ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи Феҳристи мансабҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Бо мақсади ба танзим даровардани мансабҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мутобиқи моддаҳои 9, 10 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи хизмати давлатӣ" ва моддаҳои 42, 51 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" фармон медиҳам:
1. Феҳристи мансабҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
2. Роҳбарони мақомоти иҷроияи марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот дар давоми як моҳ номгӯи мансабҳои давлатии хизмати давлатии мақомоти худро ба Феҳристи мазкур мутобиқ намоянд ва зимни таъсиси мансабҳои нави маъмурии хизмати давлатӣ муқаррароти Феҳристи мазкурро ба инобат гиранд.
3. Фармонҳои зерини Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз эътибор соқит дониста шаванд:
- аз 2 августи соли 2008, № 503 "Дар бораи Феҳристи мансабҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон";
- аз 24 июли соли 2009, № 678 "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 августи соли 2008, №503 "Дар бораи Феҳристи мансабҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон";
- аз 2 сентябри соли 2010, № 921 "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Феҳристи мансабҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 августи соли 2008, №503 тасдиқ карда шудааст";
- аз 26 июли соли 2013, № 1468 "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Феҳристи мансабҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон";
- аз 17 марти соли 2014, № 180 "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Феҳристи мансабҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон";
- аз 1 апрели соли 2014, № 183 "Дар бораи ворид намудани илова ба Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 августи соли 2008, №503".
4. Банди 3 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 июли соли 2015, № 523 "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба баъзе фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон" хориҷ карда шуда, бандҳои 4-6 мутаносибан бандҳои 3-5 ҳисобида шаванд.
...