Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба баъзе қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Мутобиқи моддаи 43 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Дар банди 1 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 декабри соли 2003 № 583 "Дар бораи тамғаҳои аксизӣ барои маҳсулоти тамоку ва машрубот" калимаҳои "Тартиби замимагардидаи" ба калимаҳои "Қоидаҳои замимагардидаи" иваз карда шаванд.
2. Ба Тартиби фурӯш ва истифодаи тамғаҳои аксизӣ барои маҳсулоти тамоку ва машрубот, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 декабри соли 2003 № 583 "Дар бораи тамғаҳои аксизӣ барои маҳсулоти тамоку ва машрубот" тасдиқ шудааст, тағйиру иловаҳои зайл ворид карда шаванд:
- дар ном ва матн калимаи "Тартиб" ба калимаи "Қоидаҳои" иваз карда шавад;
- дар банди 6 баъди калимаҳои "воридкунандагони мол" калимаҳои "то ворид кардани онҳо ба қаламрави гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон" илова карда шаванд;
- аз банди 8 сархатҳои якум ва дуюм хориҷ карда шаванд.
3. Дар матни русии банди 6 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 декабри соли 2004 № 497 "Оид ба назорати истеҳсол ва муомилоти маҳсулотҳои зераксизӣ" калимаи "постановление" ба калимаҳои "пункт 2 постановления" иваз карда шавад.
4.Қарори мазкур аз 1 июли соли 2006 мавриди амал қарор дода шавад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
аз 3 майи соли 2006 № 209
ш. Душанбе
ПОСТАНОВЛЕНИЕ
Правительства Республики Таджикистан
О внесении изменений и дополнений в некоторые постановления Правительства Республики Таджикистан
В соответствии со статьей 43 Закона Республики Таджикистан "О нормативных правовых актах Республики Таджикистан" Правительство Республики Таджикистан постановляет:
1.В пункте 1 постановления Правительства Республики Таджикистан от 31 декабря 2003 года №583 "Об акцизных марках для алкогольной и табачной продукции" слова "прилагаемый Порядок" заменить словами "прилагаемые Правила".
2.Внести в Порядок реализации и использования акцизных марок на табачную и алкогольную продукцию, утвержденный постановлением Правительства Республики Таджикистан от 31 декабря 2003 года №583 "Об акцизных марках для алкогольной и табачной продукции", следующие изменения и дополнения:
- в названии и тексте слово "Порядок" заменить словом "Правила";
- пункт 6 после слова "импортерами" дополнить словами "до их ввоза на таможенную территорию Республики Таджикистан";
- из пункта 8 исключить абзацы первый и второй.
З.В пункте 6 постановления Правительства Республики Таджикистан от 31 декабря 2004 года №497 "О контроле за производством и оборотом подакцизной продукции" слово "постановление" заменить словами "пункт 2 постановления".
4.Настоящее постановление ввести в действие с 1 июля 2006 года.
Председатель
Правительства Республики Таджикистан Э. Рахмонов
г. Душанбе
от 3 мая 2006 года № 209