Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Масъалаҳои Кумитаи давлатии заминсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон
(Қарори Ҳукумати ҶТ аз 03.06.2006 № 268)
(Қарори Ҳукумати ҶТ аз 03.06.2006 № 268)
Мутобиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 марти соли 2001 № 534 "Дар бораи таъсиси Кумитаи давлатии заминсозии Ҷумҳурии Тоҷикнстон" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Низомномаи Кумитаи давлатии заминсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шаванд (замима мегарданд) ().
Сохтори дастгоҳи марказӣ, нақшаи идоракунии Кумитаи давлатии заминсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва номгӯи ташкилоту корхонаҳои давлатие, ки фаъолияташонро тибқи созишномаи дуҷониба бо Кумитаи давлатии заминсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом медиҳанд, тасдиқ карда шаванд (замима мегарданд)().
2. Шумораи ниҳоии кормандони Кумитаи давлатии заминсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миқдори 327 воҳид (бе ҳайати хизматрасон), аз ҷумла дастгоҳи марказӣ ба миқдори 74 воҳид ва кумитаҳои заминсозии вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявӣ ба миқдори 253 воҳид муқаррар карда шаванд )().
3. Ба Кумитаи давлатии заминсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дода шавад, ки се муовини раис, аз ҷумла як муовини аввал, ҳайати мушовараи иборат аз 7 нафар дошта бошад ва ба он лимити ҳайати кормандон оид ба хизматрасонии нақлиёти автомобилии сабукрав 4 воҳид ҷудо карда шавад.
4. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон:
якҷоя бо Кумитаи давлатии заминсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мӯҳлати 10 рӯз фонди пардохти музди меҳнат ва хароҷоти таъминоти дастгоҳи марказии он, дастгоҳҳои кумитаҳои вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявии заминсозиро муайян намояд:
иҷозат дода шавад, ки таъминоти кумитаҳои вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявии заминсозӣ тавассути Кумитаи давлатии заминсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз буҷети ҷумҳуриявӣ сурат гирад.
5. Ба Кумитаи давлатии заминсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон барои кушодани ҳисобномаи махсус дар Идораи марказии хазинадории Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дода шавад.
...