ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ СТАТУСИ ПОЙТАХТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
(Қонуни ҶТ аз 19.05.2009 № 518)
Ин Қонун статуси пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистонро муқаррар намуда, шартҳои ташкили, ҳуқуқи, иқтисоди ва иҷтимоии аз тарафи шаҳри Душанбе иҷро гардидани вазифаҳои пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистонро муайян мекунад.
Моддаи 1. Пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тибқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳри Душанбе пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Шаҳри Душанбе маркази сиёси, илми, таърихи-мадани буда, дар он мақомоти олии ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, намояндагиҳои дипломатии давлатҳои хориҷи ва намояндагиҳои ташкилотҳои байналмилалӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгир шудаанд .
Ҳудуди пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳудуди шаҳри Душанбе мебошад.
Моддаи 2. Қонунгузори дар бораи статуси пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи статуси пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ", Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад .
Моддаи 3. Мафҳуми статуси пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Таҳти мафҳуми статуси пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми ҳуқуқии шаҳри Душанбе фаҳмида мешавад, ки ба он хусусиятҳои хоси муқарраркардаи ҳамин Қонун оид ба ҳуқуқ ва вазифаҳои мақомоти ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бинобар вазифаи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба амал баровардани шаҳри Душанбе боис гардидааст.
Шаҳри Душанбе аз рӯи статуси худ шаҳри дорои аҳамияти ҷумҳурияви мебошад.
Моддаи 4. Танзими ҳуқуқии статуси пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Статуси пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистонро тибқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамин Қонун муқаррар менамояд.
Мақомоти ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сурати зарурат ба тартиби муқарраркардаи Қонун метавонанд ба мақомоти ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба амал баровардани як қисми ваколатҳояшонро, ки ҳамин қонун пешбини кардааст, супоранд. Мақомоти ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо мувофиқаи мақомоти ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба амал баровардани як қисми ваколатҳояшонро, ки ҳамин Қонун муқаррар намудааст, ба он супорида метавонанд.
Муносибатҳои байни мақомоти ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, ки тавассути ин Қонун танзим нагардидаанд ва онҳо бинобар вазифаи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба амал баровардани шаҳри Душанбе ба миён меоянд, бо шартномаҳои байни мақомоти мазкур танзим карда мешаванд.
Моддаи 5. Ваколати мақомоти ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бинобар вазифаи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба амал баровардани шаҳри Душанбе
Бинобар вазифаи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба амал баровардани шаҳри Душанбе мақомоти ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе:
бо тартиби муқарраргардида ба мақомоти ҳокимияти давлати Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, инчунин ба намояндагиҳои дипломатии давлатҳои хориҷи, намояндагиҳои ташкилотҳои байналмилалӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қитъаҳои замин, бино, иншоот, манзил, фонди манзил дода, хизмати манзилию коммунали, нақлиёти ва дигар намудҳои хизматро муҳайё менамоянд ;
барои гузаронидани тадбирҳои умумидавлати ва байналмилалӣ шароити зарури муҳайё мекунанд ;
дар тартиб додан ва амали гардонидани барномаҳои соҳавии тараққии шаҳри Душанбе - пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат меварзанд;
дар сариштаву равнақи системаҳои алоқа, роҳҳои мошингарди истифодаи умум ва системаҳои дигари нақлиёти ҳудуди шаҳри Душанбе иштирок менамоянд;
лоиҳаи нақшаи умумии тараққиёти шаҳри Душанберо бо мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқа мекунанд;
намояндагиҳои шаҳрро дар хориҷа таъсис медиҳанд;
таъсиси намояндагиҳои вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо, ҳамчунин бародаршаҳрҳои хориҷиро дар пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон кафолат медиҳанд.
Моддаи 6. Кӯмаки мақомоти ҳокимияти давлатии ноҳияҳои тобеи марказ ба шаҳри Душанбе дар иҷрои вазифаҳои пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Мақомоти ҳокимияти давлатии ноҳияҳои тобеи марказ ба шаҳри Душанбе дар иҷрои вазифаҳои пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки худ дар тадбирҳои зерин кӯмак мекунанд:
дар тартиб додан ва амали гардонидани барномаҳои соҳавии тараққиёти шаҳри Душанбе - пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳудуди ноҳияҳои тобеи мерказро фаро мегиранд;
дар сохтмону таъмир ва сариштаи иншоотҳои ҳудуди ноҳияҳои тобеи марказ, ки барои вазифаҳои пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистонро мутобиқи қарордодҳои бо мақомоти ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе имзокарда ба ҷо овардани шаҳри Душанбе заруранд;
дар сариштаву тараққиёти системаҳои алоқа, роҳҳои мошингарди истифодаи умум ва системаҳои дигари нақлиёти ҳудуди ноҳияҳои тобеи марказ, ки бо вазифаҳои пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба ҷо овардани шаҳри Душанбе алоқаманданд;
дар тараққиёти иншооти коммунали, ки талаботи умумии шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи марказро ба ҷо меоваранд;
дар гузаронидани чораҳои якҷояи ҳифзи табиат дар шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи марказ.
Хароҷоти ноҳияҳои тобеи марказ, ки бо кӯмак кардан ба шаҳри Душанбе дар иҷрои вазифаҳои пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон алоқаманд, аз ҳисоби маблағи (субвенсияи) буҷети ҷумҳури, аз ҳисоби хизмати ноҳияҳои тобеи марказ, ки мақомоти ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва корхонаю муассиса ва ташлкилотҳои дахлдор мегузаронанд, пардохт мешавад.
Моддаи 7. Пардохти хароҷоти шаҳри Душанбе бинобар вазифаҳои пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба ҷо овардани он
Хароҷоти шаҳри Душанбе бинобар вазифаҳои пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба ҷо овардани он пурра аз ҳисоби кӯмаки молиявии буҷети ҷумҳури, аз ҳисоби пули хизматрасонии шаҳр, ки мақомоти ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамчунин намояндагиҳои дипломатии давлатҳои хориҷи ва намояндагиҳои ташкилотҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон медиҳанд, пардохта мешавад .
Кӯмаки молияви аз буҷети ҷумҳури барои вазифаҳои пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба ҷо овардани шаҳри Душанбе бо сатри алоҳида дар буҷети ҷумҳури ҷудо карда мешавад.
Моддаи 8. Хусусиятҳои планкашии перспективии тараққиёти шаҳри Душанбе - пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Лоиҳаи нақшаи умумии тараққиёти шаҳри Душанбе - пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Ҳукумати шаҳри Душанбе таҳия гардида, дар бобати вазифаи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистонро иҷро кардани шаҳри Душанбе бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқа кунонида мешавад ва онро Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе тасдиқ мекунад.
Баҳсҳоеро, ки дар масъалаи планкашии тараққиёти перспективии шаҳри Душанбе ба амал меоянд, комиссияҳои созиш ҳал мекунанд, ки аз тарафи мақомоти манфиатдори ҳокимияти давлати дар асоси баробари ташкил карда мешаванд.
Моддаи 8(1). Истифодабарии ҳудуди пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар ҳолатҳои алоҳида дар шаҳри Душанбе бо мақсади амалӣ гардонидани вазифаҳои пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи нақшаи генералии рушди шаҳр бо қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе ва ризоияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми истифодаи ҳудуди шаҳр мумкин аст маҳдудиятҳо муқаррар карда шаванд.
Дар ҳудуди марзию маъмурии пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба ғайр аз минтақаҳое, ки бо қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе муайян гардидаанд, парвариш ва нигоҳдории чорвои калони шохдор, чорвои хурд, инчунин асп, хар, парранда ва дигар ҳайвоноти хонагӣ, ба истиснои гурба, саг ва паррандаҳои хурди ғайриистеъмолӣ манъ аст. Парвариш ва нигоҳдории гурба, саг ва паррандаҳои хурди ғайриистеъмолӣ тибқи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба бойторӣ иҷозат дода мешавад .
Моддаи 9. Моликияти иморатҳо, сохтмонҳо, иншоот ва биноҳое, ки мақомоти олии ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ишғол мекунанд ва қитъаҳои замине, ки дар онҳо ин иморатҳо, сохтмонҳо ва иншоот воқеъ гаштаанд
Иморатҳо, сохтмонҳо ва иншооте, ки дар қаламрави шаҳри Душанбе мебошанд, биноҳое, ки дар онҳо мақомоти олии ҳокимияти қонунгузори, иҷроия ва судии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгир шудаанд, ҳамчунин қитъаҳои замине, ки он ҷо иморатҳо, сохтмонҳо ва иншооти мазкур воқеъ гаштаанд, моликияти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд.
Моддаи 10. Ба мақомоти ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба намояндагиҳои мақомоти ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳрҳо, ноҳияҳо, ҳамчунин намояндагиҳои дипломатии давлатҳои хориҷи ва намояндагиҳои ташкилотҳои байналмилалии муқими Ҷумҳурии Тоҷикистон ба иҷора додани иморатҳо, сохтмонҳо, иншоотҳо ва биноҳое, ки моликияти шаҳри Душанбе мебошанд
Иморатҳо, сохтмонҳо, иншоот ва биноҳое, ки моликияти коммуналии шаҳри Душанбе мебошанд, аз тарафи Раиси шаҳри Душанбе ба мақомоти ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳрҳо, ноҳияҳо барои иҷора ба тартибе дода мешаванд, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар кардааст.
Ба ҳамин тартиб иморатҳо, сохтмонҳо, иншоот ва биноҳо ба намояндагиҳои дипломатии давлатҳои хориҷи ва намояндагиҳои ташкилотҳои байналмилалии муқими Тоҷикистон ба иҷора дода мешаванд, агар дар шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигар пешбини нашуда бошад. Дар ҳалли масъалаҳои ба иҷора додани иморатҳо, сохтмонҳо, иншоот ва биноҳои мазкур, манфиатҳои намояндагиҳои дипломатии давлатҳои хориҷи ва намояндагиҳои ташкилотҳои байналмилалӣии муқими Тоҷикистонро дар муносибати онҳо бо мақомоти ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе мақомоте ифода мекунанд, ки ба онҳо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ваколат додааст .
Моддаи 11. Хусусиятҳои гузаронидани гирдиҳамоиҳо, маҷлисҳо, роҳпаймоиҳо, намоишҳо ва тазоҳурот дар шаҳри Душанбе - пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Гузаронидани гирдиҳамоиҳо, маҷлисҳо, роҳпаймоиҳо, намоиш ва тазоҳурот дар шаҳри Душанбе - пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаҳое мумкин нест, ки мустақиман дар паҳлӯи иморатҳое, ки мақомоти олии ҳокимиятҳои қонунгузори, иҷроия ва судии Ҷумҳурии Тоҷикистон ишғол кардаанд, ҷойгиранд, ба истиснои намоишҳои шаҳрвандон ва паради қӯшунҳо ба муносибати таҷлили санаҳои таърихи бо қарори мақомоти олии ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳудуди минтақаҳои мазкурро Раиси шаҳри Душанбе бо мувофиқаи мақомоти олии ҳокимияти давлатии зикршуда муқаррар мекунад.
Шароиту тартиби гузаронидани гирдиҳамоиҳо, маҷлисҳо, роҳпаймоиҳо, намоишҳо ва тазоҳуротро қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунанд.
Моддаи 12. Оиннома ва Нишони шаҳри Душанбе - пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Шаҳри Душанбе - пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои Оиннома ва Нишон (эмблема) мебошад.
Оиннома ва Нишони (эмблемаи) шаҳри Душанбе - пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистонро Маҷлиси шаҳрии вакилони халқ қабул мекунад.
Дар мавриди лоиҳаи Оинномаи шаҳри Душанбе дар бобати вазифаҳои пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистонро иҷро кардани шаҳри Душанбе ва Низомнома дар бораи Нишони (эмблемаи) шаҳpи Душанбе ризояти Раёсати Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гирифта мешавад.
Ба Оиннома ва Низомномаи Нишон (эмблема) айнан ба ҳамин тартиб тағйироту иловаҳо дохил карда мешаванд.
Моддаи 13. Ҷавобгарӣ барои вайрон кардани Қонуни мазкур
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои вайрон кардани муқаррароти Қонуни мазкур тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд .
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Рахмонов
ш. Душанбе
13 декабри соли 1996 № 311
ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН
О статусе столицы Республики Таджикистан
(в редакции Закона РТ от 19.05.2009г.№518)
Настоящий Закон устанавливает статус столицы Республики Таджикистан и определяет организационные, правовые, экономические и социальные условия осуществления городом Душанбе функции столицы Республики Таджикистан.
Статья 1. Столица Республики Таджикистан
В соответствии с Конституцией Республики Таджикистан столицей Республики Таджикистан является город Душанбе.
Город Душанбе - политический, научный, административный, историкокультурный центр, место расположения высших органов государственной власти Республики Таджикистан, представительства Горно-Бадахшанской автономной области, дипломатических представительств иностранных государств и представительств международных организаций в Республике Таджикистан.
Территорией столицы Республики Таджикистан является территория города Душанбе.
Статья 2. Законодательство о статусе столицы Республики Таджикистан
Законодательство Республики Таджикистан о статусе столицы Республики Таджикистан основывается на Конституции Республики Таджикистан и состоит из конституционного Закона Республики Таджикистан "О местных органах государственной власти", настоящего Закона, других нормативных правовых актов Республики Таджикистан и международных правовых актов, признанных Таджикистаном
Статья 3. Понятие статуса столицы Республики Таджикистан
Под статусом столицы Республики Таджикистан понимается правовое положение города Душанбе, обусловленное установленными настоящим Законом особенностями прав и обязанностей органов государственной власти Республики Таджикистан и органов государственной власти города Душанбе в связи с осуществлением городом Душанбе функций столицы Республики Таджикистан.
По своему статусу город Душанбе является городом республиканского значения.
Статья 4. Правовое регулирование статуса столицы Республики Таджикистан
Статус столицы Республики Таджикистан в соответствии с Конституцией Республики Таджикистан устанавливается настоящим Законом.
Органы государственной власти Республики Таджикистан, в случаях необходимости в установленном Законом порядке, могут передавать органам государственной власти города Душанбе осуществление части своих полномочий, предусмотренных настоящим Законом. Органы государственной власти города душанбе по согласованию с органами государственной власти Республики Таджикистан могут передавать им осуществление части своих полномочий, установленных настоящим Законом.
Не урегулированные настоящим Законом отношения между органами государственной власти Республики Таджикистан и органами государственной власти города Душанбе, возникающие в связи с осуществлением городом Душанбе функций столицы Республики Таджикистан, регулируются договорами, заключенными между указанными органами.
Статья 5. Полномочия органов государственной власти города Душанбе в связи с осуществлением городом Душанбе функции столицы Республики Таджикистан
В связи с осуществлением городом Душанбе функций столицы Республики Таджикистан органы государственной власти города Душанбе:
предоставляют в установленном порядке органам государственной власти Республики Таджикистан, представительству Горно-Бадахшанской автономной области, а также дипломатическим представительствам иностранных государств и представительствам международных организаций в Республике Таджикистан земельные участки, здания, строения, сооружения и помещения, жилищный фонд, жилищнокоммунальные, транспортные и иные услуги;
обеспечивают необходимые условия для проведения общегосударственных и международных мероприятий;
участвуют в разработке и осуществлении целевых программ развития города Душанбе - столицы Республики Таджикистан;
участвуют в содержании и развитии систем связи, автомобильных дорог общего пользования и иных транспортных систем на территории города Душанбе;
согласовывают проект генерального плана развития города Душанбе с органами государственной власти Республики Таджикистан;
учреждают представительства города за рубежом;
гарантируют учреждение в столице Республики Таджикистан своих представительств областям, городам и районам, а также зарубежным городам-побратимам.
Статья 6. Содействие органов государственной власти районов республиканского подчинения в осуществлении городом Душанбе функций столицы Республики Таджикистан
Органы государственной власти на районов республиканского подчинения содействуют в осуществлении городом Душанбе функций столицы Республики Таджикистан путем участия:
в разработке и реализации целевых программ развития города Душанбе - столицы Республики Таджикистан, действие которых распространяется на территорию районов республиканского подчинения;
в строительстве, реконструкции и содержании на территории районов республиканского подчинения объектов, необходимых для осуществления городом Душанбе функций столицы Республики Таджикистан, в соответствии с договорами, заключаемыми с органами государственной власти города Душанбе;
в содержании и развитии систем связи, автомобильных дорог общего пользования и иных транспортных систем на территории районов республиканского подчинения, связанных с осуществлением городом Душанбе функций столицы Республики Таджикистан;
в развитии объектов коммунального назначения, обслуживающих общие потребности города Душанбе и районов республиканского подчинения;
в проведении совместных природоохранных мероприятий в городе Душанбе и районах республиканского подчинения.
Затраты районов республиканского подчинения, связанные с содействием в осуществлении городом Душанбе функций столицы Республики Таджикистан, компенсируется за счет субвенции из республиканского бюджета, за счет платежей за предоставляемые районами республиканского подчинения услуги, вносимых органами государственной власти Республики Таджикистан и соответствующими предприятиями, учреждениями и организациями.
Статья 7. Компенсация затрат города Душанбе в связи с осуществлением им функций столицы Республики Таджикистан
Затраты города Душанбе, связанные с осуществлением им функций столицы Республики Таджикистан, полностью компенсируется за счет субвенции из республиканского бюджета, за счет платежей за предоставляемые городом услуги, вносимых органами государственной власти Республики Таджикистан, а также дипломатическими представительствами иностранных государств и представительствами международных организаций в Республике Таджикистан.
Субвенции из республиканского бюджета на осуществление городом Душанбе функций столицы республики Таджикистан выделяются отдельной строкой в республиканском бюджете.
Статья 8. Особенности перспективного планирования развития города Душанбе - столицы Республики Таджикистан
Проект Генерального плана развития города Душанбе - столицы Республики Таджикистан, разрабатываемый Хукуматом города Душанбе, согласовывается с Правительством республики Таджикистан в части осуществления городом Душанбе функций столицы Республики Таджикистан и утверждается Маджлисом народных депутатов города Душанбе.
Споры, возникающие по вопросам перспективного планирования развития города Душанбе, разрешаются согласительными комиссиями, создаваемыми заинтересованными органами государственной власти на паритетной основе.
Статья 8(1). Использование территории столицы Республики Таджикистан
При использовании территории города Душанбе в некоторых случаях с целью осуществления функций столицы Республики Таджикистан согласно генеральному плану развития города по решению Маджлиса народных депутатов города Душанбе и с согласия Правительства Республики Таджикистан могут быть установлены ограничения.
На административно-территориальной границе столицы Республики Таджикистан за исключением зон, определенных решением Маджлиса народных депутатов города Душанбе, запрещается разведение и содержание крупного рогатого скота, мелкого скота, а также лошадей, ослов, птицы и других домашних животных, кроме кошек, собак и несъедобных мелких птиц.
Разведение и содержание кошек, собак и несъедобных мелких птиц разрешается в соответствии с законодательством Республики Таджикистан о ветеринарии).
Статья 9. Собственность на здания, строения, сооружения, помещения, занимаемые высшими органами государственной власти Республики Таджикистан, и на земельные участки, на которых расположены эти здания, строения и сооружения
Здания, строения, сооружения, находящиеся на территории города Душанбе, помещения, в которых размещены высшие органы законодательной, исполнительной и судебной властей Республики Таджикистан, а также земельные участки, на которых расположены указанные здания, строения и сооружения, находятся в собственности Республики Таджикистан.
Статья 10. Предоставление в аренду зданий, строений, сооружений и помещений, находящихся в собственности города Душанбе, органами государственной власти Республики Таджикистан, представительствам органам государственной власти ГорноБадахшанской автономной области, областей, городов, районов, а также дипломатическим представительствам иностранных государств и представительствам международных организаций в Республике Таджикистан
Здания, строения, сооружения и помещения, находящиеся в коммунальной собственности города Душанбе, предоставляются Председателем города Душанбе органам государственной власти Республики Таджикистан, представительству ГорноБадахшанской автономной области, областей, городов, районов в аренду в порядке, установленном законодательством Республики Таджикистан.
В таком же порядке предоставляются в аренду находящиеся в коммунальной собственности города Душанбе здания, строения, сооружения и помещения дипломатическим представительствам иностранных государств и представительствам международных организаций в Республике Таджикистан, если иное не установлено международными договорами Республики Таджикистан. В решении вопросов о предоставлении в аренду указанных зданий, строений, сооружений и помещений интересы дипломатических представительств международных организаций в Республике Таджикистан в отношениях с органами государственной власти города Душанбе представляют органы, уполномоченные правительством Республики Таджикистан.
Статья 11. Особенности проведения митингов, собраний, уличных шествий, демонстраций, пикетирования и манифестаций в городе Душанбе - столице Республики Таджикистан
Проведение митингов, собраний, уличных шествий, демонстраций, пикетирования и манифестаций в городе Душанбе - столице Республики Таджикистан не допускается на территориях, непосредственно прилегающих к зданиям, занимаемым высшими органами законодательной, исполнительной судебной властей Республики Таджикистан, за исключением демонстрации граждан и парада войск, посвященных знаменательным датам, по решению высших органов государственной власти Республики Таджикистан. Границы указанных территорий устанавливаются Председателем города Душанбе по согласованию с указанными высшими органами государственной власти.
Статья 12. Устав и Герб (эмблема) города Душанбе - столицы Республики Таджикистан
Город Душанбе - столица Республики Таджикистан имеет Устав и Герб (эмблему).
Устав и Герб (эмблема) города Душанбе - столицы Республики Таджикистан принимаются городским Маджлисом народных депутатов. Проект Устава в части осуществления городом Душанбе функций столицы Республики Таджикистан и Положение о Гербе (эмблеме) города Душанбе согласуются с Президиумом Маджлиси Оли и Правительством Республики Таджикистан.
В том же порядке в Устав и в Положение о Гербе (эмблеме) вносятся изменения и дополнения.
Статья 13. Ответственность за нарушение настоящего Закона
Физические и юридические лица за нарушение положений настоящего Закона привлекаются к ответственности в соответствии с законодательством Республики Таджикистан
Президент
Республики Таджикистан Э. РАХМОНОВ
г.Душанбе,
13 декабря 1996 года № 311
ПОСТАНОВЛЕНИЕ МАДЖЛИСИ ОЛИ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН
О порядке введения в действие Закона Республики Таджикистан "О статусе столицы Республики Таджикистан"
Маджлиси Оли Республики Таджикистан п о с т а н о в л я е т:
1. Ввести в действие Закон Республики Таджикистан "О статусе столицы Республики Таджикистан" со дня его официального опубликования.
2. Правительству Республики Таджикистан:
- представить в установленном порядке предложения о приведении законодательных актов Республики Таджикистан в соответствие с Законом "О статусе столицы Республики Таджикистан";
- привести свои решения в соответствие с настоящим Законом;
- принять соответствующие акты, вытекающие из настоящего Закона.
3. Комитету Маджлиси Оли Республики Таджикистан по государственному строительству с участием органов государственной власти города Душанбе подготовить и внести на утверждение Президиума Маджлиси Оли предложения о порядке согласования Устава и Положения о Гербе (эмблеме) города Душанбе.
Председатель
Маджлиси Оли Республики Таджикистан С. РАДЖАБОВ
г.Душанбе,
13 декабря 1996 года, № 312