ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи статуси пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон"
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 декабри соли 1996 "Дар бораи статуси пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1996, №23, мод.335) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Дар матни Қонун калимаҳои "байналхалқӣ", "байналхалқии" мутаносибан ба калимаҳои "байналмилалӣ", "байналмилалии" иваз карда шаванд.
2. Матни моддаи 2 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи статуси пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ", Қонуни мазкур, санадҳои меъёрии ҳуқуқии дигари Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад.".
3. Ба Қонун моддаи 8(1) бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"Моддаи 8(1). Истифодабарии ҳудуди пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар ҳолатҳои алоҳида дар шаҳри Душанбе бо мақсади амалӣ гардонидани вазифаҳои пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи нақшаи генералии рушди шаҳр бо қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе ва ризоияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми истифодаи ҳудуди шаҳр мумкин аст маҳдудиятҳо муқаррар карда шаванд.
Дар ҳудуди марзию маъмурии пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба ғайр аз минтақаҳое, ки бо қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе муайян гардидаанд, парвариш ва нигоҳдории чорвои калони шохдор, чорвои хурд, инчунин асп, хар, парранда ва ҳайвоноти хонагии дигар, ба истиснои гурба, саг ва паррандаҳои хурди ғайриистеъмолӣ манъ аст. Парвариш ва нигоҳдории гурба, саг ва паррандаҳои хурди ғайриистеъмолӣ тибқи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба бойторӣ иҷозат дода мешавад.".
4. Ба Қонун моддаи 13 бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"Моддаи 13. Ҷавобгарӣ барои вайрон кардани Қонуни мазкур
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои вайрон кардани муқаррароти Қонуни мазкур тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.".
Моддаи 2. Қонуни мазкур аз 1 январи соли 2010 мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш.Душанбе
19 майи соли 2009 № 518
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи қабул намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи статуси пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон"
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи статуси пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон" қабул карда шавад.
Раиси
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон С. Хайруллоев
ш. Душанбе,30 апрели соли 2009 № 1340
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи статуси пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон"
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи статуси пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон" баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи статуси пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон" ҷонибдорӣ карда шавад.
Раиси
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон М.Убайдуллоев
ш. Душанбе, 18 майи соли 2009 №635
ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН
"О внесении изменений и дополнений в Закон Республики Таджикистан "О статусе столицы Республики Таджикистан"
Статья 1. Внести в Закон Республики Таджикистан от 13 декабря 1996 года "О статусе столицы Республики Таджикистан" (Ахбори Маджлиси Оли Республики Таджикистан, 1996 год, №23, ст.335) следующие изменения и дополнения:
1. Текст статьи 2 изложить в следующей редакции:
"Законодательство Республики Таджикистан о статусе столицы Республики Таджикистан основывается на Конституции Республики Таджикистан и состоит из конституционного Закона Республики Таджикистан "О местных органах государственной власти", настоящего Закона, других нормативных правовых актов Республики Таджикистан и международных правовых актов, признанных Таджикистаном.".
2. Закон дополнить статьей 8(1) следующего содержания:
"Статья 8(1). Использование территории столицы Республики Таджикистан
При использовании территории города Душанбе в некоторых случаях с целью осуществления функций столицы Республики Таджикистан согласно генеральному плану развития города по решению Маджлиса народных депутатов города Душанбе и с согласия Правительства Республики Таджикистан могут быть установлены ограничения.
На административно-территориальной границе столицы Республики Таджикистан за исключением зон, определенных решением Маджлиса народных депутатов города Душанбе, запрещается разведение и содержание крупного рогатого скота, мелкого скота, а также лошадей, ослов, птицы и других домашних животных, кроме кошек, собак и несъедобных мелких птиц.
Разведение и содержание кошек, собак и несъедобных мелких птиц разрешается в соответствии с законодательством Республики Таджикистан о ветеринарии.".
3. Закон дополнить статьей 13 следующего содержания:
"Статья 13. Ответственность за нарушение настоящего Закона
Физические и юридические лица за нарушение положений настоящего Закона привлекаются к ответственности в соответствии с законодательством Республики Таджикистан.".
Статья 2. Настоящий Закон ввести в действие с 1 января 2010 года.
Президент
Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
г. Душанбе,
19 мая 2009 года № 518
ПОСТАНОВЛЕНИЕ МАДЖЛИСИ НАМОЯНДАГОН МАДЖЛИСИ ОЛИ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН
О принятии Закона Республики Таджикистан "О внесении изменений и дополнений в Закон Республики Таджикистан "О статусе столицы Республики Таджикистан"
Маджлисн намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан постановляет:
Принять Закон Республики Таджикистан "О внесении изменений и дополнений в Закон Республики Таджикистан "О статусе столицы Республики Таджикистан".
Председатель
Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли
Республики Таджикистан С.Хайруллоев
г. Душанбе, 30 апреля 2009 года № 1340
ПОСТАНОВЛЕНИЕ МАДЖЛИСИ МИЛЛИ МАДЖЛИСИ ОЛИ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН
О Законе Республики Таджикистан "О внесении изменений и дополнений в Закон Республики Таджикистан "О статусе столицы Республики Таджикистан"
Рассмотрев Закон Республики Таджикистан "О внесении изменений и дополнений в Закон Республики Таджикистан "О статусе столицы Республики Таджикистан", Маджлиси милли Маджлиси Оли Республики Таджикистан постановляет:
Одобрить Закон Республики Таджикистан "О внесении изменений и дополнений в Закон Республики Таджикистан "О статусе столицы Республики Таджикистан".
Председатель
Маджлиси милли Маджлиси Оли
Республики Таджикистан М.Убайдуллоев
г.Душанбе, 18 мая 2009 года №635