Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июли соли 2026, № 451 "Дар бораи масъалаҳои Фонди рушди сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР

Дар бораи масъалаҳои Фонди рушди сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон


Мутобиқи моддаи 16 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо мақсади дастгирии субъектҳои хизматрасонии сайёҳӣ ва рушди соҳаи сайёҳӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1.Фонди рушди сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шавад.

2.Тартиби ташаккулдиҳӣ ва истифодаи Фонди рушди сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шавад (замимаи 1).

3.Шурои Фонди рушди сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ва ҳайати он тасдиқ карда шавад (замимаи 2).

4.Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон:

-оид ба такмили сохтори дастгоҳи марказӣ вобаста ба пешбурди самараноки фаъолияти Шурои Фонди рушди сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таклифи мушаххас пешниҳод намояд;

-оид ба фаъолияти Шурои Фонди рушди сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар нимсола ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муқарраргардида ҳисобот пешниҳод намояд.


Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон


ш. Душанбе, аз 1 июли соли 2026, № 451
...

Правительство Республики Таджикистан

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

О вопросах Фонда развития туризма Республики Таджикистан

В соответствии со статьей 16 конституционного Закона Республики Таджикистан «О Правительстве Республики Таджикистан» с целью поддержки субъектов по оказанию туристических услуг и развития туристической отрасли Правительство Республики Таджикистан постановляет:

1.Создать Фонд развития туризма Республики Таджикистан.

2.Утвердить Порядок формирования и использования Фонда развития туризма Республики Таджикистан (приложение 1).

3.Создать Совет Фонда развития туризма Республики Таджикистан и утвердить его состав (приложение 2).

4.Комитету по развитию туризма при Правительстве Республики Таджикистан:

- представить Правительству Республики Таджикистан конкретное предложение по совершенствованию структуры центрального аппарата, относительно эффективного ведения деятельности Совета Фонда развития туризма Республики Таджикистан;

- в установленном порядке каждое полугодие представлять Правительству Республики Таджикистан отчет о деятельности Совета Фонда развития туризма Республики Таджикистан.

Председатель Правительства
Республики Таджикистан                    Эмомали Рахмонов
г.Душанбе от 1 июля 2026 года, №451


...