Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи нишондиҳандаҳои дурнамои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2007 ва параметрҳои асосии дурнамои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2009
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 03.08.2007с. № 419)
Дар асоси моддаи 4 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи дурнамоҳои давлатӣ, консепсияҳо ва барномаҳои инкишофи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Нишондиҳандаҳои дурнамои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2007 (тибқи замимаҳои 1 ва 2) тасдиқ карда шаванд.
2. Параметрҳои асосии дурнамои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Точикистон барои солҳои 2008-2009 (тибқи замимаи 3) маъқул дониста шавад.
3. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми мураттаб сохтани лоиҳаи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2007 нишондиҳандаҳои дурнамои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2007-ро ба инобат гирад.
4. Вазорати иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ҳар семоҳа рафти татбиқи нишондиҳандаҳои дурнамои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2007-ро таҳлил намуда, ҳангоми зарурат, ҷиҳати ворид намудани тағйирот ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таклифҳо пешниҳод намояд.
5. Назорати иҷрои ин қарор ба зиммаи Вазорати иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор карда шавад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
аз 7 сентябри соли 2006 № 389
ш. Душанбе
Правительство Республики Таджикистан
ПОСТАНОВЛЕНИЕ
О прогнозных показателях социально-экономического развития Республики Таджикистан на 2007 год и основных параметрах прогноза социально-экономического развития Республики Таджикистан на 2008-2009 годы
(в редакции Постановления Правительства РТ от 3.08.2007г.№419)
На основании статьи 4 Закона Республики Таджикистан "О государственных прогнозах, концепциях и программах социально экономического развития Республики Таджикистан" Правительство Республики Таджикистан постановляет:
1. Утвердить прогнозные показатели социально-экономического развития Республики Таджикистан на 2007 год (согласно приложений 1 и 2).
2. Одобрить основные параметры прогноза социально-экономического развития Республики Таджикистан на 2008-2009 годы (согласно приложения 3).
3. Министерству финансов Республики Таджикистан при формировании проекта Государственного бюджета Республики Таджикистан на 2007 год учесть прогнозные показатели социальноэкономического развития Республики Таджикистан на 2007 год.
4. Министерству экономического развития и торговли Республики Таджикистан совместно с министерствами, ведомствами и местными исполнительными органами государственной власти ежеквартально анализировать ход реализации прогнозных показателей социально-экономического развития республики на 2007 год и в случае необходимости представлять в Правительство Республики Таджикистан предложения о внесении изменений
5. Контроль за выполнением настоящего постановления возложить на Министерство экономического развития и торговли Республики Таджикистан
Председатель
Правительства Республики Таджикистан Э. Рахмонов
от 7 сентября 2006 года № 389
г. Душанбе
* приложение на таджикском языке