Низомномаи тартиби додани нишонҳои бақайдгирии силсилаи "РТ" барои воситаҳои нақлиёт аз 28 сентябри соли 2000, № 400

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

Бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 20.02.2009с. № 104 беэътибор дониста шуд

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 28 сентябри соли 2000 № 400

тасдиқ шудааст

Низомномаи тартиби додани нишонҳои бақайдгирии силсилаи "РТ" барои воситаҳои нақлиёт

1. Нишонҳои бақайдгирии силсилаи "РТ" барои воситаҳои нақлиёт аз ҷониби Шӯъбаи ҷумҳуриявии сабту имтиҳонгирии Раёсати бозрасии давлатии автомобили Вазорати корҳои доҳилии ҷумҳури қатъиян мутобиқи Тартиби тасдиқнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарназардошти талаботи "Тартиби бақайдгирии давлатии воситаҳои механикии нақлиёт ва ядакҳо", ки тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 октябри соли 1999 № 441 тасдиқ шудааст, дода мешаванд.

2. Ба ивази нишонҳои гумшуда додани нусхаҳои нишонҳои бақайдгирии силсилаи "РТ" дар асоси иҷозати хаттии Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми мавҷуд будани асноди зерин дода мешаванд:

а) ариза дар бораи ба ивази нишони гумшуда додани нусхаи нишони бақайдгирии силсилаи "РТ" бо ишорати воҳиди Бозрасии давлатии автомобили маҳалли бақайдгирифташудаи воситаи нақлиёт дар он хусус, ки нишони бақайдгири дар байни нишонҳои бозёфт, дастгир ё барои ягон хел вайронкунии қоидаҳои ҳаракати роҳ гирифташуда вуҷуд надорад;

б) акти тафтиши хизматии комиссияи босалоҳияти ташкилоти бақайдгирифтаи воситаи нақлиёт дар бораи ҳодисаи гум шудани нишони бақайдгири бо зикри тадбирҳое, ки нисбат ба шахси дар гум шудани нишони бақайдгири айбдор андешида шудааст:

в) квитансия дар бораи пардохти боҷе, ки барои арзиши нишони бақайдгири муқаррар гардидааст.

Ба соҳибони воситаҳои нақлиёт, ки нишони бақайдгириро гум кардаанд, то ҳалли масъалаи тайёр ва додани нусхаҳои нишонҳои бақайдгири барои воситаҳои нақлиёти ашхоси ҳуқуқи ба муҳлати 1 моҳ нишонҳои тартибии бақайдгири дода мешавад. Дар ин давра ҷустуҷӯи нишонҳои бақайдгири мутобиқи асноди меъёри Вазорати корҳои доҳилии Ҷумҳурии Тоcикистон ташкил карда мешавад.

3. Тайёр намудани нусхаҳо ва ба ивази нишонҳои фарсудашуда (корношоям) додани нишонҳои бақайдгирии силсилаи "РТ" низ тибқи иҷозати хаттии Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷо оварда мешавад.

4. Ҳангоми иваз шудани воситаи нақлиёти хизматрасони шахси мансабдор ба дигар нақлиёт гузаронидани нишони бақайдгирии силсилаи "РТ" иҷозат дода мешавад. Ба нақлиёти нав вобаста намудани нишони бақайдгирии силсилаи "РТ" тибқи тартиби муқарраршуда дар Шӯъбаи ҷумҳуриявии сабту имтиҳонгирии Раёсати бозрасии давлатии автомобилии ВКД ҷумҳури ба ҷо оварда мешавад.

5. Нусхаҳои нишонҳои бақайдгирии силсилаи "РТ" ба ивази нишонҳои гум ё фарсудашуда (корношоям) танҳо бо фармони Раёсати бозрасии давлатии автомобилии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон тайёр карда мешаванд.

6. Ҳангоми тағйир ёфтани рӯйхати ашхоси мансабдор, тағйироти сохтори дар мақомоти қонунгузори ва мақомоти ҳокимияти давлати нишонҳои бақайдгирии силсилаи "РТ" бояд ба Шӯъбаи ҷумҳуриявии сабту имтиҳонгирии Раёсати бозрасии давлатии автомобилии ВКД ҷумҳури баргардонида шаванд. Дар сурати сари вақт баргардонида нашуданашон нишонҳои бақайдгири бояд ба тариқи маҷбури гирифта шаванд.

7. Миқдори захиравии нишонҳои бақайдгирии силсилаи "РТ" дар Шӯъбаи ҷумҳуриявии сабту имтиҳонгирии Раёсати бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои доҳилии Ҷумҳурии Тоҷикистон нигоҳ дошта шуда, қатъиян бо иҷозати хаттии Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешаванд.

8. Барои додани ғайриқонунӣ ё иҷозати додани ғайриқонунии нишонҳои бақайдирии силсилаи "РТ" ашхоси мансабдор мутобиқи қонунгузории амалкунанда ҷавобгар мебошанд.

Утратило силу в редакции Постановления Правительства РТ от 20.02.2009г. №104

Утверждено

 постановлением Правительства

Республики Таджикистан

 от "28" сентября 2000 года

ПОЛОЖЕНИЕ о порядке выдачи регистрационных знаков серии "РТ" для транспортных средств

1. Регистрационные знаки серии "РТ" для транспортных средств выдаются . Республиканским регистрационно-экзаменационным отделом Управления государственной автомобильной инспекции МВД республики в строгом соответствии с Порядком, утвержденным Правительством Республики Таджикистан с учетом требований "Порядка государственной регистрации механических транспортных средств и прицепов", утвержденного постановлением Правительства Республики Таджикистан от 23 октября 1999 года №441.

2. Выдача дубликатов регистрационных знаков серии "РТ", взамен утерянных производится на основании письменного разрешения Руководителя исполнительного аппарата Президента Республики Таджикистан при наличии:

а) заявления о выдаче дубликата регистрационного знака серии "РТ" взамен утраченного с отметкой подразделения Госавтоинспекции места приписки транспортного средства о том, что утерянный регистрационный знак не значится в числе обнаруженных, задержанных или изъятых за какие-либо нарушения правил дорожного движения;

б) акта служебного расследования по факту утери регистрационного знака, проведенного компетентной комиссией организации приписки транспортного средства, с указанием принятых мер в отношении лица, виновного в утере регистрационного знака;

в) квитанции об уплате установленных сборов за стоимость регистрационных знаков.

Владельцам транспортных средств, утерявшим регистрационные знаки, до решения вопроса об изготовлении и выдаче дубликатов регистрационных знаков, выдаются порядковые регистрационные знаки для транспортных средств юридических лиц сроком на один месяц. За этот период организуется розыск утерянных регистрационных знаков в соответствии с нормативными актами Министерства внутренних дел Республика Таджикистан.

3. Изготовление дубликатов и выдача регистрационных знаков серии "РТ" взамен изношенных (пришедших в негодность) также производится по письменному разрешению Руководителя исполнительного аппарата Президента Республики Таджикистан.

4. Разрешается перекидка регистрационных знаков серии "РТ" при замене транспортного средства, обслуживающего должностное лицо. Закрепление регистрационного знака серии "РТ" за новым транспортным средством производится в установленном порядке в Республиканском регистрационно-экзаменационном отделе Управления Госавтоинспекции МВД республики.

5. Дубликаты регистрационных знаков серии "РТ", взамен утерянных или изношенных (пришедших в негодность), изготавливаются только по заказу Управления Госавтоинспекции МВД Республики Таджикистан.

6. При изменении перечня должностных лиц, структурных изменениях в законодательном органе и органах государственной власти, регистрационные знаки серии "РТ" подлежат возврату в Республиканский регистрационно-экзаменационный отдел Управления Госавтоинспекции МВД республики. При несвоевременном их возврате, регистрационные знаки подлежат изъятию в принудительном порядке.

7. Резервное количество регистрационных знаков серии "РТ" находится на хранении в Республиканском регистрационно-экзаменационном отделе Управления Госавтоинспекции Министерства внутренних дел Республики Таджикистан и выдаются исключительно по письменному разрешению Руководителя исполнительного аппарата Президента Республики Таджикистан.

8. За незаконную выдачу или санкционирование незаконной выдачи регистрационных знаков серии "РТ", должностные лица несут ответственность в соответствии с действующим законодательством.