Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 июли соли 1997, № 294
Мутобиқи моддаи 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 июли соли 1997, № 294 "Дар бораи тасдиқи Низомномаи назорати давлатӣ ба истифода ва ҳифзи замин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
- дар номи қарор калимаҳои "Низомномаи назорати давлатӣ ба истифода ва ҳифзи замин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" ба калимаҳои "Низомномаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи замин" иваз карда шаванд;
- банди 1 қарор дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"1. Низомномаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи замин тасдиқ карда шавад (замима мегардад)".
2. Ба Низомномаи назорати давлатӣ ба истифода ва ҳифзи замин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 июли соли 1997, № 294 тасдиқ шудааст, тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шавад:
- номи Низомнома дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"Низомномаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи замин";
- дар матни Низомнома калимаҳои "Кумитаи давлатии заминсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон" ба калимаҳои "мақоми ваколатдори давлатии батанзимдарории муносибатҳои вобаста ба замин", калимаҳои "Вазорати ҳифзи табиати Ҷумҳурии Тоҷикистон" ба калимаҳои "мақоми ваколатдори давлатии соҳаи ҳифзи муҳити зист", калимаи "ашхоси" ба калимаи "шахсони" ва калимаҳои "Акт, Акти" мутаносибан ба калимаҳои " протокол, протоколи" иваз карда шаванд;
- дар банди 1.2. калимаҳои "вазорату идораҳо, муассисаҳо, ташкилоту корхонаҳои давлатӣ ва кооперативӣ, ҳамчунин аз тарафи ашхоси мансабдор ва воқеӣ" ба калимаҳои "шахсони воқеӣ, ҳуқуқӣ ва мансабдор" иваз карда шавад;
- банди 1.3. дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"1.3. Назорати давлатии замин аз тарафи мақоми ваколатдори давлатии батанзимдарории муносибатҳои вобаста ба замин, мақомоти он дар маҳалҳо ва мақоми ваколатдори давлатии соҳаи ҳифзи муҳити зист дар ҳамбастагӣ бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ амалӣ гардонида мешавад.";
...