Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 сентябри соли 2015 № 921 "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Феҳристи мансабҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 августи соли 2008 № 503 тасдиқ карда шудааст"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

Бо Фармони Президенти ҶТ аз 15.08.2016 № 737 аз эътибор соқит дониста шуд.

ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Феҳристи мансабҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 августи соли 2008 № 503 тасдиқ карда шудааст

Мутобиқи моддаи 9 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи хизмати давлатӣ" ва моддаи 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" фармон медиҳам:

Ба Феҳристи мансабҳои давлатии Ҷумҳурии Точикистон, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 августи соли 2008 № 503 "Дар бораи Феҳристи мансабҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон" тасдиқ шудааст, тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

1) Дар боби 1 фасли II:

- дар сархати дуюм калимаҳои "муовини якуми ӯ" ба калимаҳои "муовини якум ва муовинони ӯ" иваз карда шаванд;

- дар сархати нӯҳум баъд аз калимаҳои "Ҷумҳурии Тоҷикистон" калимаҳои "ва муовини ӯ" илова карда шаванд.

2) Дар параграфи 1 боби 2 фасли II:

- аз Мансабҳои категорияи олӣ калимаҳои "Муовини Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон" хориҷ карда шаванд;

- аз Мансабҳои категорияи якум калимаҳои "Мудири бахши мустақил" хориҷ карда шаванд.

3) Дар банди 7 параграфи 4 боби 2 фасли II;

- ба зербанди 7.1 дар Мансабҳои категорияи якум сатри нав "Муовини сардори сарраёсат" илова карда шуда, аз Мансабҳои категорияи дуюм калимаҳои "Муовини сардори сарраёсат" хориҷ карда шаванд;

- ба зербанди 7.2 дар Мансабҳои категорияи якум ва дуюм мувофиқан сатрҳои "Сардори раёсат" ва "Муовини сардори раёсат" илова карда шуда, аз Мансабҳои категорияи сеюм калимаҳои "Сардори раёсат" ва "Муовини сардори раёсат" хориҷ карда шаванд;

- ба зербанди 7.2 дар Мансабҳои категорияи сеюм сатри "Сардори шӯьба (шаҳр, ноҳия)" илова карда шавад.

...

Утратил силу в редакции Указ Президента Республики Таджикистан от 15 августа 2016 года, № 737

УКАЗ ПРЕЗИДЕНТА РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

О внесении изменений и дополнений в Реестр государственных должностей Республики Таджикистан, утверждённый Указом Президента Республики Таджикистан  от 2 августа 2008 года №503

В соответствии со статьей 9 Закона Республики Таджикистан "О государственной службе" и статьей 42 Закона Республики Таджикистан "О нормативных правовых актах" постановляю:

В Реестр государственных должностей Республики Таджикистан, утверждённый Указом Президента Республики Таджикистан от 2 августа 2008 года №503 "О Реестре государственных должностей Республики Таджикистан", внести следующие изменения и дополнения:

1) В главе 1 раздела II:

- в строке 2 слова "его первый заместитель" заменить словами "первый заместитель и его заместителей";

- в строке 9 после слов "Республики Таджикистан" дополнить словами "и его заместитель".

2) В параграфе 1 главы 2 раздела II:

- из Должностей высшей категории слова "Заместитель Руководителя Исполнительного аппарата Президента Республики Таджикистан" исключить;

- из Должностей первой категории слова "Заведующий самостоятельным сектором" исключить.

3) В пункте 7 параграфа 4 главы 2 раздела II:

- подпункт 7.1 в Должностях первой категории дополнить новой строкой "Заместитель начальника главного управления", исключив из Должностей второй категории слова "Заместитель начальника главного управления";

- подпункт 7.2 в Должностях первой и второй категории соответственно дополнить строками "Начальник управления" и "Заместитель начальника управления", исключив из Должностей третьей категории слова "Начальник управления" и "Заместитель начальника управления";

- подпункт 7.2 в Должностях третьей категории дополнить строкой "Начальник отдела (город, район)".

...