Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 декабри соли 2004, № 497 "Оид ба назорати истеҳсол ва муомилоти маҳсулотҳои зераксизӣ"

Санаи амалкуни: 01.01.2013

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 12.06.2023 № 264 аз эътибор соқит дониста шуд

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР

Оид ба назорати истеҳсол ва муомилоти маҳсулотҳои зераксизӣ

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 29.12.2012 № 743)

Бо мақсади таҳти назорати қатъи қарор додани истеҳсол ва муомилоти маҳсулотҳои зераксизӣ, инчунин таъмини низоми пардохти андозҳо ба буҷет Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Тартиби фаъолияти дидбонгоҳҳои андоз дар корхонаҳои истеҳсолкунандаи спирти этилӣ, нӯшокиҳои спиртдор ва маҳсулоти тамоку тасдиқ карда шавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 29.12.2012 № 743).

2. Роҳбарони корхонаҳо ва ташкилотҳо, ки барои истеҳсол ва муомилоти спирти этилӣ, нӯшокиҳои спиртдор ва маҳсулоти тамоку иҷозатномаи (литсензияи) мақомоти ваколатдори давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро доранд, мақомоти андозро бо ҳуҷраҳо ва ҷиҳози алоқа таъмин намоянд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 29.12.2012 № 743).

3. Корхонаҳо ва ташкилотҳое, ки барои истеҳсол ва муомилоти спирти этилӣ, нӯшокиҳои спиртдор ва маҳсулоти тамоку иҷозатномаи (литсензияи) мақомоти ваколатдори давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро доранд, дар муддати 2 моҳи баъди ба имзо расидани ҳамин қарор дидбонгоҳҳои андоз ташкил медиҳанд ва истеҳсолоти худро бо таҷҳизоти ҳисобкунанда, ки дар ҷойҳои аз нигоҳи технологи мувофиқи насбшаванда ва барои дигар мақсадҳои муайян кардани ҳаҷми истеҳсолот ва инъикоскунандаи андозҳо таъмин менамояд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 29.12.2012 № 743).

4. Истеҳсол ва муомилоти спирти этилӣ, нӯшокиҳои спиртдор ва маҳсулоти тамоку бе ташкили дидбонгоҳҳои андоз ва бе таҷҳизоти ҳисобкунандаи дорои хотираи фискалии дар ҷойҳои аз нигоҳи технологӣ мувофиқ насбшаванда, ки барои мақсади андозбандӣ ҳаҷми истеҳсолро инъикос менамоянд, манъ аст (қарори Ҳукумати ҶТ аз 29.12.2012 № 743).

5. Муқаррар карда шавад, ки:

- пешниҳоди мақомоти андози Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи норасоиҳо вобаста ба иҷрои ҳамин қарор барои мақомоти ваколатдори давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки барои истеҳсол ва муомилоти спирти этилӣ, нӯшокиҳои спиртдор ва маҳсулоти тамоку иҷозатнома (литсензия) медиҳад, оид ба боздоштани амали иҷозатнома аз рӯзи аз ҷониби роҳбари мақомоти андоз имзо намудани чунин пешниҳод, асос мебошад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 29.12.2012 № 743);

- таҷҳизоти ҳисобкунандаи дар ҷойҳои аз нигоҳи технологи зарур насбшаванда, ки барои мақсадҳои андоз ва дигар мақсадҳо ҳаҷми истеҳсолотро инъикос менамоянд, таҳти назорати доимии мақомоти андоз қарор доранд.

6. Банди 2 Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 декабри соли 2003 № 583 "Дар бораи тамғаҳои аксизи барои маҳсулоти томоку ва машрубот" беэътибор дониста шавад.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                     Э. Раҳмонов

аз 31 декабри соли 2004 № 497

ш. Душанбе

утратило силу в редакции Пост. Правительства РТ от 12.06.2023 № 264

Правительство Республики Таджикистан

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

О контроле за производством и оборотом подакцизных товаров

(в редакции Постановления Правительства РТ от 3.05.2006г. №209,от 29.12.2012г.№743)

С целью усиления контроля за производством и оборотом подакцизных товаров, а также обеспечения уплаты налогов в бюджет, Правительство Республики Таджикистан постановляет:

1. Утвердить Порядок деятельности налоговых постов на предприятиях по производству этилового спирта, спиртосодержащие напитки и табачных изделий (в редакции пост. Правительства РТ от 29.12.2012г.№743).

2. Руководителям предприятий и организаций, имеющим лицензии уполномоченного государственного органа Республики Таджикистан на производство и оборот этилового спирта, спиртосодержащие напитки и табачных изделий, обеспечить налоговые органы необходимыми помещениями и средствами связи (в редакции пост. Правительства РТ от 29.12.2012г.№743).

3. Предприятия и организации, имеющие лицензии уполномоченного государственного органа Республики Таджикистан на производство и оборот этилового спирта, спиртосодержащие напитки  и табачных изделий, в течение 2-х месяцев с даты подписания настоящего постановления создают налоговые посты и обеспечивают свои производства приборами учета, устанавливаемыми в технологически обусловленных местах и фиксирующими для налоговых и иных целей объемы производства (в редакции пост. Правительства РТ от 29.12.2012г.№743).

4. Запрещается  производство  и   обращение   этилового   спирта,спиртосодержащих   напитков   и   табачной   продукции   без  создания
контрольных  налоговых  постов  и  без  установкй   в   технологически соответствующих  местах счетных машин с фискальной памятыо,  которые в целях  налогообложения  отражают  объем   производства   (в   редакции постановления Правительства РТ от 29.12.2012г.№743).

5. Установить, что:

- представление налоговых органов Республики Таджикистан о наличии недостатков по выполнению требований настоящего постановления является для уполномоченного государственного органа Республики Таджикистан по выдаче лицензий на производство и оборот этилового спирта, спиртосодержащие напитки и табачных изделий основанием для приостановления действия лицензии с даты подписания такого представления руководителем налогового органа (в редакции пост. Правительства РТ от 29.12.2012г.№743);

- приборы учета, устанавливаемые, в технологически обусловленных местах и фиксирующие для налоговых целей объемы производства, находятся под постоянным контролем налоговых органов.

6. Признать утратившим силу пункт 2 постановления Правительства Республики Таджикистан от 31 декабря 2003 года № 583 "Об акцизных марках для алкогольной и табачной продукции" (в редакции Постановления Правительства РТ от 3.05.2006г.№209).

Председатель

Правительства Республики Таджикистан                Э.Рахмонов

от 31 декабря 2004 года №497

г. Душанбе