Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 июли соли 2009, № 414 "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 феврали соли 2000 № 54 "Дар бораи тасдиқи тартиб ва ҳайати комиссия оид ба аккредитатсияи давлатии муассисаҳои илмӣ"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 феврали соли 2000 № 54 "Дар бораи тасдиқи тартиб ва ҳайати комиссия оид ба аккредитатсияи давлатии муассисаҳои илмӣ"

Мутобиқи моддаи 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1) Ба Тартиби аккредитатсияи давлатии муассисаҳои илмӣ, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 феврали соли 2000 № 54 тасдиқ шудааст, тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

- сархати дуюми банди 1 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

"Мақсад аз аккредитатсияи давлатии муассисаҳои илмӣ ба тартиб овардани фаъолияти муассисаҳои илмӣ, баланд бардоштани сатҳи таҳқиқоти илмии бунёдиву амалӣ, беҳтар намудани тарбияи кадрҳои баландихтисоси илмӣ ва истифодаи дурусту оқилонаи маблағҳои буҷетӣ мебошад";

- дар сархати якуми банди 9 калимаҳои "Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон" ба калимаҳои "академияҳои илмҳои соҳавӣ" иваз карда шаванд;

- аз сархати дуюми банди 9 калимаҳои "шӯъбаи дахлдори" хориҷ карда шаванд.

2) Дар Ҳайати Комиссия доир ба аккредитатсияи давлатии муассисаҳои илмӣ, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 феврали соли 2000 № 54 тасдиқ шудааст, тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

- калимаҳои "Раиси Академия" ба калимаҳои "Президенти Академия" иваз карда шаванд;

- аз банди 7 калимаи "Муовини" хориҷ карда шавад;

- дар банди 9 калимаҳои "Раёсати сиёсати илмию техникӣ ва барномаҳои рушди иҷтимоии Вазорати иқтисод ва робитаҳои иқтисодии хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон" ба калимаҳои "Раёсати рушди соҳаҳои иҷтимоии Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон" иваз карда шаванд;

- аз банди 10 калимаи "давлатии" хориҷ карда шавад;

- дар банди 12 калимаҳои "ба номи Қ.Ҷӯраев" ба калимаҳои "ба номи С.Айнӣ" иваз карда шаванд;

- бандҳои 15, 16, 17, 18 бо мазмуни зерин илова карда шаванд:

"15. Ноиби президенти Академияи таҳсилоти Тоҷикистон

16. Академик-котиби Шӯъбаи илмҳои физикаю математика, химия, геология ва техникаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон

17. Академик-котиби Шӯъбаи илмҳои ҷамъиятшиносии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон

18. Сардори Раёсати илм, таҳсилоти тиббию фарматсевтии Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон".

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                  Эмомалӣ Раҳмон

аз 28 июли соли 2009 № 414

ш. Душанбе

Правительство Республики Таджикистан

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

О внесении изменений и дополнений в постановление Правительства Республики Таджикистан от 3 февраля 2000 года № 54 "Об утверждении порядка и состава комиссии по государственной аккредитации научных организаций"

В соответствии со статьей 42 Закона Республики Таджикистан "О нормативных правовых актах" Правительство Республики Таджикистан постановляет:

1) Внести в Порядок государственной аккредитации научных организаций, утвержденный постановлением Правительства Республики Таджикистан от 3 февраля 2000 года № 54 следующие изменения и дополнения:

- абзац второй пункта 1 изложить в следующей редакции:

"Цель государственной аккредитации научных организаций является упорядочение деятельности научных организаций, обеспечение повышения уровня фундаментальных и прикладных научных исследований, улучшение подготовки высококвалифицированных научных кадров и рационального использования бюджетных средств";

- в абзаце первом пункта 9 слова "Таджикской академии сельскохозяйственных наук" заменить словами "отраслевым академиям наук".

- из абзаца второго пункта 9 исключить слова "соответствующему отделу".

2) В Составе Комиссии по государственной аккредитации научных организаций, утвержденный постановлением Правительства Республики Таджикистан от 3 февраля 2000 года № 54 внести следующие изменения и дополнения:

- слова "Председатель Академии" заменить словами "Президент Академии";

- из пункта 7 исключить слово "Заместитель";

- в пункте 9 слова "Управление по научно-технической политике и программам социального развития Министерства экономики и внешних экономических связей Республики Таджикистан" заменить словами "Управление развития социальных сфер Министерства экономического развития и торговли Республики Таджикистан";

- из пункта 10 исключить слова "государственный";

- в пункте 12 слова "им. К.Джураева" заменить словами "имени С.Айни";

- дополнить пунктами 15, 16, 17, 18 следующего содержания:

"15. Вице-президент Академии образования Таджикистана

16. Академик-секретарь Отделения физико-математических, химических, геологических и технических наук Академии наук Республики Таджикистан

17. Академик-секретарь Отделения общественных наук Академии наук Республики Таджикистан

18. Начальник управления медицинского и фармацевтического образования Министерство здравоохранения Республики Таджикистан".

Председатель

Правительства Республики Таджикистан    Эмомали Рахмон

от 28 июля 2009 года №414

 г. Душанбе