Тартиби ташаккулдиҳӣ ва истифодаи Фонди рушди сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июли соли 2026, № 451

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Замимаи 1
ба қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз «1» июли соли 2026, №451

Тартиби ташаккулдиҳӣ ва истифодаи Фонди рушди сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

1.МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

1.Тартиби ташаккулдиҳӣ ва истифодаи Фонди рушди сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд Тартиби мазкур) асосҳои ҳуқуқию иқтисодии ташаккул ва истифодаи маблағҳои Фонди рушди сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд Фонди сайёҳӣ), инчунин мақоми идоракунии онро муайян менамояд.

2.Мақоми идоракунии Фонди сайёҳӣ - Шурои Фонди рушди сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд Шуро) мебошад.

3.Бо мақсади ташаккул додани Фонди сайёҳӣ дар Сарраёсати хазинадории марказии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон суратҳисоби алоҳида кушода шуда, хароҷоти маблағҳо аз он тибқи Тартиби мазкур дар асоси қарорҳои Шуро амалӣ карда мешавад.

2.САРЧАШМАҲОИ ТАШАККУЛИ ФОНДИ САЙЁҲӢ

4.Фонди сайёҳӣ аз ҳисоби сарчашмаҳои зерин ташаккул меёбад:

1)аз буҷети давлатӣ аз ҳисоби сарчашмаҳои зерин, аз ҷумла:

-хироҷи сайёҳӣ барои хизматрасонии (фурӯши) бастаҳои сайёҳӣ барои сайёҳони хориҷӣ, ҷиҳати анҷоми саёҳати дохилӣ (барои ҳар як шабонарӯз);

-хироҷ барои додани ҳуҷҷати иҷозатдиҳии хизматрасонии сайёҳӣ;

-пардохт дар ҳаҷми 5 дарсад аз маблағи фурӯши бастаҳои сайёҳӣ барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба хориҷи кишвар бо мақсадҳои сайёҳӣ сафар менамоянд;

...
Приложение 1
к постановлению Правительства
Республики Таджикистан
от «1» июля 2026 года,№451

Порядок формирования и использования Фонда развития туризма Республики Таджикистан

1.ОБЩИЕ ПОЛОЖЕНИЯ

1. Порядок формирования и использования Фонда развития туризма Республики Таджикистан (далее - настоящий Порядок) определяет правовые и экономические основы формирования и использования средств Фонда развития туризма Республики Таджикистан (далее - Фонд туризма), а также статус его органа управления.

3.Органом управления Фонда туризма является Совет Фонда развития туризма Республики Таджикистан (далее - Совет).

3. С целью формирования Фонда туризма в Главном управлении центрального казначейства Министерства финансов Республики Таджикистан открывается отдельный расчётный счет, расходы средств по которому осуществляются в соответствии с настоящим Порядком и на основании решений Совета.

2.ИСТОЧНИКИ ФОРМИРОВАНИЯ ФОНДА ТУРИЗМА

4.Фонд туризма формируется за счет следующих источников:

1)из государственного бюджета за счет следующих источников, в том числе:

- туристических сборов за оказание услуг (реализации) туристических пакетов иностранным туристам, в целях осуществления внутреннего туризма (за каждые сутки);

- сбора за выдачу разрешения на оказание туристических услуг;

- выплат в размере 5 процентов от суммы реализации туристических пакетов для граждан Республики Таджикистан, выезжающих за пределы страны в целях туризма;

...