Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи муассисаи давлатии таълимии "Донишкадаи сарҳадии Тоҷикистон" номидани Омӯзишгоҳи олии сарҳадии Тоҷикистон
Дар асоси моддаи 14 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи маориф" ва моддаи 5 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Омӯзишгоҳи олии сарҳадии Тоҷикистон муассисаи давлатии таълимии "Донишкадаи сарҳадии Тоҷикистон" номида шавад.
2. Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Кумитаи давлатии ҳифзи Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳои ташкилию ҳуқуқиеро, ки аз қарори мазкур бармеоянд, тибқи тартиби муқарраргардида ҳал намоянд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
аз 3 майи соли 2006 № 199
ш. Душанбе
ПОСТАНОВЛЕНИЕ
Правительства Республики Таджикистан
О переименовании Таджикского высшего пограничного училища в государственное образовательное учреждение "Таджикский пограничный институт"
На основании статьи 14 Закона Республики Таджикистан "Об образовании" и статьи 5 Закона Республики Таджикистан "О высшем и послевузовском профессиональном образовании" Правительство Республики Таджикистан постановляет:
1. Таджикское высшее пограничное училище переименовать в государственное образовательное учреждение "Таджикский пограничный институт".
2. Министерству образования Республики Таджикистан и Государственному комитету по охране Государственной границы Республики Таджикистан решить организационно-правовые вопросы, вытекающие из настоящего решения в установленном порядке.
Председатель
Правительства Республики Таджикистан Э. Рахмонов
г. Душанбе
от 3 мая 2006 года № 199