ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи тадбирҳои иловагии ҳифзи иҷтимоии зиёиёни Ҷумҳурии Тоҷикистон
Бо мақсади ҳавасмандгардонии фаъолияти кормандони илми, тайёр намудани аспирантҳо ва фароҳам овардани шароит барои рушди илм Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Аз 1 июли соли 2004 маошҳои амалкунандаи вазифагии кормандони Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби маблағҳои умумии дар соли 2004 барои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда 30 фоиз зиёд карда шавад.
2. Аз 1 июли соли 2004 стипендияҳои аспирантҳои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи илмҳои педагогии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи илмҳои кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, институтҳои тадқиқоти илми ва донишкадаҳои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба андозаи 60 сомони муқаррар карда шавад.
Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузории ин чорабиниро аз ҳисоби маблағҳои дар буҷети ҷумҳуриявии соли 2004 барои тараққиёти муассисаҳои таълими ва таъминоти модди-техникии онҳо пешбинишуда амали намояд.
3. Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хобгоҳи аспирантҳо бино ва ҳаҷми хароҷоти таъмири он, ҳамчунин ҳаҷми хароҷоти ба итмомрасонии сохтмони Пажӯҳишгоҳи илми-тадқиқотии гастроэнтерологияи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро муайян намуда, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод манзур намояд.
4. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарчашмаи маблағгузории таъмири хобгоҳ барои аспирантҳо ва сохтмони Пажӯҳишгоҳи илми-тадқиқотии гастроэнтерологияи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро муайян намояд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
аз 1 апрели соли 2004 № 147
ш. Душанбе
ПРАВИТЕЛЬСТВО РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН
ПОСТАНОВЛЕНИЕ
О ДОПОЛНИТЕЛЬНЫХ МЕРАХ ПО УСИЛЕНИЮ СОЦИАЛЬНОЙ ЗАЩИЩЕННОСТИ ИНТЕЛЛИГЕНЦИИ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН
В целях стимулирования деятельности научных работников, подготовки аспирантов и создания условий для развития науки Правительство Республики Таджикистан постановляет:
1. Увеличить с 1 июля 2004 года на 30 процентов действующие должностные оклады работников Академии наук Республики Таджикистан за счет общих ассигнований Академии наук Республики Таджикистан, предусмотренных на 2004 год.
2. Установить с 1 июля 2004 года стипендии аспирантам Академии наук Республики Таджикистан, Академии педагогических наук Республики Таджикистан, Академии сельскохозяйственных наук Республики Таджикистан, научно-исследовательских институтов и вузов Республики Таджикистан в размере 60 сомони.
Министерству финансов Республики Таджикистан осуществить финансирование данного мероприятия за счет средств республиканского бюджета, предусмотренных на 2004 год для развития образовательных учреждений и их материально-технического обеспечения.
3. Исполнительному аппарату Президента Республики Таджикистан определить здание для общежития аспирантов, объем расходов на его ремонт, а также объем расходов на завершение строительства Научно-исследовательского института гастроэнтерологии Академии наук Республики Таджикистан и представить предложение в Правительство Республики Таджикистан.
4. Министерству финансов Республики Таджикистан определить источник финансирования для ремонта общежития аспирантов и завершения строительства Научно-исследовательского института гастроэнтерологии Академии наук Республики Таджикистан.
Председатель
Правительства Республики Таджикистан Э.Рахмонов
от 1 апреля 2004 года № 147
г.Душанбе