Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 октябри соли 1999, № 441 "Дар бораи тасдиқи Тартиби бақайдгирии давлатии воситаҳои механикии нақлиёт ва ядакҳо"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи тасдиқи Тартиби бақайдгирии давлатии воситаҳои механикии нақлиёт ва ядакҳо

(Қарори Ҳукумати ҶТ аз 26.01.2008с № 47)

Мутобиқи моддаи 28 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳаракати роҳ", Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Тартиби замимагардидаи бақайдгирии давлатии воситаҳои механикии нақлиёт ва ядакҳо тасдиқ карда шавад.

2. Вазоратҳо, кумитаҳо ва идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон асноди меъёрии худро бо Тартиби бақайдгирии давлатии воситаҳои нақлиёт ва ядакҳо мутобиқ гардонанд.

3. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2000-ум ба Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ташкили низоми ягонаи бақайдгирии давлатии воситаҳои нақлиёт ва ядакҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷудо кардани маблағро аз буҷаи ҷумҳурӣ пешбинӣ намояд (Қарори Ҳукумати ҶТ аз 26.01.2008с № 47).

4. Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистои назоратро аз болои иҷрои талаботи ҳамин қарор таъмин намоянд (Қарори Ҳукумати ҶТ аз 26.01.2008с № 47).

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                    Э. Раҳмонов

аз 23 октябри соли 1999 № 441

ш. Душанбе

ПРАВИТЕЛЬСТВО РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

"ОБ УТВЕРЖДЕНИИ ПОРЯДКА ГОСУДАРСТВЕННОЙ РЕГИСТРАЦИИ МЕХАНИЧЕСКИХ ТРАНСПОРТНЫХ СРЕДСТВ И ПРИЦЕПОВ"

(в редакции Постановления Правительства РТ от 26.01.2008г.№47)

В соответствии со статьей 28 Закона Республики Таджикистан "О дорожном движении", Правительство Республики Таджикистан постановляет:

1. Утвердить прилагаемый Порядок государственной регистрации механических транспортных средств и прицепов.

2. Министерствам, комитетам и ведомствам Республики Таджикистан привести собственные нормативные акты в соответствие с настоящим Порядком государственной регистрации механических транспортных средств и прицепов.

3. Министерству финансов Республики Таджикистан предусмотреть выделение Министерству внутренних дел Республики Таджикистан и Таможенной службы при Правительстве Республики Таджикистан в 2000 году бюджетных средств на создание единой системы государственной регистрации и учета транспортных средств в Республике Таджикистан(в редакции Постановления Правительства РТ от 26.01.2008г.№47).

4. Министерству внутренних дел Республики Таджикистан и Таможенной службы при Правительстве Республики Таджикистан обеспечить контроль за выполнением требований настоящего постановления(в редакции Постановления Правительства РТ от 26.01.2008г.№47).

Председатель

Правительства Республики Таджикистан Э.Рахмонов

от 23 октября 1999 года № 441

г.Душанбе