Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 июли соли 2000, № 318 "Дар бораи ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Низомномаи назорати давлатӣ ба истифода ва ҳифзи замин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни: 19.04.2001

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР

Дар бораи ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Низомномаи назорати давлатӣ ба истифода ва ҳифзи замин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

(Қарори Ҳукумати ҶТ аз 19.04.2001 № 189

(Қарори Ҳукумати ҶТ аз 19.04.2001 № 189

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Ба Низомномаи назорати давлатӣ ба истифода ва ҳифзи замин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 июли соли 1997 № 294 тасдиқ шудааст, тағйироту иловаҳои зайл дохил карда шавад:

1. Дар банди 1.1. калимаҳои "корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо" ба калимаҳои "ашхоси ҳуқуқӣ" иваз карда шавад:

2. Банди 1.3. дар таҳрири нав баён карда шавад:

"1.3. Назорати давлатии замин аз тарафи Кумитаи давлатии заминсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти он дар маҳалҳо ва Вазорати ҳифзи табиати Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад (Қарори Ҳукумати ҶТ аз 19.04.2001 № 189).

Ин мақомот фаъолияти худро дар ҳамкорӣ бо мақомоти ҳокимияти намояндагӣ ва иҷроия ва байни ҳамдигар анҷом медиҳанд".

3. Дар банди 1.4.:

дар сархати якум баъд аз калимаи "муовини раис" калимаҳои сардори Саридораи бозрасии давлатии Кумитаи замин" илова карда шавад;

сархати чорум бо мазмуни зайл илова карда шавад:

"автомашинаҳои хизматии нозирони давлатии замин бо нишонаи масус "Бозрасии Давлатии Замин (БДЗ), қайд карда мешаванд";

...

Правительство Республики Таджикистан

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

"О внесении изменений и дополнений в Положение о государственном контроле за использованием и охраной земель в Республике Таджикистан"

Правительство Республики Таджикистан постановляет:

Внести в Положение о государственном контроле за использованием и охраной земель в Республике Таджикистан, утвержденное постановлением Правительства Республики Таджикистан от 15 июля 1997 года № 294. следующие изменения и дополнения:

1. В пункте 1.1. слова "предприятиями, учреждениями и организациями'' заменить словами ''юридическими лицами".

2. Пункт 1.3. изложить в новой редакции:

"1.3. Госземконтроль осуществляется Комитетом по земельным ресурсам и землеустройству при Правительстве Республики Таджикистан и его органами на местах и Министерством охраны природы Республики Таджикистан.

Эти органы осуществляют свои функции во взаимодействии с органами представительной и исполнительной власти и между собой".

3. В пункте 1.4.:

в абзаце первом после слов "заместители Председателя" дополнить словами "и начальник Главного Управления Государственного контроля за использованием и охраной земель Комитета";

дополнить абзацем четвертым следующего содержания:

"Служебные автомашины госземинспекторов должны иметь опознавательные надписи <Госземинспекция (ГЗИ)>.

абзацы четвертый и пятый соответственно считать абзацами пятым и шестым.

4. В пункте 2.1.:

...