Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 марти соли 2014 № 180 "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Феҳристи мансабҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

Бо Фармони Президенти ҶТ аз 15.08.2016 № 737 аз эътибор соқит дониста шуд.

ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Феҳристи мансабҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бо мақсади танзими иловагии мансабҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мутобиқи моддаи 9 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи хизмати давлатӣ", моддаи 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" фармон медиҳам:

Ба Феҳристи мансабҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 августи соли 2008, № 503 "Дар бораи Феҳристи мансабҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон" тасдиқ карда шудааст, тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

а) дар боби 1 фасли II:

- дар сархати дуюм калимаҳои "муовини якуми ӯ" ба калимаҳои "муовини якум ва муовини ӯ" иваз карда шаванд;

- сархати сеюм дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон";

б) банди 1 боби 2 фасли II дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"1. Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мансабҳои категорияи олӣ

Сардори Раёсат

Мудири Котиботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Котиби матбуотӣ - роҳбари Хадамоти матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

...

Утратил силу в редакции Указ Президента Республики Таджикистан от 15 августа 2016 года, № 737

УКАЗ ПРЕЗИДЕНТА РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

О внесении изменений и дополнений в Реестр государственных должностей Республики Таджикистан

В целях дополнительного упорядочения государственных должностей Республики Таджикистан и в соответствии со статьей 9 Закона Республики Таджикистан "О государственной службе" и статьей 42 Закона Республики Таджикистан "О нормативных правовых актах" постановляю:

Внести в Реестр государственных должностей Республики Таджикистан, утвержденный Указом Президента Республики Таджикистан от 2 августа 2008 года, №503 "О Реестре государственных должностей Республики Таджикистан" следующие изменения и дополнения:

а) в главе 1 раздела II:

- второй абзац после слов "первый заместитель" дополнить словами "и заместитель";

- абзац третий изложить в следующей редакции:

"Помощник Президента Республики Таджикистан";

б) пункт 1 главы 2 раздела II изложить в следующей редакции:

"1. Исполнительный аппарат Президента Республики Таджикистан

Должности высшей категории

Начальник Управления

Заведующий Секретариатом Президента Республики Таджикистан

Пресс-секретарь - руководитель Пресс-службы Президента Республики Таджикистан

...