Низомномаи назорати давлатӣ ба истифода ва ҳифзи замин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 июли соли 1997, № 294

Санаи амалкуни: 19.04.2001

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

 аз 15 июли соли 1997 № 294

тасдиқ шудааст

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

 аз 15 июли соли 1997 № 294

тасдиқ шудааст

Низомномаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи замин

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 26.07.2000 № 318, аз 19.04.2001 № 189, аз 3.03.2014 № 161)

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 26.07.2000 № 318, аз 19.04.2001 № 189, аз 3.03.2014 № 161)

1. Муқаррароти умумӣ

1.1. Ҳамин Низомнома, ки мутобиқи Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия шудааст, тартиби амали гардонидани назорати давлатиро ба истифода ва ҳифзи замин (минбаъд назорати давлатии замин номида мешавад) муқаррар менамояд ва иҷрои он барои ҳамаи шахсони ҳуқуқи сарфи назар аз тобеияти идорӣи ва шакли моликият, ҳамчунин шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳатмӣ мебошад (Қарори Ҳукумати ҶТ аз 26.07.2000 № 318, аз 3.03.2014 № 161).

1.2. Вазифаи назорати давлатии замин - таъмини риояи талаботи қонунгузории замин аз тарафи шахсони воқеӣ, ҳуқуқӣ ва мансабдор бо мақсади истифода ва ҳифзи оқилона ва самараноки замин мебошад (Қарори Ҳукумати ҶТ аз 3.03.2014 № 161).

1.3. Назорати давлатии замин аз тарафи мақоми ваколатдори давлатии батанзимдарории муносибатҳои вобаста ба замин, мақомоти он дар маҳалҳо ва мақоми ваколатдори давлатии соҳаи ҳифзи муҳити зист дар ҳамбастагӣ бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ амалӣ гардонида мешавад (Қарори Ҳукумати ҶТ аз 3.03.2014 № 161).

1.4. Роҳбари мақоми ваколатдори давлатии батанзимдарории муносибатҳои вобаста ба замин Сарнозири давлатии истифода ва ҳифзи замини Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Муовинони роҳбар ва сардори Раёсати назорати давлатии замини ҳамин мақоми ваколатдор муовинони Сарнозири давлатии истифода ва ҳифзи замини Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд (Қарори Ҳукумати ҶТ аз 3.03.2014 № 161).

1.5. Роҳбарони мақомоти заминсозии вилоятҳо, шаҳрҳо, ноҳияҳо сарнозирони давлатии истифода ва ҳифзи замин дар маҳалҳо буда, муовинони онҳо муовинони сарнозирони давлатии истифода ва ҳифзи замин дар маҳалҳо ба шумор мераванд (Қарори Ҳукумати ҶТ аз 3.03.2014 № 161).

1.6. Шахсони мансабдор ва мутахассисони мақоми ваколатдори давлатии батанзимдарории муносибатҳои вобаста ба замин ва мақомоти маҳаллии он, ки ба зиммаи онҳо иҷрои назорати давлатии истифода ва ҳифзи замин вогузор гардидааст, нозирони давлатии истифода ва ҳифзи замин дар маҳалҳо мебошанд (Қарори Ҳукумати ҶТ аз 3.03.2014 № 161).

...

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 15 июли соли 1997 № 294

тасдиқ шудааст

НИЗОМНОМАИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТӢ БА ИСТИФОДА ВА ҲИФЗИ ЗАМИН ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

(Қарори ҲҶТ аз 26.07.2000с. № 318, аз 19.04.2001с. № 189)

1. Муқаррароти умумӣ

1.1. Ҳамин Низомнома, ки мутобиқи Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия шудааст, тартиби амали гардонидани назорати давлатиро ба истифода ва ҳифзи замин (минбаъд назорати давлатии замин номида мешавад) муқаррар менамояд ва иҷрои он барои ҳамаи ашхоси ҳуқуқи сарфи назар аз тобеияти идорӣи ва шакли моликият, ҳамчунин ашхоси ҳуқуқӣ ва воқеӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳатмӣ мебошад (Қарори Ҳукумати ҶТ аз 26.07.2000 № 318).

1.2. Вазифаи назорати давлатии замин - таъмини риояи талаботи қонунгузории замин аз тарафи вазорату идораҳо, муассисаҳо, ташкилоту корхонаҳои давлатӣ ва кооперативӣ, ҳамчунин аз тарафи ашхоси мансабдор ва воқеӣ бо мақсади истифода ва ҳифзи оқилона ва самараноки замин мебошад.

1.3. Назорати давлатии замин аз тарафи Кумитаи давлатии заминсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти он дар маҳалҳо ва Вазорати ҳифзи табиати Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад (Қарори Ҳукумати ҶТ аз 19.04.2001 № 189).

Ин мақомот фаъолияти худро дар ҳамкори бо мақомоти ҳокимияти намояндаги ва иҷроия ва байни ҳамдигар анҷом медиҳанд (Қарори Ҳукумати ҶТ аз 26.07.2000 № 318).

1.4. Раиси Кумитаи давлатии заминсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарнозири давлатии истифода ва ҳифзи замини Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад. Муовинони раиси сардори Саридораи бозрасии давлатии кумитаи замини Кумитаи давлатии заминсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар айни замон мувофиқи вазифа муовинони сарнозири давлатии истифода ва ҳифзи замин ба ҳисоб мераванд (Қарори Ҳукумати ҶТ аз 26.07.2000 № 318, аз 19.04.2001 № 189).

Раисони кумитаҳои захира ва заминсозии вилоятҳо, шаҳрҳо, ноҳияҳо сарнозирони давлатии истифода ва ҳифзи замин ва аз рӯи вазифа муовинони онҳо дар айни замон ҷонишини сарнозири давлатии истифода ва ҳифзи замин дар маҳалҳо ҳисобида мешаванд.

Шахсони мансабдор ва мутахассисони Кумитаи давлатии заминсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон, кумитаҳои вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявӣ, ки ба зиммаи онҳо иҷрои назорати истифода ва ҳифзи замин гузошта шудааст, нозирони давлатии истифода ва ҳифзи замин дар маҳалҳо мебошанд (Қарори Ҳукумати ҶТ аз 19.04.2001 № 189).

Автомашинаҳои хизматии нозирони давлатии замин бо нишонаи масус "Бозрасии Давлатии Замин (БДЗ)" кайд карда мешаванд (Қарори Ҳукумати ҶТ аз 26.07.2000 № 318).

Ба нозирони шӯъбаи бозрасии давлатии замин шаҳодатномаи намунаи муқарраршуда дода мешавад.

Сарнозири давлатии истифода ва ҳифзи замини Ҷумҳурии Тоҷикистон, сарнозири бозрасии давлатии замин дар маҳалҳо мӯҳр ва бланки ҳуҷҷатҳои дорои Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва номи худро доранд.

2. Вазифаи мақомоте, ки назорати давлатии истифодаи замин ва ҳифзи онро анҷом медиҳанд

2.1. Кумитаи давлатии заминсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати ҳифзи табиати Ҷумҳурии Тоҷикистон (Қарори Ҳукумати ҶТ аз 19.04.2001 № 189):

- назорати давлатии истифода ва ҳифзи заминро амалӣ менамоянд;

- тафтиш ва муоинаи тағӣирёбии сифати заминҳоро ташкил мекунанд;

- барои аз байн бурдани вайронкуниҳои қонунгузории замин тадбирҳо меандешанд;

- дар тартиб додану тайёр намудани санадҳои меъёрӣ ва қонунгузорӣ оид ба истифодаи замин ва ҳифзи он иштирок менамоянд;

- гузаронидани экспертизаи барномаҳои маблағгузори ва лоиҳаҳои истифодабари ва ҳифзи замин инчунин лоиҳаҳои танзими замин (Қарори Ҳукумати ҶТ аз 26.07.2000 № 318);

- тибқи тартиби муқарраршуда доир ба манъи истифодаи заминҳои вайроншуда ва ифлос, ки истифодаи чунин заминҳо барои ҳаёт ва саломатии инсон хатарнок аст, ба ҳолатҳои фавқулодда, фалокатҳо, вайроншавии мавзеъҳои мероси таърихию фарҳангӣ ва шароити табиӣ, муҳит ё ҳамчунин ба оқибатҳои манфии экологӣ ва ифлос шудани сифати маҳсулоти кишоварзӣ ва манбаъҳои об сабаб мешаванд, таклифҳо пешниҳод мекунанд;

- ба аҳолӣ доир ба ҳолати захираҳои замин, самаранокии истифодаи он ва тадбирҳое, ки оид ба ҳифзи замин андешида мешаванд, иттилоъ медиҳанд;

- дар кори комиссия оид ба қабули заминҳои обӣ, барқароркардашуда ва ғайра, ки дар онҳо тадбирҳои беҳтаркунии вазъи сифати онҳо гузаронида шудаанд, ҳамчунин қабули иншооте, ки бо мақсади ҳифзи замин буньёд шудаанд дар мувофиқаткунии ҳуҷҷатҳои шаҳрсози ва танзими замин иштирок намояд (Қарори Ҳукумати ҶТ аз 26.07.2000 № 318);

- назорати давлатиро аз болои низоми муқарраршудаи истифодаи заминҳо, ки аҳамияти ҳифзи табиат ва барқароркунӣ доранд, анҷом медиҳанд.

2.2. Кумитаи давлатии заминсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти он дар маҳалҳо назорати давлатиро аз болои (Қарори Ҳукумати ҶТ аз 19.04.2001 № 189):

- риояи талаботи Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои дигари қонунгузории замин, қарорҳои мақоми дахлдори ҳокимияти иҷроия, амрҳо, дастурамалҳо ва супоришҳои Кумитаи давлатии заминсозии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар мавриди истифодаи оқилонаи замин аз тарафи ташкилоту корхонаҳо ва муассисаҳо, сарфи назар аз тобеияти идорӣ ва шакли моликияти онҳо, ҳамчунин ашхоси воқеӣ ва мансабдор (Қарори Ҳукумати ҶТ аз 19.04.2001 № 189);

- аз тарафи заминистифодабарандагон риоя шудани қоидаҳои истифодабарии қитъаҳои замин тибқи мақсади муайяншуда;

- пешгирии ҳодисаҳои худсарона азхудкунии замин;

- риояи баррасии мӯҳлати муқарраршудаи аризаҳои (дархостҳо) шаҳрвандонро оид ба ҷудо намудани қитъаҳои замин (Қарори Ҳукумати ҶТ аз 26.07.2000 № 318);

- саривақт пардохтанн андози замин аз тарафи заминистифодабарандагон (Қарори Ҳукумати ҶТ аз 26.07.2000 № 318);

- пешниҳоди маълумоти саҳеҳ дар бораи мавҷудият, ҳолат ва истифодаи захираҳои замин;

- сари вақт барқарор кардани заминҳои вайроншуда, барқарор намудани ҳосилнокии замин ва дигар хусусиятҳои муфиди замин, ҳамчунин истифодаи оқилонаи қабати ҳосилхези хок;

- татбиқи лоиҳаҳои заминсозӣ ба дигар лоиҳаҳо оид ба истифода ва ҳифзи замин;

- лоиҳакашӣ, ҷобаҷогузорӣ ва сохтмони иншооте, ки ба ҳолати замин таъсир мерасонанд;

- capи вақт ва хушсифат анҷом додани тадбирҳое, ки ҳолати заминро беҳтар мекунанд, пешгирӣ кардан ва аз байн бурдани эрозияи хок, шӯршавӣ, ботлоқшавӣ, бекормонии замин, ифлосшавӣ ва дигар равандҳое, ки сабаби вайрон шудани замин мешаванд;

- насб ва нигаҳдории аломатҳои марзҷудокунӣ;

- сари вақт бозгардонидани заминҳое, ки барои истифодаи мӯҳлатнок дода шудаанд, назорат мекунанд.

2.3. Вазорати ҳифзи табиати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти маҳаллии он назорати давлатиро аз болои:

- иҷрои талаботи муҳофизати табиат дар вақти ҷудо кардани замин барои ҳама гуна намудҳои хоҷагидорӣ;

- риояи меъёри ҳифзи муҳити зист ҳангоми истифодаи техника ва технологияи нави коркарди хок, ҳамчунин ҷобаҷокунӣ, лоиҳакашӣ сохтмон ва истифодабарии корхонаҳо ва дигар иншоот;

- пешгирии ифлосшавии заминҳо, аз ҷумла олудашавии қабати ҳосилхези хок бо обҳои партов, заҳрҳо ва нуриҳои химиявӣ, моддаҳои заҳролуд ва радиоактивӣ;

- иҷрои чорабиниҳое, ки дар лоиҳаҳои заминсозӣ ва дигар лоиҳаҳо дар мавриди ҳифзи хок пешбинӣ шудаанд;

- риояи қонунгузории замин дар масъалаи ҳифзи замин;

- иҷрои корҳо оид ба барқарор сохтани заминҳои вайроншуда;

- пешгирии азхудкунии худсаронаи замин, ки бо мақсади ҳифзи табиат ва мамнӯъгоҳҳо ва барқароркунӣ таъин шудаанд;

- иҷрои тадбирҳо ҷиҳати беҳдошти замин, пешгирии вайроншавии замин, риояи киштгардон, барқароркунии заминҳо, консервацияи заминҳои аз гардиши кишоварзӣ хориҷшуда ва ифлосшуда назорат мекунад.

3. Ҳуқуқ ва вазифаҳои ашхоси мансабдор, мақомоте, ки назорати давлатиро аз болои истифодабарӣ ва ҳифзи замин пеш мебаранд

3.1. Сарнозири давлатии истифода ва ҳифзи замини Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муовинони вай, сарнозирони мақомоти маҳалли, ашхоси мансабдори Вазорати ҳифзи табиати Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи вазифаҳои ба зиммаи онҳо гузошташуда, чунин ҳуқуқҳоро доранд:

- ба мақомоти дахлдор маводро оид ба вайронкунии қонунгузории замин ҷиҳати ба ҷавобгарӣ кашидани ашхос мефиристанд;

- ба суд бе боҷу хироҷ доир ба ситонидани зараре, ки дар натиҷаи вайрон кардани қонунгузории замин расонида шудааст, оид ба бекор кардани қарорҳои ғайриқонуние, ки бо кашида гирифтан ва ҷудо кардани қитъаҳои замин вобастаанд, ҳамчунин доир ба парвандаҳо дар хусуси ситонидани ҷаримаҳо аз ашхоси ҳуқуқӣ, воқеӣ ва мансабдор муроҷиат мекунанд (Қарори Ҳукумати ҶТ аз 26.07.2000 № 318);

- дар сурати хилофи қонунгузории замин ё худ нисбат ба боздеҳи (ҳосилноки) замин таъсири манфӣ доштани амалиёт метавонанд корҳои сохтмонӣ, гражданӣ, саноати ва корҳои ҷустуҷӯию геологиро боз доранд, ҳамчунин дар сурате, ки ин корҳо бе лоиҳа ва санҷиши пешакӣ гузаронида мешаванд, ҳуқуқ доранд, ки давом додани амалиётро манъ созанд;

- боздоштани иҷроиши карорҳои ғарайриқонуни оид ба ҷудо намудани қитъаҳои замин, то баррасии эътирозномаҳо дар идораҳои дахлдор (ташкилотҳои болоии ҳокимияти иҷроия, суд ва суди иқтисоди) (Қарори Ҳукумати ҶТ аз 26.07.2000 № 318);

- бо мӯҳр маҳкам кардан, бастан, манъ кардан ва муваққатан боздоштани фаъолияти заминистифодабарандагоне, ки Сертификати ҳуқуқи истифодаи заминро надоранд (Қарори Ҳукумати ҶТ аз 26.07.2000 № 318);

- аз эътибор соқит намудани шартномаҳои оид ба истифодан замин, ки мухолифи қонунгузории ҷории замин тартиб дода шудаанд (Қарори Ҳукумати ҶТ аз 26.07.2000 № 318);

- ба мақомоти дахлдори ҳокимияти иҷроияи маҳалли (ҳукуматҳо) оид ба пурра ё қисман кашида гирифтани замин дар мавридҳои истифодаи хилофи мақсад, истифодаи ғайриоқилонаи қитъаҳои замин, ки ба пастшавии ҳосилнокии хок, бадшавии ҳолати экологии он сабаб мешавад ва истифода набурдани заминҳо дар мӯҳлатҳои аз тарафи Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда, таклифҳо пешниҳод мекунанд;

- дар бораи вайронкунии қонунгузории замин актҳо тартиб дода, парвандаҳоро оид ба вайронкунии қонунгузории замин бо тартиб ва шароити муқаррарнамудаи қонунгузорӣ баррасӣ менамоянд;

- бо пешниҳоди ҳуҷҷати хизматӣ ба корхонаву ташкилотҳо ва муассисаҳо дохил мешаванд, қитъаҳои заминеро, ки сарфи назар аз шакли моликият ва тобеияти идори таҳти истифода қарор доранд, аз назар мегузаронанд ва қитъаҳои заминеро, ки дар ихтиёри объектҳои ҳарбӣ, мудофиавӣ ва дигар объектҳои махсус мебошанд, дарназардошти низоми муқарраршудаи дохил шудан ба онҳо, месанҷанд;

- аз вазорату идораҳо бо тартиби муқарраршуда ҳисоботи омориро дар бораи ҳолати захираҳои замин мегиранд;

- мутахассисонро барои азназаргузаронии заминҳо, экспертиза ва тафтиши иҷрои чорабиниҳо оид ба ҳифзи замин ҷалб менамоянд;

- ба корхонаҳо, ташкилоту муассисаҳо, ҳамчунин шаҳрвандон доир ба масъалаҳои ҳифзи замин ва бартараф намудани вайронкунин қонунгузории замин дастурҳо ва тавсияҳое пешниҳод мекунанд, ки иҷрои онҳо ҳатмист;

- ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи боздоштани иҷрои қарорҳои ғайриқонунӣ оид ба ҷудо намудани қитъаҳои замин, то баррасии эътирозномаҳо дар суд ва суди иқтисоди таклифҳо пешниҳод мекунанд;

- ба мақомоти дахлдори молиявию кредитӣ оид ба қатъ намудани маблағгузорӣ (қарз додан) ба сохтмони иншоотҳо дар сурати надоштани Сертификат дар бораи истифодабарии замин огоҳномаҳое пешниҳод мекунанд, ки иҷрои онҳо ҳатмист (Қарори Ҳукумати ҶТ аз 26.07.2000 № 318).

Сарнозирони давлатии истифода ва ҳифзи замини Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муовинони вай, нозирони маҳаллӣ ва муовинони онҳо илова бар ин ҳуқуқ доранд, ки бастани шартномаҳои ба иҷора додани қитъаҳои замин ва дигар амалиётро бо замин назорат кунанд ва дар хусуси бо тартиби муқарраршуда беэътибор донистани амалиёти мазкур, ки бар хилофи қонунгузории ҷории замин анҷом дода шудаанд, таклифҳо пешниҳод намоянд.

Ашхоси воқеӣ ва мансабдоре, ки кори нозирони давлатии истифода ва ҳифзи заминро халалдор мекунанд, нисбат ба ашхоси мақомоти ваколатдоре, ки назорати истифода ва ҳифзи заминро анҷом медиҳанд, таҳдид ва зӯриро истифода мекунанд, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

Мақомоти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи салоҳияти худ ба ашхоси мансабдори назорати давлатии истифода ва ҳифзи замин кӯмак мерасонанд.

Ашхоси мансабдоре, ки барои назорати давлатии истифода ва ҳифзи замин масъуланд, барои сари вақт пешгирӣ кардани қонуншиканиҳо дар мавриди истифодаи замин ва саҳеҳияти маводи санҷишҳо ҷавобгар ҳастанд.

Шикоятҳо аз болои амалҳои ашхоси масъули назорати истифода ва ҳифзи замин ба роҳбарияти болоӣ ё суд пешниҳод карда мешаванд.

Мақомоти ҳокимияти иҷроияи маҳаллӣ метавонанд дар мавриди ҳифзи иҷтимоии ашхоси мансабдоре, ки назорати давлатии истифода ва ҳифзи заминро амалӣ мекунанд, кафолатҳо муқаррар намоянд.

3.2. Сарнозирони давлатии истифода ва ҳифзи замин дар маҳалҳо ва ҷонишинони онҳо барои дар ҳақиқат бартараф намудани вайронкунии қонунгузории замин, инчунин аз болои иҷрои дастурҳо аз тарафи заминистифодабарандагон назорат мебаранд. Илова бар ин китоби санҷиши риояи қонунгузории заминро пеш мебаранд. Ҳамаи ҳуҷҷатҳо (протоколҳо оид ба вайронкунии қонунгузории замин дастурҳо ва ғайра) ба китоби махсус дароварда, дар мӯҳлати муқарраргардида нигоҳ дошта мешаванд.

3.3. Сарнозирони давлатии истифода ва ҳифзи замин дар маҳалҳо ду маротиба дар як сол, яъне 1 июль ва 1 декабрь аз рӯи назорат ҷиҳати истифода ва ҳифзи замин ҳисобот тартиб дода, на дертар аз 10 рӯз, яъне 10 июль ва 10 декабрь ба Сарнозири давлатии истифода ва ҳифзи замини Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод мекунанд.

3.4. Кумитаи давлатии заминсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо азорати ҳифзи табиати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоботи ҳарсоларо дар бораи назорат аз рӯи истифода ва ҳифзи замин тартиб дода, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд (Қарори Ҳукумати ҶТ аз 19.04.2001 № 189).

4. Тартиби бастани ҷарима барои вайронкунии қонунгузории замин

4.1. Мақомоти Кумитаи давлатии заминсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати ҳифзи табиати Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи салоҳияташон ба таври маъмурӣ барои вайронкунии қонунгузории замин ба мӯҳлати то 1 моҳ аз рӯзи муайян кардани қонуншиканӣ ва дар ҳолатҳои ҷудогона - на дертар аз як моҳ аз рӯзи содир шудани қонуншиканӣ ҷарима мебанданд (Қарори Ҳукумати ҶТ аз 19.04.2001 № 189).

4.2. Мақомоти Кумитаи давлатии заминсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи моддаи 222.1 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳолатҳои зайл ҷарима меситонанд (Қарори Ҳукумати ҶТ аз 19.04.2001 № 189):

- риоя накардани мӯҳлатҳои иҷрои қарор ё худ пинҳон доштани фонди махсуси замин;

- бемасъулиятона истифода бурдани замин, иҷро накардани тадбирҳо ҷиҳати беҳдошти замин ва ҳифзи хок аз эрозияи обию бодӣ ва пешгирии равандҳое, ки ҳолати заминро бад мекунанд;

- худсарона азхуд кардани замин;

- истифода набурдани заминҳои наздиҳавлигӣ, боғҳои ҷамъиятӣ ва полезӣ;

- мувофиқи мақсади муайяншуда истифода набурдани замин;

- вайрон кардани қитъаҳои замин, хароб намудани қабати ҳосилхези хок;

- напардохтани андози замин;

- иҷро накардани дастурҳои мақомоти масъули назорати давлатии истифода ва ҳифзи замин;

- лоиҳакашӣ, ҷобаҷокунӣ ва ба истифода додани иншооте, ки ба ҳолати замин таъсири манфӣ мерасонанд;

- маълумоти бардурӯғ дар бораи ҳолат ва истифодабарии замин;

- вайрон кардани мӯҳлати баргардонидани заминҳои муваққатан гирифташуда ва иҷро нашудани ӯҳдадориҳо дар бораи барқароркунии ҳолати пештараи заминҳо ва мувофиқи мақсад истифода бурдани онҳо;

- нест кардани аломатҳои марзҷудокунанда;

- халал расонидан барои гузаронидани ҳисобу китоби замин;

4.3. Мақомоти Вазорати ҳифзи табиати Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи моддаи 231 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳолатҳои зайл ҷарима мебанданд:

- худсарона аз худ кардани заминҳои таъиноти табиӣ, мамнӯъгоҳҳо, солимгардонӣ ва барқароркунӣ;

- бо партовҳои химиявию радиоактивӣ, партовҳои обҳои заҳролудшуда бо организмҳои зарарноки бактериявию паразитӣ ва карантини ифлос кардани замин;

- вайрон кардани замин ва нест кардани қабати ҳосилхези хок;

- ба эътибор нагирифтани дастурҳои ашхоси мансабдори вазорат ва мақомоти маҳаллии он оид ба масъалаҳои рафъи вайронкунии қонунгузории замин;

- вайрон кардани низоми истифодаи заминҳои таъиноти ҳифзи табиат, мамнӯъгоҳ, солимгардонӣ, барқароркунӣ, дигар заминҳо бо шароити махсуси истифода, ҳамчунин заминҳои аз партовҳои радиоактивӣ ифлосшуда;

- лоиҳакашӣ, ҷобаҷокунӣ ва ба истифода додани иншооте, ки ба ҳолати экологии замин таъсири манфӣ мерасонанд;

4.4. Парвандаҳо дар бораи қонуншиканиҳое, ки дар бандҳои 4.2, 4.3 ҳамин Низомнома зикр шудаанд, аз тарафи роҳбарияти хадамоти заминсозӣ ва муовинони ӯ тибқи Кодекси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи қонуншиканиҳои маъмурӣ, ҳамчунин нозирони давлатии истифода ҳифзи замин ва ашхоси мансабдори мақомоти мазкур баррасӣ карда мешаванд;

Дар сурати наандешидани тадбирҳо оид ба рафъи оқибати вайронкуниҳо баъди ҷарима ситонидан ҳуҷҷатҳо ба мақомоти маҳаллии ҳифзи ҳуқуқ супорида шуда, вайронкунандагони қонун тибқи қонунгузорӣ ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида мешаванд. Ситонидани ҷарима вайронкунандагони қонунро аз ислоҳи минбаъдаи камбудиҳо ва ҷуброни зарари расонидашуда озод намекунад.

4.5. Маблағи ҷарима барои вайрон кардани қонунгузории замин ба суратҳисоби махсуси идораҳои назораткунандаи замини давлати дохил ва тибқи нишондоди Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода мегардад. Барои ҳавасмансозии моддии мақомоти назорати давлатии замин иҷозат аст, ки 15% маблағи умумии ҷаримаи ситонидашаванда ба ихтиёри онҳо гузошта шавад (Қарори Ҳукумати ҶТ аз 26.07.2000 № 318).

4.6. Ҳангоми ошкор намудани вайронкунии қонунгузории замин нозири давлатии замин барои дар мӯҳлати муайян бартараф кардани вайронкорӣи дастуре медиҳад ки иҷрои он ҳатмӣ мебошад (замимаи 1).

Ҳангоми бартараф намудани вайронкунии қонунгузории замин дар мӯҳлати муқарраршуда нозири давлатии замин дар бораи қонуншикании замин Акт тартиб медиҳад (замимаи 2).

Ҳангоми тартиб додани акт оид ба қонуншиканӣ, нозири давлатии замин ҳуқуқ ва вазифаҳои шаҳрвандонро шарҳ дода, дар он сабт мекунад.

Шахсе, ки қонунгузории заминро вайрон кардааст, ҳуқуқ дорад ақидаи худро доир ба радди имзои акт баён кунад.

Акт дар бораи вайрон кардани қонунгузории замин ба мӯҳлати панҷ рӯз ба шахси мaнсaбдори мақоми назорати давлатии замин супорида мешавад.

4.7. Мутобиқи моддаи 3.1. ҳамин Низомнома нозири давлатии истифода ва ҳифзи замин ҳуқуқ дорад, ки ба мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои муайян кардани шахсияти вайронкунанда қонунгузории замин муроҷиат кунад (замимаи 3).

4.8. Шахсони мансабдори мақомоте, ки назорати давлатии истифода ва ҳифзи заминро ба дӯш доранд, дар асоси акти вайронкунии қонунгузории замин метавонанд дар муддати 10 рӯз оид ба ситонидани ҷарима аз шахсони мансабдор, ҳуқуқӣ ва воқеӣ қарор қабул намоянд (замимаи 4).

4.9. Ҳангоми дар мӯҳлати муқарраргардида насупоридани ҷарима аз шахсони ҳуқуқӣ (ба истиснои шаҳрвандони хориҷӣ ва ташкилотҳои байналхалқӣ), ки барои вайрон кардани қонунгузории замин ба ҷазои маъмурӣ кашида шудаанд, дар асоси қарори мақомоти назорати давлатии истифода ва ҳифзи замин маблағи ҷарима бе баҳсу мунозира ситонида мешавад.

Ситонидани маблағҳо аз ташкилотҳои хориҷӣ ва байналхалқӣ, корчаллонҳое, ки мақоми ҳуқуқӣ надоранд, шахсони мансабдор ва воқеӣ дар асоси қарори суд анҷом дода мешавад.

Барои ба тариқи маҷбури иҷро кардани қарор оид ба ситонидани ҷарима, шахсони мансабдори назорати давлатии истифода ва ҳифзи замин:

- ба ҷои кори ашхоси мансабдор ва воқеӣ, ки қонунгузории заминро вайрон намудаанд, доир ба ситонидани ҷарима аз музди меҳнаташон (замимаи 5);

- ба ташкилотҳои молиявию кредит оид ба ситонидани ҷарима аз шахсони ҳуқуқие, ки суратҳисоби бонкӣ доранд (замимаи 6), пешниҳод ирсол менамоянд.

4.10. Ҳангоми муайян кардани корҳое, ки хилофи қонунгузории замин иҷро карда мешаванд, нозири давлатии истифода ва ҳифзи замин мутобиқи ҳамин Низомнома барои қатъ кардани чунин корҳо талабнома дода, мӯҳлати иҷро ва ислоҳи онро муқаррар мекунад (замимаи 7).

Дар ҳолати давом додани чунин корҳо, ки бар хилофи қонунгузории заминанд, нозири давлатии истифода ва ҳифзи замин бо дарназардошти ҳамин Низомнома барои қатъ гардонидани маблағгузорӣ (қарздиҳӣ) огоҳнома мефиристад (замимаи 8).

Дар ҳолати чора надидан ва бартараф накардани вайронкунии қонунгузории замин баъди бастани ҷарима ҳуҷҷатҳо ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ барои кушодани парвандаи ҷиноӣ мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида мешаванд (замимаи 9).

4.11. Кумитаи давлатии заминсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати ҳифзи табиати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи тартиби анҷом додани назорати давлатии истифода ва ҳифзи замин дастурамал ва шарҳҳо интишор медиҳанд, ҳамчунин шаҳодатнома ва дигар ҳуҷҷатҳои вобаста ба кори нозирони давлатии истифода ва ҳифзи заминро, ки барои иҷрои вазифаҳои онҳо заруранд, тасдиқ мекунанд (Қарори Ҳукумати ҶТ аз 19.04.2001 № 189).