Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11 майи соли 2012, № 759 "Дар хусуси тасдиқи Протокол оид ба ворид намудани тағйирот ба Аҳдномаи Амнияти дастаҷамъӣ аз 15 майи соли 1992"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар хусуси тасдиқи Протокол оид ба ворид намудани тағйирот ба Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ аз 15 майи соли 1992

Мутобиқи моддаи 57 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Протокол оид ба ворид намудани тағйирот ба Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ аз 15 майи соли 1992, ки 10 декабри соли 2010 дар шаҳри Москва ба имзо расидааст, тасдиқ карда шавад.

2. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муқарраргардида Котиботи Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъиро дар хусуси аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷро гардидани расмиёти дохилидавлатие, ки барои эътибор пайдо кардани Протоколи мазкур заруранд, огоҳ намояд.

Раиси

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии

Ҷумҳурии Тоҷикистон Ш. Зуҳуров

ш. Душанбе, 11 майи соли 2012, №759

ПОСТАНОВЛЕНИЕ МАДЖЛИСИ НАМОЯНДАГОН МАДЖЛИСИ ОЛИ

 РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

О ратификации Протокола о внесении изменений в Договор о коллективной безопасности от 15 мая 1992 года

В соответствии со статьей 57 Конституции Республики Таджикистан Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан постановляет:

1. Ратифицировать Протокол о внесении изменений в Договор о коллективной безопасности от 15 мая 1992 года, подписанный 10 декабря 2010 года в городе Москве.

2. Правительству Республики Таджикистан в установленном порядке уведомить Секретариат Организации Договора о коллективной безопасности о выполнении Республикой Таджикистан внутригосударственных процедур, необходимых для вступления в силу указанного Протокола.

Председатель

Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли

Республики Таджикистан                                   Ш.Зухуров

г. Душанбе , 11 мая 2012 года, №759