КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Тағйиру иловаҳо бо тариқи раъйпурсии умумихалқӣ аз 26 сентябри соли 1999, аз 22 июни соли 2003, аз 22 майи соли 2016
Тағйиру иловаҳо бо тариқи раъйпурсии умумихалқӣ аз 26 сентябри соли 1999, аз 22 июни соли 2003, аз 22 майи соли 2016
МО, ХАЛҚИ ТОҶИКИСТОН, қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳон буда, худро дар назди наслҳои гузашта, ҳозира ва оянда масъул ва вазифадор дониста, таъмини соҳибихтиёрии давлати худ ва рушду камоли онро дарк намуда, озодӣ ва ҳуқуқи шахсро муқаддас шумурда, баробарҳуқуқӣ ва дӯстии тамоми миллату халқиятҳоро эътироф карда, бунёди ҷомеаи адолатпарварро вазифаи худ қарор дода,
ҲАМИН КОНСТИТУТСИЯРО ҚАБУЛ ВА ЭЪЛОН МЕНАМОЕМ.
БОБИ ЯКУМ. АСОСҲОИ СОХТОРИ КОНСТИТУТСИОНӢ
Моддаи 1.
Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад.
Шакли идораи Ҷумҳурии Тоҷикистон президентӣ мебошад (22 майи соли 2016)
Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ буда, барои ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам меорад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Тоҷикистон ҳаммаъноянд.
Моддаи 2.
Забони давлатии Тоҷикистон забони тоҷикӣ аст. Забони русӣ ҳамчун забони муоширати байни миллатҳо амал мекунад.
Ҳамаи миллатҳо ва халқиятҳое, ки дар ҳудуди ҷумҳурӣ зиндагӣ мекунанд, ҳуқуқ доранд аз забони модариашон озодона истифода кунанд .
Моддаи 3.
...