Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи тасдиқи Қоидаҳои муайян намудани меъёрҳои бонуси обунавӣ, меъёрҳои бонуси кашфи тиҷоратӣ, бастани қарордодҳои истифодаи қаъри замин ва Тартиби гузаронидани экспертизаи ҳатмии андози қарордодҳои истифодаи қаъри замин
Мутобиқи моддаҳои 278, 279(2) и 279(4) Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 51 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1) Қоидаҳои муайян намудани меъёрҳои бонуси обунавӣ, меъёрҳои бонуси кашфи тиҷоратӣ, бастани қарордодҳои истифодаи қаъри замин ва Тартиби гузаронидани экспертизаи ҳатмии андози қарордодҳои истифодаи каъри замин тасдиқ карда шаванд (замима мегарданд).
2) Вазифаҳои мақоми салоҳиятдор оид ба бастани қарордодҳои истифодаи қаъри замин ба зиммаи Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор карда шаванд.
3) Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар мақомоти салоҳиятдор дар соҳаи истифодаи қаъри замин номгӯи истифодабарандагони қаъри замини дорои иҷозатномаҳо ва маблағҳои ӯҳдадориҳои андозии онҳоро оид ба андозҳо барои истифодабарии қаъри замин аниқ намоянд. Оид ба натиҷаҳои иҷрои корҳо ва камбудиҳои ҷойдошта то 1 январи соли 2012 ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот ирсол намоянд.
4) Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2000, № 513 "Дар бораи тасдиқи "Тартиби муайян кардани меъёри роялти ҳангоми бастани қарордодҳо барои истихроҷи канданиҳои фоиданок", "Тартиби ҳисоб кардани бонусҳо", "Тартиби муайян намудани фоидаи дохила" ва "Тартиби гузаронидани таҳқиқи андози қарордодхои истифодабарандагони кон", аз 16 июни соли 2001, № 277 "Дар бораи бастани қарордодҳо оид ба истифодаи қаъри замин"" ва аз 30 декабри соли 2001, № 594 "Дар бораи тасдиқи "Тартиби бастани қарордодҳо оид ба истифодабарии қаъри замин"" аз эътибор соқит дониста шаванд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 30 августи соли 2011 № 426
ш. Душанбе