Тартиби гузаронидани экспертизаи ҳатмии андози қарордодҳои истифодаи қаръи замин аз 30 августи соли 2011 № 426

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 28.02.2025 № 120 аз эътибор соқит дониста шуд

 

Замима № 2

ба қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 30 августи соли 2011, № 426

Замима № 2

ба қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 30 августи соли 2011, № 426

Тартиби гузаронидани экспертизаи ҳатмии андози қарордодҳои истифодаи қаръи замин

1) Тартиби мазкур мутобиқи моддаи 278 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия шудааст.

2) Мутобиқи моддаи 278 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми қарордодҳое, ки байни тарафҳои аҳдкунанда баста мешаванд, то лаҳзаи имзо шуданашон бояд аз экспертизаи ҳатмии андоз гузаранд. Ин муқаррарот нисбати тағйирот ва иловаҳое, ки ба қарордодҳои қаблан басташуда ворид карда мешаванд, низ татбиқ мегардад.

3) Барои гузаронидани экспертизаи ҳатмии андоз дар назди Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Комиссияи оид ба гузаронидани экспертизаи ҳатмии андози қарордодҳои (лоиҳаи қарордодҳои) истифодаи қаъри замин (минбаъд- Комиссия) бо намояндагии баробари кормандони Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода мешавад. Раиси Комиссия намояндаи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини раис - намояндаи Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

4) Ҳамаи лоиҳаҳои қарордодҳои (қарордодҳои) истифодаи конро тарафҳои аҳдкунанда барои гузаронидани экспертизаи ҳатмии андоз ба Комиссия пешниҳод менамоянд. Дар мавриди зарурат Комиссия дар доираи мӯҳлати баррасии қарордод (лоиҳаи қарордод) метавонад иттилооти иловагиро, ки ба қарордод (лоиҳаи қарордод) алоқамандӣ дорад, талаб намояд.

5) Комиссия дар мӯҳлати як моҳ қарордоди (лоиҳаи қарордоди) истифодаи қаръи замин ва ҳуҷҷатҳои ба онҳо алоқамандро баррасӣ менамояд ва хулосаи экспертизаи андозро оид ба мутобиқати он ба қонунгузории андоз, нисбати сатҳи гаронии андоз ва дигар ҷанбаҳои андозбандӣ медиҳад.

6) Хулосаи экспертизаи андоз оид ба қарордодро (лоиҳаи қарордодро) раис ва муовини раиси Комиссия имзо намуда, Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунанд ва ба он мӯҳрҳои Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта мешаванд.

7) Хулосаи экспертизаи андоз дар 4 нусха тартиб дода шуда, нусхаи якум ба истифодабарандаи кон, нусхаҳои дигар ба Саридораи

...


Утратил силу в редакции пост. Правительства РТ от 28.02.2025 №120


Приложение №1

к постановлению Правительства

Республики Таджикистан

от 30 августа 2011года,

№426

Приложение №1

к постановлению Правительства

Республики Таджикистан

от 30 августа 2011года,

№426

Правила

определения размеров подписного бонуса, размеров бонуса коммерческого обнаружения и заключения контрактов на недропользование

(в редакции постановления Правительства РТ 30.12.2015г.№823)

(в редакции постановления Правительства РТ 30.12.2015г.№823)

1. Общие положения

1) Настоящие Правила разработаны в соответствии со статьями 274, 279(2) и 279(4) Налогового кодекса Республики Таджикистан и определяют порядок заключения контрактов на недропользование, определения размеров подписного бонуса и бонуса коммерческого обнаружения.

...