ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи танзими тақсимоти нишонҳои бақайдгирии силсилаи "РТ" барои воситаҳои нақлиёт
Бинобар тағйироти сохтори дар мақоми қонунгузори ва мақомоти ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади танзими додани нишонҳои бақайдгирии силсилаи "РТ" барои воситаҳои нақлиёт мутобиқи талаботи ГОСТ 1020-95, ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Тартиби тақсимоти нишонҳои бақайдгирии силсилаи "РТ" барои воситаҳои нақлиёт мутобиқи катеторияҳои шахсони мансабдор ва Низомномаи тартиби додани нишонҳои бақайдгирии силсилаи "РТ" барои воситаҳои нақлиёт, ки замима мегарданд, тасдиқ карда шаванд.
2. Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон:
дар мӯҳлати ду моҳ дар ҳаҷми пурра баргашта гирифтани нишонҳои бақайдгирии силсилаи "РТ"-и қаблан додашударо анҷом дода, аз нав бақайдгирии онҳоро таъмин намояд;
додани нишонҳои бақайдгирии силсилаи "РТ"-ро барои воситаҳои нақлиёт катъиян мутобиқи Тартиби бо ҳамин қарор тасдиқгардида таъмин намояд.
3. Муқаррар карда шавад, ки бақайдгири ва додани нишонҳои бақайдгирии силсилаи "РТ", инчунин нигоҳдории миқдори захиравии онҳо ба зиммаи Раёсати бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта мешавад.
4. Муқаррар карда шавад, ки Раёсати бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон тайёр кардан ва додани нусхаи нишонҳои бақайдгирии гумшудаи силсилаи "РТ", ҳамчунин миқдори эҳтиётии онҳоро фақат дар асоси иҷозати хаттии Роҳбари Дасхгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом медиҳад.
5. Роҳбарони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастгоҳҳои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарони вазорату идораҳо,раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо аз нав бақайдгирии саривақти, истифодаи мақсаднок ва бе осеб нигоҳ доштани нишонҳои бақайдгирии силсилаи "РТ"-ро, ки барои воситаҳои нақлиёти ташкилоту идораҳои тобеъ дода шудаанд, таъмин намоянд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
аз 28 сентябри соли 2000 № 400
ш. Душанбе
Правительство Республики Таджикистан
ПОСТАНОВЛЕНИЕ
Об упорядочении распределения регистрационных знаков серии "РТ" для транспортных средств
В связи со структурными изменениями в законодательном органе и органах государственной власти Республики Таджикистана целях упорядочения выдачи регистрационных знаков серии "РТ" для транспортных средств в соответствии с требованиями ГОСТа 1020-95, Правительство Республики Таджикистан постановляет:
1.Утвердить прилагаемые Порядок распределения регистрационных знаков серии "РТ" для транспортных средств по категориям должностных лиц и Положение о порядке выдачи регистрационных знаков серии "РТ" для транспортных средств.
2.Министерству внутренних дел Республики Таджикистан:
в двухмесячный срок в полной мере обеспечить изъятие и перерегистрацию ранее выданных регистрационных знаков серии "РТ";
выдачу регистрационных знаков серии "РТ" осуществлять в строгом соответствии с Порядком, утвержденным настоящим постановлением.
3.Установить, что регистрация и выдача регистрационных знаков серии "РТ", а также хранение их резервного количества возлагается на Управление государственной автомобильной инспекции Министерства внутренних дел Республики Таджикистан.
4.Установить, что Управлением государственной автомобильной инспекции Министерства внутренних дел Республики Таджикистан изготовление и выдача дубликата взамен утраченного регистрационного знака серии "РТ", а также его резервного количества производится только на основании письменного разрешения Руководителя исполнительного аппарата Президента Республики Таджикистан.
5.Руководителям исполнительного аппарата Президента Республики Таджикистан, аппаратов Маджлиси милли Маджлиси Оли Республики Таджикистан и Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан, руководителям министерств и ведомств, председателям Горно-Бадахшанской Автономной области, областей, городов и районов обеспечить своевременную перерегистрацию, целевое использование и сохранность регистрационных знаков серии "РТ", выделенных для транспортных средств подведомственных организаций и учреждений.
6.Считать утратившим силу распоряжение Правительства Республики Таджикистан от 25 марта 1998 года № 27 рс.
Председатель
Правительства Республики Таджикистан Э. РАХМОНОВ
от 28 сентября 2000 года № 400
г. Душанбе