Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи Нақшаи кори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи дуюми соли 2004
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Нақшаи кори замимашудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи дуюми соли 2004 тасдиқ карда шавад.
2. Роҳбарони вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, воҳидҳои сохтории Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон на дертар аз як моҳ пеш аз мӯҳлатҳои муқарраргардида пешниҳоди лоиҳаи қарорҳоро аз рӯи масъалаҳое, ки ҷиҳати баррасӣ ба маҷлисҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Нақша ворид карда шудаанд, таъмин намуда, ҷиҳати омодагӣ ва дар сатҳи баланд гузаронидани чорабиниҳои ташкилию оммавӣ тадбирҳои мушаххас андешанд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
аз 30 июни соли 2004 № 274
ш. Душанбе
Правительство Республики Таджикистан
ПОСТАНОВЛЕНИЕ
О Плане работы Правительства Республики Таджикистан на второе полугодие 2004 года
Правительство Республики Таджикистан постановляет:
1. Утвердить прилагаемый План работы Правительства Республики Таджикистан на второе полугодие 2004 года.
2. Руководителям министерств и ведомств, учреждений и организаций, структурных подразделений Исполнительного Аппарата Президента Республики Таджикистан обеспечить представление проектов решений по вопросам, включенным в План для рассмотрения на заседаниях Правительства Республики Таджикистан, не позднее чем за один месяц до установленных сроков, принять конкретные меры по подготовке и проведению организационно массовых мероприятий на высоком уровне.
Председатель
Правительства Республики Таджикистан Э. Рахмонов
от 30 июня 2004 года № 274
г. Душанбе