Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 декабри соли 2004, № 497
Мутобиқи моддаи 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 декабри соли 2004, № 497 "Оид ба назорати истеҳсол ва муомилоти маҳсулотҳои зераксизӣ" тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
- дар матни қарор ва қисми таркибии он калимаи "машрубот" ба калимаҳои "нӯшокиҳои спиртдор" иваз карда шавад;
- банди 4 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"4. Истеҳсол ва муомилоти спирти этилӣ, нӯшокиҳои спиртдор ва маҳсулоти тамоку бе ташкили дидбонгоҳҳои андоз ва бе таҷҳизоти ҳисобкунандаи дорои хотираи фискалии дар ҷойҳои аз нигоҳи технологӣ мувофиқ насбшаванда, ки барои мақсади андозбандӣ ҳаҷми истеҳсолро инъикос менамоянд, манъ аст.".
2. Ба Тартиби фаъолияти дидбонгоҳҳои назоратии андоз дар корхонаҳои ба истеҳсол ва муомилоти спирти этилӣ, машрубот ва маҳсулоти тамоку машғулбуда, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 декабри соли 2004, № 497 тасдиқ шудааст, тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
а) дар банди 2 калимаҳои "2 нафар кормандон- нозири андоз ва ваколатдори фаврии полиси андоз" ба калимаҳои "кормандонн мақомоти андоз" иваз карда шуда, калимаҳои "шуда, ҳар даҳрӯза иваз" хориҷ карда шаванд;
б) дар банди 7:
- дар зербанди в) калимаи "пломба" ба калимаи "мӯҳрбандӣ" иваз карда шавад;
- дар зербанди з) калимаи "пломбаҳо" ба калимаи "мӯҳрбандиҳо" иваз карда шавад;
- дар зербанди г) баъд аз калимаи "дафтари" калимаи "қайди" илова карда шавад;
- дар зербандҳои ж) ва р) калимаи "тафтиш" ба калимаҳои "санҷиш" иваз карда шавад;
- дар зербандп п) баъд аз калимаи "ки" калимаҳои "маблағи андози" илова карда шаванд;
- аз зербанди с) калимаҳои "ҳаррӯза" ва "ва полиси андоз ҳар рӯз" хориҷ карда шаванд;
- дар зербанди т) калимаи "даҳрӯза" ба калимаи "моҳ" иваз карда шавад;
- зербанди у) дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"санаи 10 ҳар моҳ баъди моҳи ҳисоботӣ ба нозироти андоз оид ба ҳаҷми истеҳсол ва фурӯши маҳсулоти зераксизӣ, оид ба бақияи тамғаҳои аксизӣ дар аввал ва охири давраи ҳисоботӣ, оид ба маблағҳои ҳисобкардашуда ва воридшудаи андозҳо, аз он ҷумла андози аксизӣ, инчунин дар бораи чораҳои андешидашуда барои кам кардани қарзи андоз ва маблағҳои кам кардашудаи он маълумот пешниҳод менамоянд. Маълумоти мазкур дар раёсатҳои андоз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе, Нозироти андозсупорандагони калон, Нозироти андозсупорандагони миёна ва нозиротҳои андози шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҷамъбаст шуда, санаи 15-и ҳар моҳи баъд аз моҳи ҳисоботӣ ба Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда мешавад";
д) дар зербанди а) банди 9 баъд аз калимаи "шаванд" калимаҳои "ё тамғаҳои худчаспони аксизӣ бояд истифода бурда шаванд" илова карда шавад;
е) аз банди 10 калимаҳои "полиси андоз" хориҷ карда шавад.
3. Қарори мазкур аз 1 январи соли 2013 мавриди амал қарор дода мешавад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 29 декабри соли 2012, № 743
ш. Душанбе
Правительство Республики Таджикистан
ПОСТАНОВЛЕНИЕ
О внесении изменений и дополнений в постановление Правительства Республики Таджикистан от 31 декабря 2004 года, № 497
В соответствие со статьей 42 Закона Республики Таджикистан "О нормативных правовых актах" Правительства
Республики Таджикистан постановляет:
1. Внести в постановление Правительства Республики Таджикистан от 31 декабря 2004 года, № 497 "О контроле за производством и обращением подакцизной продукции" следующие изменения и дополнения:
- в тексте постановления и его составной части слова "алкогольные напитки" заменить словами "спиртосодержащие напитки";
- пункт 4 изложить в следующей редакции:
"4. Запрещается производство и обращение этилового спирта, спиртосодержащих напитков и табачной продукции без создания контрольных налоговых постов и без установкй в технологически соответствующих местах счетных машин с фискальной памятью, которые в целях налогообложения отражают объем производства ".
2. Внести следующие изменения и дополнения в Порядок деятельности налоговых постов в предприятиях по производству этилового спирта, алкогольной продукции и табачных изделий, утвержденный решением Правительства Республики Таджикистан от 31 декабря 2004 года, № 497:
а) в пункте 2 слова "два сотрудника - налоговый инспектор и оперативный уполномоченный налоговой полиции (далее - "сотрудники налоговых постов") для каждой смены, сменяющиеся каждые 10 дней" заменить словами "сотрудники налоговых органов";
б) в пункте 7:
подпункт г) после слова "журнал" дополнить словом "регистрации";
в подпункте п) слово "акцизов" заменить словами "суммы акцизного налога";
- из подпункта с) слова "ежедневно" и "и налоговая полицня" исключить;
- в подпункте т) слова "каждую декаду" заменить словами "каждый месяц";
- подпункт у) изложить в следующей редакции:
"у) 10 числа месяца, следующего за отчетным месяцем, представлять в налоговую инспекцию сведения об объеме производства и продажи подакцизной продукции, об остатках акцизных марок в начале и конце отчетного периода,о начисленных и перечисленных суммах налогов, в том числе акцизного налога, также о предпринятых мерах по снижению налоговых задолженностей и суммах уменьшения задолженности. Данные сведения обобщаются налоговыми управлениями по Горно-Бадахшанской автономной области, Согдийской и Хатлонской областям,городу Душанбе, Налоговой инспекцией крупных налогоплательщиков, Налоговой инспекцией средних налогоплательщиков и налоговыми инспекциями городов и районов республиканского подчинения и 15 числа месяца следующего за отчетным месяцем, представляются в Налоговый комитет при Правительстве Республики Таджикистан.";
г) подпункт а) раздела 9 после слова "негодность" дополнить словами "или должны использоваться самоклеющиеся акцизные марки";
д) в 10 разделе слова "налоговая полиция" исключить.
3. Настоящее постановление вступает в силу с 1 января 2013 года.
Председатель
Правительства Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
г.Душанбе,
от 29 декабря 2012 года, № 743