба андозаи 3,3 маротиба ва музди меҳнати кормандони онҳо, Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов ба андозаи 100 фоиз зиёд карда шавад;
- музди меҳнати кормандони раёсатҳои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, Академияи таҳсилоти Тоҷикистон, Академияи илмҳои тибби назди Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кормандони дигар муассисаҳои илмии соҳавӣ ба андозаи 30 фоиз зиёд карда шавад;
- музди меҳнати кормандони соҳаи тандурустӣ 40 фоиз зиёд карда шуда, андозаи маоши заминавӣ барои ҳисоб намудани музди меҳнати кормандони соҳаи тандурустӣ дар ҳаҷми 112 сомонӣ муқаррар карда шавад. Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дастурамал оид ба пардохти музди меҳнати кормандони соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон"-ро ба муқаррароти мазкур мутобиқ намоянд;
- маоши вазифавии кормандони ташкилоту муассисаҳои соҳаҳои ҳифзи иҷтимоӣ ва фарҳанг, ки аз Буҷети давлатӣ маблағгузорӣ мешаванд, ба андозаи 40 фоиз зиёд карда шавад;
- музди меҳнати кормандони Иттифоқи композиторони Тоҷикистон ба музди меҳнати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон баробар карда шавад ();
- маоши вазифавии кормандони ташкилоту муассисаҳои соҳаи маориф, ки аз Буҷети давлатӣ маблағгузорӣ мешаванд, ба андозаи 30 фоиз зиёд карда шавад;
- маоши моҳонаи вазифавии раисон, муовинони раис ва судяҳои судҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, судҳои иқтисодӣ ва ҳарбии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо ба андозаи 100 фоиз зиёд карда шавад;
- маоши моҳонаи вазифавии раисон, муовинони раис ва судяҳои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва музди меҳнати моҳонаи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба андозаи 50 фоиз зиёд карда шавад;
- нақшаи маоши вазифавии (меъёрҳои тарифӣ) кормандони прокурорӣ, хизматчиёни ҳарбӣ, ҳайати шахсии қаторӣ ва роҳбарикунандаи мақомоти корҳои дохилӣ ва кормандони дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва маош барои рутбаи ҳарбӣ (махсус) мувофиқи замимахои 1-24 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 августи соли 2011, № 1126 муқаррар карда шавад;
- маоши вазифавӣ ва ставкаҳои тарифии кормандони дигар муассисаҳо ва ташкилотҳое, ки аз Буҷети давлатӣ маблағгузорӣ карда мешаванд, ба андозаи 30 фоиз зиёд карда шавад;
- музди меҳнате, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 марти соли 2003, № 119 барои кормандони марказҳои (гурӯҳҳои) татбиқи лоиҳаҳои сармоягузории давлатии бо ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ амалишаванда муайян гардидааст, дар доираи маблағҳои барои нигоҳдории онҳо пешбинишуда, ба андозаи 25 фоиз зиёд карда шавад;
- нафақаи меҳнатӣ ва иҷтимоии нафақахӯрон ба андозаи 25 фоизи ҳадди ақали нафақаи муқарраргардида зиёд карда шавад;
- андозаи амалкунандаи стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва стипендияи аспирантҳо ва донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ (ба ғайр аз курсантҳои донишгоҳҳои олии ҳарбӣ ва Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон) 40 фоиз зиёд карда шавад.
2) Аз 1 сентябри соли 2011 Ҷадвали ягонаи тарифӣ ба хизматчиёни давлатии мансабҳои маъмурии хизмати давлатии мақомоти идораи давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, ки тибқи сархати даҳуми банди 1 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 августи соли 2011, №1126 тасдиқ карда шудааст (ба ғайр аз хизматчиёни ҳарбӣ, ҳайати шахсии қаторӣ ва роҳбарикунандаи мақомоти корҳои дохилӣ ва кормандони дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, кормандони прокурорӣ ва судяҳои судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар сархатҳои ҳафтум, ҳаштум ва нӯҳуми банди 1 қарори мазкур зикр гардидаанд), мавриди амал қарор дода шавад ва андозаи маоши заминавӣ ҳамчун асос барои ҳисоби коэффитсиентҳои тарифӣ дар ҳаҷми 350 сомонӣ татбиқ карда шавад.
3) Тавсиянома барои амалӣ намудани коэффитсиентҳои тарифии Ҷадвали ягонаи тарифии пардохти музди меҳнати хизматчиёни давлатии мансабҳои маъмурии хизмати давлатии мақомоти идораи давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот мувофиқи замимаи 1 ва Низомномаи тартиби ҳисоб ва пардохти музди меҳнати хизматчиёни давлатии мансабҳои маъмурии хизмати давлатии мақомоти идораи давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимяяти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот дар асоси Ҷадвали ягонаи тарифӣ мувофиқи замимаи 2 тасдиқ карда шавад.
4) Аз 1 сентябри соли 2011 барои хизматчиёни давлатии мақомоти идораи давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳоти дар банди 2 қарори мазкур зикргардида, пардохти иловапулиҳо барои рутбаи тахассусӣ, собиқаи хизмати давлатӣ ва дигар иловапулиҳои музди меҳнат, ки дар асоси қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда шудааст, (ба ғайр аз мақомоти дар сархатҳои ҳафтум, ҳаштум ва нӯҳуми банди 1 қарори мазкур зикргардида), боздошта шавад.
5) Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо шӯъбаҳои шуғл ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, молия ва ҳуқуқи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мӯҳлати ду моҳ оид ба ворид намудани тағйирот ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон марбут ба шароити пардохти музди меҳнати хизматчиёни давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таклиф пешниҳод намоянд.
6) Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар амал татбиқ намудани қарори мазкурро аз ҳисоби маблағҳое, ки дар Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2011 барои фонди музди меҳнат ва таъминоти нафақа пешбинӣ шудаанд, аз ҳисоби маблағҳои бақияи озод, иҷрои барзиёди даромади буҷетҳои маҳаллӣ ва аз ҳисоби сарфаи дигар моддаҳои хароҷотӣ ва маблағҳои махсуси муассисаҳо ва ташкилотҳои буҷетӣ амалӣ намоянд. Дар ҳолати норасоии маблағ барои пардохти музди меҳнати кормандони ташкилоту муассисаҳои соҳаҳои буҷетӣ, ки аз буҷетҳои ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ маблағгузорӣ мешаванд, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузории онро аз ҳисоби маблағҳое, ки дар буҷети ҷумҳуриявии соли 2011 барои ислоҳоти музди меҳнат пешбинӣ шудаанд, таъмин намояд.
7) Вазорату идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ оид ба иҷрои саривақтии қарори мазкур чораҳои зарурӣ андешанд.
8) Вазорату идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, корхонаю муассисаҳо ва дигар ташкилотҳо ҳисобкунии музди миёнаи меҳнатро барои пардохти рухсатиҳои меҳнатӣ, кӯмакпулӣ дар вақти аз кор рафтан, кӯмакпулӣ барои корношоямии муваққатӣ ва дигар ҳолатҳои марбут ба пардохти музди миёнаи меҳнат (ба ғайр аз нафақа) мувофиқи Қоидаҳои ҳисобкунии музди миёнаи меҳнат барои пардохти рухсатиҳои меҳнатӣ, кӯмакпулӣ дар вақти аз кор рафтан, кӯмакпулӣ барои корношоямии муваққатӣ ва дигар ҳолатҳое, ки ба пардохти музди миёнаи меҳнат алоқаманданд, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июни соли 2007, № 313 тасдиқ шудааст, анҷом диҳанд.
9) Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути воситаҳои ахбори омма ҷиҳати шарҳу тавзеҳи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 августи соли 2011, №1126 тадбирҳои амалӣ андешанд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 18 августи соли 2011 387
ш. Душанбе
Замимаи 1
ба қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз "18" августи соли 2011, № 397
Тавсиянома барои амалӣ намудани коэффитсиентҳои тарифии Ҷадвали ягонаи тарифии пардохти музди меҳнати хизматчиёни давлатии мансабҳои маъмурии хизмати давлатии мақомоти идораи давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот мувофиқи Феҳристи мансабҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 августи соли 2008, №503 тасдиқ карда шудааст
+------------+------------+------------+------------+--------------+-+
| Қадами 1 | Қадами 2 | Қадами 3 | Қадами 4 | Қадами 5 | |
+------------+------------+------------+------------+--------------+ |
|Кормандони |Кормандони |Кормандони |Кормандони |Кормандони | |
|роҳбарику- |роҳбарику- |роҳбари- |роҳбари- |роҳбари- | |
|нанда ва |нанда ва |кунанда ва |кунанда ва |кунанда ва | |
|мутахас- |мутахас- |мутахас- |мутахас- |мутахас- | |
|сисони |сисони |сисони |сисони |сисони | |
|ҷамоатҳои |ноҳиявии |шаҳрии |мақомоти |дастгоҳи | |
|шаҳрак ва |мақомоти |мақомоти |иҷроияи |марказии | |
|деҳоти |иҷроияи |иҷроияи |маҳаллии |агентиҳо, | |
|Ҷумҳурии |маҳаллии |маҳаллии Жҳокимияти |хадамотҳо ва | |
|Тоҷикистон, Жҳокимияти Жҳокимияти |давлатии |сарраёсатҳои | |
|новобаста |давлатии |давлатии |ВМКБ, |назди | |
|аз миқдори |Ҷумҳурии |Ҷумҳурии |вилоятҳо |вазоратҳо, | |
|аҳолӣ |Тоҷикистон, |Тоҷикистон, |ва шаҳри |кумитаҳои | |
| |мақомоти |мақомоти |Душанбе, |давлатӣ | |
| |тобеи |тобеи |мақомоти |ва кумитаҳою, | |
| |ноҳиявии |шаҳрии |тобеи |агентиҳои | |
| |вазорату |вазорату |вилоятии |назди | |
| |идораҳои |идораҳои |вазорату |Ҳукумати | |
| |Ҷумҳурии |Ҷумҳурии |идораҳои |Ҷумҳурии | |
| |Тоҷикистон, |Тоҷикистон, |Ҷумҳурии |Тоҷикистон, | |
| |дастгоҳи |дастгоҳи |Тоҷикистон, |мақомоти | |
| |судҳои |судҳои |дастгоҳи |тобеи | |
| |ноҳиявии |шаҳрӣ, |судҳои |шаҳрии | |
| |Шӯрои |судҳои |Шӯрои |Агентии | |
| |адлияи |Ҳарбии |адлияи |омори назди | |
| |Ҷумҳурии |гарнизонҳои |Ҷумҳурии |Президенти | |
| |Тоҷикистон |Шӯрои |Тоҷикистон |Ҷумҳурии | |
| |ва |адлияи |дар ВМКБ, |Тоҷикистон | |
| |мақомоти |Ҷумҳурии |вилоятҳо ва | | |
| |ноҳиявии |Тоҷикистон |шаҳри | | |
| |Прокуратураи|ва мақомоти |Душанбе, | | |
| |генералии |шаҳрии |судҳои | | |
| |Ҷумҳурии |Прокуратураи|иқтисодии | | |
| |Тоҷикистон |генералии |ВМКБ, | | |
| | |Ҷумҳурии |вилоятҳо | | |
| | |Тоҷикистон |ва шаҳри | | |
| | | |Душанбе, | | |
| | | |мақомоти | | |
| | | |Прокуратураи| | |
| | | |генералии | | |
| | | |Ҷумҳурии | | |
| | | |Тоҷикистон | | |
| | | |дар ВМКБ, | | |
| | | |вилоятҳо ва | | |
| | | |шаҳри | | |
| | | |Душанбе, | | |
| | | |мақомоти | | |
| | | |тобеи | | |
| | | |ноҳиявии | | |
| | | |Агентии | | |
| | | |омори назди | | |
| | | |Президенти | | |

+--------------------------------------------------------------------+
|давоми чадвал
+------------+------------+------------+------------ҷ
| Қадами 6 | Қадами 7 | Қадами 8 | Қадами 9 |
+------------+------------+------------+------------+
|Кормандони |Кормандони |Кормандони |Кормандони |
|роҳбари- |роҳбари- |роҳбари- |роҳбари- |
|кунанда ва |кунанда ва |кунанда ва |кунанда ва |
|мутахас- |мутахас- |мутахас- |мутахас- |
|сисони |сисони |сисони |сисони |
|дастгоҳи |дастгоҳи |дастгоҳи |Дастгоҳи |
|марказии |марказии |марказии |иҷроияи |
|кумитаҳо, |вазоратҳо |мақомоти |Президенти |
|агентиҳо ва |ва |назди |Ҷумҳурии |
|хадамотҳои |кумитаҳои |Президенти |Точикистон, |
|назди |давлатии |Ҷумҳурии |Шурои |
|Ҳукумати |Ҷумҳурии |Тоҷикистон, |амният, |
|Ҷумҳурии |Тоҷикистон, |дастгоҳи |дастгоҳи |
|Тоҷикистон, |дастгоҳи |марказии |Маҷлиси |
|мақомоти |судҳои |Раёсати |миллӣ ва |
|Раёсати |Консти- |хизмати |Маҷлиси |
|хизмати |тутсионӣ, |давлатӣ, |намояндагони|
|давлатии |Олӣ ва |Агентии |Маҷлиси Олии|
|назди |Олии |назорати |Ҷумҳурии |
|Президенти |иқтисодии |давлатии |Тоҷикистон, |
|Ҷумҳурии |Ҷумҳурии |молиявӣ ва |Ваколатдор |
|Тоҷикистон |Тоҷикистон, |мубориза бо |оид ба |
|дар ВМКБ, |дастгоҳи |коррупсияи Жҳуқуқи инсон|
|вилоятҳо ва |марказии |Ҷумҳурии |дар |
|шаҳри |Шӯрои |Тоҷикистон, |Ҷумҳурии |
|Душанбе, |адлияи |Агентии |Тоҷикистон, |
|шаҳрҳо ва |Ҷумҳурии |омори назди |Комиссияи |
|ноҳияҳои |Тоҷикистон, |Президенти |марказии |
|тобеи |дастгоҳи |Ҷумҳурии |интихобот ва|
|ҷумҳурӣ, |марказии |Тоҷикистон |раъйпурсии |
|мақомоти |Прокуратураи| |Ҷумҳурии |
|Агентии |генералии | |Тоҷикистон |
|назорати |Ҷумҳурии | | |
|давлатии |Тоҷикистон | | |
|молиявӣ ва | | | |
|мубориза бо | | | |
|коррупсияи | | | |
|Ҷумҳурии | | | |
|Тоҷикистон | | | |
|дар ВМКБ, | | | |
|вилоятҳо, | | | |
|шаҳри | | | |
|Душанбе ва | | | |
|шӯъбаҳои | | | |
|минтақавӣ, | | | |
|мақомоти | | | |
|Агентии | | | |
|омори назди | | | |
|Президенти | | | |
|Ҷумҳурии | | | |
|Тоҷикистон | | | |
|дар ВМКБ, | | | |
|вилоятҳо ва | | | |
|шаҳри | | | |
|Душанбе | | | |

- музди меҳнати кормандони Иттифоқи композиторони Тоҷикистон ба музди меҳнати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон баробар карда шавад;

аз 18 августи соли 2011 367