ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи фаъолияти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоботи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро барраси намуда, қайд менамояд, ки дар марҳилаи ҳозираи тараққиёти мамлакат, ки баҳри баланд бардоштани самаранокии истеҳсолот ҳамчун асоси инкишофи иҷтимоиву иқтисоди ислоҳоти васеи иқтисоди гузаронда мешавад нақши Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон чун маркази илмии мамлакат, ки вазифадор аст технологияи навтаринро дар амал ҷори намояд, сатҳи фарҳангу маорифро баланд бардорад, хеле зиёд мешавад.
Аз ин рӯ, институтҳои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон диққати асосиро барои иҷрои тадқиқоти бунёдиву амали дар самтҳои афзалиятноки илмҳои табиатшиноси, техники, башари ва ҷамъиятшиноси мувофиқи нақшаҳои корҳои илмиву тадқиқоти, ки Раёсати Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ кардааст, ҷалб намудаанд. Кормандони Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самтҳои зиёди тадқиқоти бунёдиву амали натиҷаҳои тоза ба даст оварданд.
Муассисаҳои илмии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба 108 мавзӯъ тадқиқот гузарониданд. Ба вазоратҳо ва идораҳои мамлакат барои татбиқи натиҷаҳои корҳои илмиву тадқиқоти дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ 65 тавсия пешниҳод гардиданд, ки як қатори он бомуваффақият дар амал татбиқ шудаанд. Ворид гардидани миқдори маблағҳои ғайрибуҷети, инчунин маблағҳо аз ҳисоби шартномаҳои хоҷаги хеле афзуд. Дар соли 2003 маблағҳои ғайрибуҷети 1 млн. 101 ҳазор сомониро ташкил доданд, ки он ба 54% ҳаҷми маблағгузории буҷетии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин сол баробар аст.
Дар давраи ҳисоботи олимони Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон 2880 асари илми, аз ҷумла 365 монография ва маҷмӯа, 2515 мақола ба табъ расонданд.
Фаъолияти ихтироъкории олимони Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон назар ба солҳои 1995-2000 зиёд гардид.
Дар давраи ҳисоботи дар 11 шӯрои диссертатсионии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон 35 рисолаи доктори ва 104 рисолаи номзади дифоъ шудаанд. Аз ҷумлаи кормандони Академияи илмҳо дар ин давра 23 нафар рисолаи доктори ва 40 нафар рисолаи номзади дифоъ намудаанд.
Бахшида ба ҷанбаҳои гуногуни инкишофи илм, фарҳанг, таърих, забон ва иқтисодиёти мамлакат 13 конференсияву симпозиуми байналмилали, 72 конференсия ва семинари илмии ҷумҳурияви баргузор гардиданд.
Иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 апрели соли 2004 № 147 имкон дод, ки маоши кормандони Академияи илмҳо аз 1 июли соли 2004 30% зиёд карда шавад ва стипендияи аспирантҳои Академияи илмҳо 60 сомони муқаррар гардад.
Вале дар фаъолияти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор масъалаҳое ҳастанд, ки қобили барраси ва ҳал мебошанд.
Муассисаҳои илмии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мисли солҳои пешина душвориҳои ҷиддиро аз сар гузаронида истодаанд, ки асосан ба нарасидани маблағ барои харидани лавозимоти зарурии илми, таҷҳизоти техники, асбобҳо, реактивҳо, дастгоҳҳои экспедитсиони, китобу маҷаллаҳои нави илмии хориҷи ва сафарҳои илми вобастаги доранд.
Маоши ками кормандони Академияи илмҳо (дар соли 2003 ба ҳисоби миёна 22 сомониро ташкил медиҳад) кормандони зиёди илмиро маҷбур намуд, ки ба мактабҳои оли ва сохторҳои дигар ба кор гузаранд. Сабабҳои воқеии кам шудани қабули хатмкунандагони мактабҳои оли ба институтҳои илми-тадқиқоти ин кам будани маош, набудани ҷои истиқоматии муносиб ва шароит барои дар сатҳи имрӯзаи илмию методи анҷом додани корҳои илми мебошанд.
Сифати тайёр намудани кадрҳои илми дар сатҳи паст қарор дорад. Аз ҳисоби мутахассисони ҷавон пурра нагаштани ҳайати кормандони Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба "пиршавии" ҳайати кормандон оварда расондааст. Синну соли миёнаи кормандони илми дар муассисаҳои илми 55, академикҳо 71 ва узви вобаста 59,3 солро ташкил мекунад.
Аз сабаби мавҷуд набудани робитаҳои фаъоли илму истеҳсолот маҳсулоти илмию техники фармоишгар надорад. Дастовардҳои илми аз тарафи саноат, кишоварзи ва дигар соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат дархост карда намешаванд.
Дар муассисаҳои илмии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳалли масъалаҳои асосии ҳаёти сиёсиву иқтисоди ва иҷтимои таваҷҷӯҳи зарури зоҳир намешавад ва дар нақшаи тадқиқотии баъзе институтҳо, лабораторияҳо ва шӯъбаҳо ҳоло низ мавзӯъҳои камаҳамият ба назар мерасанд. Мавзӯъҳое низ мавҷуданд, ки аз сол ба сол гузаронида шуда, натиҷаҳои онҳо ҷавобгӯи талаботи имрӯзаи илму амал нестанд.
Таҳқиқотҳои илми дар соҳаи истифодаи оқилонаи захираҳои гидроэнергетики, кори дар ноҳияҳои кӯҳистони кишвар васеъ истифода кардани нерӯгоҳҳои хурди оби, манбаҳои барқароршаванда ба мисли энергияи офтоб, энергияи шамол, биомасса ва ғайра ба таври кофи ва самарабахш сурат намегирад.
Аз тарафи роҳбарияти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истифодаи ғайримақсаднок ва ғайри оқилонаи маблағҳои Фонди Президентии тадқиқоти фундаментали роҳ дода шуда, барои ҷустуҷӯи манбаъҳои иловагии маблағгузори, пайдо кардани шаклҳои самараноктари робита бо истеҳсолот ва ҷалби мутахассисони ҷавон ба институтҳо кӯшиши зарури ба харҷ дода намешавад,
Дар давраи ҳисоботи аз ҷониби муассисаҳои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо гузаштани мӯҳлат ва ё бо вайрон кардани Дастури Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон тақрибан 80 супоришнома иҷро нагардид.
Тибқи моддаи 17 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва моддаи 8 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Ҳисоботи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маълумот гирифта, фаъолияти он нокифоя ҳисобида шавад.
2. Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- дар муддати як моҳ оид ба такмили Оиннома ва сохтори идоракунии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таклиф пешниҳод намояд;
- барои мутамарказ намудани қувваҳо ва воситаҳо ба самтҳои афзалиятноки корҳои илми-тадқиқоти, ки пешрафти илму техника ва ҳалли масълаҳои муҳими рушди иҷтимоиву иқтисодии мамлакатро таъмин мекунанд, чораҷӯи намояд;
- бо мақсади ҷори намудани дастовардҳои илми дар истеҳсолот бо вазорату идораҳои ҷумҳури ҳамкориҳои судмандро таъмин намояд;
- ба гузаронидани тадқиқоти илми доир ба татбиқи барномаи ислоҳоти иқтисоди дар мамлакат, таъмини рушди устувори иқтисоди ва паст кардани сатҳи камбизоатии мардум, барномаи такмили қонунгузори, баланд бардоштани маърифати мардум, таъмини ҳуқуқ ва озодиҳо, мубориза бар зидди нашъаманди, таҳқиқи масъалаҳои анъана ва таҷрибаи давлатдории тоҷикон, фарҳанги сулҳ ва демократия, масъалаҳои дорои аҳамияти ҷаҳони чун терроризм, экстремизм ва фундаментализм таваҷҷӯҳи бештар зоҳир намояд;
- барномаи комплексиву мақсадноки истифодаи васеи манбаҳои барқароршаванда
- барои тарбияи кадрҳои баландихтисос ва бо онҳо пурра намудани муассисаҳои илми, бо истифода аз шаклҳои анъанави (аспирантура ва докторантура) ва нави тарбияи кадрҳо дар чаҳорчӯбаи мувофиқатномаҳое, ки бо марказҳои илмии хориҷи баста шудаанд, чораҳои самарабахш андешад;
- якҷоя бо Вазорати иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи аз 1 январи соли 2005 зиёд кардани маоши кормандони Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод таҳия намояд.
3. Вазорати иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- афзоиши ҳарсолаи хароҷотро барои соҳаи илм пешбини намоянд;
- бо мақсади таъмини муассисаҳои соҳаи илм бо таҷҳизоти техники, асбобҳо, реактивҳо, таҷҳизоти экспедитсиони дар мӯҳлати ду моҳ барои таъсис додани ташкилоти ҷумҳурияви, ки дар шароити бозоргони фаъолият менамояд, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таклиф пешниҳод намоянд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
аз 1 октябри соли 2004 № 385
ш. Душанбе
Ба Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Гузориш дар бораи фаъолияти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон (солҳои 2000-2004)
Мувофиқи Нақшаи кори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи дуюми соли 2004, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30.06.04 № 274 тасдиқ шудааст, комиссияи ҳукумати дар ҳайати Қурбонов А.Ш.муовини мудири Шқъбаи илм ва маорифи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, (раиси комиссия), Ҷононов С.Ҷ. - сардори Раёсати сиёсати илмию техники ва барномаҳои рушди иҷтимоии Вазорати иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сафаров И.С. - сардори идораи илми Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Каримов М. - корманди қисми илми Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон, Одинаев Ё.О.- мудири кафедраи фалсафаи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Қ.Ҷӯраев, Ёдгорова Л.Р. - муовини директори Институти профилактикаи тиббии Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм, Мирзоев 3.мудири шӯъбаи илм, маориф ва фарҳанги Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҳмудов А.- сардори шӯъбаи полиграфияи Вазорати фарҳанг аз 25 август то 2 сентябри соли равон фаъолияти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро мавриди омӯзиш қарор дод.
Санҷиш собит намуд, ки дар давраи ҳисоботи аз тарафи Академияи илмҳо ва Раёсати он барои дар сатҳи зарури ба роҳ мондани фаъолияти институтҳо, ташкили корҳои илми-тадқиқоти ва тадбиқи онҳо дар истеҳсолот, тайёр намудани кадрҳои илми ва илмию педагоги, ба роҳ мондан ва инкишоф додани ҳамкориҳои илмии байналмилали, такмили сохтор ва беҳтар намудани фаъолияте Академияи илмҳо корҳои муайяне ба анҷом расонда шудаанд.
Дар марҳилаи ҳозираи тараққиёти мамлакат, ки ислоҳоти васеи иқтисоди баҳри баланд бардоштани самаранокии истеҳсолот ҳамчун асоси инкишофи иҷтимоиву иқтисоди гузаронда мешавад, нақши илм ва Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон чун маркази илмии мамлакат, ки вазифадор аст технологияи навтаринро дар амал ҷори намояд, сатҳи фарҳангу маорифро баланд бардорад, зиёд аст.
Бо мақсади такмили сохтор, ҳамоҳанг сохтани тадқиқотҳои бунёди дар муассисаҳои илмии вилояти Хатлон, дар шаҳри Кӯлоб Маркази илмии Академияи илмҳо ва бо мақсади рушди корҳои илмию тадқиқоти дар соҳаи амнияти ядрои ва радиатсиони, танзими истифодаи манбаъҳои радиоактиви Агентии амнияти ядрои ва радиатсионии Академияи илмҳо, дар заминаи Шӯъбаи масоили об ва экология Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экология ва дар заминаи Маркази омӯзиши масъалаҳои иҷтимоии инсон Институти демографияи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд. Барои хотима бахшидан ба бисёрмавзӯги ва наздику муттаҳид намудани корҳои илмию тадқиқоти ҷиҳати ҳалли масъалаҳои хоҷагии халқи ҷумҳури аз 286 мавзӯи илми-тадқиқоти 108 мавзӯъ интихоб ва тасдиқ гардиа, аз 196 шӯъбаю лабораторияҳо танҳо 80 воҳиди илмии ояндадор боқи монд.
Олимони Академияи илмҳо дар омода намудани як қатор лоиҳаи санадҳои муҳими меъёрии давлати, аз ҷумла Барномаи тарбияи мақсадноки кадрҳои илми барои солҳои 2004-2008, Барномаи инкишофи илмҳои дақиқ барои солҳои 2005-2008 ва ҳуҷҷатҳо оид ба ҳамкориҳои байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кишварҳои хориҷи дар соҳаи илму техника ва ғайра бевосита иштирок намудаанд.
Робитаҳои муассисаҳои илми ва олимони Академияи илмҳо бо марказҳои илмии кишварҳои Иттиҳоди давлатҳои мустақил ва хориҷаи дур рушд меёбанд. Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо бештар аз 50 маркази илмии кишварҳои гуногун робитаи илми дошта, узви 5 созмони ҷаҳонии илми мебошад.
Раёсати Академияи илмҳо ба интихоб ва ҷойгир намудани кадрҳо таваҷҷӯҳ зоҳир намуда, дар 11 институти илми-тадқиқотии Академияи илмҳо ҷавонон ба роҳбари омаданд. Дар ин давра қариб 30 низомнома ва дигар санадҳои меъёри таҳия ва тасдиқ карда шуданд, ки фаъолияти Раёсати Академияи илмҳо, Шӯъбаҳо ва дигар воҳидҳои сохтории Академияи илмҳоро танзим менамоянд. Бо мақсади ҳавасмандии илми ва моддии олимон барои таълифот ва кашфиётҳо, ки ба фароҳам овардани имконоти нав дар рушди илму техника, иқтисод ва фарҳанги ҷумҳури мусоидат менамоянд, ҷоизаҳои ба номи С.У.Умаров, Е.Н.Павловский ва М.С.Осими дар соҳаи илму техника, барои фаъолияти пурсамари илми, илмию ташкили, омӯзгори, мусоидат дар барқарори ва таҳкими робитаҳои илмии байналмилали "Нишони фахрии АИ ҶТ" ва "Ифтихорномаи АИ ҶТ" таъсис дода шуд.
Дар давраи ҳисоботи дастгоҳи Раёсати Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ширкати мустақими олимону мутахассисони муассисаҳои илмии Академияи илмҳо, воҳидҳои дахлдори он дар шакли лоиҳаи қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ёддошномаҳо, маълумотнома, хулосаҳои коршиноси, шартномаю созишномаҳо, иттилоот 1185 супоришро иҷро намудааст.
Таҳлили вазъи коргузории Академияи илмҳо нишон дод, ки Раёсат ба масъалаи саривақт барраси намудани супоришу қарорҳои Маҷлиси Оли ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон диққати ҷидди дода, аксар онҳоро сари вақт ва босифат иҷро намудааст. Аз ҷумла аз 1768 мактубҳои воридшуда ба 1123-тои онҳо сари вақт ҷавоб дода шуда, дар варақаҳои бақайдгири маълумотҳои зарури дар бораи иҷроиши он дарҷ гардидааст. Дар бораи иҷро шудан ё нашудани 249 мактуби дигар бошад, аз сабаби дар варақаҳои бақайдгири набудани маълумоти зарури хулосаи даркори баровардан ғайри имкон гардид.
Бинобар ин, ба Академияи илмҳо зарур аст, ки дар бораи бартараф намудани камбудиҳои мавҷуда чораҳои зарури андешида, минбаъад ҳисоботи шӯъбаи умумиро дар бораи рафти иҷрои қарору супоришҳои Маҷлиси Оли ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мунтазам дар маҷлисҳои Раёсати Академияи илмҳои ҷумҳури мавриди барраси қарор диҳад.
Раёсати Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мақомоти маъмури буда, дар он 65 нафар кормандон, аз ҷумла 9 нафар аъзоёни он ба танзим ва идораи фаъолияти муассисаҳои тадқиқотию илми, марказҳои илмии дар вилояту ноҳияҳои ҷумҳури буда машғуланд.
Санҷиши фаъолияти Раёсат дар давоми солҳои 2001-2004 аз он далолат мекунад, ки он дар ҷодаи таҳияи санадҳои меъёрию ҳуқуқи, барномаҳо, дар кори мустаҳкам кардани робитаю ҳамкориҳои илмию техники бо доираҳои илмии давлатдои хориҷаи дуру наздик, такмили худи сохтори Академияи илмҳо, интихоб, пешбари ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи муассисаҳои тадқиқотию илми, муайян намудани самтҳои афзалиятноки корҳои тадқиқотию илми ва ғайра корҳои муайянро ба анҷом расондааст.
Бо вуҷуди ин кори Раёсати Академияи илмҳои ҷумҳури, махсусан мазмуну мундариҷаи он дар хусуси идоракунии фаъолияти муассисаҳои илмию тадқиқоти, таҳкими пояи моддию техникии онҳо ва ҷалбу тарбияи ҷавонон ба илм беҳбудиро мехоҳад.
Чунки аксари масъалаҳое, ки дар Раёсати Академияи илмҳо мавриди муҳокима қарор гирифтаанд, ба масъалаҳои додани инъому унвонҳо, аз вазифа озоду таъин кардан, ба сафари хизмати фиристондан, даъвату қабули меҳмонон, эълони озмун, барҳам додану таъсиси шӯъбаю пажӯҳишгоҳҳо бахшида шудаанд.
Вале масъалаҳои ҳаётан муҳими илм, аз қабили ҳисоботи ҳарсолаи муассисаҳои илми дар бораи бурду бохт дар ҷодаи тадқиқот, вазъи кашфиёту ихтироот ва татбиқи онҳо дар истеҳсолот, масъалаи дарёфт кардани истеъмолкунандагону харидорони маҳсулоти илми, баланд бардоштани самараи кори олимони муассисаҳои мазкур, тайёр намудани кадрҳои илми, махсусан аз ҳисоби ҷавонон, шароити иҷтимоии олимони ҷавон, ҷустуҷӯи роҳҳои таҳким бахшидани пояи моддию техникии муассисаҳои илми, нав кардани таҷҳизоту техникаи тадқиқоти ба таври бояду шояд мавриди муҳокима ва ҳаллу фасли Раёсат қарор нагирифтаанд.
Махсусан ба масъалаи ҳисоботи ҳарсолаи ҳар як муассисаи илми дар назди Раёсат, ки муҳимтарин шакли роҳбари ва назорат аэ болои фаъолияти пажӯҳишгоҳҳо ва раванди корҳои тадқиқотию илми мебошад, қабули қарор ва андешидани чора барои рафъи камбудиҳои дар фаъолияти онҳо ҷойдошта диққати ҷидди бояд дод.
Албатта ҳалли бисёре аз ин масъалаҳо аз доираи ваколат ва имкониятҳои моддию техники ва молиявии Академияи илмҳо берун аст. Вале мавриди муҳокима қарор додан ва дар ин асос ба Ҳукумати ҷумҳури ва ташкилоту муассисаҳои байналхалқи пешниҳод намудани гузориш дар бобати дастгири ва расонидани кӯмаки имконпазир аз аҳамият холи нест.
Дар айни ҳол хуб мешуд, ки дар протоколҳои ҷаласаҳои Раёсат на фақат қабули супоришу қарор, балки ахборот дар бораи натиҷаи иҷрои онҳо ба таври мухтасар (дар ҳаҷми 1 ё 2 саҳифа) инъкос карда шавад. Чунки набудани чунин маълумот дар протокол кори баҳо додан ба самаранокии фаъолияти Раёсатро мушкил мегардонад.
Бинобар ин, ба Раёсати Академияи илмҳо зарур аст, ки аз соли 2005 сар карда, пайваста ҳисоботи пажӯҳишгоҳҳои илмиро роҷеъ ба бурду бохти онҳо дар ҷодаи тадқиқот, масъалаҳои вазъи кашфиёту ихтироот ва татбиқи онҳо дар истеҳсолот, дарёфт кардани истеъмолкунандагону харидорони дастовардҳои илми, ҷалби ҷавононро ба илм ва роҳҳои таҳким бахшидани пояи моддию техникии муассисҳои илми ва нав кардани техникаю таҷҳизоти тадқиқотиро мавриди барраси ва ҳаллу фасл қарор диҳад.
Мувофиқи қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмини моддию техники ва ташкилии Кумитаи Ҷоизаҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи илму техника (аз 12.01.96 № 43), Фонди Президентии тадқиқоти бунёди (аз 04.06.96 № 233), Шӯрои ҳамоҳангсозии корҳои илмию тадқиқоти дар соҳаи илмҳои табий, техники, тибби, гуманитари, ҷамъияти (аз 18.07.96 № 331), Комиссияи аттестатсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 01.09.97 № 395) ба зиммаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор карда шудааст.
Дар доираи фаъолияти Комиссияи аттестатсиони Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳия ва барасмиятдарории мавод барои ташкили шӯроҳои дисертатсиони дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои назорати фаъолияти онҳо ва гузаронидани аттестатсияи кадрҳои илми ва илмию омӯзгори ва баробаршумории ҳуҷҷатҳо оид ба додани унвонҳои илми корҳои муҳимро ба анҷом расонд. Дар ин давра 5 шумораи хабарномаи (бюлетени) Комиссияи аттестатсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон омода ва ба нашр расонда шуд, ки дар онҳо Низомнома ва дигар ҳуҷҷатҳое, ки фаъолияти Комиссияи аттестатсиони ва маълумот дар бораи ҳимояи рисолаҳои номзади ва доктори, шӯроҳои диссертатсионии дар Ҷумҳурии Тоҷикистон амалкунандаро ба тартиб меорад, ҷой дода шудаанд. Ба 4айр аз ин дар ин давра ҳуҷҷатҳои шахсоне, ки дар давраи солҳои 1992 то 2000 ҳимояи рисолаи номзади ва доктори намудаанд дида баромада, аз аттестатсия гузаронд ва қисмеро аз онҳо нострификатсия намуд.
Бояд қайд намуд, ки фаъолияти Комиссияи аттестатсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи зарури ба роҳ монда нашудааст, Назорат аз болои Шӯроҳои диссертатсиони, сифати тайёр намудани мутахассисони соҳибунвон ва мавзӯъҳою проблемаҳои рисолаҳои номзадию доктори беҳбудии ҷиддиро талаб мекунанд. Солҳои охир теъдоди ҳимояи рисолаҳои номзадию доктори, хусусан аз ҳисоби шахсоне, ки дар муассисаҳои илми кор намекунанд хеле зиёд аст, вале тадқиқотҳое, ки ба ҳалли эҳтиёҷоти хоҷагии халқ ва проблемаҳои муҳими ҳаёти ҷумҳури нигаронида шуда бошанд, чашмрас нестанд.
Дар доираи фаъолияти Шӯрои ҳамоҳангсози корҳои илмию тадқиқоти Раёсати Академияи илмҳо ба санҷиши (экспертизаи) мавзӯъҳои илми-тадқиқоти, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои 2001-2004 тадқиқ карда мешаванд ва пешниҳоди дурнамо ба Вазорати иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба баргузории ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсози корҳои илмию тадқиқоти, омода намудан ва нашри маводи ҳисоботии Шӯро мусоидат намуд.
Фаъолияти Шӯрои ҳамоҳангсоз низ беҳбудиро талаб мекунад. Мавзӯъҳое, ки аз ҷониби Шӯро тасдиқ шуда, барои маблағгузори пешниҳод мешаванд, бояд пеш аз ҳама ба ҳалли проблемаҳои иқтисодию иҷтимои ва фарҳангию сиёсии мавҷудаи ҷумҳури равона шуда аз экспертизаи ҷидди гузаронда шаванд. Вале ҳангоми баррасии мавзӯъҳо талаботи мазкур пурра ба инобат гирифта нашуда, инчунин масъалаи назорати мӯҳлат ва сифати иҷрои мавзӯъҳои тадқиқоти, татбиқи натиҷаҳои онҳо дар истеҳсолот аз мадди назари масъулон дур мемонад.
Яке аз самтҳои асосии фаъолияти Академияи илмҳо тайёр намудани кадрҳои илми ва илмю педагоги мебошад. То таърихи 1 сентябри соли 2004 дар ин муассиса 1661 нафар корманд кор мекунанд, аз ҷумла 752 нафар корманди илми, ки дар байни онҳо 142 нафар доктор ва 278 нафар номзади илм мебошанд.
Дар соли 1991 ҷамъи кормандони Академияи илмҳо 3471 нафарро ташкил медод, ки аз ин 1217 корманди илми буда, дар байни онҳо 114 доктор ва 619 нафар номзадҳои илм буданд. Теъдоди докторҳои илм имрӯз нисбат ба соли 1991 28 нафар зиёд гардидааст, вале камшавии теъдоди номзадҳои илм дар муассисаҳои Академияи илмҳо то имрӯз рӯ ба камшави доранд. Чунончи, номзадҳои илм дар Академияи илмҳо соли 1991 - 619 нафаррро ташкил дода, солҳои 1996 - 356 нафар, 2000 -323 нафар, 2001316 нафар, 2002 - 282 нафар ва соли 2003 ба 275 нафар расид. Ба тарбияи мутахассисони ҷавон ҷалби ҷавонони лаёқатманд ба илм таваҷҷӯҳи даркори зоҳир карда намешавад. Ин аст, ки синну соли миёнаи кормандони баъзе институтҳо, масалан Институти ботаника - 51 сол ва Институти зоология ва паразитология - 56 солро ташкил медиҳад, ки ин ташвишовар аст.
Дар айни замон ба ҳайати Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 академик ва 56 аъзои вобастаи Академияи илмҳо ва 11 аъзои хориҷи шомил ҳастанд.
Аз шумораи умумии кормандони Академияи илмҳо 677 нафарро занон ташкил медиҳанд, ки аз онҳо 8 нафар доктори илм, 78 нафар номзади илм ва 95 нафар корманди илми мебошанд, ки ҳоло унвони илми надоранд.
Дар муассисаҳои илмии Академияи илмҳо синни миёнаи олимону мутахассисон аз 55 боло буда, аз академикҳо ба 71,0 ва аз узви вобастаи Академияи илмҳо ба 59,3 баробар аст.
Дар давраи ҳисоботи дар муассисаҳо ва ташкилотҳои Академияи илмҳо 789 нафар ба кор қабул карда шудаанд, ки аз онҳо 279 нафар кормандони илми мебошанд ва 762 нафар аз кор озод карда шудаанд, ки 223 нафари онҳо кормандони илми буданд.
Соли 2001 дар муассисаҳои Академияи илмҳо 47 нафар ба аспирантура ва 3 нафар ба докторантура, соли 2002 ба аспирантура 45 нафар ва ба докторанантура 3 нафар, соли 2003 бошад ба аспирантура 54 нафар ва ба докторантура танҳо 2 нафар қабул гардидааст.
Дар соли 2001 ҳимояи рисолаҳои номзади 4 ва доктори 1 нафар, соли 2002 рисолаҳои номзади 12 нафар ва доктори 6 нафар, соли 2003 бошад рисолаҳои номзади 7 ва доктори 9 нафарро ташкил медиҳад.
Таъкид кардан зарур аст, ки дар давоми се сол танҳо Институти ботаника 1 нафар ва Институти фалсафа ва ҳуқуқ 5 нафар докторант қабул намудаанд, ки ин далели хуб набудани вазъи тарбияи докторантҳо дар ин муассисаи илми мебошад. Вазъи тайёр кардани олимони соҳибунвон дар Институтҳои математика, физикаю техника, астрофизика, сейсмология, зоология ва парзитология, физиологияи растаниҳо ташвишовар аст, чунки дар давоми се сол институтҳои номбурда танҳо аз 1 то 3 нафар аспирант қабул намудаанду халос. Мутаассифона Институти математика ва Инстиути физикаю техника бошад, ягон нафар унвонҷӯ ва муҳаққиқ-таҷрибаомӯз надоранд.
Айни замон аз шумораи умумии аспирантҳое, ки дар аспирантураи Академияи илмҳо таҳсил мекунанд, дар Шӯъбаи илмҳои физикаю математика, кимиё ва гелогия 12 нафар, дар Шӯъбаи илмҳои биологиву тиб 7 нафар ва дар Шӯъбаи илмҳои ҷамъияти 32 нафар рост меояд.
Ҳар сол аспирантураро 36 нафар хатм мекунанд: аз ин 4 нафар бо ҳимояи рисолаи номзади ва 3 нафар бо пешниҳоди кори илмиашон барои ҳимоя, ки ин тақрибан 10 фоизи шумораи аспирантҳои хатмкардаро ташкил медиҳад. Яъне натиҷабахшии кори аспирантҳо ҳамаги 10 фоизро ташкил медиҳад, ки ин нишондоди хеле ҳам паст мебошад.
Айни замон дар аспирантураи Академиям илмҳо 206 нафар, аз ҷумла 91 нафар дар шӯъбаи рӯзона ва 6 нафар дар докторантура таҳсил менамоянд.
Табиист, ки дар ин солҳо сабаби асосии ба докторантураю аспирантура наомадани ҷавонон ва ба сифати унвонҷӯй, муҳаққиқ-коромӯз ба корҳои тадқиқоти машғул нашудан пеш аз ҳама ночиз будани маош ва набудани шароитҳои зарурии манзилию маиши ва пешбини нашудани маблағ барои нашри рисолаҳои илми, автореферат ва дигар хароҷотҳое мебошад, ки ба рафти фаъолияти илми таъсир мерасонанд. Умед аст,. ки баъди то 60 сомони зиёд карда шудани идрорпулии аспирантҳо шумораи довталабон ба аспирантура зиёд мешавад. Вале масъалаи ба докторантура, фаолияти унвонҷӯй, муҳаққиқию таҷрибаомӯзи ҷалб кардани шахсони болаёқат ҳамоно мушкил мемонад.
Бинобар ин ба Раёсати Академияи илмҳо зарур аст, ки аз январи соли 2005 сар карда, дар баробари истифодаи маблағҳое, ки аз ҳисоби буҷети давлати барои тарбияи кадрҳои илми ва илмию педагоги ҷудо карда мешавад, дар бораи аз ҳисоби дигар манбаъҳо - иҷрои корҳои шартномавию хоҷаги, маблағҳои Фонди Пезидентии тадқиқотҳои бунёди ва қарзу грантҳои ташкилотҳои байналхалқи дастгири кардани докторанту аспирантҳо ва фароҳам овардани шароити манзилию маиши барои онҳо чораҳои амали андешад ва аз натиҷааш дар ҳар семоҳаи солҳои пешомад ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намояд.
Дар муассисаҳои илмии Академияи илмҳо дар соли 2001 8 шӯрои диссертатсиони, аз ҷумла 5-то номзади ва 3-то доктори, соли 2002 бошад, 10 шӯро, аз ин 4-то доктори ва 6-то номзади ва соли 2003 ҷамъ 11 шӯро, аз ҷумла 5-то доктори ва 6-то номзади фаъолият дошт.
Дар соли 2001 дар Шӯроҳои доктории Академияи илмҳо ягон нафар рисолаи доктори ҳимоя накардааст, соли 2002 бошад, ҳамаги 4 нафар рисолаи доктори ҳимоя кардааст, ки ягон нафарашон кормандони Академияи илмҳо нестанд ва соли 2003 бошад 16 нафар рисолаи доктори дифоъ намудааст, ки аз ин 9 нафарашон кормандони Академияи илмҳо мебошанд.
Дар Шӯроҳои номзади бошад, соли 2001 ҳамаги 15 нафар рисолаи номзади ҳимоя карданд, ки аз ин 5 нафар, соли 2002 51 нафар, ки аз ин 10 нафар ва соли 2003 27 нафар рисолаи номзади ҳимоя намуданд, ки аз ин 7 нафарашон кормандони Академияи илмҳо мебошанд.
Дар давраи сипаришуда олимони Академияи илмҳо 2880 асари илми, аз ҷумла 365 монография, маҷмӯа, 2515 мақола дар маҷаллаҳои илми, ки 1963 мақола дар нашрияҳои дохили ҷумҳури, 345 мақола дар кишварҳои ИДМ ва 207 мақола дар кишварҳои хориҷии дур ба нашр расонидаанд. Маҷалаҳои илмии академии "Маърӯзаҳои АИ ҶТ", "Ахбороти АИ ҶТ", "Масоили гастроэнтерология" мунтазам ба нашр мерасанд.
Олимони Академияи илмҳо барои бо иттилоот қонеъ гардондани талабот қабл аз ҳама аз захираҳои иттилоотии низоми давлатии иттилоотии кишвар истифода мебаранд. Ҳамзамон бояд қайд намуд, ки воридоти маҷмӯии адабиёти илми ва техники ба китобхонаи Академияи илмҳо дар ибтидои соли 2004 дар муқоиса ба соли 1991 10 маротиба, маҷҷалаҳо 15 маротиба ва адабиёти хориҷи 18 маротиба кам шуд.
Соли 2001 дар Академияи илмҳо вобаста ба эҳтиёҷоти кормандони он Маркази дастёби ба Интернет ва почтаи электрони таъсис ёфт, ки 70 фоизи кормандони илмии Академияи илмҳо барои робита бо шарикони хориҷии худ ва дарёфти иттилоот аз почтаи электрони истифода мекунанд.
Дар давраи ҳисоботи ба фонди китобхонаи илмии марказии Академияи илмҳо 16000 адад маводи нашршуда ворид гардида, теъдоди адабиёти хориҷии аз кишварҳои хориҷаи дур воридгардида ба 2600 мерасанд.
Дар ин давра муассисаҳои Академияи илмҳо мутобиқи нақшаи баргузории чорабиниҳои илмию техники, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар сол тасдиқ мегардад, 13 конфронси байналмилали, 3 симпозиуми байналмилали ва 7 конференсияву семинарҳои ҷумҳурияви доир намуданд.
Санҷиш нишон дод, ки барои нигоҳдории Раёсати Академияи илмҳо, пажӯҳишгоҳу шӯъбаҳо ва дигар ташкилоту муассисаҳои тобеи Академияи илмҳо аз ҳисоби буҷети ҷумҳурияви дар давраи ҳисоботи, дар соли 2001-ум 921.0 ҳазор сомони, дар соли 2001-ум 1081.3 ҳазор сомони (нисбат ба соли гузашта 160.3 ҳазор сомони ё ин ки 17.4 фоиз зиёд), дар соли 2002 -юм 1641.9 ҳазор сомони (нисбат ба соли гузашта 560.6 ҳазор сомони ё ин ки 51.8 фоиз зиёд), дар соли 2003-юм 2084.3 ҳазор сомони (нисбат ба соли гузашта 442.4 ҳазор сомони ё ин ки 26.9 фоиз зиёд) харҷ гардидааст.
Дар соли 2004 аз ҳисоби буҷети ҷумҳурияви барои нигоҳдории Академияи илмҳо маблағи 2459.2 ҳазор сомони хароҷотҳо ба нақша гирифта шудаанд, ки ин нисбат ба соли гузашта 374.9 ҳазор сомони ё ин ки 18 фоиз зиёд ва нисбат ба соли 2000-ум 1538.2 ҳазор сомони, ё ин ки 267.0 фоиз зиёд мебошад. Ғайр аз ин дар ин сол тибқи фармоиши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 июни соли соли 2004 № 79-ф, аз ҳисоби маблағҳое, ки барои рушди муассисаҳои тандурусти ва таъминоти моддию техникиии онҳо дар буҷети ҷумҳурияви барои соли 2004 пешбини гаштаанд, маблағи 1318.3 ҳазор сомони барои баитмом расондани сохтмони бинои Институти илми-тадқиқотии гастроэнтерология ҷудо карда шудаст, айни замон корҳои сохтмони-васлкуни рафта истодааст.
Барои нигоҳдории ташкилотҳои Академияи илмҳо дар баробари маблағҳои буҷети, ҳамчунин, маблағҳое, ки аз ҳисоби расонидани маблағҳои пулаки ба аҳоли ва дигар фармоишгарони кору хизматҳо ба даст оварда мешаванд ва инчунин кӯмакҳои (грантҳои) ташкилотҳои хориҷи истифода бурда мешаванд.
Масалан, дар давраи зикргардида барои нигоҳдории Президиуми Академияи илмҳо аз ҳисоби маблағҳои хизмати пулаки 33.1 ҳазор сомони ва аз ҳисоби кӯмаки (гранти) Департаменти энергетикии ИМА барои лоиҳаи барқарорсозии амбори зеризаминии партовҳои радиоактиви дар ноҳияи Файзобод алҳол 198.7 ҳазор сомони харҷ гардидааст.
Дар давраи зикргардида масъалаи истифодабарии маблағҳои барои нигоҳдории Дастгоҳи марказии Академияи илмҳо ҷудогардида, аз тарафи Кумитаи назорати молиявии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз давраи 1 июли соли 2000 то 1 июли соли 2002 тафтишот гузаронида шудааст.
Тафтишот муайян кардааст, ки дар Академияи илмҳо бар хилофи талаботҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи иҷора" маблағи 7200 сомони иҷорапули ба буҷет гузаронда нашуда, барои эҳтиёҷоти хоҷагидори хароҷот карда шудааст. Ғайр аз ин тафтишот ба маблағи 4823 сомони изофанависи дар ҳаҷми корҳои иҷрогардидаи таъмиру сохтмонро ошкор кардааст.
Бо мақсади дастгирии илмҳои бунёди бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 июни соли 1996 № 233 Фонди Президентии тадқиқоти фундаметали таъсис дода шуд, ки дар қатори дигар сарчашмаҳое, ки маблағҳои Фонд ташкил меёбанд, сарчашмаи асоси ин 3 фоиз ҳиссаҷудокуни аз маблағҳое, ки аз буҷети ҷумҳурияви барои соҳаи илм пешбини шудаанд, иборат мебошад. Тибқи Низомномаи фонд маблағгузории мавзӯъҳои илми-тадқиқотии фундаментали дар асоси шартномаҳои басташуда бо Вазорати иқтисод ва савдо, ки бо пешниҳоди Шӯрои эксперти ва Шӯрои Фонд муайян гаштааанд, амали карда мешавад.
Аммо ин талаботҳои Низомнома дар Академияи илмҳо риоя нагашта, рӯйхати мавзӯъҳои илмие, ки ба сметаҳои ҳарсолаи хароҷоти пешниҳод шудаанд, бемасъулиятона ва руяки дар тамоми солҳо як номгӯй мавзӯъҳо кӯчонида шуда, онҳо бо мавзӯъҳое, ки дар ҳақиқат мавриди таҳқиқот қарор доранд, мувофиқат намекунанд.
Дар давраи аз соли 2000-ум то нимсолаи аввали соли 2004-ум аз ҳисоби маблағҳои Фонди Президентии тадқиқоти фундаментали ҳамаги маблағи 119480 сомони харҷ гардидааст, ки аз ин маблағи 34054 сомони барои хариди 8 адад компютеру таҷҳизоти дигари онҳо ва маблағи 31226 сомони барои чопи китобҳо ва албомҳое, ки ба корҳои тадқиқоти ягон алоқамандие надоранд харҷ карда шудаанд.
Масалан, аз 8 адад компютери харидашуда (бо таҷҳизотҳояш ба маблағи 34054 сомони) 1 адад ба Шӯрои ҳамоҳангсозии корҳои илмию тадқиқоти, 1 адад ба Комиссияи аттестатсиони, 1 адад ба Кумитаи Ҷоизаи давлатии ба номи Сино, 1 адад ба типографияи Академияи илмҳо, 1 адад ба Агентии бехатарии ядрои ва радиатсиони ва боқимонда 4 адад ба Дастгоҳи марказии Академияи илмҳо дода шудааст, ки ин амал куллан хилофи Низомномаи Фонд мебошад.
Инчунин барои чопи албоми "Истаравшан" дар ҳаҷми 300 адад-15000 сомони, маҷаллаи илмии академии "Маърӯзаҳои АИ ҶТ" дар ҳаҷми 250 адад-5000 сомони, чопи буклетҳои рекламави-4001 сомони, чопи мақолаҳои ҷашни ва маҷаллаи "Ахбороти АИ ҶТ"-5000 сомони айримақсаднок харҷ карда шудааст.
Масъулони Академияи илмҳо дар мавриди ба нақшагирии хароҷотҳои Фонди Президентии тадқиқоти фундаментали ба бемасъулияти роҳ дода, ба ҷои маблағгузори намудани мавзӯъҳои муҳими илми ва барои имрӯзи ҷумҳури зарур, тибқи нақшаи хароҷотии тасдиқшуда барои нигоҳдори ва таъмири биною иншоотҳо (соли 2000-ум 4000 сомони, соли 2001-ум 4000 ҳазор сомони, соли 2002-юм 6000 сомони, соли 2003-юм 8000 сомони ва соли 2004-ум 8400 сомони, ҷамъ 30400 сомони) пешбини гардида, дар асл ягон маблағ сарф карда нашудааст. Ё ин ки тибқи нақшаҳои тасдиқгардида барои хариди таҷҳизот, мебел ва дигар амволи дарозмӯҳлат (соли 2002-юм 36000 сомони, соли 2003-юм 39000 сомони ва соли 2004-ум 40950 сомони, ҷамъ 115950 сомони) пешбини гардида, дар асл 27054 сомони харҷ гардидааст, ки он ҳам бошад дар утоқҳое истифода мешаванд, ки барои мавзуъҳои тасдиқшудаи илми ягон алоқаманди надоранд.
Дар соли 2000-ум бошад, бо вуҷуди он ки дар нақшаи хароҷотии тасдиқгардида барои хариди таҷҳизот маблағ пешбини нашудааст, аммо дар асл ба мабла(и 7000 сомони барои хариди 2 адад компютеру таҷҳизоти он сарф гардидааст, яъне ба ҳамин маблағ (7000 сомони) хароҷоти ғайримақсаднок гузаронда шудааст.
Бояд қайд намуд, ки ҳолати истифодабарии маблағҳои фонди номбурда ғайри қаноатбахш ба роҳ монда шудааст. Дар давраи аз соли 2000-ум то соли 2004 аз ҳисоби буҷети ҷумҳурияви 247807 сомони ҷудо гардида, дар ин давра танҳо маблағи 119480 сомони (48.3 фоиз) истифода шудаасту халос.
Дар давоми фаъолияти Фонд ҳамаги 10 мавзӯъ маблағгузори шудааст, ки на ҳамаи онҳо актуали буда, сифати иҷрои тадқиқотҳо ва натиҷаҳои ниҳоии онҳо низ маълум нест. Агар Академияи илмҳо тибқи Низомномаи Фонд амал менамуд дар ин давра чандин тадқиқотҳои судманд ва барои ҷумҳури заруриро ба анҷом расондан мумкин буд.
Қобили зикр аст, ки баъзе институтҳо ва лабораторияҳою шӯъбаҳо ҳанӯз ҳам ба тадқиқи мавзӯъҳое машғуланд, ки ҷавобгӯи замон ва талаботи рушди илму техника ва технологияи муосир нестанд. Мавзӯъҳое низ мавҷуданд, ки аз сол ба сол гузаронда шуда, дар ҳисоботи онҳо навигарие ба назар намерасад.
Фаъолияти узви Академияи илмҳо (академикҳо ва аъзо-корреспондентҳо) низ боси таваҷҷӯҳ аст. Дар ҳисоботҳои баъзе аз онҳо чизе ёфта намешавад. Ҳатто ҳисоботи яксолаи баъзеашон аз як ҷумла иборат аст (академик Носиров Ю.С.), ки он ҳам бошад ба илм ва Академия ягон дахле надорад. Ҳиссаи баъзеи онҳо дар корҳои тадқиқоти ва тайёр намудани кадрҳои илми ва дар маҷмӯъ дар рушди илми ҷумҳури маълум нест. Бинобар ин масъалаи фаъолият ва муносибат ба ин гуна узви Академияи илмҳо дар Оиннома бояд аз нав барраси карда шавад.
Дар муассисаҳои илмии Шӯъбаи илмҳои ҷамъиятшиноси дар ҳалли масъалаҳои асосии ҳаёти сиёсиву иқтисоди ва иҷтимои пешниҳодҳои илман асоснок ва мушаххасу арзишманд мушоҳида намешавад. То ҳол доир ба асосҳои назариявии таҳияи дурнамои сиёсии давлатдории Тоҷикистон ягон тадқиқоте бурда намешавад.
Масъалаҳои муҳими доир ба татбиқи ислоҳоти иқтисоди дар мамлакат, таъмини рушди устувори иқтисоди ва паст кардани сатҳи камбизоати, масъалаҳои муҳими аҳамияти ҷаҳони дошта аз қабили терроризм, экстремизм ва фундаметализм дар тадқиқотҳои олимони ин соҳаи Академияи илмҳо назаррас нестанд.
Ҳангоми шиносои бо сохтори дастгоҳи Раёсати Академияи илмҳо номутаносиби ва номувофиқи дар фаъолияти баъзе шӯъбаҳои он мушоҳида гардид. Чунончи, мавҷудияти "шӯъбаи сохтмони капитали ва иттилооти илмию техники" боиси таваҷҷӯҳи комиссия гардид. Зеро дар он ду соҳае, ки ба якдигар ягон умумияте надоранд муттаҳид карда шудаанд ва оид ба вазифаҳои шӯъбаи мазкур ягон ҳуҷҷати меъёри, аз ҷумла низомнома вуҷуд надорад.
Фаъолияти Кумита оид ба терминология низ назаррас набуда, беҳбудии ҷиддиро мехоҳад. Дар шароити истиқлолияти ҷумҳури барои таҳкими забони давлати ва бо истилоҳоти илми ғани гардондани забони тоҷики дар назди ин муассиса вазифаҳои муҳим меистанд. Ба Академияи илмҳо зарур аст, ки ба фаъолияти он таваҷҷӯҳи бештар зоҳир намояд.
Ҳангоми санҷиш муайян гардид, ки дар Академияи илмҳо ва муассисаҳои он бар хилофи Қонуни забон коргузори асосан ба забони ӣайри давлати сурат мегирад. Қобили қайд аст, ки тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13.03.2000 № 2 бояд, ки аз 1 апрели ҳамин соли 2000 коргузори дар тамоми вазорату идораҳо ва муассисаю корхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба забони давлати ба роҳ монда мешуд. Дар партави ин қарори Ҳукумат Раёсати Академияи илмҳо аз 17.04.2000 қарори иловаги қабул намудааст, ки тибқи он аз ҳамин давра бояд коргузори дар тамоми сохторҳои Академияи илмҳо бояд ба забони давлати сурат мегирифт. Аммо аз ҳар ду қарор то имрӯз зиёда аз 4 сол сипари шуда бошад ҳам, вале коргузори дар муассисаҳои Академияи илмҳо, аз ҷумла дар Раёсати он аслан ба забони ғайри давлати ҷараён дорад.
Шӯъбаи илм ва маорифи
Дастгоҳи иҷроияи Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Правительство Республики Таджикистан
ПОСТАНОВЛЕНИЕ
О деятельности Академии наук Республики Таджикистан
Правительство Республики Таджикистан, рассмотрев отчет Академии наук Республики Таджикистан, отмечает, что на современном этапе развития страны, когда проводятся масштабные экономические реформы, направленные на повышение эффективности производства, как основы успешного социально-экономического развития, значительно возрастает роль Академии наук Республики Таджикистан как научного центра страны, призванных разрабатывать и внедрять в практику новейшие технологии, повышать уровень культуры и образования.
Исходя из этого, институты Академии наук Республики Таджикистан основное внимание уделяли выполнению фундаментальных и прикладных исследований по приоритетным направлениям естественных, технических, гуманитарных и общественных наук в соответствии с планами научно-исследовательских работ, утвержденными Президиумом Академии наук Республики Таджикистан. Сотрудниками Академии наук Республики Таджикистан получены новые результаты по многим направлениям фундаментальных и прикладных исследований.
Научными учреждениями Академии наук Республики Таджикистан проводились исследования по 108 темам. Министерствам и ведомствам страны предложено 65 рекомендаций для внедрения результатов научно-исследовательских работ в различные области народного хозяйства, ряд из которых успешно реализован. Значительно увеличилось поступление внебюджетных средств, а также средств по хозяйственным договорам. В 2003 г. фактическое поступление внебюджетных средств составило 1 млн. 101 тыс. сомони или 54% от годового объёма бюджетного финансирования Академии наук.
За отчетный период учеными Академии наук опубликовано 2880 научных работ, в том числе 365 монографий и сборников, 2515 статей.
По сравнению с 1995-2000 гг.. возросла изобретательская активность ученых Академии наук.
За отчетный период в 11 диссертационных советах Академии наук Республики Таджикистан защищены 35 докторских и 104 кандидатских диссертаций. Из числа сотрудников Академии наук Республики Таджикистан 23 человека защитили докторские и 40 человек кандидатские диссертации.
Проведено 13 международных и 72 республиканских конференций, симпозиумов и семинаров, посвящённых различным аспектам развития науки, культуры, истории, языка и экономики страны.
Во исполнение постановления Правительства Республики Таджикистан от 1 апреля 2004 г., № 147 заработная плата работников Академии наук Республики Таджикистан увеличилась на 30% , а стипендия аспирантам Академии наук Республики Таджикистан установлена в размере 60 сомони.
В то же время в деятельности Академии наук имеется ряд проблем, требующих рассмотрения и принятия решений.
Научные учреждения Академии наук Республики Таджикистан испытывают серьёзные трудности, связанные с недостатком финансовых средств для приобретения необходимого научного оборудования, оргтехники, приборов, реактивов, экспедиционного снаряжения, новейшей зарубежной научной литературы и научных командировок.
Низкая заработная плата работников Академии наук Республики Таджикистан (в 2003 г. она составила в среднем 22 сомони) вынудила многих научных работников перейти в вузы и другие структуры. Объективными причинами сокращения приема на работу в научно-исследовательские институты молодых специалистов являются низкая заработная плата, отсутствие надлежащих жилищных условий для проведения научной работы на должном современном методическом уровне.
На низком уровне находятся качество подготовки научных кадров, в том числе в отрасли естественных наук. Слабое пополнение состава работников Академии наук Республики Таджикистан из числа молодых специалистов привело к "старению" состава работников. Средний возраст научных работников во многих научных учреждениях составляет 55 лет, академиков - 71 год и членов-корреспондентов -59.3 года.
В связи с отсутствием активного отношения между наукой и производством научно-техническая продукция не имеет заказчика. Научные результаты становятся невостребованными со стороны промышленности, сельского хозяйства и других отраслей народного хозяйства страны.
В работе научно-исследовательских учреждений Академии наук Республики Таджикистан недостаточное внимание уделяется вопросам политической, экономической и социальной жизни страны и в плане разрабатываемых научно-исследовательских тем некоторых институтов, лабораторий и отделов имеются еще малоактуальные темы. Имеются темы, научные исследования по которым проводятся многие годы, и их результаты не отвечают современным требованиям науки и практики.
Недостаточно эффективно ведутся научные исследования в области рационального использования гидроэнергетических ресурсов, работы по широкому использованию в горных районах страны энергии микро - и малых гидроэлектростанций, возобновляемых источников, таких, как солнечная энергия, энергия ветра и биомассы и др.
Руководством Академии наук Республики Таджикистан допущены не целевое и нерациональное использование Президентского Фонда фундаментальных исследований и не проявляется еще должной активности, настойчивости и предприимчивости в изыскании дополнительных источников финансирования, по поиску новых, более эффективных форм связи с производством и внедрению разработок в производство и привлечению в институты молодых специалистов.
За отчетный период учреждениями Академии наук Республики Таджикистан с истечением срока или же с нарушением регламента работы Правительства Республики Таджикистан и Президиума академии наук Республики Таджикистан выполнены около 80 поручений.
В соответствии со статьей 17 Конституционного Закона Республики Таджикистан "О Правительстве Республики Таджикистан" и статьей 8 Закона Республики Таджикистан "Об Академии наук Республики Таджикистан" Правительство Республики Таджикистан постановляет:
1. Отчет Академии наук Республики Таджикистан принять к сведению и считать её деятельность недостаточной.
2. Академии наук Республики Таджикистан :
- в месячный срок представить в Правительство Республики Таджикистан предложения по совершенствованию Устава и структуры управления Академии наук Республики Таджикистан;
- принять меры по концентрации сил и средств на приоритетных направлениях научно-исследовательских работ, обеспечивающих научно-технический прогресс и решение важнейших вопросов социально-экономического развития страны;
-с целью реализации научных достижений в производстве обеспечить эффективное сотрудничество с министерствами и ведомствам республики;
- обратить особое внимание на проведение научных исследований по реализации программ экономических реформ в стране, обеспечения устойчивого развития экономики и снижения уровня бедности населения, программ совершенствования законодательства, повышения уровня просвещения, обеспечения прав и свобод, борьбы с коррупцией, исследований традиций и опыта таджикской государственности, культуры мира и демократии, вопросов всемирного значения, таким, как терроризм, экстремизм, фундаментализм;
- подготовить и в установленном порядке внести на рассмотрение Правительства Республики Таджикистан целевую комплексную программу по использованию возобновляемых источников энергии, таких, как энергия малых рек, солнца, ветра, биомассы, энергии подземных источников на 2005-2015 годы;
-принять эффективные меры по подготовке высококвалифицированных кадров и обеспечению ими научно-исследовательских учреждений с использованием традиционных методов подготовки научных кадров (аспирантура и докторантура) и новых методов в рамках договоренностей с научными центрами зарубежных стран;
- совместно с Министерством экономики и торговли Республики Таджикистан и Министерством финансов Республики Таджикистан подготовить предложение по повышению с 1 января 2005 года уровня заработной платы сотрудников Академии наук Республики Таджикистан.
3. Министерству экономики и торговли Республики Таджикистан, Министерству финансов Республики Таджикистан:
- предусмотреть ежегодные увеличения расходов на отрасль науки;
- с целью обеспечения отраслей науки техническим оборудованием, приборами, реактивами, экспедиционным снаряжением, в течение двух месяцев представить в Правительство Республики Таджикистан предложение о создании республиканской организации, осуществляющей свою деятельность в условиях рыночной экономики.
Председатель
Правительства Республики Таджикистан Э. Рахмонов
от 1 октября 2004 года №385
г. Душанбе