Тартиби аккредитатсияи давлатии муассисаҳои илмӣ аз 3 феврали соли 2000, № 54

Санаи амалкуни: 10.02.2016

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 3 феврали соли 2000 № 54

тасдиқ шудааст

Тартиби аккредитатсияи давлатии муассисаҳои илмӣ

(Қарори Ҳукумати ҶТ аз 28.07.2009 № 414, аз 10.02.2016 № 66)

I. НУҚТАҲОИ УМУМӢ

1. Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи илм ва сиёсати давлатӣ оид ба илму техника" Тартиби аккредитатсияи давлатии муассисаҳои илмӣ шартҳоеро, ки барои гузаронидани аккредитатсияи давлатии муассисаҳои илмӣ заруранд, баррасии онҳо ва додани шаҳодатнома дар бораи аккредитатсияи давлатиро ба низом медарорад.

Мақсад аз аккредитатсияи давлатии муассисаҳои илмӣ ба тартиб овардани фаъолияти муассисаҳои илмӣ, баланд бардоштани сатҳи таҳқиқоти илмии бунёдиву амалӣ, беҳтар намудани тарбияи кадрҳои баландихтисоси илмӣ ва истифодаи дурусту оқилонаи маблағҳои буҷетӣ мебошад (Қарори Ҳукумати ҶТ аз 28.07.2009с. № 414).

2. Объектҳои аккредитатсияи давлатӣ муассисаҳои илмии Ҷумҳурии Тоҷикистон новобаста ба шакли ташкилотиву ҳуқуқӣ ва шакли моликияташон буда ва ҳамчунин иттиҳодияҳои ҷамъиятии кормандони илмие мебошанд, ки кори асосиашон фаъолияти илмӣ, (ё) илмӣ-техникӣ ва тайёр кардани кадрҳои илмӣ буда, тибқи ҳуҷҷатҳои таъсисии муассисаи илмӣ амал мекунанд.

II. ШАРТҲОИ ДОДАНИ ШАҲОДАТНОМА ДАР БОРАИ АККРЕДИТАТСИЯИ ДАВЛАТӢ

3. Шаҳодатнома дар бораи аккредитатсияи давлатӣ ба муассисаҳои илмӣ ба шарте дода мешавад, ки агар:

фаъолияти илмӣ ва (ё) илмиву техникии муассиса фаъолияти асосӣ бошад;

ҳаҷми фаъолияти илмӣ ва (ё) илмиву техникии муассиса на камтар аз 70 фоизи ҳаҷми умумии корҳои дар 5 соли охир иҷрошавандаро (ва ё дар тамоми давраи фаъолият анҷомдодаро агар муассиса камтар аз 5 сол арзи вуҷуд карда бошад) ташкил кунад;

дар оинномаи муассиса шӯрои илмӣ (техникӣ, илмиву техникӣ) ба сифати яке аз мақомоти идора пешбинӣ шуда бошад.

4. Шаҳодатнома дар бораи аккредитатсияи давлатии муассисаҳои илмӣ ба муддати 5 сол эътибор дорад. Бо баробари анҷом ёфтани муддати мазкур аккредитатсияи давлатии муассисаҳои илмӣ такроран тибқи тартиби муқарраркардаи ин Тартиб гузаронида мешавад.

5. Шаҳодатнома дар бораи аккредитатсияи давлатӣ тибқи қонунгузориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди қайди давлатии муассисаҳои илмӣ дода мешавад.

6. Шаҳодатнома дар бораи аккредитатсияи давлатӣ барои ба ташкилоти илмӣ додани имтиёзҳои пардохти андозҳо мутобиқи қонунгузории андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар имтиёзҳое, ки барои ташкилотҳои илмӣ аз ҷониби қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян шудаанд, асос мебошад.

7. Раддия оид ба додани шаҳодатнома дар бораи аккредитатсияи давлатӣ ба ташкилотҳои илмӣ барои ба амал баровардани фаъолияти илмӣ монеа шуда наметавонад, дар як вақт чунин ташкилот ҳуқуқи истифодаи ямтиёзҳои дар қисми панҷуми моддаи 5 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи илм ва сиёсати давлатӣ оид ба илму техника" пешбинӣ гардидаанд (банди 6 тартиби мазкур) надорад.

III. НОМГӯЙИ ҲУҶҶАТҲОЕ, КИ БАРОИ ГУЗАРОНИДАНӢ

АККРЕДИТАТСИЯИ ДАВЛАТӢ ЗАРУРАНД ВА ТАРТИБИ ПЕШНИҲОДИ ОНҲО

8. Муассисае, ки хоҳиши гирифтани аккредитатсияи давлатӣ дорад, ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод мекунад:

ариза барои ба муассисаи илмӣ додани шаҳодатнома дар бораи аккредитатсияи давлатӣ;

нишондиҳандаҳои асосӣ, ки фаъолияти муассиса, аз ҷумла бахшҳои онро тайи 5 соли охир (ва ё дар тамоми давраи фаъолият, агар муассиса камтар аз 5 сол арзи вуҷуд карда бошад), тавсиф медиҳанд;

нусхаи шаҳодатнома дар бораи қайди давлатии муассисаи илмӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;

нусхаи оинномаи муассиса.

9. Тартиби пешниҳоди ҳуҷҷатҳои зикргардида:

муассисаҳои илмии тобеи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тобеи академияҳои илмҳои соҳавӣ кишоварзии Тоҷикистон, ки мақоми давлатӣ доранд, ҳуҷҷатҳои зикргардидаро ба Раёсати Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ё ба мақомоти дахлдори Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон пешниҳод мекунанд (Қарори Ҳукумати ҶТ аз 28.07.2009с. № 414);

муассисаҳои илмие, ки шакли дигари ташкилотиву ҳуқуқӣ ва шакли дигари моликият доранд ва ҳамчунин иттиҳодияҳои ҷамъиятии кормандони илм, ки фаъолияти асосиашон фаъолияти илмӣ, (ё) илмиву техникӣ ва тайёр кардани кормандони илм мебошад ва тибқи ҳуҷҷатҳои таъсисии муассисаи илмӣ амал мекунанд, ҳуҷҷатҳои зикргардидаро ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод мекунанд (Қарори Ҳукумати ҶТ аз 28.07.2009с. № 414).

Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, ки мақоми давлатӣ доранд, барои аккредитатсияи муассисаҳои илмии тобеъ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷҷатҳои зарурӣ ва пешниҳодӣ, асоснок равона мекунанд.

IV. ТАРТИБИ БАРРАСӢ ВА ДОДАНИ ШАҲОДАТНОМА ДАР БОРАИ АККРЕДИТАТСИЯИ ДАВЛАТӢ

10. Ҳангоми баррасӣ кардани масъала дар бораи аккредитатсияи давлатии муассисаҳои илмӣ бояд нуқтаҳои зерин ба инобат гирифта шаванд:

аҳамияти илмӣ ва дараҷаи таҳқиқоту корхонаҳои анҷомдодашуда;

тахассуси кормандони ин муассиса;

ҳамоҳангии тадқиқот ва коркардҳои анҷомдодашуда бо муассисаҳои дигари илмӣ:

мавҷудияти пойгоҳҳо (базаҳо)-и моддиву техникии мувофиқ.

11. Мӯҳлати баррасии ҳуҷҷатҳо ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи аккредитатсияи давлатӣ на бештар аз 3 моҳ, мебошад.

Дар сурати манфӣ ҳал шудани масъалаи аккредитатсия Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муассисаи илмӣ радномаи асоснок равона мекунад.

12. Шаҳодатнома дар бораи аккредитатсияи давлатии муассисаи илмӣ ва ҳамчунин ба бахшиҳо ва намояндаҳои муассисаи илмӣ додани нусхаи тасдиқкардашудаи шаҳодатномаи мазкурро аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси Комиссия оид ба аккредитатсияи давлатии муассисаҳои илмӣ, муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки масъалаҳои илмро бар зимма дорад, имзо менамояд ва месупорад.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сурати муқаррар шудани номутобиқии фаъолияти муассисаи илмӣ ба шартҳои дар боло зикршуда ҳуқуқ дорад, ки аккредитатсияи давлатии ин муассисаро бекор эълон намояд. Аризаи такрорӣ оид ба аккредитатсияи давлатии муассисаи илмӣ, баъди як соли қабули қарор дар бораи бекор эълон шудани он, тибқи тартиботи муқарраршуда дида баромада мешавад.

13. Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон феҳристи муассисаҳои илмии аккредитатсияи давлатиро тартиб дода, оид ба мазмуни он ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тибқи дархост ба мақомоти дигари манфиатдори Ҷумҳурии Тоҷикистон ахборот медиҳад.

14. Варақаҳои шаҳодатнома дар бораи аккредитатсияи давлатии муассисаҳои илмӣ, ҳамчун ҳуҷҷатҳои ҳисобдиҳии қатъӣ, бояд аз коғази дараҷаи баланди ҳимоя таҳия шуда, силсила ва рақами ҳисоби дошта бошад. Ба даст овардан, ҳисоб гирифтан ва нигоҳ, доштани варақаҳои шаҳодатномаи мазкурро Раёсати Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон амали мекунад.

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 3 феврали соли 2000 № 54

тасдиқ шудааст

ҲАЙАТИ КОМИССИЯ ДОИР БА АККРЕДИТАТСИЯИ ДАВЛАТИИ МУАССИСАҲОИ ИЛМӢ

1. Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои сиёсати иҷтимоӣ-фарҳангӣ, раис

2. Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини раис (Қарори Ҳукумати ҶТ аз 28.07.2009с. № 414)

3. Муовини саркотиби илмии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, котиби комиссия

АЪЗОЁНИ КОМИССИЯ:

4. Президенти Академияи илмҳои кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон (Қарори Ҳукумати ҶТ аз 28.07.2009с. № 414)

5. Ноиби президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон

6. Академик-котиби шӯъбаи илмҳои биологӣ ва тиббии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон

7. Сардори Раёсати илму маърифати Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (қарори Ҳукумати ҶТ аз 10.02.2016 № 66)

8. Муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон  оид ба мактабҳои олӣ ва миёнаи махсус (қарори Ҳукумати ҶТ аз 10.02.2016 № 66)

9. Сардори Раёсати рушди соҳаҳои иҷтимоии Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон (Қарори Ҳукумати ҶТ аз 28.07.2009с. № 414)

10. Ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (Қарори Ҳукумати ҶТ аз 28.07.2009с. № 414)

11. Ректори Донишгоҳи давлатии техникии Тоҷикистон ба номи М Осимӣ

12. Ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ (Қарори Ҳукумати ҶТ аз 28.07.2009с. № 414)

13. Ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯали ибни Сино

14. Сардори Идораи илм, кадрҳо ва муассисаҳои таълимии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон

15. Ноиби президенти Академияи таҳсилоти Тоҷикистон (Қарори Ҳукумати ҶТ аз 28.07.2009с. № 414)

16. Академик-котиби Шӯъбаи илмҳои физикаю математика, химия, геология ва техникаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон (Қарори Ҳукумати ҶТ аз 28.07.2009с. № 414)

17. Академик-котиби Шӯъбаи илмҳои ҷамъиятшиносии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон (Қарори Ҳукумати ҶТ аз 28.07.2009с. № 414)

18. Сардори Раёсати илм, таҳсилоти тиббию фарматсевтии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон (қарори Ҳукумати ҶТ аз 10.02.2016 № 66).

Утвержден

 постановлением Правительства

Республики Таджикистан

от 3 февраля 2000 года № 54

ПОРЯДОК государственной аккредитации научных организаций

(в редакции Постановления Правительства РТ от 28.07.2009г.№414, от 10.02.2016г.№66)

I. Общие положения

1. В соответствии с Законом Республики Таджикистан "О науке и государственной научно-технической политике" Порядок государственной аккредитации научных организаций регламентирует условия, необходимые для проведения государственной аккредитации научных организаций, их рассмотрения и выдачи свидетельств о государственной аккредитации.

Цель государственной аккредитации научных организаций является упорядочение деятельности научных организаций, обеспечение повышения уровня фундаментальных и прикладных научных исследований, улучшение подготовки высококвалифицированных научных кадров и рационального использования бюджетных средств(в редакции Постановления Правительства РТ от 28.07.2009г.№414).

2. Объектами государственной аккредитации являются научные организации Республики Таджикистан независимо от организационно-правовой формы и формы собственности, а также общественные объединения научных работников, осуществляющие в качестве основной работы научную и (или) научно-техническую деятельность, подготовку научных работников и действующие в соответствии с учредительными документами научной организации.

II. Условия выдачи свидетельств о государственной аккредитации

3. Свидетельство о государственной аккредитации выдается научной организации при условии, что:

научная и (или) научно-техническая деятельность организации является основной;

объем научной и (или) научно-технической деятельности составляет не менее 70 процентов общего объема выполняемых работ за последние 5 лет (или за весь период деятельности, если организация существует менее 5 лет);

в уставе организации предусмотрен ученый (научный, технический, научно-технический) совет в качестве одного из органов управления.

4. Свидетельство о государственной аккредитации научной организации действительно в течение 5 лет. По истечении указанного срока государственная аккредитация научной организации проводится вновь в соответствии с настоящим Порядком.

5. Свидетельство о государственной аккредитации выдается после государственной регистрации научных организаций в соответствии с законодательством Республики Таджикистан.

6. Свидетельство о государственной аккредитации является основанием для предоставления научной организации льгот на уплату налогов, предусмотренных налоговым законодательством Республики Таджикистан и других льгот, установленных для научных организаций законодательством Республики Таджикистан.

7. Отказ от выдачи свидетельства о государственной аккредитации научной организации не может являться препятствием к осуществлению научной деятельности, при этом такая организация не имеет права на льготы, предусмотренные частью пятой статьи 5 Закона Республики Таджикистан "О науке и государственной научно-технической политике" (пункт 6 настоящего Порядка).

III. Перечень документов, необходимых для проведения государственной аккредитации и порядок их представления

8. Организация, желающая получить государственную аккредитацию, предоставляет следующие документы:

заявление на выдачу свидетельства о государственной аккредитации научной организации;

основные показатели, характеризующие деятельность организации, включая филиала, за последние 5 лет (или весь период деятельности, если организация существует менее 5 лет);

копию свидетельства о государственной регистрации научной организации в соответствии с законодательством Республики Таджикистан;

копию устава организации.

9. Указанные документы подаются:

научными организациями иных организационно-правовых форм и форм собственности, а также общественными объединениями научных работников, осуществляющими в качестве основной научную и (или) научно-техническую деятельность, подготовку научных работников и действующими в соответствии с учредительными документами научной организации - в Правительство Республики Таджикистан(в редакции Постановления Правительства РТ от 28.07.2009г.№414).

Академия наук Республики Таджикистан и Таджикская Академия сельскохозяйственных наук, имеющие государственный статус, направляют в Правительство Республики Таджикистан мотивированное представление на государственную аккредитацию подведомственных научных организаций.

IV. Порядок рассмотрения и выдачи свидетельства о государственной аккредитации

10. При рассмотрении вопроса о государственной аккредитации научной организации должны учитываться:

научная значимость и уровень проводимых исследований и разработок;

квалификация работников этой организации;

координация проводимых исследований и разработок с другими научными организациями;

наличие соответствующей материально-технической базы.

11. Срок рассмотрения представленных в Правительство Республики Таджикистан документов о государственной аккредитации научных организаций и выдачи им свидетельств о государственной аккредитациине более 3 месяцев.

В случае отрицательного решения вопроса об аккредитации Правительство Республики Таджикистан направляет научной организации мотивированный отказ.

12. Свидетельства о государственной аккредитации научной организации, а также заверенные копии указанного свидетельства ее филиалам и представительствам от имени Правительства Республики Таджикистан подписывает и выдает Председатель Комиссии по государственной аккредитации научных организаций, заместитель Премьер-министра Республики Таджикистан, курирующий вопросы науки.

Правительство Республики Таджикистан вправе аннулировать государственную аккредитацию в случае установления несоответствия деятельности научной организации указанном выше условиям. Второе заявление о государственной аккредитации может быть рассмотрено в установленном порядке через год после принятия решения о ее аннулировании.

13. Академия наук Республики Таджикистан ведет реестр аккредитированных научных организаций и направляет информацию о его содержании в Министерство финансов Республики Таджикистан, государственную налоговую службу Республики Таджикистан, по запросам и в другие заинтересованные органы государственной власти и управления республики.

14. Бланки, свидетельств о государственной аккредитации научных организаций должны иметь степень защищенности на уровне ценной бумаги на предъявителя, а также учетную серию и номер и являются документами строгой отчетности. Приобретение, учет и хранение указанных бланков свидетельств осуществляются Президиумом Академии наук Республики Таджикистан.

Утвержден

Постановлением Правительства

 Республики Таджикистан

 от 3 февраля 2000 года № 54

СОСТАВ комиссии по государственной аккредитации научных организаций

1. Заместитель Премьер-министра Республики Таджикистан, ведующий вопросами социально-культурной политики, председатель.

2. Президент Академии наук Республики Таджикистан, заместитель председателя.

3. Заместитель ученый секретарь Академии наук Республики Таджикистан, секретарь комиссии.

ЧЛЕНЫ КОМИССИИ:

4. Председатель Таджикской академии сельскохозяйственных наук Республики Таджикистан.

5. Заместитель Председателя Академии наук Республики Таджикистан.

6. Академик-секретарь отделения биологических и медицинских наук Академии наук Республики Таджикистан.

7. Начальник управления  науки и просвещения Исполнительного аппарата Президента Республики Таджикистан (в редакции постановления Правительства РТ от 10.02.2016г.№66).

8. Заместитель министра образования и науки  Республики Таджикистан (в редакции постановления Правительства РТ от 10.02.2016г.№66).

9. Начальник управления развития социальных сфер Министерства экономического развития и торговли Республики Таджикистан

10. Ректор Таджикского национального университета.

11. Ректор Таджикского технического университета им. М. Осими.

12. Ректор Таджикского государственного педагогического университета имени С.Айни.

13. Ректор Таджикского государственного медицинского университета им. Абуали ибн Сино.

14. Начальник управления науки, кадров и учебных заведения Министерство культуры Республики Таджикистан.

15. Вице-президент Академии образования Таджикистана

16. Академик-секретарь Отделения физико-математических, химических, геологических и технических наук Академии наук Республики Таджикистан

17. Академик-секретарь Отделения общественных наук Академии наук Республики Таджикистан

18. Начальник Управления медицинского и фармацевтического образования Министерство здравоохранения и социальной защиты населения Республики Таджикистан (в редакции постановления Правительства РТ от 10.02.2016г.№66).