Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 сентябри соли 2010 № 432 "Дар бораи Муассисаи давлатии таҳсилоти олии касбии ҳарбии "Омӯзишгоҳи олии сарҳадӣ (донишкадаи ҳарбӣ)"-и Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни: 10.02.2016

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи Муассисаи давлатии таҳсилоти олии касбии ҳарбии "Омӯзишгоҳи олии сарҳадӣ (донишкадаи ҳарбӣ)"-и Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 10.02.2016 № 66)

Мутобиқи моддаи 6 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1) Муассисаи давлатии таълимии "Донишкадаи сарҳадии Тоҷикистон" ба Муассисаи давлатии таҳсилоти олии касбии ҳарбии "Омӯзишгоҳи олии сарҳадӣ (донишкадаи ҳарбӣ)"-и Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон номгузорӣ карда шавад.

2) Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оинномаи Муассисаи давлатии таҳсилоти олии касбии ҳарбии "Омӯзишгоҳи олии сарҳадӣ (донишкадаи ҳарбӣ)"-и Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро тасдиқ намуда, бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳои ташкилию ҳуқуқиеро, ки аз қарори мазкур бармеоянд, тибқи тартиби муқарраргардида ҳал намояд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 10.02.2016 № 66).

3) Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 майи соли 2006 № 199 "Дар бораи муассисаи давлатии таълимии "Донишкадаи сарҳадии Тоҷикистон номидани Омӯзишгоҳи олии сарҳадии Тоҷикистон" аз эътибор соқит дониста шавад.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон             Эмомалӣ Раҳмон

аз 2 сентябри соли 2010 № 432

ш. Душанбе

Правительство Республики Таджикистан

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

О Государственном учреждении высшего военного профессионального образования "Высшее пограничное училище (военный институт)" Государственного комитета национальной безопасности Республики Таджикистан

(в редакции постановления Правительства РТ от 10.02.2016г.№66)

В соответствии со статьей 6 Закона Республики Таджикистан "О высшем и послевузовском профессиональном образовании" Правительство Республики Таджикистан постановляет:

1) Государственное образовательное учреждение "Таджикский пограничный институт" переименовать в Государственное учреждение высшего военного профессионального образования "Высшее пограничное училище (военный институт)" Государственного комитета национальной безопасности Республики Таджикистан.

2) Государственному комитету национальной безопасности Республики Таджикистан утвердить устав Государственного учреждения высшего военного профессионального образования "Высшее пограничное училище (военный институт)" Государственного комитета национальной безопасности Республики Таджикистан и с Министерством образования и науки Республики Таджикистан в установленном порядке решить организационно-правовые вопросы, вытекающие из данного постановления (в редакции постановления Правительства РТ от 10.02.2016г.№66).

3) Признать утратившим силу постановление Правительства Республики Таджикистан от 3 мая 2006 года №199 "О переименовании Таджикского высшего пограничного училища в государственное образовательное учреждение "Таджикский пограничный институт".

Председатель

Правительства Республики Таджикистан             Эмомали Рахмон

от 2 сентября 2010 года №432

г. Душанбе