ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Феҳристи мансабҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Бо мақсади танзими мансабҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мутобиқи моддаи 9 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи хизмати давлатӣ", моддаҳои 42, 62 ва 63 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" фармон медиҳам:
1. Ба Феҳристи мансабҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 августи соли 2008, № 503 "Дар бораи Феҳристи мансабҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон" тасдиқ карда шудааст, тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1) Дар боби 1 фасли II:
-баъд аз мансаби "Раиси Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон" мансабҳои "Раиси Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини ӯ ва сараудиторон" илова карда шаванд;
-баъд аз мансаби "Директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон" мансаби "Директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон" илова карда шавад;
-баъд аз мансаби "Роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мансаби "Роҳбари Дастгоҳи Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон" илова карда шавад;
2) Дар пар.1 боби 2 фасли II дар Мансабҳои категорияи олӣ баъд аз калимаҳои "Сардори раёсат" аломати "*", баъд аз калимаҳои "Мудири шӯъба" аломатҳои "**" ва баъд аз калимаҳои "Котиби матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон" калимаҳои "Роҳбари Хадамоти протоколии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва эзоҳот бо мазмуни зерин илова карда шаванд:
"*Эзоҳ: Категорияи мансаби сардори идора ба сардори раёсат баробар аст,
**Эзоҳ: Категорияи мансаби мудири марказ ба мудири шӯъба баробар аст";
3) Дар §2 боби 2 фасли II ба Мансабҳои категорияи олӣ баъд аз калимаҳои "Муовини Роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси миллӣ" калимаҳои "Муовини якуми Роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон", ба Мансабҳои категорияи якум баъди калимаҳои "Муовини мудири шӯъба" калимаҳои "Муовини мудири котибот", "Мушовири калони Раиси Маҷлиси намояндагон", "Мушовири калони муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагон", "Ёрдамчии калони Раиси Маҷлиси намояндагон", ба Мансабҳои категорияи дуюм баъд аз калимаҳои "Мушовири Кумита" калимаҳои "Ёрдамчии калони муовини якуми Раис", ба Мансабҳои категорияи чорум калимаи "сармутахассис" илова карда шуда, аз мансабҳои категорияи панҷум калимаи "сармутахассис" хориҷ карда шавад;
4) Дар §3 боби 2 фасли II:
-аз Мансабҳои категорияи сеюми зербанди 1.2 банди 1 калимаҳои "Муовини сардори шӯъба" хориҷ карда шаванд;
...