Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 августи соли 2011 № 1126 "Дар бораи тадбирҳои тақвият додани сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва зиёд намудани маоши амалкунандаи вазифавии кормандони муассисаю ташкилотҳои буҷетӣ, андозаи нафақа ва стипендия"

Санаи амалкуни: 14.08.2013

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи тадбирҳои тақвият додани сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва зиёд намудани маоши амалкунандаи вазифавии кормандони муассисаю ташкилотҳои буҷетӣ, андозаи нафақа ва стипендия

(Фармони Президенти ҶТ аз 14.08.2013 № 1493)

Бо мақсади беҳтар намудани вазъи моддии аҳолӣ ва баланд бардоштани сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, мутобиқи моддаи 103 Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 16 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон" фармон медиҳам:

1) Аз 1 сентябри соли 2011:

- музди меҳнати директорони институтҳо, пажӯҳишгоҳҳо ва дигар муассисаҳои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, Академияи таҳсилоти Тоҷикистон ва Академияи илмҳои тибби назди Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба андозаи 3,3 маротиба ва музди меҳнати кормандони онҳо, Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов ба андозаи 100 фоиз зиёд карда шавад;

- музди меҳнати кормандони раёсатҳои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, Академияи таҳсилоти Тоҷикистон, Академияи илмҳои тибби назди Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кормандони дигар муассисаҳои илмии соҳавӣ ба андозаи 30 фоиз зиёд карда шавад;

- музди меҳнати кормандони соҳаи тандурустӣ, ки аз ҳисоби Буҷети давлатӣ маблағгузорӣ мешаванд, ба андозаи 40 фоиз зиёд ва андозаи маоши заминавӣ барои ҳисоб намудани маоши вазифавии кормандони соҳаи тандурустӣ ба маблағи 112 сомонӣ муқаррар карда шавад;

- маоши вазифавии кормандони ташкилоту муассисаҳои соҳаҳои ҳифзи иҷтимоӣ ва фарҳанг, ки аз Буҷети давлатӣ маблағгузорӣ мешаванд, ба андозаи 40 фоиз зиёд карда шавад;

- музди меҳнати кормандони Иттифоқи композиторони Тоҷикистон ба музди меҳнати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон баробар карда шавад (Бо Фармони Президенти ҶТ аз 14.08.2013 № 1493 аз эътибор соқит дониста шуд);

- маоши вазифавии кормандони ташкилоту муассисаҳои соҳаи маориф, ки аз Буҷети давлатӣ маблағгузорӣ мешаванд, ба андозаи 30 фоиз зиёд карда шавад;

- маоши моҳонаи вазифавии раисон, муовинони раис ва судяҳои судҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, судҳои иқтисодӣ ва судҳои ҳарбии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳри Душанбе, судҳои шаҳрҳо, ноҳияҳо ба андозаи 100 фоиз зиёд карда шавад;

- маоши моҳонаи вазифавии раисон, муовинон ва судяҳои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва музди меҳнати моҳонаи вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба андозаи 50 фоиз зиёд карда шавад;

- нақшаи маоши вазифавии (меъёрҳои тарифӣ) кормандони прокурорӣ, хизматчиёни ҳарбӣ, ҳайати шахсии қаторӣ ва роҳбарикунандаи мақомоти корҳои дохилӣ ва кормандони дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва маош барои рутбаи ҳарбӣ (махсус) мувофиқи замимаҳои 1-24 муқаррар карда шавад;

- барои хизматчиёни давлатии мансабҳои маъмурии хизмати давлатии мақомоти идораи давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот Ҷадвали ягонаи тарифӣ мувофиқи замимаи 25 мавриди амал қарор дода шавад.

Андозаи маоши заминавӣ ҳамчун асоси коэффитсиентҳои тарифӣ барои мақомоти идораи давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот дар ҳаҷми 350 сомонӣ муқаррар карда шавад;

- маоши вазифавӣ ва ставкаҳои тарифии кормандони дигар муассисаҳо ва ташкилотҳое, ки аз Буҷети давлатӣ маблағгузорӣ карда мешаванд (ба ғайр аз сархатҳои якум, дуюм, сеюм, чорум, панҷум, шашум, ҳафтум, ҳаштум, нӯҳум ва даҳуми банди 1 Фармони мазкур), ба андозаи 30 фоиз зиёд карда шавад;

- музди меҳнате, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 марти соли 2003, № 119 барои кормандони марказҳои (гурӯҳҳои) татбиқи лоиҳаҳои сармоягузории давлатии бо ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ амалишаванда муайян гардидааст, дар доираи маблағҳои барои нигоҳдории онҳо пешбинишуда ба андозаи 25 фоиз зиёд карда шавад;

- нафақаи меҳнатӣ ва иҷтимоии нафақахӯрон ба андозаи 25 фоизи ҳадди ақали нафақаи муқарраргардида зиёд карда шавад;

- андозаи амалкунандаи стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва стипендияи аспирантҳо ва донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ (ба ғайр аз курсантҳои Донишгоҳҳои олии ҳарбӣ ва Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон) 40 фоиз зиёд карда шавад.

2) Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ:

- дар амал татбиқ намудани Фармони мазкурро дар соли 2011 аз ҳисоби маблағҳои дар Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои фонди музди меҳнат ва таъминоти нафақа пешбинишуда, аз ҳисоби маблағҳои бақияи озод ва иҷрои барзиёдии даромади буҷетҳои маҳаллӣ ва аз ҳисоби сарфаи дигар моддаҳои хароҷотӣ ва маблағҳои махсуси муассисаҳо ва ташкилотҳои буҷетӣ таъмин намоянд;

- дар мӯҳлати се моҳ доир ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон таклиф пешниҳод карда, қарорҳои дахлдори худро бо Фармони мазкур мутобиқ намоянд;

- ҳисобкунии музди миёнаи меҳнат барои пардохти рухсатиҳои меҳнатӣ, кӯмакпулӣ дар вақти аз кор рафтан, кӯмакпулӣ барои корношоямии муваққатӣ ва дигар ҳолатҳое, ки ба пардохти музди миёнаи меҳнат алоқаманданд (ба ғайр аз нафақа), мувофиқи Қоидаҳои ҳисобкунии музди миёнаи меҳнат барои пардохти рухсатиҳои меҳнатӣ, кӯмакпулӣ дар вақти аз кор рафтан, кӯмакпулӣ барои корношоямии муваққатӣ ва дигар ҳолатҳое, ки ба пардохти музди миёнаи меҳнат алоқаманданд, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июни соли 2007, № 313 тасдиқ шудааст, анҷом дода шаванд.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш.Душанбе

2 августа соли 2011 № 1126

*** Замимаҳо барои истифодаи хизматӣ.

УКАЗ ПРЕЗИДЕНТА РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

О мерах по усилению уровня социальной защищённости населения и увеличению действующих должностных окладов работников бюджетных учреждений, организаций, размеров пенсий и стипендий

(в редакции Указа Президента РТ от 14.08.2013г.№1493)

В целях улучшения материального положения и повышения уровня социальной защищённости населения, в соответствии со статьей 103 Трудового кодекса Республики Таджикистан и статьей 16 Закона Республики Таджикистан "О пенсионном обеспечении граждан Республики Таджикистан" постановляю:

1) С 1 сентября 2011 года:

- увеличить заработную плату директоров институтов и других учреждений Академии наук Республики Таджикистан, Таджикской академии сельскохозяйственных наук, Академии образования Таджикистана и Академии медицинских наук Министерства здравоохранения Республики Таджикистан на 3,3 раза, и заработную плату их работников, Таджикской Национальной Консерватории имени Талабхуджа Сатторова на 100 процентов;

- увеличить заработную плату работников Президиума Академии наук Республики Таджикистан, Таджикской академии сельскохозяйственных наук, Академии образования Таджикистана, Академии медицинских наук Министерства здравоохранения Республики Таджикистан и работников других учреждений отраслей науки на 30 процентов;

- увеличить заработную плату работников отрасли здравоохранения, финансируемых из Государственного бюджета на 40 процентов и установить размер базисной заработной платы для расчета должностного оклада работников отраслей здравоохранения в сумме 112 сомони;

- увеличить должностные оклады работников организаций, учреждений отраслей социальной защиты и культуры, финансируемых из Государственного бюджета, на 40 процентов;

- исключен (в редакции Указа Президента РТ от 14.08.2013г.№1493);

- увеличить должностные оклады работников организаций, учреждений отраслей образования, финансируемых из Государственного бюджета, на 30 процентов;

- увеличить месячные должностные оклады председателям, заместителям и судьям судов Горно-Бадахшанской автономной области, областей, города Душанбе, экономических и военных судов ГорноБадахшанской автономной области, областей, города Душанбе и судей военных судов городов, районов на 100 процентов;

- увеличить месячные должностные оклады председателей, заместителей и судей Верховного суда Республики Таджикистан, Конституционного суда Республики Таджикистан, Высшего экономического суда Республики Таджикистан и месячную заработную плату депутата Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан на 50 процентов;

- установить схему должностных окладов (тарифные ставки) работников прокуратуры, военнослужащих, лиц рядового и начальствующего состава органов внутренних дел и сотрудников других правоохранительных органов, а также оклады по воинским (специальным) званиям согласно приложениям 1-24;

- ввести в действие Единую тарифную сетку для государственных служащих административных должностей государственной службы органов государственного управления, местных исполнительных органов государственной власти, органов самоуправления посёлков и сёл согласно приложению 25.

Установить размер базисной заработной платы в качестве основы тарифных коэффициентов для органов государственного управления, местных исполнительных органов государственной власти, органов самоуправления посёлков и сёл в сумме 350 сомони;

- увеличить должностные оклады и тарифные ставки работников учреждений и организаций, финансируемых из Государственного бюджета (кроме перечисленных в первом, втором, третьем, четвёртом, пятом, шестом, седьмом, восьмом, девятом и десятом абзацах пункта 1 настоящего Указа), на 30 процентов;

- увеличить заработную плату, установленную постановлением Правительства Республики Таджикистан от 31 марта 2003 №119 для работников Центров (групп) реализации инвестиционных проектов, осуществляемых с международными финансовыми организациями в пределах предусмотренных средств на их содержание, на 25 процентов;

- увеличить размеры трудовых и социальных пенсий на 25 процентов от установленного размера минимальной пенсии;

- увеличить действующие размеры стипендий аспирантов, студентов среднего и высшего профессионального образования (кроме курсантов высших военных учебных заведений и Академии Министерства внутренних дел Республики Таджикистан) на 40 процентов.

2) Правительству Республики Таджикистан и местным исполнительным органам государственной власти:

- реализацию настоящего Указа в 2011 году осуществить за счет средств, предусмотренных в Государственном бюджете Республики Таджикистан для фонда оплаты труда и пенсионного обеспечения, за счет средств свободных остатков, перевыполнения доходов местного бюджета и за счет экономии средств других статей расходов и специальных средств бюджетных учреждений и организаций;

- в трехмесячный срок представить предложения о внесении изменений и дополнений в нормативные правовые акты Республики Таджикистан и привести свои постановления в соответствие с настоящим Указом;

- исчисление среднего заработка для оплаты трудовых отпусков, выходных пособий, пособий по временной нетрудоспособности и в других случаях, связанных с выплатой средней заработной платы (кроме начисления пенсии), производить согласно Правилам исчисления среднего заработка для оплаты трудовых отпусков, выходных пособий, пособий по временной нетрудоспособности и в других случаях, связанных с выплатой средней заработной платы, утвержденным постановлением Правительства Республики Таджикистан от 1 июня 2007 года, №313.

Президент

Республики Таджикистан Эмомали Рахмон

г.Душанбе

2 августа 2011 года № 1126

(приложения 1-25 для служебного пользования)